Соли 1869 Григорий Ефимович Распутин — яке аз шахсиятҳои муаммобарангез дар ҳама таърихи Русия ба дунё омад. Соли 1924 дар шаҳри Париж Николай Алексеевич Соколов, ки муддати тӯлонӣ вазъу ҳолатҳои қатли хонаводаи шоҳро дар Екатерингбург пайгириву таҳлилу ташхис мекард, кушта шуд. То ин замон ба ӯ муяссар шуда буд асноду маълумоти зиёдеро дар атрофи қазияи фоҷеаи охирин императори рус ва хонаводаи вай ҷамъоварӣ кунад ва дар миёни ин ҳама маълумотҳои хеле ҷолибе аз рӯзгори Распутин низ буданд.

16 июни сол 1920 Николай Соколов вориди Париж шуд. Дар Фаронса вай ҳисоботи худро дар бораи ҷараёни тафтишоташ омода кард ва дар 8 ҷилд он ҳамаро гирд овард ва барои ба додгоҳ супурдан тайёр кард. Баъзе аз қисматҳои ин ҳисоботро вай соли 1924 ба забони фаронсавӣ дар матбуоти ин кишвар интишор дод. Аммо баъдан ин муфаттиши талошгарро дар ҷойи хобаш мурда ёфтанд. Он замон вай ҳамагӣ 42 сол дошт ва сабабҳои маргаш низ ифшо нашуданд, ё касе онро аслан таҳқиқ ҳам накард. Соли 1925 дар Фаронса китоби вай бо номи “Куштори хонаводаи шоҳ” чоп шуд. Ҷолиб он аст, ки ду нашри як китоб миёни ду сол — солҳои 1924-1925 (ба забонҳои русӣ ва фаронсавӣ) яксон нестанд. Баъзе муаррихон бар ин назаранд, ки китоби дуюм аз ҷониби шахсони бегона дасткорӣ шуда ва тағйироти чашмгире бо нашри аввал дорад.

Чизе буду чизе набуд, аммо иттилои Соколов дар бораи Распутин хеле ҷолиб буд ва месазад, ки дар бораи он муфассалтар сухан ронем. Муфаттиш дар ин маврид иқрор ҳам шудааст: “Ман ба ҳар ҳол даъвои онро надорам, ки ҳамаи арқом бароям маълуманд ва бо василаи онҳо  ман ҳақиқатро мегӯям”.

 

Бемории вазнини шоҳзода Алексей

Дар бораи император Николайи II ва ҳамсари ӯ сухан ронда, Соколов менависад: “Миёни алоҳазратҳо ҳеч гоҳе зиддияте набуд. Император ҳамеша бидуни кадом муқовимату мубориза ба малика гузашт мекард. Нармиву боадабии вай ҳамроҳ бо омӯзишу парвариш, донишмандиву фазилаташ ӯро мутеъи малика карда буд”.

Ва баъдан дақиқтар ҳарф мезанад: “Распутин барои малика кӣ буд? Хеле заҳмат кашидам, то ба ин суолам посух пайдо кунам. Шаҳодатҳо дар ин маврид мувофиқанд ва тибқи ин ҳама ман метавонам ҳақиқатро бигӯям. Шояд наметавон ин як ҳақиқати маҳзро рад кард, ки хушбахтии зану шавҳар дар таваллуди фарзандон аст ва малика соҳиби фарзандон шуда буд. Вай модари меҳрубоне буд. Аммо бидуни шак вай бештар малика буд, то ин ки модар бошад”.

Чуноне маълум аст, шоҳ соҳиби чаҳор духтар буд: Олга, Татяна, Мария ва Анастасия. Соли 1904 писари ягонаи онҳо Алексей Николаевич ба дунё омад. Мутаассифона аз тарафи  модар вай гирифтори гемофилия (гемофилия — хунтаровӣ — дастае аз бемориҳои ирсӣ ҳастанд, ки аз хун ба насл мегузаранд) буд.

Интизории солҳо ба умеди ба дунё омадани як писар барои торҳои асаби малика мусибатбор буд. Илова бар ин бемории ин тифли навпо, ки аллакай дар думоҳагӣ аз маъқадаш хун ҷорӣ мешуд, ин навмедиҳоро дучанд кард.

