Қабулгоҳи Сталин камодам буд. Мудири қабулгоҳ Поскрибишев танҳо нишаста бо дили хастаҳолона коғазҳоро варақгардон мекард ва ба дафтаре қайд мегузошт. Ҳар замон ба қабулгоҳ ҳарбиёни олирутба, вазирон меомаданду ба дари пӯшида ишорат менамуданд ва норозиёна ба ду тараф сар ҷунбонидани мудирро дида маънӣ мегирифтанду қафо мегаштанд. Мефаҳмиданд, ки доҳии пролетариат асабӣ ва аз чизе хашмгин аст, дар чунин дақиқаҳо ба чашми ӯ нигаристан бемаврид аст, зеро корашон барор намегирад.

 

Ба қабулгоҳ котиби якуми ҳизби коммунисти Ӯзбекистон Усмон Юсупов даромад. Ӯ бо Поскрибишев шиноси куҳна ва рафиқ буд, ҳарду аз дидори якдигар шод шуда, самимона вохӯрӣ карданд. Мудири қабулгоҳ медонист, ки котиби якуми Ӯзбекистон бо корҳои муҳим назди доҳӣ меояд, вале ҳоло вазъият муташанниҷ аст, вайро Сталин қабул мекарда бошад?

Рафиқ Сталин банд аст? — пурсид мудирро Усмон Юсупов.

Бале, банд аст, — сар ҷунбонд мудир.

— Ман бо кори зарур омадам, аз Ӯзбекистон барои фронт як қатора озуқаю пӯшока овардем, онро ба кадом самт бурданамонро пурсиданиам.

— Мунтазир шавед, — гуфт мудир, имкон шавад, ман ба ӯ хабар медиҳам.

Оҳанги гуфтугӯи онҳо ҷиддӣ буд. Усмон Юсупов дар курсӣ нишаста  мунтазир шуд. Ҳар замон овози Сталин ба гӯш мерасид, ӯ бо овози баланд ба касе дод мегуфт, таъна мезад ва ҳатто дашном медод.

Садои занг суҳбати онҳоро канд. Мудир коғазҳои рӯи мизро ба ғалладон гузошту бо қадамҳои устувор дарро кушода дарун даромад.

Сталин рост истода чубуқ дар даст бо ғазаб сӯи Хрушёви паси миз сархам нишаста менигарист. Вай ба обу арақ ғӯтида буд, бо рӯймолча  пешонию абрӯяшро пок мекард.

— Дар қабулгоҳ кӣ ҳаст? — пурсид мудирро Сталин.

— Усмон Юсупов омадааст.

— Бигзор дарояд, — фармуд Сталин.

Поскрибишев сарашро пеш ҷунбонда аз дар баромад ва лаҳзае пас ба дафтари корӣ Усмон Юсупов даромада иҷозат пурсид ва салом дод.

— Биёед, чӣ гап, тинҷӣ? — пурсид ӯро Сталин.

— Барои фронт як қатора озуқаю пӯшока овардем, ҳамчунин бригадаи  ташвиқотию тарғиботӣ омад, дар ҳайати он роҳбарони ҳизбию советӣ, санъаткорон, шоиру нависандагон шомиланд, ба кадом самт рафтанамонро аз шумо пурсидан омадам.

Вазъият дар ҷумҳурӣ чӣ хел? — пурсид Сталин.

— Бад нест, мардум бо тамоми ҳастӣ заҳмат мекашад, чизи рӯёнидаашро ба фронт мефиристад.

— Заводҳои кӯчонидаамон мунтазам фаъолият мекунанд? Ба коргаронашон озуқа мерасад? — пурсид Сталин.

Заводҳои эвакуатсионӣ дар се баст фаъолият мекунанд, ба коргарон озуқа медиҳем, маҳсулоти истеҳсолшударо сари вақт мефиристем.

— Бачаҳои ятими аз минтақаи ҷанг бурдаамонро ба одамон тақсим  кардед?

— Бале, онҳоро сокинони маҳалҳо қабул намуда, писархонду духтархонд карданд, аз ҳолашон ҳар замон хабар мегирем.

— Ярадорони дар госпитал буда чӣ ҳол доранд, доруворӣ мерасад, аз озуқа камбудӣ намекашанд?

— Онҳо табобат мегиранд, сиҳат шудагон ба фронт ва ақибгоҳ бармегарданд, — ба тариқи расмӣ ҷавоб дод Усмон Юсупов.

