Дирӯз ва имрӯзи Калининград: Шаҳри Олмон чӣ гуна ба Иттиҳоди Шӯравӣ гузашт?

 

Аз ишғоли шаҳри Кёнигсберги Олмон бештар аз 74 сол гузашт. Ин соли охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд ва аз он ба баъд ин шаҳр бо вуҷуди он ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз харитаи олам пок шуд, шаҳре барои Русия боқӣ монд. Аммо бо номи Калининград…

Калининград ягона вилояти Федератсияи Русия мебошад, ки берун аз қаламрави ин кишвари паҳновар ҷойгир шудааст.

 Ишғоли Пруссияи Шарқӣ

Вилояти Калинингради кунунӣ ҳамагӣ 74 сол пеш ба Русия ҳамроҳ карда шудааст. Ва таърихи ин пайвастан хеле фоҷеабор буд. Пешниҳоди ҳамроҳ намудани Прусияи Шарқӣ — минтақаи Олмон ба СССР ҳанӯз соли 1941 садо дода буд. Моҳи декабр дар мулоқоти Сталин ва Молотов бо вазири умумри хориҷии Британияи Кабир Иден ҷониби Шӯравӣ дар бораи эҳтимолияти ба муддати  20 сол ба СССР ҳамроҳ кардани Прусияи Шарқӣ ва Полша чун ҷуброни зарари ҷанг изҳори назар намуд. Иқдоми баъдии муассир изҳороти ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Конфронси Теҳрон дар соли 1943 буд. Иосиф Сталин дар пойтахти Эрон Прусияи Шарқиро дар асл “замини славянҳо” номид ва изҳор дошт, ки русҳо фаврӣ бояд бандарҳо дар баҳри Балтикаро ишғол намоянд. Моҳи июли соли 1944 бо ризояти муттаҳидон Иттиҳоди Шӯравӣ муоҳадаи марзҳоро бо ҳукумати муҳоҷири Полша имзо мекунад, ки тибқи он ҳолати соли 1939 ҳифз мешавад, Прусияи Шарқӣ бошад бо “хати Керзон” (идомаи мустақими марз миёни Полша ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба самти ғарб) ҷудо карда мешавад. Ҳукумати Полша, ки дар Лондон қарор дошт, аз нақшаҳои Сталин бармаҳалтар огоҳ шуд ва ба гуфтаи Черчил ин хабар баробар ба зарбаи маънавӣ буд, вале ҳукумати Британия дар ин маврид аз иқдомоти Маскав ҷонибдорӣ кард.

Амалиёти бартарафсозии гуруҳи қувваҳои натсистон дар Прусияи Шарқӣ 13-уми январи соли 1945 оғоз шуд, баъди озод намудани ҷамоҳири назди Балтик бо неруҳои ҷабҳаи сеюми Белурус ва якуми Назди Балтик таваҷҷуҳ ба ин минтақа равона шуд. Аз баҳр неруҳои пиёданизомро ҷабҳаи Назди Балтик дастгирӣ кард. Охири моҳи январ қувваҳои фашистӣ дар Прусияи Шарқӣ аз артиши аслии он ҷудо карда шуд ва онҳо бидуни ёрӣ аз берун монданд.

Ҳамла ба Кёнигсберг аз се хати муҳофизатӣ таҳким шуда буд, шаҳрро қалъаи дараҷаи аввал номиданд, ки торумор кардани неруҳои он мушкилоти фаровон ба бор оварда буд. Аввали моҳи апрел иншоотҳои мудофиавии шаҳр муддати чор рӯз аз ҷониби неруҳои ҳавоии Артиши Сурх мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтанд, вале пеш аз ин ба сокинони бумӣ имкон дода шуд, ки мавзеъҳоро тарк кунанд, то талафоти ҷонӣ камтар шавад.

