Қаҳрамони нақли мо инсоне мебошанд, ки бо вуҷуди ҷабру ҷафоҳои зиёд, пастию баландиҳо, сахтиву машаққат ва ноомаду мушкилот, аз зиндагӣ наҳаросиданд, 80-соли умри бобаракат диданд, онро барои ҳимоя ва хизмати халқу Ватан бахшиданд.

Равоншод Буриев Отабой 9-уми январи соли 1918 дар деҳаи зебоманзари Ашт дида ба дунё кушоданд. Ҳанӯз дар овони кӯдакӣ аз падар ятим монда, дар хонаи тағо даврони балоғатро паси сар карданд. Он вақт буду шуди маводи ғизоӣ аз як пораи нони ҷавин ва оби хунук, вале хуштаъми сойи Ашт иборат буд. На мактаб буду на тадрис.

Соли 1938 Буриев Отабой ба хизмати ҳарбӣ даъват шуданд. Ба навҷавоне, ки ба ғайр аз зодгоҳи худ дигар рӯи одаму оламро надидааст, сафар кардан ба макони бегона, хусусан бо забон ва урфу одатҳои ноошно, душвориҳои зиёдро пеш меоварад. Бо амри тақдир он касро барои адои хизмати ҳарбӣ ба шаҳри Комсомолски лаби Амур таъин карданд. Азобу машаққатҳои тӯлонӣ, намиву сардиҳои тоқатфарсои Сибир ва Шарқи Дур иродаи матини Буриев Отабойро шикаста натавонистанд. Баъди се сол, тобистони соли 1941 муҳлати хизмати ҳарбии Буриев Отабой ба охир расида, барои бозгашт ба Тоҷикистон омодагӣ медиданд…

Вале, субҳи барвақти 22-юми июни соли 1941 шумхабари ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи орзуву ормонҳоро дар як дам барбод дод. Моҳҳои сентябр-октябр аскарону афсарони қисми низомии Буриев Отабойро ба қатораҳо савор карда, ба самти ғарби мамлакат фиристоданд. Эшелон беист пеш мерафт. Баъди тақрибан 7-10 рӯз онҳо дар қарибиҳои шаҳри Маскав таваққуф карданд. Сари ҳар қадам нафаси шум ва харобиовари ҷанг эҳсос мешуд. Мардум дар такопӯю ҳарос ва хотирпарешон буданд. Қатораҳо пуропур аз техникаву одамон, бо навбат ба самти ғарб ва шарқ ҳаракат доштанд.

Маҳз аз шаҳри Маскав роҳи ҷангии Буриев Отабой шуруъ гардид. Он вақт ба худ ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонистанд, ки тайи 3 солу 10 моҳу 18 рӯз ё 1418 шабонарӯзи ҶБВ ду маротиба ҷароҳати вазнин мебардоранд, контузия мегиранд, дар дохили танк месӯзанд, ба госпиталҳои саҳроӣ меафтанд, вале ҳар гоҳ бар аҷал дастболо шуда, зинда мемонанд ва боз сӯи фронт мешитобанд. Он вақт намедонистанд, ки 9-уми майи соли 1945 Парчами Зафар болои бинои урдуи фашизм — Рейхстаг барафрохта мешавад, аммо корномаи ҷангии Буриев Отабой бошад, танҳо тобистони соли 1946, дар ҳудуди Полша анҷом хоҳад ёфт.

Тирамоҳу зимистони соли 1941 то апрели соли 1942 Буриев Отабой дар ҳайати фронти Калинин муҳорибаҳои даҳшатборро аз сар гузаронида, борҳо ваҳшонияти фашистонро бо чашмони худ диданд. Моҳи май як гуруҳ сарбозон, ки Буриев Отабой низ дар байни онҳо буданд, ба курсҳои омодагии Омӯзишгоҳи танкии шаҳри Свердловск роҳхат гирифтанд. Пас аз хатми мактаб, охири моҳи июл ба ҳайси командири танки тамғаи «Т-34» дар ҳайати Артиши 4-уми гвардияи танкӣ ба ҷангҳои назди шаҳрҳои Сталинград, Орёл ва камонаки Курск фиристода шуданд. Нахустин медали ҷангии «Барои шуҷоат»-ро соли 1942 Буриев Отабой барои нишон додани далерию мардонагӣ дар муҳорибаҳои Сталинград сазовор гаштанд.