— Офарин, ман медонам, ки ҳиссаи шумоён барои фронт калон аст.

— Шунидам, ки як оҳангари тошкентӣ 14 кӯдаки ятимро фарзанд хондааст. Офарин! — Сталин хомӯш монда, дуди тамокуро дам кашид.

— Чунин нафарон бисёранд, — посух дод Усмон Юсупов.

— Аҳсан ба ҳамаатон, — дудро ба шифт ҳалқа карда, ҷавоб дод Сталин.- Аҳсан ба шумоён, офарин, ки барои ғалаба ҳатто ҷонатонро дареғ намедоред ва ба ин нигаред, — бо чубуқ тарафи Никита Хрушёв  ишорат намуд Сталин. — Украинаи калонро ба немисҳо супорид, на дуруст муқобилият нишон дод, на аз таҳти дил ҷанг кард.

Усмон Юсупов ба Хрушёви ба обу арақ ғӯтида, ки маҷоли сар бардоштан надошт нигарист.

— Мо ба вай чӣ хел ҷазо диҳем? Мехоҳем корашро ба суд диҳем, шумо чӣ фикр доред Усмон Юсупович ?

— Дуруст мегӯед, бигзор ба кирдораш суд баҳо диҳад.

— Ҳамин тавр мекунем, — гуфт Сталин ва чанд қадам пасу пеш монда афзуд. — Шумо ба ситоди мудофиа рафта, ба кадом самт бурдани қатораҳоро пурседу аз пайи кор шавед, агар пештар Никита тарғибу ташвиқро ҳамин тавр ба роҳ мемонд, муқовиматро зидди немисҳо дуруст пурзӯр мекард, ҳоло ин ҷо сархам наменишаст, ба тарафи фашистон ҳазорҳо нафар гузашта, зидди Артиши Шӯравӣ намеҷангиданд.

Усмон Юсупов бо Сталин хайрухуш карда, ба ситод рафт, ӯ дигар намедонист, ки суҳбати Сталин бо Хрушёв бо чӣ анҷом ёфт, вале солҳо гузаштан пас, баъди анҷоми ҷанги Бузурги Ватанӣ фаҳмид, ки он ҷумлаи гуфтааш ба сараш бало мешавад…

Усмон Юсупов қатораи озуқаю пӯшокаро ба фронт бурд, бо ҷанговарон вохӯрд, чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронд, онҳо консерт намоиш доданд, шеъру суруд хонданд.

Баъди ғалаба Усмон Юсупов вазифаашро идома дод. Соли 1953 Сталин вафот кард ва дере нагузашта ба ин вазифа Никита Хрушёвро таъин карданд.

Худи ҳамон сол Усмон Юсуповро вазири саноати пахтаи СССР таъин карданд.

Усмон Юсупов гумон надошт, ки он суҳбати дар ҳузури Сталин кардааш аз хотири Никита Хрушёв рафтааст. Котиби якуми ҳизби КПСС дар дил нисбати ӯ бадбинӣ дошт ва алам меситонад.

Никита Хрушёв баъди дар курсии нахустроҳбари ИҶШС ҷой гирифтан он воқеаро ба ёд оварда худ ба худ мегуфт, ки вайро ба суд доданӣ буданд, акнун нишон медиҳад, кӣ ҳунари ба суд додани  ӯро дорад?! Ба масъулини КМ КПСС супориш дод, ки камбудиҳои Усмон Юсуповро ёбанд.

Соли 1955 ӯро аз вазифа сабукдӯш карда директори хоҷагии давлатии  ноҳияи Боявути вилояти Тошканд таъин карданд. Вале Никита Хрушёв бо ин қаноат накард. Дертар ба зимаи ӯ вазифаи пасттар — директори комбинати Халқободи ноҳияи Янгиюлро гузоштанд.

Никита Хрушёв гумон дошт, ки бо ин роҳ сари Усмон Юсуповро хам мекунад, обрӯяшро мерезад, вале иродаи вайро шикаста натавонист, то ба нафақа рафтанаш ӯ сарбаланд ва дар байни мардум барӯманд буд.

Никита Хрушёв ҳанӯз бехабар буд, ки чанде пас, яъне моҳи ноябри соли 1964 вайро аз вазифа сабукдӯш менамоянд ва мардум дар ҳақаш шеърҳои ҳаҷвии таҳқиромез меофарад.

 

Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here