Шашуми апрел ба Кёнигсберг ҳалаи шадид сурат гирифт ва он муддати чаҳор рӯз идома дошт. Олмониҳо ин шаҳрро ба осонӣ аз даст надоданд ва барои дифоъ аз он  талош карданду ҷон бохтанд. 8-уми апрел онҳо пешниҳоди маршал Василевскийро дар мавриди таслим шудан рад карданд. Вале аллакай рӯзи 9-уми апрел аз тариқи радио ба забони олмонӣ ин ҳарфҳо садо дод: “Ахтунг, Ахтунг! (Диққат, диққат). Шаҳр ва қалъаи Кёнигсберг таслим мешавад!” Ва ҳарбиён дар майдоне, ки имрӯз Майдони Ғалаба номида мешавад, таслим шуданд. Вале муддати як ҳафтаи дигар касоне, ки дар таҳхонаҳо пинҳон шуда буданд, ба асорат гирифта шуданд. Вале бо вуҷуди ин ҳамаи артиши Олмони Гитлерӣ дар ин минтақа комил таслим нашуда буд. 17-уми апрел қувваҳои Шӯравӣ шаҳри Фишгаузен (ҳоло Приморск)-ро ишғол карданд, 25-уми апрел бандари Пиллау ишғол гардид.

Бо қарори Конфронси Потсдам моҳи августи соли 1945 Прусияи Шарқӣ қаламрави ғасбшуда унвон гирифт, ки мебоист ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва Полша дохил карда мешуд. Ин конфронс амалан тайид кард, ки аз се ду ҳиссаи қаламрав ба Иттиҳоди Шӯравӣ тааллуқ мегирад, ки мансуб ба Федератсияи Русия хоҳад буд.

Заминҳое, ки соли 1933 Олмон аз Литва ситонида буд, аз ҷумла минтақаи Клайпед моли Ҷумҳурии Сотсиалистии Литва шуд. Аммо расман ин соли 1950 сурат гирифта, то ин сол танҳо қарор ва муоҳадаи он имзо шуда буд.

Масъалаи марзҳо дар минтақаҳо танҳо соли 1997 роҳи ҳалли ниҳоии худро пайдо кард. Дар замони Шӯравӣ литовиҳо метавонистанд ноҳияҳои бештареро дар вилояти Калининград аз худ кунанд, вале онҳо худ инро нахоста буданд.

Кёнигсберг ва вилояти ҳамноми он соли 1946 номи худро дигар кард. Аввал онро “Балтийск” номиданд ва лоиҳаи ин номгузорӣ омода шуда буд. Вале дар ин асно раиси собиқи Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Калинин вафот кард. Калинин дар ҷамоҳири назди Балтик кор карда буд ва иртиботҳои наздик аз оғози қарни 20 бо ин ҷумҳуриҳо дошт. Аз сӯйи дигар ҳамсари вай эстонӣ буд. Ва роҳбарони Шӯравӣ Кёнигсбергро Калининград номиданд, дар ҳоле ки он замон шаҳри Королёви пешин номи Калининро дошт.

Он сол шаҳрҳои дигар ҳам соҳиби номҳои нав шуданд. Баргардонии номи кӯчаҳо дар шаҳрҳо дурудароз идома кард. Аввали солҳои 1950 ҳатто исми баъзе арбобони фарҳанги Олмонро бо номи ҳамтоёни русашон иваз карданд. Масалан кӯчаи Ҳуте номи Пушкинро гирифт, Мотсарт — Репин номида шуд, Штраусро Руму Корсакон номиданд. Ба ҳамин тартиб номи шаҳракҳову рустоҳо низ баргардон шуданд.

Аҳолии олмонӣ

Хоҳу нохоҳ ҷанг сабаб шуд, ки аз Пруссияи Шарқӣ теъдоди зиёди сокинони олмонӣ берун карда шаванд. Агар соли 1939 дар ҳамон қисмате, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ карда шуда буд, беш аз як миллион нафар зиндагонӣ мекард, пас дар миёнаи соли 1946 аҳолии он 170 ҳазор нафар буд. Ва 61 ҳазор нафари онҳо бошандагони шаҳри Кёнигсберг буданд. Зарфи як сол, аз моҳи сентябри соли 1945 шумораи аҳолии олмонибатор 30% коҳиш ёфт.

