Мактаби миёнаи №10 ба номи С. Айнӣ дар шафати бинои факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ) ҷой гирифта буд.  Маҷлисгоҳи мактаб хеле васеъ ва барҳаво буд, аз ин хотир бештари чорабиниҳои фарҳангӣ, адабии факулта дар он ҷо баргузор мегардид.

Соли 1964, дар тахтаи эълонҳои даромадгоҳи факулта эълоне часпонда буданд, ки чунин навишта дошт: “Дар толори мактаби миёнаи №10 ба номи С. Айнӣ вохӯрӣ бо адибони номдори ҷумҳурӣ М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ, Раҳим Ҷалил ва дигарон баргузор мегарданд. Саршавии вохӯрӣ бо донишҷӯён дар соати 1500  баргузор мегардад.”

Шодию хурсандии мо донишҷӯёни курси дуюм ҳадду канор надошт. Он рӯзу он соат фаро расид. Ҳама ба толор ҷамъ омаданд. Бо роҳбарии декани факулта Ҳамроқулов гурӯҳи адибони шинохта ва навқаламон вориди толор шуданд.

Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баъди сухани ифтитоҳии декан аз ҷой бархоста, ҳозиринро муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ки дар ин факулта  шоирони ҷавони ояндадор Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ барин ҷавонони лаёқатманд низ тарбият ёфтаанд, ки онҳо ояндаи мо мебошанд. Мирзо Турсунзода аз достони тоза эҷоди худ “Ҷони ширин” порчаҳо хонда навбатро ба дигарон вогузор намуданд. Ҳамчун меҳмони пойтахт, сухани навбатӣ ба Нависандаи халқии Тоқикистон устод Раҳим Ҷалил дода шуд ва дар ҳамин ҷо ба ман  муяссар гашт, ки устодро аз наздик бинам. Шахси миёнқади симои нуронӣ дошта, аз ҷой бархеста, оҳиста-оҳиста қадам гузошта, ба минбар наздик шуданд. Сухани худро оғоз намуданд Устод:

“Фарзандони азиз, агар ба Шумо аз романҳоям порчаҳо хонам ё ҳикояҳояшро қироат кунам, вақти зиёде мегузарад. Бовари дорам баъди ин вохӯрӣ романҳою ҳикояҳои маро аз китобхонаҳо гирифта мутолиа мекунед. Барои ҳамин  ҳоло бароятон ду-се шеъри навэҷодамро хонда диҳам беҳтар аст.”

Устод оиди ба дунё омадани романи навашон “Шӯроб” сухан гуфта, инчунин  се шеъри худро қироат карданд, аз ин вохӯрӣ 55 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, аз се шеъри хондаи устод ба хотирам шеъри “Санавбар” нақш бастааст,  устод бо як ҳиссиёти баланд онро қироат карданд.

Устод Ҷалол Икромӣ қайд карданд, ки ба дӯстам Раҳимҷон баромад кардан хеле осон аст, як-ду шеър мехонаду хотирашро ҷамъ мекунад. Ман, ки шеър намегӯям, маҷбурам порчае аз китоби “Духтари оташ”- ро қироат кунам.

Ҳамин тавр Мирсаид Миршакар, Боқи Раҳимзода, Убайд Раҷаб бо навбат шеърхонӣ карданд, шоири ҷавон Лоиқ Шералӣ низ шеъри худро қироат карда сазовори таҳсини бузургон шуда буд.

