Таърих гувоҳ аст, ки бонувони диловари тоҷик дар ҳар давру замон баҳри рушди кишвар кору фаъолият намуда, бо кордонию меҳнатдӯстӣ, хоксорию хислатҳои неки худ маъруфу машҳур гаштанд.

Қаҳрамони мақолаи мо аз зумраи чунин бонувон буда, тавассути донишу малака, кордониву фидокорияш то ба вазифаи вазири саноати сабуки Тоҷикистон сабзида расиданд. Ин бонуи сиёсатмадор Мунаввара Қосимова мебошад.

 

Мунаввара Қосимова 2-юми феврали соли 1914 дар шаҳри Конибодом дар оилаи дуредгар таваллуд ёфта, баъди маълумоти миёнаи нопурра гирифтан солҳои 1928-1931 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи шаҳри Самарқанд таҳсил намуда аст. Баъди хатми омӯзишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро соли 1931 дар мактаби зодгоҳаш ба ҳайси омӯзгор оғоз кард. Ҳанӯз дар овони ҷавонӣ ба сиёсат майлу рағбат дошт. Ин маҳорату тавоноияшро ба эътибор гирифта, баъдан  ӯро ба вазифаҳои масъули ҳизбию ҳукуматӣ пешбарӣ карданд.

Мавсуф ба сафи Ҳизби коммунистӣ шомил гашта, минбаъд барои инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар талошу мубориза бурд. Аз соли 1933 то 1941 дар вазифаҳои мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва суди халқии шаҳри Конибодом кор кардааст. Сипас, солҳои 1941-1942 раиси суд ва мудири бахши кори занони Кумитаи ҳизбии вилояти Суғд ва солҳои 1942-1947 мудири шуъбаи кор байни занони КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон кор карда аст.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва солҳои пас аз он  Мунаввара Қосимова дар тарбияи меҳнатӣ, ватанпарварӣ ва маънавии занони Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ба масъалаҳои тарбия, дастгирӣ ва ба корҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намудани бонувон аҳамияти ҷиддӣ медод. Солҳои фаъолият дар мақоми мудири шуъбаи кор бо занони КМ ҲҚТ Тоҷикистон (1942 -1947) тавонист диққати роҳбарияти ҳизб, давлат ва ҳукуматро ба ҳалли масъалаи рӯзафзуни сиёсӣ-иҷтимоӣ ҷалб намояд. Дар ин давра миқдори зиёди занон ва духтарон дар мактабҳои олӣ, мактабҳои тайёркунии кадрҳои ҳизбӣ ва давлатӣ ҷалб шуданд.

Дониши аъло ва фаъолияти чандинсолаи мавсуфро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи вазири саноати сабуки Тоҷикистон (1950-1957) пешбарӣ намуданд.

Дар солҳои 50-60-уми асри XX ӯ дар инкишофи соҳаи саноати сабук ва саноати хурокворӣ (сохтани фабрикаву заводҳо, бо техникаи навтарин муҷаҳҳаз гардонидани сехҳои заводу фабрикаҳои мавҷуда ва амсоли он саҳми шоиста гузошта аст. Дар ин муддат дар ҳудуди ҷумҳурӣ Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе, корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Комбинати мебелбарории Душанбе сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин бо  ташаббуси ин бонуи ҷасур, кордон, серғайрат ва серталаб аввалин бор дар ҷумҳуриамон истеҳсоли равғани геран ба роҳ монда шуд.

Дар аввали соли 1950 дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 650 корхонаҳои саноатӣ кор мекарду беш аз 30 навъи маҳсулот мебароварданд. Соли 1953 истеҳсолоти Тоҷикистон назар ба соли 1940 — 2,5 маротиба афзуд. Синфи коргар аз ҳисоби занон ва мардон 1,4 маротиба зиёд гардид.

Аз роҳбарони воломақоми ҷумҳурӣ Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Назаршо Додхудоев, Мунавваршо Шогадоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Махкамов тез-тез омада, ба кору фаъолияташ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд.

Дар хотираву ёддоштҳои ҳамкорон, ҳамсафон ва он нафароне, ки   Мунаввара Қосимоваро мешинохтанду медонистанд, ӯ ҳамчун инсони хоксор, роҳбари ғамхору дилсӯз бо як мазмун ёдрас мекунанд. Баҳринисо Тоҳирова бо Мунаввара Қосимова ҳамқадам, ҳамкор ва дӯсти наздик буданд. Ӯ дар ёддоштҳои худ нисбати дӯсташ чунин зикр кардааст: «Мунаввара ҳамеша ба одамон дасти ёрӣ дароз мекард, аз душворӣ асло наметарсид ва мақсади дарпешгузоштаашро ҳатман иҷро мекард. Бобоҷон Ғафуров дар аксар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳо Мунаввара Қосимоваро бо худ ҳамроҳ мебурд. Дар атрофаш занону духтаронро ҷамъ намуда, ба онҳо ростқавлӣ, инсондӯстӣ, некхоҳӣ, хоксорӣ даъват мекард».

Мунаввара Қосимова ҳамчун ходими намоёни давлатӣ барои баланд бардоштани мақоми ҳуқуқии занони тоҷик саҳми арзанда гузошта аст.  Моҳи марти соли 1958 дар пойтахти давлати Италия — шаҳри Рим Конгресси умумиҷаҳонии занон баргузор гардид. Мунаввара Қосимова ҳамчун иштирокунандаи ин ҳамоиш бузург дар мавзӯи “Роли занон дар пойдор намудани сулҳу амонӣ дар ҷаҳон” суханронӣ кардааст. Ӯ дар маърӯзааш аз ҷумла гуфтааст:“Занон баҳри пойдории сулҳ, ҳуқуқи занон ва хушбахтии кӯдакон, муттаҳидшавии халқҳо ҳиссаи сазовори худро мегузоранд. Занони Тоҷикистон ҳам барои пойдор гаштани сулҳу, амонӣ дар рӯи замин мубориза мебаранд”.

Мунаввара Қосимова чандин маротиба депутати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва узви Кумитаи занони мамлакат ва аъзои Кумитаи занони Иттиҳоди Шуравӣ интихоб гаштааст.

Ин бонуи ситорагарми табиатан некхоҳро бо орази кушоду пуртабассумаш, назокати занонаву шӯхиҳои беозораш, хоксориву меҳрубониҳояш ҳама мешинохтанд. Бо намояндагони аҳли илму адаби кишварамон: Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Комил Ёрматов, Розия Озод, Туҳфа Фозилова, Баҳодур Искандаров, Ҷалол Икромӣ, Муҳаммад Осимӣ ва бо чанде дигарон робитаи дӯстию мукотиба дошт.

Хизматҳои чандинсолаву бенуқсони Мунаввара Қосимоваро ба назар гирифта, ӯро бо 1 ордени «Байрақи Сурхи меҳнат», 3 ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати диловарона дар Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва чандин Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон қадрдонӣ кардаанд.

Мунаввара Қосимова ҳамчун инсони комил, шахси ғамхору бомаърифат тамоми умри бобаракат ва фаъолияти ибратбахши худро танҳо барои хизмати халқ, ободию тараққиёти кишвар, мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, пойдории сулҳу амният, шукуфоии ҶШС Тоҷикистон сарф намуд.

Таърих корномаи чунин шахсиятҳои маъруфро зинда медорад ва талқин месозад, ки онро омӯзему ибрат гирем ва дастури амал қарор диҳем. Хидматҳои шоёни Мунаввара Қосимова барин занони номдор ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд ва ёди он кас дар дилу дидаи ҳамватанон, дӯстон, шогирдон ва хешу таборон абадан боқӣ хоҳад монд!

 

Бахтовар ТЕМИРЗОДА, муаррих

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here