Бино ба омори моҳи майи соли 1947 аз 110 ҳазор аҳолии олмонитабор 36,6 ҳазор нафари онҳо кор мекарданд. Дигарон зиндагии сангин доштанд, фақиронаву нодор ҳаёт ба сар мебурданд, онҳо ёрии ғизоӣ дарёфт намекарданд, зеро ҳукумати нав ёриҳояшро барои ятимон, тарбиягирандагони хонаҳои бачагон ва маҷруҳон мутамарказ карда буд. Ба шаҳрвандони Шӯравӣ зиёд иттифоқ меуфтод, ки олмониҳои аз гуруснагӣ азияткашидаро аз хатари марг наҷот диҳанд. Кор ба ҷойе расида буд, ки аз гуруснагӣ одамон ҳатто маҷбур мешуданд гӯшти ҳайвони мурдаро ҳам бихӯранд. Дуздиву ғоратгарӣ барин ҷиноятҳо рӯ ба афзоиш овард, баъзан олмониҳо хонаҳои худро оташ мезаданд, то ба ҳукумати нав нарасад. Шоҳидон мегӯянд олмониҳо кам даст ба ҷиноят мезаданд, вале дар миёни онҳо буданд касоне, ки қасос мегирифтанд. Ҳодисаҳое ҳам буданд, ки ба бошандагони нави шаҳру рустоҳо ҳамла сурат мегирифт, вале ин пайваста набуд, гоҳ-гоҳе рух медод. Аммо таҳқиқ шудааст, ки одамон ба корвонҳои муҳоҷирон дармеуфтоданд, вале онҳо на олмониҳо, балки литовиҳо буданд.

Вазорати умури дохилӣ гуфта буд, ки олмониҳо таъсири бештар ба шаҳрвандони шӯравӣ ва ҳатто ба ҳарбиён доштанд ва ин боиси “иртиботҳои нохушоянд” мешуд. Муҳоҷирон бо олмониҳо ба мушкил вориди суҳбат мешуданд, чун онҳо забони ҳамдигарро намедонистанд. Хушунат нисбати олмонитаборон ҷазо дошт. Ҳамзамон бо ин Пруссияи Шарқӣ маконе бо гузаштаву пешинаи таърихии ҳарбӣ буд. Тибқи моддаи таблиғоти зиддишӯравӣ даҳҳо олмониро ба ҷазо кашиданд. Агар ҷопониҳо баъди шикасти кишварашон дар ҷанг боз ҳам дар тантанаҳои пирӯзии пирӯзон озодона ширкат мекарданд, олмониҳо худро аз ин ҳама сиёсатбозиҳо дур мегирифтанд.

ВКД амалан ба муҳоҷирати сартосарӣ ба Пруссияи Шарқӣ сарварӣ мекард. Аз моҳи январи соли 1945 комендатураи ҳарбӣ ҳокими мутлақи минтақа буд. Мақомоти ҳизбӣ дар ин қитъаи навҳамроҳшуда соли 1947 пайдо шуданд. Тирамоҳи соли 1947 аз вилоят ба минтақаи ишғолӣ 30,3 ҳазор нафар кӯч бастанд. Соле баъд боз 63 ҳазор нафари дигар. Тартиби ихроҷшудагон: 50% занон, 17% мардон ва 33% бачаҳо. То солҳои 1950 дар вилояти Калининград на бештар аз ҳазор бунаи олмониҳо мезистанд. Онҳо асосан мутахассисоне буданд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ ба онҳо эҳтиёҷ доштанд. Як қисме аз олмониҳо худро чун “литовӣ” сабти ном карданд. Ба муҳоҷирон иҷозат дода мешуд, ки ҳар оила то 300 кило ашёро бо худ барад ва ин ҳам ҳамон колое буд, ки гумрук иҷозат медод. Вале ин талабот на ҳамеша риоя мешуд. Интиқоли муҳоҷирон бо қатор ва ё аз роҳҳои баҳрӣ амалӣ мешуд. ВКД хабар дода буд, ки дар тӯли ҳамаи солҳои идомаи раванди муҳоҷират ҳамагӣ 48 нафар дар роҳ ҷонашнро аз даст додаанд. Ва чун ба макон мерасиданд, ба онҳо барои 15 шабонарӯз ғизо дода мешуд.