Валиаҳдро солҳо интизор буданд, вале ҳоло метавон тасаввур кард, ки ин чӣ зарбаи ҷонкоҳе буд, чун дарк карданд, ки тифли навпо гирифтори шадидтарин беморист. Зимнан, дар оилаи малика аз ин беморӣ бобояш, бародараш ва ду ҷиянаш ҳалок шуда буданд. Ин буд, ки Александра Фёдровна хеле азияти руҳӣ мекашид, ки маҳз ӯ сабабгори бемории писараш шудааст. Ва ӯ тифли хеле серҳаракат буд, бо вуҷуди парастории бодиққату ботаваҷҷуҳ наметавонистанд ҳар қадами ӯро зери назорат бигиранд. Камтарин беэҳтиётӣ метавонист марговар бошад ва валиаҳдро дар тифлӣ бикушад. Ва боз ин туҳфае буд деромада ва ягона!

 

Малика ва Распутин

 Писарак ба воя мерасид, беморӣ ба ӯ тоқатгудоз буд ва тадриҷан ӯро маҷруҳ намуд. Малика шабу рӯз дар ибодату дуо буд, вале ин ҳама ибодатҳову дуоҳо асар надоштанд, ҳолати буҳронӣ идома дошт, модарро ба ҳоли азияти руҳӣ расонд. Александра Фёдровна дар ҷустуҷӯи шахсе уфтод, ки барои наҷоти фарзандаш ӯро зораву тавалло кунад. Ӯ саропо ба ин андеша дода шуд. Ва ниҳоят ин одам пайдо шуд: марде аз Сибир бо номи Григорий Распутин. Ӯро ба кох даъват карданд ва ӯ шуруъ кард ба ниёишҳо барои рафъи бемории шоҳзода. Ва ҳолаш беҳтар шуд, оғоз ҳаракат кард, бемориаш рӯ ба шифо овард.

Муфаттиш Соколов нишондоди дояи хонаводаи шоҳ Александра Александрова Теглеваро дар бораи малика меорад: “Ӯ зиёд ибодат мекард ва хеле бонуи мазҳабиву диндор буд. Дар умри худ одамеро ба ҳадди вай диндору боэътиқодро надида будам. Вай бовар дошт, ки бо ниёишу дуо ва ибодат метавон ба ҳар мушкил зафар ёфт. Ва ба назарам ба ҳамин сабаб ба қаср Распутин пайдо шуд. Вай бовар дошт бо дуову ниёиҳои Распутин шаҳзода шифо меёбад”.

Хидматгорзанон Елизавета Эрсберг ва Мария Тутелберг низ чунин шаҳодатҳо доданд.

Аммо Пйер Жиляр, мураббии шоҳзода Алексей гуфт: «Муддати солҳои зиёд ман дар мушоҳида будам, то бидонам, ки сабаби дилбастагии хонаводаи Алоҳазрат ба Распутин чӣ буда бошад. Ман ба боварии том расидам, ки ҳузури вай дар қаср пурра ба бемории ҳамин писарак бастагӣ дорад. Ман нерӯи ин одамро ҳис кардам. Вақте модар фаҳмид, ки писари яккаву ягонаи вай гирифтори ин гуна як бемории даҳшатовар аст, ки аз он ҳатто бобову, амаку, бародар ва ду ҷиянаш фавтиданд, ба хулоса омад, ки интизори ёрии касе набояд нишаст, ҳатто ба ёрии илм ҳам набояд умед баст. Ва ӯ рӯ ба Худо овард… Вай хеле хуб медонист, ки марг метавонад ҳар дақиқа фарор расад, дар ҳоли оддитарин беэҳтиётӣ нисбати Алексей ин соати мудҳиш рӯ занад. Ва ба андешаи ман ҳатто дин ҳам ба вай он интизорие, ки дошт, надод. Мушкилоти таҳдидовар идома дошт ва он муъҷизае, ки дар интизораш буд, ҳеч фаро намерасид. Вақте ӯро бо Распутин шинос карданд, вай андешид, ки агар вақти бемории Алексей ба вай муроҷиат намоянд, вай “худ” ибодат мекунад ва ниёиши вайро Худо ҳам мешунавад. Малика бояд ба ниёишҳову ибодатҳои Распутин бовар мекард ва то замоне, ки ӯ зинда аст, писари ӯ низ нахоҳад мурд. Ба назараш мерасид, ки ҳузури Распутин ба ҳангоми ҳолати буҳронии беморӣ ҳамеша ба беҳбуди саломатии кӯдак оварда мерасонад. Инро ҳар тавре мехоҳед, ҳамон гуна бифаҳмед: тасодуф ва ё худталқинкунӣ. Вале малика ба ин бовар дошт. Ва ба ин эътиқод оромиши худро ҳам пайдо кард. Вай бовар дошт, ки Распутин миёнаравест миёни вай ва Худо, зеро намозу ниёзи худи ӯ ба танҳоӣ натиҷа надод, ҳоли писарак беҳ нашуд. Хонаводаи шоҳаншоҳ ба Распутин чун як шахси нимамуқаддас менигаристанд. Ман инро чун касе, ки муддати чор сол бо оила зистам, тайид мекунад. Онҳо маро дӯст медоштанд. Ва онҳо ҳатто боре ҳам дар ҳузури ман чизе дар бораи Распутин намегуфтанд. Ва ин фаҳмову қобили дарк буд, чун метарсиданд, ки мани калвинист муносибати онҳо бо Распутинро дарк наметавонам кард…”