Ин аввалин вохӯрии мо бо адиби шинохтаи тоҷик устод Раҳим Ҷалил буд, гарчанде ҳангоми толибилми мактаби миёна будан  ду асари устод “Одамони ҷовид” ва “Шӯроб”-ро  мутолиа карда будам, ҳар варақи онро мехондам, пеши назари кӯдаконаам, симои он шахсони муборизро ба мисли шахсони қадбаланду ҳузарб, дар даст яроқу аслиҳа дошта, тасаввур мекардам. Дар баъзе саҳифаҳои он худро ҳамроҳи қаҳрамонони асар дидан мехостам, вақте ки романи “Шӯроб”-ро мутолиа кардам, бори аввал донистам, ки ангиштсанг ва ба ибораи дигар “кӯмур”- ро  аз зери замин истеҳсол мекрдаанд. Гарчанде асарро ҳанӯз охири солҳои шастум, ҳангоми дар синфи ҳаштум таҳсил карданам хонда будам ҳам, симои Холи Ворухӣ  ва корнамоии ӯ дар истеҳсоли ангиштсанг маро тасхир карда буд. Баъди мутолиаи ин ду асар бисёр мехостам, ки бо нависанда аз наздик шинос шавам. Ба мисли имрӯза он солҳо ҳанӯз намоиши телевизионӣ ба пуррагӣ ташкил наёфта буд, орзу мекардам, ки ақаллан симои устодро  бубинам ва дастонашонро фишурам.

Ин рӯзи нек ҳангоми донишҷӯй будан муяссарам гашт. Вохӯрии дуюми мо бо устод Раҳим Ҷалил, дар шаҳри Уротеппа (ҳоло Истаравшан) соли 1972 ё 1973 буд, барои бо аҳолии шаҳри қадима вохӯрдан ва сӯҳбат оростан, гурӯҳи адибон бо сарварии устод Мирзо Турсунзода ба шаҳри Уротеппа ташриф оварда буданд. Устод агар ба Истравшан оянд, ҳатман ба чойхонаи “Ҳавзи морон”  мерафтанд ва бо чойхоначӣ ако Бобои Кал ҳамсӯҳбат мешуданд ва то омадани шоиру нависандагон ва мухлисони уротеппагӣ акои Бобо дар назди устод ҳатман як чойник чойи кабуди талх, ки аз оби чашмаи “Ҳавзи морон” ҷӯшонида шуда, дар рӯи лаълӣ бошад нони гарми обӣ, набот, писта, мавиз ва ҳатман як пиёла нишолло мегузошт.

Устод Разиюлло Абдуллозода (Расмӣ), нависандагон  Раҳим Ҳайдаров, Қаюм  Карим, Қаюм Зиё; шоирон Наимҷон Назирӣ, Мирзомурод Ҳошимзода, Раҳим Тӯрақулов;   мухлисон Акбар Бобохӯҷаев, нависандаи сатрҳо ва дигарон ба чойхона меомаданду устодро зиёраткунон ба гирдашон ҳалқавор менишастанд ва ба суханони устод гӯш меандохтанд. Устод Раҳим Ҷалил ҳатман дар бари Устод Разиюлло Абдуллозода буданд.

Котиби аввали онвақтаи ҳизби коммунисти шаҳри Уротеппа Мирзоқосим Рустамов баробари шунидани номи Устод Мирзо Турсунзода ба чойхона ҳозир мешуданд ва мехостанд меҳмононро ба ҷое баранд, аммо Устод Мирзо Турсунзода ин чойхонаро беҳтарин ҷой меҳисобиданд. Ҳамроҳи Устод Боқӣ Раҳимзода, М. Миршакар, С. Улуғзода, Убайд Раҷаб ва албатта Устод Раҳим Ҷалил буданд.

Вохӯрии аҳли адаб дар кинотеатри тобистонаи ба номи З. Ҷавҳарӣ баргузор гардид ва зиёда аз ду соат тӯл кашид. Ҳангоми гусел кардан, устод Мирзо Турсунзода аз Раҳим Ҳайдаров пурсиданд:

-Раҳимҷон, ин вақтҳо хеле кам навишта истодаед?

-Ҳа, устод ҳамин касалии қанд маро хеле озор дода истодааст.

-Ҳар қадар зиёдтар нависед, ҳамон қадар шифо меёбед,- гуфта ба мошин  нишаста ба сӯи Боғи Ҳукумати рафтанд ва дар ин ҷо бори дуюм бо Устод Раҳим Ҷалил аз наздик шинос шудам ва сӯҳбаташонро гӯш кардам.

Боре аз идораи рӯзномаи “Роҳи коммунизм” (ҳоло “Паёми Истаравшан”) занг зада хабар доданд, ки Устод Раҳим Ҷалил ба идора ташриф овардаанд ва мехоҳанд бо қаламкашони Уротеппа (ҳоло Истаравшан) вохӯрӣ гузаронанд. Аз соати муайяншуда барвақттар ба идораи рӯзнома омада, бо устод Раҳим Ҷалил вохӯрда, аҳволпурсӣ кардам ва баъдан бо адибони истаравшанӣ Разиюлло Абдуллозода, Раҳим Ҳайдаров, Наимҷон Назирӣ, Мирзомурод Ҳошимзода, Субҳон Мухторов, Қаюм Зиё, Ҳикматулло Насруллоев, Қаюм Қаюм, Ҷ. Субҳӣ, Мирсаидӣ, Султонмурод Ҳоҷибоев, Раҳим Турақулов; аҳли кормандони рӯзнома Б. Шарофов, Абдуҳафиз Ғафуров, Муродов Баротҷон, Ҳазратқул  Баротов, Расул Носиров, Мирумар Мирсаидов ва дигарон ҳолу аҳволпурӣ кардем.

Устод Раҳим Ҷалил, бо суханони нарму оромонаи худ вохӯриро ифтитоҳ бахшида, оиди бурду бохти адабиёти тоҷик ва хизмати адабиёт дар тарбияи насли наврас сӯҳбат карда, инчунин оиди бурду бохти рӯзномаи “Роҳи коммунизм” (ҳоло Паёми Истаравшан), ҳикояю очеркҳо ва шеърҳои дар он чоп шударо низ таҳлил намуда, ақидаи хешро баён карданд ва қайд намуданд, ки нависанда ва ё шоир бояд аз меҳнат натарсида, рӯйи маводҳояш то беҳтар шудан кор кунад, таҳрир кунад ва баъд манзури хонанда гардонад. Ба воситаи ин амал навиштаҳо хонданбоб гардида, дар зеҳни хонанда зуд нақш мебанданд. Сӯҳбат хеле доманадор гашт, шоирон шеърҳои худро ба Устод қироат карда, адибони ҷавон низ ҳикояҳои хешро манзури ҳозирон гардониданд. Дар охир шоири ӯзбекзабон Раҳим Тӯрақулов устод ва ҳозиринро ба як пиёла чой ба ҳавлиашон таклиф намуданд. Устод Раҳим Ҷалил, шоир Раҳим Тӯрақуловро хеле эҳтиром мекарданд ва ба нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ орзуҳои нек ҳам дода буданд, аз ин лиҳоз таклифро рад карда натавонистанд ва  ҳамаро ба рафтан ҳидоят намуданд. Ҳавлии Раҳим Тӯрақулов дар гузари Қассобӣ, на он қадар дур аз идораи рӯзнома, дар он тарафи сой, ҷой гирифта  буд. Устод таклиф карданд, ки пиёда сӯҳбаткунон равем. Вақте вориди ҳавлӣ гаштем, аҳли хонаводаи Раҳим Тӯрақулов моро хуш қабул карда, ба хона таклиф намуданд. Хонтахта хеле серғизо оро ёфта буд, алалхусус бо каллапочаҳои гӯсфандию говӣ, ҳасибҳои дастисохт, қазии аз гӯшти асп хеле фаровон буд. Сӯҳбат  хеле тасфид ва баъди зиёфат ба дастархон  Разиюлло Абдуллозода як фотеҳаи нек хонда, барои зиёфати шоҳона ба аҳли хонадон миннатдорӣ баён намуданд. Баъдан, мо  устод Раҳим Ҷалилро ба Хуҷанд гусел намудем.

Соли 1976 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ конференсияҳои интихоботии ҷамъияти нав, ташкили дӯстдорони китоб гузаронида шуд. Аз ҷумла дар шаҳри Истаравшан. Дар конфронси ташкилӣ, раёсат иборат аз 11 нафар, комиссияи тафтишотӣ аз 3 нафар интихоб карда шуданд.

Ба раисии  раёсати шаҳрии ҷамъияти дӯстдорони китоб мудири шӯъбаи маорифи ҳамонвақта Салим Юсуфов ва ба котиби масъули озод, нависандаи сатрҳо интихоб шудем. Моҳ сипарӣ нагашта конфренсияи вилоятии Ленинободии ҷамъияти китобдӯстон баргузор гардид ва дар он устод Раҳим Ҷалил раис, Дадоҷон Юсуфов котиби масъули озод  ва иборат аз 51 нафар аъзоёни раёсат интихоб шуданд, ки банда ҳам шомили он будам.

Он солҳо, банда дар ду вазифа кор мекардам, инструктори шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи ҳизби коммунисти шаҳри Уротеппа будам ва ҳам котиби масъули маошхӯри ҷамъияти китобдӯстони шаҳр интихоб шудам. Тибқи нақшаи корӣ, моҳе як ё ду маротиба, ба Хуҷанд барои супоридани ҳисобот мерафтем ва баъзан дар чорабиниҳои дар сатҳи вилоятии ҷамъияти китобдӯстон гузаронида мешуда, иштирок мекардем. Устод Раҳим Ҷалил, соле 2-3 маротиба барои дидани кор ва истироҳату табобат ба мавзеи хушбоду ҳавои “Пансионат”- и Истаравшан, ки аз якчанд коттеҷҳои барҳавою зебо иборат буд, меомаданд. Ҳар бори омадани устод, ҳамеша дар наздашон будем ва кушиш мекардем, ки  устод аз чизе танқисӣ накашанд. Боре, шоирони халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва Аҳмадҷони Раҳматзод ба мо хабар доданд, ки назди устод рафта истодаем, агар нияти рафтан дошта бошед, тайёр шавед, бо нақлиёти мо меравем. Фурсати зиёде нагузашта ба идораи рӯзномаи  “Паёми Истаравшан”, ҳозир шуданд. Банда низ аз бинои комитети шаҳрии партияи коммунистӣ баромада ба назди Мирзомурод Ҳошимзода рафта будам. Ҳамроҳи ронанда 5 нафар шуда, ба сӯи бозори марказии шаҳр бо мақсади харид кардан равон шудем. Ману Мирзомурод ба қадри даркорӣ гӯшту равған, пиёзу картошкаю сабзӣ ва дигар чизҳои лозимаро  харида, назди устод рафтем. Маҳсулотҳои  хӯроквориробарои омода намудани дамлама тайёр намуда, то пухтани хӯрок рӯи мизро бо меваҳои баҳорӣ зеб додем. Аҳмадҷон аз ҷузвдони худ як коса зардолуи қандаки хуҷандиро рӯи миз гузоштанд. Ман хостам аз болояш об рехта чангашро тоза кунам, устод инро дида ба ман гуфтанд:

-Сайфуллоҷон зардолуи қандакро ношуста ҳамту чангашро як бор пуф карда мехӯранд. Зардолу бо чангаш дору. Косаи зардолуи қандакдоштаро аз дастам ба рӯйи миз гузошта,  якто аз он гирифта, ба мисли устод чангашро пуф карда ба даҳон гузоштам. Ҳақиқатан зардолу бо чангаш хушлаззат будааст. На танҳо зардолуи қандак хушмазза буд, сӯҳбати  устоди сухан, Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил барои ману шоирон Раҳматҷони Аҳмадзод ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ки дар сӯҳбаташон якҷоя будем, хеле гуворо ва хотирмон буд.

Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигор, барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистон ба номи А. Лоҳутӣ

Добавить комментарий