Қоидаҳои ихроҷ хеле ҷиддӣ буданд, олмониҳое, ки оилаи олуда надоштанд, ҳақи дар СССР монданро надоштанд. Аммо бо ин ҳама ҷиддият олмониҳо метавонистанд шӯравиҳоро фиреб диҳанд. Аз ҳодисае нақл мекуннад, ки як олмонӣ ҳамсарашро литвонӣ номнавис кард ва баъди панҷ рӯз аз Маскав дастур омад, ки ба ӯ шиносномаи шӯравӣ дода шавад.

Фоҷеаҳо низ кам набуданд. Афсаре баъди ихроҷ бо ҳамхонааш (никоҳи байни олмониҳоро ба қайд намегирифтанд) бо се фарзандаш худкушӣ кард.

Сокинони нав

Муҳоҷирони Шӯравӣ ба маконҳои нав бо якчанд роҳҳо меомаданд. Қисме аз онҳо муҳоҷирони бозгашта буданд, он гуруҳ аз сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки замони ҷанг дар корхонаҳои олмониҳо кор мекарданд ва дар урдугоҳҳои Кенигсберг қарор доштанд. Қисмати дигар ҳарбиёне буданд, ки аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб шудаанд ва ё ҳарбиёне, ки ҳанӯз дар хизмат буданд. Аз қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин минтақа метавонистанд ихтиёрӣ оянд ва ё иҷборӣ (бо роҳхати ҳизбӣ ва ё тибқи тақсимот).

Ихтиёриён имтиёзҳо доштанд, монанди он гуруҳ муҳоҷироне буданд, ки баъди ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ кардани Сахалини Ҷанубӣ ба он минтақа рафта буданд. Дар оғоз ҳамаро яксар намегирифтанд: лозим меомад аз навоҳии наздисарҳадӣ боэътимодтаринҳоро равон кунанд. Аввалин касоне, ки соҳиби корти муҳоҷират ба ин минтақа шуданд, моҳидорон буданд. Ба онҳо на танҳо хонаи истиқоматӣ ва замин медоданд, балки сарулибос низ дода мешуд. Ҳақи хонаву замини худро мебоист муддати даҳ соли оянда тадриҷан пардохт мекарданд. Ҳар узви оилаи онҳо ҳақи то 50 кило бор бурдан дошт. Дар қатор ба онҳо иҷозат дода шуда буд, ки ҳайвони хонагӣ низ бо худ баранд. Ба ҳамаи онҳо мададпулӣ дода мешуд: 2 ҳазор рубл ба ҳар коргар ва 250 рубл ба ҳар нафари хонавода. Он замон мудзи миёна дар кишвар 442 рубл буд, аммо дар соҳаи кишоварзӣ одамон ду баробар камтар маош дарёфт мекарданд. Касоне низ буданд, ки ихтиёрӣ муҳоҷир мешуданд, вале онҳо соҳиби ҳеч имтиёзе намешуданд.

Муҳоҷирати ҷамъӣ нимаи дуюми соли 1946 оғоз шуд. Ба ҳамаи онҳо ёрии яквақта таъин шуда буд, ки аз андозаи маошашон вобаста буд. Вобаста аз ихтисоси коргар ва дигар шартҳо андозаи қарз барои манзил (бо доштани 0,6 га замин) аз 10 то 20 ҳазор рублро ташкил медод (ба хизматчиёни ҳарбӣ танҳо ниме аз инро медоданд).

Аз он ки шаҳрҳо ва рустоҳо зиёд хароб шуда буданд, бисёр вақт ба навомадагон хона намерасид. Онҳоро дар хонаи олмониҳо ҷобаҷо мекарданд, ҳамонҳое, ки мехостанд зудтар ихроҷашон кунанд. Хонаҳои тайёр танҳо ба муҳоҷирони аввал расид. Аммо онҳое, ки соле баъд ё ду сол пас аз анҷоми ҷанг ба минтақа омада буданд, шонси камтари дарёфти хонаи хуб доштанд.

Дар солҳои аввал рустоҳо ва шаҳрҳо мушкилоти зиёд доштанд, ки бештар ба нерӯи барқ ва таъминот бо об вобаста буд. Артиши Олмон ҳангоми ақиб нишастан ҳамаи иншоотҳои муҳимро тахриб карда буд. Ба хонаҳо гармӣ овардан хеле мушкил буд, бахусус зимистони солҳои 1946-1947. Тиҷорати ғайрирасмӣ авҷ гирифт. Олмониҳои муфлисшудаву фақир омода буданд ашёи худро ба ивази маводи ғизоӣ бифрӯшанд.

Яке аз ангезаҳои ба вилояти нав кӯч бастан овозаҳо дар мавриди ҳаёти сарватмандонаи сокинони бумии он буд. Одамон гумон мекарданд соҳиби хонаҳои пурдабдаба ва зиндагии орому серу пур дар қаламрави нав мешаванд. Харобиҳои шаҳр зиёд буд. Кёнигсберг дар солҳои ҷанг мавриди ҳамлаҳои мушакиву ҳавоӣ қарор гирифта буд. Аммо ин нуктаро ҳам наметавонистанд пинҳон доранд, ки сатҳи зиндагонӣ дар ин шаҳр болотару хубтар аз аз аксари шаҳрҳои Шӯравӣ буд. Чунончӣ, дар хонаҳои сарватмандон дар ҳамон солҳо метавонистанд мошинҳои ҷомашӯиро бинанд. Дар ин миён ба тозагиву озодагии олмониҳо зиёд таваҷҷуҳ мешуд, чун онҳо табиатан мардуми озода буданд ва ҳатто хонаҳои вайрону харобро ҳам хуб нигоҳубин мекарданд, тозаву озода буданд.

«Ҳатто аз боқимондаи вайронаҳо метавонистӣ дид, ки ин шаҳр то куҷо ободу зебо будааст, — ба хотир овардааст муҳоҷир Анна Копилова. – Кӯчаҳо тоза ва таровати хос аз сабзаву дарахтони сарсабз доштанд. Маълум буд пештар ин ҷо одамоне мезистанд, ки ба табиат, зебогӣ ва роҳати худ аҷр мегузоштанд”.

Олмониҳо нигариши мутафовуте нисбат ба зиндагии рӯзмарра доштанд: дӯстдорону муҳибони низом ва покӣ. Хонаҳое, ки хароб буданд, боз ҳам низоме доштанд, ки наметавонистанд онро дар дигар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо кунанд. Мегӯянд то ҷанг заминҳои Калининград хеле серҳосил буданд ва як сабаби он истифодаи техникаи мухталиф ва коркарди ҳам ҳамасолаи хок бо усулҳои пешрафта буд. Ҳамзамон бо ин системаи обёрии ин заминҳо низ фарқ мекард. Аммо муҳимтар аз ҳама ҳосиловарии замин бештар ба заҳматкашии соҳиби он бастагӣ дорад, ки олмониҳо ин гуна заҳматҳо мекашиданд.

Ба муҳоҷирон сифати роҳҳо, ки аз роҳҳои кулли шаҳрҳои Шӯравӣ фарқ мекарданд, писанд буд. Баъзе аз омадагон бори аввал роҳи ҳамвори мумфаршро медиданд ва ҳамчунин қадоқади ин роҳҳо ниҳолҳои сарсабзи қоматбаланд низ чизи нав буд. “Дар кӯчаҳои Кёнигсберг ва назди хонаҳо дучархаҳои намуду шаклашон гуногун хеле зиёд дида мешуданд, — ба ёд овардааст ёвари коменданти ҳарбӣ Пётр Чагин дар баробари вуруд ба шаҳр дар моҳи апрели соли 1945. – Дуруст аст, ки рӯзҳои аввал баъзе ҳодисаҳои нохуш ҳам рух доданд. Ғарами дучархаҳо дар роҳҳо баъзан майнкорӣ шуда буданд ва аз инфиҷорашон сарбозон ҳалок шуданд. Дар баъзе кӯчаҳои ин шаҳр мо дидем, ки дучархаҳо роҳҳои ҳаракати дигар ва алоҳида доштанд”.

Бисёре аз ихтирооти ғарбиён ба сони ҳамин ҷодаи вижа барои дучарха ба муҳоҷирон ҷолибу таваҷҷуҳбарангез буданд. Яке аз масъулини шаҳрдории вақт бо номи Алексей Тализин дар ёддоштҳояш овардааст, ки чун ба ахлотпартоии олмониҳо мутаваҷҷеҳ шудам, дидам, ки онҳо ҳатто ҳамин партовҳоро ба навъ ҷудо мекардаанд. Қисмати бештари онро барои коркард мебурданд ва қисмати хеле ками онро ба ҷойи махсус ҷудошуда дар ботлоқ мебурданд.

То соли 1947 нақшаи рушди комилу фарогири Калининград вуҷуд надошт. Идораҳои ҳарбӣ ҳеч намехостанд шаҳрсозиро ба идораҳои мулкиву ғайриҳарбӣ супоранд.

Охири моҳи майи соли 1947 аввалин иҷрокунандаи вазифаи ташкилоти вилоятии ВКП (б) Пётр Андреевич Иванов ба Маскав омад ва дар номаи махфие ба Сталин дар бораи вазъи асафбори хоҷагии халқ шикоят кард. Доҳӣ ба ин шикоят гӯш фаро дод ва як ҳайатро барои ошноӣ бо вазъ ба Калининград фиристод, ҳамзамон худи Ивановро ба вазифаи роҳбари аввалини ин вилоят таъин намуд. Вале то бозгашти комиссия вай зинда намонд. Ҳамсараш Мария гуфтааст, ки як шом Иванов бо Сталин суҳбати телефонӣ дошт ва пайваста мегуфт: “Итоат рафиқ Сталин. Ҳатман иҷро карда хоҳад шуд…” ва баъди ин гуфтугӯ вориди ванна шуду худро парронд…” Ва тарҳи рушди шаҳр барои се-чор соли оянда бе Иванов тасдиқ гардид..

Билохира, шаҳри хароба бо роҳандозии шанбегиҳову ҷалби сокинон ва иҷрои тарҳҳои гуногуни ободонӣ дубора обод шуд. Аз аввали солҳои 50 бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ шуруъ гардиданд. Соли 1949 филми “Мулоқот дар Элба”-и Александров таҳия шуд, ки дар Калининград ба навор гирифта шуда буд.

Боқимондаҳои қалъаи Шоҳиро, ки дар маркази шаҳр қарор дошт, аввал хостанд тарконанд, аммо аз қасдашон гаштанд. Вале баъдтар Алексей Косигин — сарвазири вақт аз ин шаҳр дидан кард ва қарор шуд, ки он дар ҳақиқат бояд аз байн бурда шавад. Соли 1967 онро инфиҷор доданд, то ин ки “осорхонаи миллитаризм” боқӣ намонад.

Пештар аз ин пайкараи фаъолони давлатии Олмон (императорҳо Вилгелми 1, садриаъзам Бисмарк), ёдгори ҷанговарони Ҷанги якуми ҷаҳон, бастакор Шуберт ва дигарон хароб ва аз шаҳр берун бурда шуда буд. Дар қабри олими шинохта Кант ин навиштаҷотро диданд: “Акнун ту фаҳмидӣ, ки олам материалистӣ аст?”

Ба сурати умум бисёре аз ёдгориҳои таърихии ин шаҳри қадима аз байн бурда шуданд. Дар Кёнигсберг ҳамчунин ашёи зиёди санъату фарҳанг пайдо шуд, ки фашистон вақти ҷанг аз Иттиҳоди Шӯравӣ бурда буданд. Аввалин иттилоъ дар бораи мавҷудияти хонаи қаҳрабо соли 1945 пайдо шуд. Санъатшиноси маҳаллӣ Алфред Род хабар дод, ки ин утоқ вуҷуд дошт ва якҷо бо кохи Шоҳ ба коми оташ рафт. Баъди бист сол як комиссияи вижа ин ҳамаро тафтиш кард, вале нишоне аз осори фарҳангро пайдо нанамуд.

Баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ вилоят ба анклав табдил шуд, вале мавҳуми геополитикии худро ҳифз намуд. Сокинони Калининград дӯст медоранд, ки ба гузаштаи олмонии он нигаранд. Вале ин шаҳр дигар “дарича дар Аврупо” нашуд.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий