Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Номи аслии ин деҳаро касе ба ёд оварда натавонист. Тахмин мерафт, ки гузаштагонашон ин мавзеи биҳиштосоро ба онҳо мерос гузоштаанд, вале номашро дар ягон ҷо нақш набастаанд.

Беш аз ҳазор сол пеш ба он номи туркии Каросақол, яъне ришсиёҳро пайвастанд. Кас ҳайрон мешавад, охир дар деҳа ягон турк зиндагӣ намекард, ҳама тоҷик буданд ва ҳастанд, вале чаро эшон ин номи ношиносро бо меҳр ба забон мегирифтанд.

Вақти таҳқиқ, аз нақли калонсолон фаҳмидем, ки гузаштагони ин деҳа сад дар сад тоҷик буданд ва аҳлона бо сулҳу салоҳ зиндагӣ мекарданд, то даме, ки ба деҳа қадами туркони қарохони ғазнавӣ расид. Яғмогарон деҳаро забт намуда бо куштору ғорат халқро ба дод оварданд. Ин ҷо мардони ҷасуру банангу номус кам набуданд, вале як шере пайдо шуду бо ҷасорат ҳамаро моту маҳбут кард. Ҷавонмарде баъди торикӣ афтодан аз мазори деҳа мебаромаду ғосибонро мекушт ва атроф равшан нашуда нопадид мегашт. Яғмогарон рӯзи дароз ӯро мекофтанду намеёфтанд ва аз якдигар мепурсиданд, ки марди паҳлавонпайкари «қаросоқол», яъне ришсиёҳро надидаанд?

Гуруҳ- гуруҳ рӯзи дароз он шерафканро меҷустанду намеёфтанд ва субҳ мешуниданд, ки марди ҷасур шабона пайдо шуда боз чанд яғмогарро кушта ғайб задааст.

Кор ба ҷое расид, ки туркон шабона берун намебаромаданд ва якдигарро огоҳ менамуданд, ки ҳангоми торикӣ фаро расидан аз ин мавзеъ нагузаранд, ки ҳадафи «қаросоқол» мешаванд.

Муборизаи марди танҳо бо қӯшун дер давом накард. Қарохониён бо шумораи зиёд роҳи шерафкани ришсиёҳро пойиданд ва шабе ӯро ба муҳосира гирифтанд. Паҳлавон бо шамшер нафари пеши роҳаш баромадаро шикофта, ба оромгоҳи деҳа медарояду ғайб мезанад. Яғмогарон хеле ӯро кофтанд, вале нишон ёфта натавонистанд. Куҷо ғайб задани шерафканро касе надид, на худӣ ва на бегона.

Ҳамин тавр деҳа Қаросоқол ном гирифт. Таҳлуқаи аҷнабиён дер давом кард, онҳо бо ҳарос ба якдигар дар бораи қаҳрамониҳои он марди сиёҳриш ҳарф мезаданд. Беш аз ҳазор сол деҳа бо ин ном монд. Фақат се сол қабл сокинон бо қарори худ ба деҳа Қадамҷо ном монданд ва ҳукумати шаҳр таклифи эшонро хуш пазируфта, хоҳиши онҳоро бо қарор тасдиқ кард.

Деҳа аз он солҳо хеле калон шуд, аҳолиаш афзуд, сокинон боғҳо бунёд намуданд, майдони киштро васеъ карданд.

Баъди кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон Қадамҷо серодам гашт, зеро ҳазорҳо нафар сокинони ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан солҳои панҷоҳуму шастум ва баъдан ба Мирзочӯл, Дилварзин ва Ҷиззаху Янгиёри Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч баста буданд, онҳо беш аз 25 сол зодгоҳашонро надида буданд. Эшон гуруҳ-гуруҳ ба зиёрати Қадамҷо меомаданд. Нафаре нақл кард, ки рӯзҳои иди Саиди Қурбон садҳо нафар ба зиёрати Қадамҷо омаданд, кӯчаҳои деҳа пури мошинҳои тамғаю рақамҳои давлатии Ӯзбекистон шуданд.

Ин мавзеро оромгоҳи бузургон ном мебаранд, он дар қади роҳи калон ҷой гирифтааст. Дар ин макони муқаддаси таърихӣ яке аз даҳ саҳобагони Паёмбари ислом, Ориф ва пешвои дини мубини ислом Хоҷа Абдураҳмони Авф дафн шудааст. Дар кадом аср бунёд гаштани мақбараи ӯ маълум нест, ба гуфтаи бошандагони ин маҳал замони рушди дини ислом вай ин ҷо ташриф оварда, баъдан дар ҳамин ҷо мондааст. 

Мегӯянд, ки нафарони бо ихлос ба зиёрат омада, ин ҷойро ҷорӯб мезананд ва ё фарзандонашонро дар остонаи мақбара хобонида ният мекунанд, то ки онҳо дар зиндагӣ роҳи худро ёбанд.  Дар гузашта ин ҷо чашмае мавҷуд буд, ки аз он оби шифобахш фаввора мезад. Бо мурури вақт ин чашма хушк шуд. Вале мардуми маҳал дастӣ ин чашмаро аз нав эҳё карданд. Онҳо аз чуқурии 10 метр об бароварданд ва ҳоло аз он менӯшанд. Чанд сол қабл сокинони маҳал ин биноро борҳо тармиму таъмир карданд. Соли 2000 бо шарофати 2500 солагии Истаравшан аз ҷониби МИҲД-и шаҳр барои тармими деворҳои оромгоҳ маблағ ҷудо намуданд ва ин макони муқаддас аз нав эҳё шуд. 

Ба гуфтаи бошандагони маҳал ҳамарӯза садҳо нафар бо мақсади зиёрату ибодат ба ин ҷо ташриф меоранд. Дар байни 150 ёдгориҳои таърихии Истаравшан ин мақбара яке аз ҷойҳои намоёни назаррасро ишғол менамояд. Имрӯз Қадамҷо маҳалли сайёҳони хориҷӣ гаштааст. 

Мегӯянд, ки Қадамҷоро Худо назар кардааст. Деҳаро дашти ҳамвору ҳосилхез иҳота кардааст. Сокинон тирамоҳ ғаллаву сабзавоти фаровон мерӯёнанд, зимистон чорвояшонро мечарронанд. Дар қади роҳи калони мошингард дарахтони мевадору ороишӣ қомат афрохтаанд, ҳарҷо — ҳарҷо ошхонаю чойхона сохтаанд. Аз чоҳҳо об фаввора зада, атрофро сабз мекунад.

Ин ҷо дурдонаи Истаравшан, корхонаи муштараки «Оби зулол» қомат афрохтааст, ки аз он нафақат сокинон, балки тамоми Тоҷикистониён ифтихор мекунанд.

Оби тозаи хуштаъми табобатиро аз чуқурии 220 метр бароварда, ба талабгорон пешкаш менамоянд. Обу афшураи ин коргоҳ борҳо сазовори медали тилло гашта, дар озмунҳо беҳтарин дониста шудааст.

Деҳа солҳои зиёд мактаб надошт ва роҳбарияти корхонаи «Оби зулол»  ба сокинон аз маблағи худ мактаби замонавӣ сохта, ба истифода дод. Ин ҷо устодони таҷрибанок ва ба вазифаашон содиқ заҳмат мекашанд. Натиҷаи меҳнати онҳост, ки ҳар сол беш аз 80 фоизи хатмкунандагон ба мактабҳои олии мамлакат ва берун аз он таҳсилро давом медиҳанд…

Қадамҷо дар дилу дидаи одамон ҷой гирифта, ба зиёратгоҳи серодам табдил ёфтааст.

 

Ғайрат ҲАКИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here