Дар бари куҳ чун муҳаббати соф,

Ки дар оғӯши дил шавад ҷойгир.

Ҷой бигрифтааст деҳаи ман,

Деҳаи хурдакаки назарногир.

Файзулло АНСОРӢ

 

Некнот ба ибораи шоир деҳаи хурдакаки назарногирест, ки аз шимол — деҳоти Варзи канда, Заврон ва Андар, аз ҷануб — Вену Пағна, аз ғарб — Ворӯ, аз шарқ — Зери Ҳисору Саройбоғ бо вай ҳамҳудуд мебошанд. Деҳа бо марғзору чарогоҳ, арчазору фаркистон ва дараҳои Пеши куҳ, Ағлуқ, Оби борик, Хиргоҳсанг, Зардолак, Қарроғу, Оби сафед, Паноҳи метан, Мӯсораҳа, Мушистон, Сарез, Гулгун, Ғӯрбик, Ӯрто, Пушкат, Қазноқ, Комакӣ, Шӯрхок, Чашмаи себ, Санги сафед, Хорчаҳо, Дашти боло, ағбаи Ҷавпоя, ағбаи Ҷалол ва ағбаи Давлат машҳур аст. Ин мавзеъҳо маркази ихроҷи маъдан, замини фаррох — домани рӯзибахш, чарогоҳи пурфайзу чашмасорони оби зулол мебошанд.

Субҳгоҳони деҳи ман бо садои чашмасорону мурғакони хушовозаш оғоз меёбад. Бонувони ғамхору меҳрубонаш, падарони меҳнаткашу содиқаш, тифлакони дӯстрӯякаш субҳи содиқ аз хоби ноз бармехезанду ба сӯи зиндагии осоишта қадам мениҳанд, то ояндаи деҳи куҳанбунёдро сабзтар гардонанд. Ҳар як мардуми сарбаландаш талош ба сӯйи оянда доранд, то ки мисли гузаштагони хеш обрӯи деҳ ва халқи сарбаландашро боз ҳам болотар бардоранд.

Некнот деҳаи сарсабз, биҳиштосо ва овозадорест, ки бузургмардон, олимону орифон ва адибону журналистони маъруфе чун Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Ҷумъа Одина, Салоҳиддин Шаропов, Шарофиддин Рустам, Саттор Мухтор ва дигаронро ба арсаи сиёсату эҷод ҳадя намудааст.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои куҳи Муғ (1932) номи қадимаи деҳа Хваб мебошад. Дар натиҷаи муборизаҳои дохилию хориҷӣ деҳа чандин маротиба хароб шуда, дар охири асри XVI аз нав эҳё гаштааст. Дар ташаккули Нигнот ё Некноти имрӯза саҳми собиқ деҳаҳои Чуқурак, Ғӯрбик, Пушкат, Ҳиндуён, Сурхӣ калон аст. Дар луғати Деҳхудо Нигнот чун деҳаи мардумонаш нек ёд мешавад. Баъзе касон тахмин мекунанд, ки ин мафҳум дар асл Нигинобод аст. Зеро вожаи «обод» бештар ба садаи ХХ тааллуқ дорад. Қисме аз пажуҳишгарон зери мафҳуми Нигнот Киштӯдро дар назар доранд, зеро Нигнот нисбат ба тамоми деҳоти дараи Киштӯд мулки серзамину куҳҳои пурганҷ мебошад. Ин ақидаро олими варзида В. А.Лившитс ҳам дастгирӣ кардааст.

Яке аз сарчашмаҳои пурарзиш «Ҳудудулолам» аст, ки дар асри Х таълиф шудааст. Муааллифи китоб ба ҳар кадом шаҳру деҳоти Осиёи Миёна баҳои хоса дода, дар бораи куҳ, водӣ, дарё, шаҳру деҳот ва марғзору бешаҳо нақл мекунад. Аз ҷумла навиштааст, ки «… ӯро се ҳад аст. Бутамони Андарунӣ (Масчоҳ), Бутамони Миёна (Фалғар), Бутамони Беруна…». Ӯ инҷо Бутамони Беруна гуфта, дараи Киштӯдро дар назар дорад. Куҳҳои онҷо пур аз тилло, нуқра, навшодир, биринҷӣ, оҳан ва сурма мебошанд, мегӯяд муаллиф. Кофтуковҳои бостоние, ки дар куҳистони Нигнот сурат гирифтаанд, ин гуфтаро тасдиқ мекунанд, ки ёдгориҳои Мушистон, Ағлуқ, Сӯхта, Мӯсораҳа ба он далел шуда метавонанд.

Дар замони Ҳукумати Шӯравӣ ба омӯзиши болооби Зарафшон диққати ҷиддӣ медоданд. Ба туфайли ҳафриёти Панҷакент омӯзиши таърихи куҳани ноҳия шуруъ гашт. Дар ин роҳ хизмати дастаи омӯзиши таърихи Суғд, ки таҳти сарпарастии шарқшинос А.Ю.Якубовский (1946) созмон ёфт, калон аст. Муҳаққиқони ин даста муддати хело тӯлонӣ меҳмони Нигнот шуданд ва доир ба мардумшиносӣ, сикказанӣ, бостоншиносӣ ва адабиёти шифоҳӣ маълумоти кофӣ ба даст овардаанд. Диққати онҳоро ёдгориҳои атрофи Ҳисори Ғӯрбик, куҳи Бел, санги Пакатака ҷалб карда буд. А.Ю.Якубовский зикр кардааст, ки нақшу нигори санги Пакатака ба асри XIX мансуб аст.

Кори саркардаи устодонро бостоншиноси маъруфи тоҷик Юсуфшоҳ Яъқубов идома дод. Вай муддате дар мавзеъҳои Мушистон, Пушкат, Ғӯрбик, Ағлуқ, Сарез ва ғайра кофтуков гузаронида, дар хусуси таърихи қадимаи Нигнот маълумот ба даст овард. Ҳарфиёти дар доманаи куҳи Бел гузаронида собит намуд, ки дар инҷо дар асрҳои V-VI то милод низ мардум зиндагӣ мекардаанд. Ёфт шудани қабристони замони Кӯшониён (асрҳои III-II то милод) шоҳиди ин аст.

Ҳарфиёти якҷояи бостоншиносони тоҷику олмон собит кард, ки дар мавзеи Мушистон дар қарни биринҷӣ маъдан истеҳсол мекардаанд. Кони нуқра низ таърихи бисёр куҳан дорад.

Деҳаи Сурхию Ҳиндуён ба асрҳои XV-XVI мансубанд. Ҳафриёти деҳаи Ҳиндуёнро собит намуданд, ки дар натиҷаи зилзила хароб шудааст. Аз маҳалҳои Барози кабуд, Қӯлақ, Андар ёфт шудани кӯзаю тангаҳои суғдию кӯшонӣ, зарфҳои биринҷӣ ба он далолат мекунад, ки деҳа таърихи бештар аз 2,5 ҳазорсола дорад. Он ба Ғӯрбик ва деҳаҳои дигар дар як вақт маркази сукунати одамон будааст.

Ҳафриёти Пушкат ва Хорчаҳо барои равшан сохтани таърихи то исломии деҳа санадҳои нодир додаанд. Хеле қабрҳои пеш аз исломӣ ёфт шудаанд, ки аз дохили онҳо дар паҳлӯи ҷасад асбобу анҷомҳои рӯзгор ёфт шудааст. Дар қабрҳои мардон — шамшер, корд, санги чахмоқ ва дар қабри занон — сурмадон, усмакашак, оинаҳои биринҷӣ, коса ва табақҳо ёфт шудаанд. Тадқиқоти Пушкат нишон медиҳад, ки аввалин бошишгоҳҳои одамон дар сари Гаҷҳо барпо шудааст.

Кӯшониёну буддоиён заминро муқаддас ҳисобида, ҷасади одамро ба хок намесупоридаанд. Онҳо мегуфтанд, ки ҷасад заминро махлуд мекунад. Бинобар ин ҷасадро болои куҳҳо мегузоштаанд, то зоғу заған хӯранд. Пас устухонҳоро ҷамъ оварда, дар зарфҳои сафолин нигоҳ медоштанд. Чунин ёдгориҳоро таҳқиқотчиён аз Пушкату Ғӯрбик ба даст овардаанд.

Бозёфтҳои атрофи Ҳисори Ғӯрбик ба асрҳои V-VI то мелод мансуб аст. Ҳангоми кандани таҳкурсӣ ва чоҳҳо дар дохили ёдгорӣ ду-се қабати сохтмон ба назар мерасад. Маълум мешавад, ки Ҳисор чун маркази дидбонӣ бунёд шудааст. Дар ибтидои давраи Кӯшониён тарҳи имрӯзаи Ҳисорро гузоштаанд. Ғӯрбик ва Ҳисори он аввалин маркази ҳокимнишини Киштӯд ва ҳокими Киштӯд Виштам тобеъи хокими Панҷакат Деваштич будааст. Дар ин хусус ҳуҷҷатҳои аз куҳи Муғ (соли 1932) ёфташуда шаҳодат медиҳанд.

Ҳуҷуми арабҳо ба Киштӯд низ таъсири манфӣ расонид. Онҳо ба Панҷакент даставвал дар рафти забткориҳои Қутайба ибни Муслим (705-715) ҳуҷум оварданд. Ислом дар деҳоти Некнот дар асрҳои IX-X паҳн шудааст. Мустамликадорон аз ибтидои солҳои 70 асри XIX ба истихроҷи боигарии водии Зарафшон даст заданд. Ҳамин аст, ки дар солҳои 1875-1880 сармоядори олмонӣ Бауэр барои коркарди тилло, нуқра, сурма, биринҷӣ ва ангишти Нигнот талош варзид.

Мардуми болооби Зарафшон нахустин паҳнкунандагони ғояи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо халқҳои салтанати Русия гаштанд. Дар сари гаҳвораи ин дӯстӣ фарзанди барӯманди Нигнот Ниёзӣ Тошбой меистод, ки яке аз ташаббускорони бо роҳи оҳан ба марказ кашонидани ангишти Нигноту Заврон ва бунёдгузори роҳи оҳани Самарқанду Нигнот аст. Ӯ нақша кашид, аммо тақдир даст надод, ки нақшааш амалӣ гардад. Сар задани инқилоби якуми рус ва ваҳшиёна кушта шудани ӯ (1908) ба сохта нашудани роҳ сабаб гашт, навиштаанд дар китобашон Абдусаттор Мухторов, доктори илми таърих, профессор.

Никнот чӣ маънӣ дорад? Дар ин иртибот андешаҳои зиёде мавҷуданд. Чунончӣ А.Н.Соболев — донишманд, муаррих ва сайёҳи рус соли 1874 дар асари бисёрҷилдаи худ «Зарафшон», ки дар шаҳри Санкт-Петербург мунташир шудааст, ин деҳаро ба номи Никот ёд мекунад: «дар дараи Киштут деҳаест бо номи Никот ва дар гирду атрофи ӯ кони азими ангишт ва маъданҳои дигар мавҷуд аст. Дар фарҳангҳо Никот ба маънои макони зебову обод, писандида, хурраму босафо, дорои манзара ва табиати дилрабо омадааст».

Аз эҳтимол дур нест, ки бо гузашти айём ба он ҳарфи «Н» илова гардида, шакли «Ник-н-от»-ро гирифтааст, зеро талаффузаш осонтар, равшантар ва бурротар аст. Чунин қайд кардаанд Раҷабалӣ Қудратов — корманди шоистаи Тоҷикистон. (Китоби «Муаллими ҳикмат» соли 2008.)

Гарчанде имрӯзҳо дар навиштаҷотҳо номи деҳаро Некнот ё Негнот истифода мебаранд, вале дар талаффузи мардуми деҳа Нигнот истифода бурда мешавад. Аз рӯи баъзе ривоятҳо, ки шоир — омӯзгори мактабамон Музаффар Суғдзод дар хонаи Убайд Раҷаб аз нависандаи бузурги тоҷик, Сотим Улуғзода шунидааст:

— Шоҳе дар ҷангҳо шикаст мехӯрад, аз Самарқанд гурехта ба деҳаи мо омада, дар теппаи Куҳи Чур ҷой гирифтааст. Ҳоло дар теппаи ин куҳ охурчаҳо ва оташдонҳои сангини ӯ боқӣ мондаанд. Баъдтар онҳо ба поён — ҳамворӣ мефароянд ва он ҷоеро, ки шоҳ маскан интихоб мекунад, номи духтараш Ҳуснободро мегузорад. Баъдтар гӯё, ки ин малика яке аз ангуштаринҳои худро, ки нигини қиматбаҳотарин доштааст, мефурӯшад ва маконеро обод мекунад ва онро Нигинобод ном мениҳад. Дар тӯли асрҳо ин ном суфта шуда, ба шаклҳои Некнот, Негнот ва Нигнот боқӣ мондааст. Ин гуфтаҳоро Ҳизбуллоҳ Ашӯров ва Шарофиддин Шаропов дар китоби «Шоҳроҳи мактаби деҳ 1924-1999» қайд менамоянд.

Некнот на фақат аз лиҳози масоҳат ва сершумории сокинонаш аз дигар деҳаҳои Киштӯд калонтар аст, инчунин бо кадрҳои таҳсилдидааш низ аз дигар деҳаҳо бартар аст, навиштаанд Ҷумъабой Азизқулов — адабиётшинос, ходими шоистаи фарҳанг дар китоби «Ёди мардони нек» саҳ.68, Душанбе, Ирфон, соли 2013.

Мирзомулло Абдураҳмон Мустаҷири Самарқандӣ дар «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» соли 1870 менависанд: «дар қиблаи ӯ (Қӯрғони Киштӯд — Ҳ.С.) ду деҳа ҳаст, ки яке онро Некнот ва якеи дигарро Саркулолӣ мегӯянд. Аз он сабаб Саркулолӣ мегӯянд, ки дар онҷо хумдони Кулолӣ будааст. Ҳардуи он дорои яксаду чиҳил хонавор мебошанд ва дар худи русто дарахте надоранд ва зироати онҳо ва чорбоғи онҳо ҳама дар поён мебошад ва чорбоғи бисёре доранд, ки дарахти он мисли зардолу, шафтолу, себ, тут, олуча, чормағз ва беду сафедор мебошанд ва аз зироати онҳо мисли гандуми обӣ, гандуми лалмӣ, ҷаву арзан, зағеру мош ва қӯноқ мебошад. Бисёр ҷои ободи хуб аст…», «Маориф ва маданият», соли 1976, №19 (8790).

 

Некнотам

Дар хами куҳ, дар лаби обӣ,

Дурӣ аз пеши чашм, Некнотам.

Чашм пӯшам ба чашм метобӣ,

Ранги як пораи Яши Некнотам.

Бо ту бардам ба роҳ ниҳам поям,

Бо ман астӣ ҳамеша Некнотам.

Бо ту сар мекашам, ба ҳар ҷоям,

Ман тан астам, ту реша, Некнотам.

Убайд Раҷаб

***

Некнотӣ буду бори некномӣ мекашад,

Бори шеъри Ҳофизу Саъдиву Ҷомӣ мекашад.

Хайрандеш

 

Санавбар Холиқзода, омӯзгори собиқадор,

Мунир Мутриб, рӯзноманигор, узви ИЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here