 

Болоравии таъсири Распутин

 Бино ба шаҳодати Магдалина Франсевна Занотти, сарпешхизмати утоқҳои малика Александра Фёдровна ҳамеша диндор буд, порсоиро риоя мекард, аммо баъдҳо ба як мутаассиб табдил шуд. “Дар ҳамин таассуби динӣ Распутин ҷойи пой ёфт. Вай пурра бовар мекард, ки ин одам, яъне Распутин қобилияти эъҷоз дорад ва метавонад хоҳишҳои ӯро бароварда созад. Беҳтар шудани вазъи саломатии Алексейро ӯ танҳо асари ниёишҳову дуоҳо ва ибодатҳои Распутин медонист”.

Соколов дар тафтишоти худ ба хулосае меояд, ки малика дигар наметавонист бе Распутин бошад. “Вай дар поёни рафтани нерӯ қарор дошт. Ниёз ба такягоҳе дошт, то ки ба зиндагӣ идома диҳад. Инро кӣ метавонист ба ӯ диҳад? Илм? Илм натавонист ваъдаи ҳаёт барои писараш бидиҳад. Баръакс, далелҳои илмӣ оромкунанда набуданд, ҳамеша аз хатар огоҳаш мекарданд ва модарро дар ҳоли асабонияти сахт нигоҳ медоштанд, ҳамеша дар фикр буд. Танҳо дин ва ҳамин Распутин тавонистанд барояш оромиши қалбӣ оранд”.

Пештар аз ин Владимир Михайлович Руднев, муфаттиши комиссияи тафтишоти фавқулода дар Ҳукумати муваққат тафтишот анҷом дода буд. Аз ин рӯ Соколов менависад: “Оё Распутин ба ҳаёти сиёсии Русия таъсире дошт. Ман талош кардам аз тафтишоти Руднев ба ин суолам посух пайдо кунам, чун ин яке аз вазифаҳои асосии пажуҳиши вай маҳсуб мешуд. Вай дар хулосаҳои худ менависад, ки дахолати мустақими Распутинро ба ҳаёти сиёсии Русия пайдо накардааст. Аммо таъкид мекунад, ки таъсири Распутин дар дарбор хеле калон буд. Вай ҳамзамон тасдиқ мекунад, ки таъсири Распутин ба дарбориён аз тариқи хонаводаи шоҳ буд. Пас ҳақиқат куҷост? Руднев Расупутинро истисморгари боварии император меномад, вале сурати ҳолро наметавонад бо ҳама ҷузъиёташ офарад”.

Дар идома Соколов тасдиқ мекунад, ки “албатта, дахолати мустақими Распутин дар умури давлатдорӣ набуд: бо назардошти сифатҳои шахсӣ вай наметавонист ошкор ба саҳнаи сиёсӣ ҳувайдо шавад. Вале пинҳонӣ таъсири вай бағоят бузург буд. Ҳамин ҳолат, ки вай наздик ба малика буд ва малика низ дар симои вай шахси қудсиро медид, ба вай маъруфият меовард ва одамон табиист, ки назди вай меомаданд. Вай тадриҷан барои таъинот ба вазифаҳои давлатӣ дахолат мекард. Руднев инро исбот карда буд ва он замон мисолҳо аз ин гуна дахолат хеле зиёд буданд”.

