Ҳама инқилобҳо шахсиятҳоеро ба майдон меоранд, ки омодаанд барои идеяҳо худро қурбон кунанд. Ва боз: ҳама инқилобҳо интригаҳои дохилие доранд, ки ҳатто саршиностарин афродро барои ҳадафҳои ночиз қурбон мекунанд. Нестор Махно яке аз чунин инсонҳое буд, ки ба ғояҳои инқилобии болшевикон бовар кард, вале то абад барои болшевикон унсури бегона монд. Асли навиштаи зер мақолаи Владимир Воронов аст, ки моҳи феврали соли 2019 дар “Совершенно секретно” чоп шудааст.

 

Моҳи феврали соли 1919 Нестор Махно расман фармондеҳи сурх эълон мешавад: воҳидҳои шӯришии он ба бригада табдил мешаванд ва худи ӯро сарвари ҳамин бригада таъин мекунанд. Аз он рӯз ба баъд Нестор Махно ба фармондеҳе дар як воҳиди муташаккили ҳарбии Артиши Сурх табдил мегардад. Махно дар оғоз инро барои худ як шараф медонист ва хеле дар оғоз мағрур ҳам шуд, ки аз ҷониби болшевикон эътироф гашт. Дар асноди он солҳо суханони вай дар рӯзҳои аввали ин рӯйдод миёни ҳаводоронаш сабт шудаанд, ки гуфтааст: “Оё ман фикр мекардам, ки бригадаро фармондеҳӣ мекунам, дар ҳоле ки ман ақалан рӯзе дар хизмати ҳарбӣ набудам, аммо акнун фармондеҳи як бригада…”

Ҳамчуноне Виктор Белаш, яке аз фармондеҳони таҳти идораи Махно навштааст: «21-феврал ба назди мо дар Полог рафиқ Дибенко бо фармон омад. Мо қаблан аз омадани вай хабардор карда шуда будем ва худро омодаи мулоқот намудем. Низоми баъди муҳорибавиро роҳандозӣ кардем. Аввал сарбозонро аз назар гузарониданд ва баъдан ҷаласаи ҳайати фармондеҳӣ баргузор шуд, ки дар он Дибенко фармони фармондеҳи гуруҳи самти Харков Скачкоро қироат намуд: “19 феврали соли 1919. Махфӣ.  Ба неруҳои таҳти итоати ман фармон дода шудааст, ки ба двизия расонида шавад. Фармон медиҳам: аз қисмҳое, ки таҳти фармондеҳии рафиқон Дибенко, Махно ва Григорев қарор доранд, як двизияи тирандоз созмон дода шавад, ки аз ин ба баъд Двизияи Заднепетрови Украинаи шӯравӣ” номида мешавад”.

Аз гуруҳҳои ҷанговарони Махно бригадаи сеюми ин двизия сохта шуд. Воҳидҳои ҳарбии Махно ба ҳайати Артиши Сурх бо шартҳои муайян шомил гаштанд: низоми дохилии артиши шӯришӣ ҳифз мешуд, ҳарчанд ба ҳайати он акнун комиссарҳое, ки аз ҷониби фармондеҳии Артиши Сурх таъин мешуданд, шомил мегаштанд. Бригада ба ҳайати фармондеҳии ҳарбӣ итоат мекард, вале танҳо дар вазъи фаврӣ ҳақ надошт аз ноҳияи муайяншуда барои амалиёт берун равад. Ҳамчунин сарбозони бригадаи Махно парчами сиёҳи худро ҳифз карданд ва Артиши шӯришии инқилобӣ номида шуданд.

Тибқи муоҳада Махно ва бригадаи вай силоҳу муҳимоти ҷангиро баробар бо дигар воҳидҳои Артиши Сурх дарёфт мекарданд. Вале танҳо онҳое ҳақи дарёфти ин гуна силоҳҳо доштанд, ки дар штати бригада буданд. Бино ба асноди расмӣ он шабу рӯз ин бригада аз 7075 нафар иборат буд, дар ҳоле, ки теъдоди аслии он то шомил шудан ба ҳайати Артиши Сурх ба маротиб бештар буд. Гуфта мешавад, ки аввали моҳи январи соли 1919 Махно беш аз 20 ҳазор силоҳ ва 8 ҳазор сипар дошт. Моҳи феврал, бино ба иқрори муаррихон артиши Махно ба теъдод то ба 50 ҳазор нафар расид. Аммо ба онҳое, ки дар ҳайати расмӣ сабт нашуда буданд, на силоҳу муҳимот ва на ғизо дода мешуд, яъне 43 ҳазор ҷанговарони Махноро лозим меомад, ки худро бо ғизо, сару либос ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ таъмин созанд.

Аммо ваъдаҳои болшевикӣ дар рӯйи коғаз монданд ва ҳамин беш аз 7 ҳазор аз ҳайати расмӣ ҳам ягон маротиба на ғизо ва на силоҳу муҳимот ва на сару либос гирифтанд. Дар бораи ёрии пуливу маош ҳоҷати гап ҳам набуд. Баъдҳо Виктор Белаш ба ёд меорад: “Мо ба камбуди силоҳу муҳимот шадидан рӯ ба рӯ будем, метавонистем як артиши бузургро садди роҳ шавем, вале силоҳ надоштем”.

Дар асарҳои таърихнигорони замони Шӯравӣ борҳо омадааст, ки неруҳои Махно баъди шомил шуданашон ба сафи Артиши Сурх мебоист комилан ҳамоиш меёфтанд. “Бубахшед, чаро? – мепурсад Василий Голованов. Яке аз муаррихони машҳур ва пажуҳишгари Мохно. — Он замон дар Украина ягон хел Артиши Сурх вуҷуд надошт. Ва ё аниқан махновиҳо ҳамроҳ бо григоревҳо, маллоҳони Дибенко Артиши Сурх буданд”. Дар асл дар қаламрави Украина артиши амалкунандаи сурх нав тадриҷан сохта мешуд. Антонов-Овсеенко, фармондеҳи ҷабҳаи Украина “бидуни калавиш неруҳои аллакай созмондодашудаи Махноро чун ташкили Артиши Сурх истифода кард. Ва ҳамин сарнавишт ба сари неруҳои Шорс, Боженко ва дигарон ҳам омада буд.

Табиист, ки ин гуна иттиҳод зарурӣ, вале хеле муваққатӣ буд. Болшевикҳо, ки дар Русия системаи якҳизбиро ҷорӣ карда буданд, дигар аслан намехостанд ин ҳокимияти ба дасташон афтодаро бо дигарон тақсим кунанд. Системаи диктатории коммунистӣ нав дар ҳоли поягузорӣ буд. Ва воқеъият низ ин аст, ки яку якбора зидди гуруҳу воҳидҳои ҳарбие чун дастаҳои Махно ҷангидан барои болшевикон имконнопазир буд ва неруҳояшон кифоят ҳам намекард. Ин боз дар ҳолест, ки Махно як қаламрави азимеро бо ҷамъияти 1,7 миллион нафар зери назорат дошт. Миёни аҳолии ин бахши азими Украина шӯришгарони Махно аз обрӯву эътибори вижа бархӯрдор буданд ва чуноне Белаш ҳам навиштааст, “алайҳи онҳо истифода шудани қувваҳои ҳарбӣ ба маъно он буд, ки болшевикон хеле чизҳоро аз даст медоданд. Аз ин рӯ роҳи ҷалби ин неруҳоро интихоб карданд, вале муваққатан, то каме нерӯманд шудани Артиши Сурх дар минтақа ва хатми ҷангҳо дар манотиқи дигар. Бигзор “махноҳо бо рақибону душманони мо ҷанганд, онҳоро заъиф созанд, талафот диҳанд, хуни худ резонанд ва неруҳои худро дар ин муҳорибаҳо хаста кунанд…”

Махно аз нигоҳи сиёсӣ марди хом буд, инсони хушбовар ва заминӣ. Мегуфт, ки қувваҳои мо қаламрави худро назорат мекунанд, анархо-коммунистон бошанд ба пролетариат хизмат мекунанд. Замин ба ҳама мерасад, ҳама ба ҳам месозем. Аммо ҳоло бояд инқилоб кард, буржуҳоро саркӯб намуд…”

“Аз сӯи дигар Махно аз ҷониби болшевикон ва анархистон сазовори таҳсин буд. Дар сатҳи олии ҳокимияти Шӯроҳо барои Махно ҳеч мансабу вазифаи дигарро дар назар надоштанд, тақозои онҳо аз вай ин буд, ки чун як ҷанговар ва инқилобие бимонад, ки содиқона дар кори пирӯзии инқилоб заҳмат кашид ва на аз ин беш”, — менависад муаррих Валерий Волковинский.

Аммо ин ки неруҳои вай артиши сурхӣ шуданд ва худи Махно фармондеҳи бригада таъин гардиду бо ин ифтихор ҳам мекард, ба зудӣ ҳамаро дилсарду ноумед намуд. Неруҳои вай чизе аз ваъдаҳоро дарёфт накарданд, ҳатто мутахассисони ваъдагиро барои омӯзиши ҷанговарон. Дар ҳолест, ки таърихнигорони Шӯравӣ бардурӯғ изҳор медоштанд, ки худи Махно аз қабули ин гуна мутахассисон даст кашида буд. Ва чун неруҳои Махно ҳеч ёрии силоҳу муҳимоти ҷангӣ дарёфт намекарданд ва ба мушкилоти ғизову сару либос ҳам рӯ ба рӯ буданд, дар ҷангҳо талафотҳои азим медоданд, ақиб менишастанд.

Гузашта аз ин худи Махно ба як фармондеҳи вобаста табдил шуд, ки ӯро метавонистанд дар ҳар ҳолат боздошт ва паронанд. Ва чуноне асноди боқимонда шаҳодат медиҳанд, Махно дар суҳбати танҳоӣ бо Дибенко ҳамин гуна ибрози назар кардаву аз сарнавишти худ нигарон буд. Вай гуфтааст, ки рӯзе шояд расад, ки бо як баҳонаи ночиз худи ӯ ва неруҳояшро ғайриқонунӣ эълон кунанд ва ҳатто паронанд. Дибенко ҳам ба ӯ гуфтааст, ки ин гуна нигаронӣ вуҷуд дорад, баъзан иштибоҳҳое мешаванд, ки касони содиқ ба Ҳукумати Шӯравиро аксулинқилобӣ эълон мекунанд. Аммо ба Махно савганд дод, ки агар ин гуна иттифоқоте пеш ояд, аввалин шуда ӯро дар ҷараён мегузорад.

Ва ҳамин “ғалатфаҳмиву иштибоҳ” билохира рух дод. Тибқи маълумоти Донишномаи озод моҳи майи соли 1919 бригадаи Махно, ки то ин замон ҳеч ёрие аз сурхҳо дарёфт накард, дар ҷангҳо зидди Двизияи Қафқоз бо роҳбарии генерал А.Шкуро ба талафоти сахт рӯ ба рӯ шуд. Сафедҳо хати ҷабҳаи Донбасро рахна карданд. 6 июн бо фармони Тротский Махно ғайриқонунӣ эълон шуд ва сабабу баҳона ҳамон шикаст дар ҷанг зидди неруҳои Шкуро буд. Ба ҷойи вай А.Круссер фармондеҳ таъин гардид. Круссер шаби 10-уми июн дар муҳориба бо сафедҳо кушта шуд.

9 июн Махно ба қароре омад, ки иртиботаш бо сурхҳоро канад, созишро барҳам занад ва ба Ленин, Каменев, Зиновев, Тротский, Ворошилов, Ракосовский барқия ирсол намуд ва гуфт, ки ба идеяҳои инқилобӣ содиқ аст, вале аз он ки ҳамеша зери зарбаҳои намояндагони ҳукумати марказ қарор дорад, иртиботаш бо Артиши Сурхро меканад. Дар ҳамин барқия хоҳиш кард, ки ӯро аз вазифаи сардори бригада озод кунанд. Махно аз инқилоб дур нашуд. Баъди ирсоли барқия бо аъзои боқимондаи отряди ҷанговаронаш ба губернияи Херсон ақиб нишаст ва бо Григорев зидди деникинчиён ба мубориза идома дод.

Тирамоҳи соли 1920 бо мақсади истифодаи Махно дар ҷанг зидди Врангел болшевикон бори дигар пешниҳоди иттиҳод бо Махно карданд ва 2 октябр бори дуюм созишнома миёни Махно ва ҳукумати вақти Украина имзо шуд. Аммо ин иттиҳод ҳам тӯлонӣ набуд, дар миён ҷангҳои шадиде буданд, ки баъзан махночиён пирӯз ва баъзан мағлуб мешуданд. Баъдан сарварони Артиши Сурх фармон доданд, ки Махно бо неруҳояш ба Қафқози Ҷанубӣ эъзом шавад. Махно инро доме барои худ донист ва аз итоат саркашӣ кард. Ҷавобан ба ин болшевикон амалиёти маҳви Махноро роҳандозӣ карданд. Воҳидҳои Махно бо ҷанг аз муҳосираи ноҳияи Гуляйпол худро раҳо намуданд.

 

Сарнавишти Махно баъди муҳоҷират

Дигар боқӣ мондан дар Украина барои Махно хатар дошт. 28 август баъди як муҳорибаи нобарор бо 78 нафар ҳайати ҷанговаронаш марзи Руминияро убур кард. Замоне буд, ки 12 тир хӯрдаву шадидан захмӣ шуда буд. Дар Руминия Махно ва ҷонибдоронаш ҳоли табоҳе доштанд. Наркоми РСФСР Георгий Чичерин аз ҳукумати Руминия тақозо кард, ки Махноро боздошт ва ба Русия истирдод кунад. Аммо руминиҳо чанд моҳ ба ин дархост посухи рад доданд. Моҳи апрели соли 1922 Махно бо ҳамсар ва 17 ҷонибдораш ба Полша паноҳ бурданд. Махно дар Полша ҳама гуна тарҳҳои ҳамкорӣ бо анархистону коммунистонро рад кард. 25 сентябри соли 1923 бо ҳамсар ва ду ҳамроҳаш боздошт ва ҳабс шуд. Баъдан дар мурофиаи додгоҳӣ ӯ сафед ва озод гардид. Моҳи декабри соли 1923 Махно даъвои мубориза бо низоми болшевикии Русия кард, вале ин ҳукуматдорони Полшаро хуш наомад.

Дар охирҳои умр вай бо анархистон буд, дар маҷаллаи онҳо мақолоти зиёде ҳам интишор дод. 6 — июли (тибқи иттилои дигар 25 июл) соли 1934 Нестор Махно дар синни 45 солагӣ бар асари бемории сили устухон дар бемористони Париж аз олам даргузашт. Моҳи марти соли 2019 ҳукуматдорони шаҳри Гуляпол тасмим гирифтанд хокистари Нестор Махноро ба ватани таърихии вай баргардонанд….

 

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий