Таърихи гузашта ва имрӯзаи ҳар як халқ дар асоси омӯзиш, тадқиқот ва ҷустуҷуҳои зиёди олимони бостоншинос дар рустоҳо, ноҳияҳо, вилоятҳо ва шаҳру марказҳои муҳими фарҳангӣ сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сурат мегирад. Донистани таърих ва омӯзиши ёдгориҳои бостонӣ ҷаҳонбинии ҳар шахсро васеъ мегардонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки аз ҷиҳати дороӣ ба ёдгориҳои бостонӣ ва обидаҳои таърихӣ хазинаи ёдгориҳо ба ҳисоб меравад. Дар наздикии куҳу доманакуҳҳо ва ҳамвориҳои ноҳияи Ашти вилояти Суғд ёдгориҳои беназири бостоншиносӣ-сангнигораҳо кашф шудаанд, ки онҳо аз ҳаёту ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии бошандагони қадими ин ноҳия шаҳодат медиҳанд.

Дар таърихи 6 уми январи соли 2018 дар деҳаҳои Ғудос, Пискокат, Пунук, Оби Ашт як силсила сангнигораҳо кашф шуданд. Ин сангнигораҳо, ки аввалин шакли санъат мебошад, барои дарк намудани тафаккури инсонҳои қадим ва тасаввуроти онҳо ба муҳити табиат як маводи басо муҳими таърихи санъат ба шумор мераванд. Сангнигораҳои деҳаҳои Ғудос, Пискокат, Пунук, Оби Ашт аз ҷиҳати фарогирии мазмуну мундариҷа гуногун буда, дар ҳазораи дуюми то милод саркарда, то миёнаҳои асри XIX тавассути ниёкони маънишиносу воқеъбини мо ҳаккокӣ шуда, анъанаҳои маданияти кавми сакоиҳоро ифода менамоянд. Дар сангнигораҳо аксаран нақшҳои ҳайвонҳои калон: уштуру асп, гову бузҳои куҳӣ, оҳую гӯсфандон, инчунин манзараи ҳарби шеру палангон, гирду сагон ва маъракаи шикори паррандагон бо тамоми ҷузъиёташ таҷассум шудаанд.
Баъзе аз сангнигораҳо дар баландии 300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Қисми зиёди сангнигораҳо бо усули техникаи хол-хол кашида шуда, бо ашёи оҳанӣ ва ё санг канда шудааст. Дарозии аксари нақшҳо 30- 45 см аст. Миқдори умумии сангнигораҳои деҳаҳои Ғудос, Пискокат, Пунук, Оби Ашт то ҳол аз ҷониби бостоншиносон ҳисоб карда нашудааст. Ба андешаи бостоншинос Давлатхуҷа Довудӣ сангнигораҳои деҳаҳои Ғудос, Пискокат, Пунук, Оби Ашт ба ҳазораи дуюми то милод тааллуқ дошта, ба қавми қадими чорводори «сакоиҳои он сӯи Суғд» мансуб аст. Дар натиҷаи корҳои археологӣ дар ноҳияи Ашт зиёда 3468 сангнигораҳо аккосӣ ва шуморагузорӣ карда шуд.
Омӯзиши нақшҳои рӯи санги Тоҷикистони шимолӣ сол то сол густариш ёфта, таърихи меҳанро боз ҳам ғанитар мекунанд. Дар ин ҷода бозёфтҳои қадимаи сарзамини Ашт қимати хосаи илмӣ доранд.
Бахтовар Темирзода, ходими Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Добавить комментарий