Бино ба суханони Матрёна-духтари Распутин, ки моҳи августи соли 1920 дар Порис пурсида шудааст, ҳар рӯз на камтар аз 300-400 нафар ба қабули Распутин меомаданд. Бино ба нишондоди Пйер Жиляр “дар ибтидо таъсири Распутин бурун аз доираи хонаводаи император набуд. Аммо баъдтар ин таъсир боло рафт ва Распутин инро то замони қатли худ ҳифз кард. Ин таъсир то ба ҳадди идораи умури давлатӣ ҳам расид. Мисол: ман хуб медонам, ки Протопотов танҳо ба шарофати дахолати Распутин ба вазифа таъин шуда буд. Распутин аз тариқи малика амал мекард, вале дар назди худи император низ қадру манзалате дошт”.

Жиляр ҳамчунин иддио мекунад, ки император дар мавриди эълони ҷанг бо Распутин маслиҳату машварат мекард.

 

Ҳуққабозиҳои Распутин

 Распутинро ба он хотир даъват кунанд, ки азоимхонӣ кунад, то валиаҳди тахту тоҷи Русия шифо ёбад. Вале ҳар талоше кард, муяссараш нагардид. Бемории писарбача то охирин лаҳзаҳои умраш идома кард. Соколов менависад: “Распутин метавонист ду ё се маротиба модари дилфигорро фиреб кунад, вале наметавонист ин корро муддати тӯлонӣ анҷом диҳад. Беморӣ ҳамоне буд, ки буд ва сабабҳо низ ҳамон: бача аз уфтодану бархӯрдан азият мекашид, дар баданаш варамҳо пайдо шуданд ва онҳо сахт шуданд. Ба дунболи ин фалаҷшавӣ азияти бештар овард. Дар назди бемор доктор, мутахассиси ин беморӣ Деревенко ҳамеша ҳозир буд, талош мекард дардашро ба ҳар навъе таскин бахшад. Ҳолати буҳронӣ мегузашт, варам паст мешуд ва писбарбача боз ҳалаташ хуб мешуд.

Ҳолати модар фаҳмост. Илм танҳо шубҳаҳоро барояш бедор мекард ва умеде ба табобат надошт. Илми он замон оҷиз буд, ки ин касалиро муолиҷа кунад. Аз ин рӯ вай маҳз бо Распутин, на бо духтурон анҷоми нишотбахши буҳрони бемориро алоқаманд медонист.

Пас Распутин тӯли ин солҳо чӣ корҳое анҷом медод? Аз талабот зиёд буд. Вай мебоист ҳамеша муроқиби ҳоли бемор мебуд, ҳамеша ӯро мебоист бо суханҳои хуб ором мекард, умедашро ба табобат ва беҳбудӣ меафзуд. Ман ба ин боварам, ки маҳз ҳамин буд нақши асосии вай. Ва мо вазифадорем аз ин ҳама хулосаҳои мантиқӣ барорем. Оё қаллобию ҳуққабозиҳои Распутин метавонист солҳо сиррӣ бимонад”?

Нишондоди Магдалина Франсевна Занотти: «Ман наметавонам ба шумо бигӯям, ки ба беморӣ вай дар аввалин мулоқоташ чӣ таъсире расонид. Аммо баъдҳо ба назари ман мерасид, ки вай замоне назди бемор меомад, ки дард сокит мешуд. Ман маҳз ҳаминро мушоҳида кардам ва ҳоло ҳаминро ба такрор мегӯям”.

Аммо барои идомаи фиреби назари Распутин шароитҳои муайяне мебуданд. Аз он ки духтур Владимир Николаевич Деревенко инсони покзамире буд, мегӯяд Соколов, барои “Распутин зарур буд, ки дар дарбор як нафаре бояд бошад, ки хабаррасонӣ кунад ва дар ҳолати басо зарурӣ иттилои муҳимро ба вай расонад ва ин хабаррасон ҳатман мебоист маълумоти тиббӣ медошт”.

Воқеъият чунин буд. Ва дар дарбор Анна Александровна Вирубова, наздиктарин дугонаи малика Александра Фёдоровна ва яке аз таҳсинкунандагону содиқони Распутин ба шумор мерафт. Амалан Вирубова қурбонии Распутин буд. Ба андешаи Соколов “вай дар итоати Распутин қарор дошт”.

Дар охир амр дар назди малика танҳо ҳамин ду нафар монда буданд: Распутин ва Вирубова. Ва касе муқобили ин ду тан тавони мубориза надошт.

Муфаттиш Соколов қайд мекунад, ки Распутин ҳамчунин бо духтури тибби Тибет Петр Александрович Бадмаев иртиботи хеле наздик дошт. Княз Юсупов бо Распутин гуфтугӯи дурударозе дошт ва ӯ ба Юсупов гуфта буд, ки Бадмаев “алафе” дорад, ки то ҳадде хунравиро ё меафзояд ё кам мекунад ва бозмедорад.

Нишондоди Пйер Жиляр: «Ман бовар дорам, ки Распутин аз тариқи Вирубова ҳолати бемор Алексейро мефаҳмид ва аввал бо Бадмаев гуфтугӯ мекард ва сипас сари болини бемор ҳозир мешуд, дар ҳоле мерасид, ки тибқи навиштаҳои илмӣ ҳолати бемор рӯ ба беҳбудӣ меовард. Баъди ҳар омадани вай ҳоли бемор хуб мешуд. Аммо малика инро намедонист ва Распутинро шахси қудсӣ медонист. Сарчашмаи таъсир низ ҳамин буд, на чизи дигар”.

Бар пояи далелҳои ҷамъоварда Соколов дар бораи Распутин хулоса мебарорад: “Мавқеъияти ӯ бар мабнои фиреб буд. Баъдан идома дод. Ва чун дид, ки малика ба вай бовар дорад, ӯро тарс дод ва гуфт: “Шоҳзода зинда хоҳад буд, то замоне, ки ман зиндаам”. Ва чун медид, ки аъсоби малика заъиф мешавад, ӯро бештар тарс медод”.

 

Қатли Распутин

 Распутин шаби 17 (30) декабри соли 1916 аз ҷониби княз Феликс Фёдорович Юсупов ва узви Думаи давлатии Русия Владимир Митрофанович Пуришкевич кушта шуд. Княз Юсупов дар ин қатл нақши бориз дошт. Вай Распутинро дурудароз назорат кард ва нақшаи қатлашро тарҳрезӣ намуд. Барои ин ӯ зиёд бо вай мулоқот кард ва ба боварии ӯ даромад.

Соколов Юсуповро рӯзҳои 3-4 январи соли 1921 дар Париж пурсид ва инак нишондоди вай: «Бисёр вақт чун ман назди ӯ будам, бо телефон ӯро ба деҳаи Сарское Село даъват мекарданд. Ман то бозгашташ ӯро интизор мешудам. Ман аз худи ӯ фаҳмидам, ки ӯро даъват мекарданд, то дар масъалаҳои хеле муҳими давлатӣ машварат кунанд ё баррасӣ намоянд. Дар ҳолатҳои хеле ҷиддӣ маҳз бо интихоби вай вазирон ва сарварони артишро таъин мекарданд”.

Тафтишот нишон додааст, ки муносибати Распутин бо дигар аъзои хонаводаи император хасмона буд. Муфаттиш Руднев навишта буд, ки баъди қатли Распутин аз манзили вай аслан пуле пайдо накарданд. Вале Соколов исбот кардаанд, ки танҳо дар шуъбаи тюмении Бонки давлатӣ вай 150 ҳазор рубл доштааст. Илова бар ин вай исбот кардааст, ки дар Маскав бо ёрии миёнарав Распутин хонаи калонеро дар Неглинний харида буд.

Соколов менависад: «Ҳар касе Распутинро дидааст, мегӯяд, ки марде буд нопоку ифлос бо мӯйҳои шонаназада. Касе намегӯяд, ки вай соҳиби ақли расо буд, вале ҳамагӣ ба ин назаранд, ки хеле одами маккор буд”.

Княз Юсупов: «Қудсияти ӯро ман аслан мушоҳида накардам ва гумон мекунам диндорӣ ин ниқобе беш набуд ва зери ҳамин ниқоб паноҳ бурда буд ва паси ин ниқоб фиребу ифлосӣ ниҳон буд. Хашм барояш қудрати фавқулода медод ва мардум аз вай метарсиданд”.

 

Сергей НЕЧАЕВ

 «Совершенно секретно», No.6/422 Марти соли  2019

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here