Ин аспи даванди чун пари зоғ сиёҳи баландқомати пойдароз, ки дар бузкашӣ шер барин галаро миёнабур карда тирвор пеш мерафт, ифтихори сокинони ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Соҳибаш Шокир баъзан ба тӯю маъракаҳои сокинони Тоҷикистон ҳам савори сиёҳмушкин омада, дар бузкашӣ ширкат меварзид ва ғолиби мусобиқа, алалхусус охирулоқ мешуд. Он ҳаводорони зиёд дошт ва  чопандозони номӣ орзу мекарданд, ки ба сиёҳмушкин савор шуда, бузкашӣ кунанд, вале асп яктою ҳаводоронаш зиёд буданд. Сарватмандон борҳо харидори он шуданд ва бар ивазаш маблағи калон додан хостанд, вале Шокир инро шунидан намехост, вай бе сиёҳмушкин зиндагии худро тасаввур карда наметавонист.

Шокир онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард, ҳар шаб се-чор маротиба ба оғил рафта хабар мегирифт, хошок медод, сару гарданашро навозиш мекард, рӯзона барвақт савор шуда ба лаби дарё мебурд. Онҳо чун дӯстони наздик ба ҳам одат карда буданд, аз як нигоҳ ё ишорат якдигарро мефаҳмиданд. Ҳарду хурсанд буданд, вале хушнудии онҳо дер давом накард.

Рӯзе ду нафар муовинони раиси иттиҳодияи агросаноатии ноҳия ба ҳавлии Шокир омада ба асп харидор шуданд, гуфтанд, ки ба сиёҳмушкин  раиси калон Аҳмадҷон Одилов талабгор шудааст. Вай як қад паррид, фаҳмид, ки ба сараш бало омад, аз дасти Аҳмадҷон Одилов халос шудан осон набуд, беҳуда намегӯянд, ки баробар нашав бо арбоб, арбоб занад бо ҳар боб.

Вайро нафақат дар ноҳияи Поп, балки дар тамоми Ӯзбекистон мешиносанд. Солҳои 1960-1970 раиси хоҷагии ҷамоавии ба номи Ленинро дар уҳда дошт ва ӯ яке аз шахсони боваринок ва эътимодноки котиби якуми КМ ПК Ӯзбекистон Шароф Рашидов буд. Одилов охири солҳои 1970-ум ба иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Поп роҳбар таъин мешавад. Бо якчанд мукофотҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ сазовор гаштааст, аъзои комиссияи тафтишотии КМ КПСС, депутати Шӯрои Олии СССР буд…

— Ҳар чизи ба даҳонатон омадаро гӯед, — гуфт муовини раис, марди паҳлавонпайкари шикамкалон, — раис саховатманд аст, хасисӣ намекунад, он касро ноумед накунед, Аҳмадҷонако ифтихори мост.

Ҳама медонад, ки Шокир аспашро фурӯхтанӣ нест, вале раис ҳам ба ҳар чиз беҳуда даҳон намезанад, дасташ дароз, ба дуриҳо мерасад. Шокир ҳам марди бутун аст, паҳлавон, бузкаши номӣ…

— Ман сиёҳмушкинро намефурӯшам, — қатъӣ ҷавоб дод ӯ, шумо инро медонед, буду шуди ман ҳамин як асп аст.

— Мо инро медонем, вале сухани раисро ба замин мондан хуб нест, барои ҳамин наздатон омадем.

Гуфтаи муовини раис ҳавоӣ набуд, вай таҳдидомез сухан мекард, гуфтанӣ буд, ки хушӣ ба хушӣ нафурӯшад, бо зӯрӣ мегирад…

Баъди он вохӯрӣ боз чанд нафар мансабдорони обрӯманди ноҳияи Поп ба ҳавлии Шокир омада, хоҳиш намуданд, ки беақлӣ накарда аспро ба Аҳмадҷон Одилов фурӯшад, хоҳад ба «Волга»-и нав иваз намояд, ин нархи хуб аст, аммо Шокир ҳамоно якравӣ мекард, мегуфт, ки ба ӯ «Волга» лозим нест.

Чанд рӯз пас дар деҳа овозаи нохуш паҳн шуд, шабона шахсони номаълум ба ҳавлии Шокир даромада, сиёҳмушкинро бурдаанд. Чор тарафро дарак карданд, ба милитсия хабар доданд, вале аз асп нишон наёфтанд. Чанд рӯз пас боз як ҳодисаи нохуш сар зад, ғам Шокирро аз ақл бегона кард, вай аз субҳ то шом ҳарзагӯӣ менамуд ва худ ба худ гап мезад…

Ҳама сабаби инро медонистанд, дуздро тахмин мекарданд, вале «лом» гуфта наметавонистанд…

Охири моҳи ноябр кишоварзони Ӯзбекистон нақшаи пахтасупориро иҷро карданд, ба ин муносибат дар шаҳру ноҳияҳо тантанаҳо баргузор гаштанд. Дар шаҳри Ҷиззах бузкашӣ барпо шуд, ки дар он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон ва ҷумҳурияҳои ҳамсояи Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон чопандозҳои номӣ ширкат варзиданд. Як вақт ба майдон сиёҳмушкин пайдо шуд, ки ба он Аҳмадҷон Одилов савор буд. Ҳам аспу ҳам чопандоз ҳамаро ба ҳайрат овард, зеро аксар медонистанд, ки сиёҳмушкин бедарак шудааст ва ба он савор шудани раиси номӣ ҳозиронро ба шигифт овард.

Бузкашӣ оғоз ёфт, чопандозон бузро аз як марра гирифта ба марраи дигар бурда мепартофтанд ва соҳиби мукофот мешуданд. Доду вой ва аҳсангӯии тамошобинон ба фалак дакка мехӯрд.

Дар бузкашӣ чопандозони номӣ савори аспҳои саманд, тӯруқ, оқолтегини тиллоранг, англисию арабӣ аз як марра ба дигараш рафту омад мекарданд. Аммо сиёҳмушкин аз ҳамаи онҳо беҳтару зеби бузкашӣ буд, вале имрӯз он бо дили нохоҳам йӯрға мезад, ба савораш итоат намекард. Аҳмадҷон Одилов лаҷомро метофту ба сағрии асп тозиёна мезад, аммо аз ин ҷаҳли асп бештар меомад ва ду пояшро боло мебардошт. Ҳамаи ин аз нигоҳи тамошобинон, алалхусус аз назари дар нишеми ҳукуматӣ нишастагон пинҳон намемонд. Тамошобинон аз сиёҳмушкин ва савори он умеди калон доштанд, вале Аҳмадҷон Одилов ягон маротиба бузро гирифта натавонист, ки чунинаш ғайричашмдошт буд. Савори он, ки бо умеду орзу омада буд, ноилоҷ аз майдон баромад.

— Раисбобо, шуморо падархонд мепурсанд, — ба назди Одилов омада гуфт ҷавоне, ки дар маърака хизмат мекард. — Он кас дар нишеми ҳукуматӣ нишастаанд.

Аҳмадҷон Одилов чунинашро интизор набуд, ба хайр бошад… Дар ҷумҳурӣ як кас — котиби якуми КМ ПК Ӯзбекистон Шароф Рашидовро падархонд мегуфтанд.

Пойҳои Одилов бемадор гаштанд, вай аз сиёҳмушкин фаромада, онро этак карда ба канортар рафт ва лаҷомро ба ҷавони хизматчӣ дод. Бузкашӣ ба охир расид, чопандозону тамошобинон аз майдон мебаромаданд. Аҳмадҷон Одилов назди нишеми ҳукуматӣ омаду Шароф Рашидовро дид, ки бо гуруҳе суҳбат мекард. Вай теғ кашида норозиёна ба Аҳмадҷон Одилов нигарист.

— Ассалому алейкум падархонд, шумо нағз ҳастед, зафар муборак шавад, — тамалуқкорона дастонашро пеши бар карда гуфт Одилов.

— Раҳмат, —  сард ҷавоб дод Рашидов ва каме овоз баланд карда афзуд. — Аспро ба соҳибаш баргардонед!

— Хуб шудааст падархонд, — таъзим кард Одилов ва қафонокӣ оқиб рафта аз нишем баромад.

Вай ба обу арақ ғӯтида буд. Аз тарс меларзид, гумон надошт, ки падархонд аз он воқеаи бо асп алоқаманд хабар дорад ва имрӯз ин ҷо ба тантана меояд.

Аҳмадҷон Одилов ба назди асп омада, лаҷомро аз дасти хизматчӣ гирифт, вале чӣ кор карданашро намедонист. Ҳамроҳонаш «Волга» -савор омада, назди ӯ пиёда шуданд.

— Чӣ хизмат раис? — гуфт яке.

Вай чизе нагуфта зинро аз асп кушоду ба замин партофт, баъд лаҷому нӯхтаро аз сару даҳони сиёҳмушкин бароварда ба сағриаш тозиёнаи обдоре зада гуфт:

— Куҷое хоҳӣ рав, чор тарафат қибла! — дод зад Аҳмадҷон Одилов.

Шариконаш зин, лаҷом, нӯхта ва тозиёнаро гирифта ба бағоҷдони мошин гузоштанд. Яке дари пеши «Волга»-ро кушода раисро ба нишастан таклиф кард. Аввал Одилов баъд дигарон ба сабукрав ҷой шуданд. Муҳаррик ба кор даромад ва мошин ҳамвор пеш рафт…

Сиёҳмушкин ду ҳафта пас, як поси шаб ба деҳа, ба ҳавлии Шокир омада шиҳа кашид. Шокир овози аспашро шунида бедор шуд ва рӯи ҳавлӣ баромад, сиёҳмушкини лойолуди чиркин, чанд ҷояш харошхӯрда сар ба китфи соҳибаш монд, қатраҳои ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуданд.

Шокир гардани сиёҳмушкинро дошта ҳарзагӯӣ менамуд ва касеро дашном медод. Вай аспро ба оғил дароварда, аввал об, баъд хошок дод ва наздаш нишаста бедахойии вайро тамошо кард…

Гуфтанд, ки дуои бечорагону ҷабрдидагон Аҳмадҷон Одиловро гирифт. Қиссаи вай аз қиссаи Шокири чопандоз садчанд талх баромад. Бригадаи тафтишотии Прокуратураи СССР вайро боздошт намуда, барои изофанависӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид. Мувофиқи маълумотҳои дар матбуот чоп шуда, вай дар ноҳияаш сохти нимфеодалӣ ҷорӣ намудааст ва нафарони маъқул нашударо ба тарзи худ ҷазо медодааст, ба роҳбарони олимақоми ҷумҳурӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пора медодааст. Вале муфаттишон ҳамаи инро исбот карда натавонистанд. Муддати мадид дар маҳбаси Бутирскии шаҳри Москва зиндонӣ буд, баъд вайро ба маҳбаси кампии шаҳри Андиҷон гузаронданд. Ҳамчунин ду бародари вайро боздошт карда, дар зиндонҳои шаҳрҳои Фарғонаю Намангон ҷой намуданд.

24 декабри соли 1991 вайро бо забонхати аз маҳал набаромадан, аз маҳбас озод намуданд.

Соли 1991 баъди истиқлолияти давлатӣ гирифтани Ӯзбекистон адибони номии ӯзбек Одил Ёқубов — бародари Шароф Рашидов ва Муҳаммад Солеҳ — рақиби Ислом Каримов дар интихоботи президентӣ Аҳмадҷон Одиловро қаҳрамони миллат хонданд. Моҳи феврали соли 1992 бо қарори махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ вай сафед карда мешавад. Вале 26 июни соли 1993 ӯро боз зиндонӣ мекунанд ва чор моҳ пас Суди шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одиловро барои аз худ намудани 5 тонна нурии минералӣ чор сол аз озодӣ маҳрум менамояд. Соле пас барои ҷиноятҳои иқтисодии дар солҳои советӣ содир кардааш, боз даҳ соли дигарро ба ҳукмаш илова карданд. Вале вай аз муҳлатҳои ҳукмшудааш зиёдтар дар зиндон ҷазо гирифт. Ҳар дафъа вақти муҳлати маҳрумӣ адо шудан ба ӯ боз ҳукми нав мебароварданду барои гуноҳҳои нокардааш ҷазо медоданд. Ягон қонуни авф нисбати вай татбиқ нашудааст. Дар натиҷа, дар Ӯзбекистони мустақил вай 16 соли умри худро дар маҳбас гузаронд. 5 июни соли 2008 дар синни 83 солагӣ ниҳоят вай аз маҳбас озод мешавад. Одилов дар синни 93 солагӣ дар зодгоҳи худ, ноҳияи Попи вилояти Намангон вафот мекунад. Чун дигар нафарони барои изофанависӣ маҳкум шуда, Р.Ғоипов, К.Камолов, М.Мӯсохонов, Б.Раҳимов — Аҳмадҷон Одиловро аз мукофотҳои ҳукуматӣ — Ситораи тилло, се ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр ва медалҳо маҳрум накарданд. Ана чунин аст қисмати нафаре, ки ба зинаҳои боло баромада, аз он ҷо сарзер рафтааст.

 

Ғайрат Ҳаким

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here