Моҳи октябри ҳамон сол муаллим Буриев дар яке аз набардҳои шадид ҷароҳати вазнин бардошта, дар госпитали саҳроии шаҳри Киров ду моҳ табобат гирифтанд. Сипас, роҳи ҷангии худро дар ҳайати Фронти 4-уми Украина дар самти шаҳрҳои Ростови лаби Дон, Таганрог, Мелитопол, Қрим ва Севастопол идома бахшиданд. Дар яке аз муҳорибаҳои назди Севастопол тири тӯпи душман ба танки онҳо расид ва оташ гирифт. Экипаж бо азобу машаққати зиёд ҳамдигарро наҷот дода, аз дохили мошини зиреҳпӯш берун баромаданд. Буриев Отабой маротибаи дуввум ҷароҳат бардошта, муддати се моҳ дар госпитали саҳроии шаҳри Ялта табобат гирифтанд.

Аз моҳи сентябри соли 1944 роҳи ҷангии қаҳрамони мо дар дар ҳайати Артиши 3-юми гвардиягии танкии маршал П. Рибалко бо набардҳо дар озод кардани шаҳрҳои Лвов, Сандомир, Силезияи Полша идома ёфт. Барои иштироки фаъолона ва аз худ зоҳир намудани ҷасорату корнамоӣ дар амалиёти «Лвов-Сандомир», падар бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи 1 мушарраф гардиданд.

8-уми май маршал П. Рибалко фармон гирифт, ки оҷилан ба самти Прага ҳаракат намояд. Баъди шикасти фашистон, Буриев Отабой бо ҳамяроқони худ Пётр Иванов аз шаҳри Горкий, Игор Михайлов аз Мичурин, Собир Мансурови қазонӣ ва Ғоиб Исмоилови тошкандӣ, санаи 9-уми май вориди пойтахти Чехословакия гардида, рӯзи Зафарро дар Прага пешвоз гирифтанд. Баъди Ғалаба Буриев Отабой дар комендатураи шаҳри Берлин, сафи неруҳои коалитсионии шӯравӣ дар шаҳрҳои Познан ва Лодзи Полша хизматро давом доданд.

Ниҳоят, тобистони соли 1946 бо сари синаи пур аз ордену медалҳои «Ҷанги Ватанӣ», «Ситораи сурх», «Барои шуҷоат», «Барои ҳимояи Маскав», «Барои ҳимояи Сталинград», «Барои гирифтани Берлин», «Барои озод кардани Прага», «Барои ғалаба аз болои Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Сипосномаи И. Сталин ва ғайра ба Тоҷикистон баргаштанд.

Фаъолияти омӯзгории Буриев Отабой баъди хатми омӯзишгоҳи педагогӣ, аз соли 1946 то 1978 дар вазифаҳои директор ва муаллими мактабҳои миёнаи деҳаҳои Ашт, Пискокат, Оби Ашт идома ёфта, баъди 32 соли хизмати бенуқсон ба нафақа баромаданд. Дар ин муддат шогирдони зиёдро тарбия карда, ба воя расониданд. «Обрӯву эътибори муаллим Буриев аз фурӯтаниву хоксорӣ ва поквиҷдонии он кас маншаъ гирифта буд. Дарси фанни таърихро бисёр хотирмону шавқовар мегузаштанд»,- ба ёд меоранд шогирдон.

Аз оилаи аҳлу тифоқ, ки Буриев Отабой соли 1948 дар деҳаи Ашт бо раҳматии Норинисо бунёд карданд, 8 фарзанди ин хонадон — Раҳбарой (равонаш шод бод!), Наимҷон, Саодат, Илҳомҷон, Ҷамила, Нозирҷон ва Музаффару Иқболҷон ба дунё омада, бо гузашти солҳо соҳибмаълумот гаштанд ва ҳар кадом зиндагии мустақилонаи хешро ба роҳ монданд. Имрӯз набераву абераҳо аз кору пайкори пурбаракати Бобояшон мефахранду меболанд.

Соли 1992 Буриев Отабой баъди марги нобаҳангоми ҳамсари меҳрубони худ Норинисо камгапу андешаманд шуданд. Бар замми ин, беморӣ ва замонаи нотинҷ азияташон медод.

Сад афсӯс, ки умри одамӣ бо як мижа задан мегузарад. 29-уми январи соли 1998, дар 81-умин солгарди ҳаёт, Буриев Отабой бо зиндагӣ падруд гуфтанд.

Имрӯз аҳли башар дар остонаи таҷлили 75-умин солгарди Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ қарор доранд. Ин ҷанги бераҳмонаю даҳшатафкан гуворотарин, ширинтарин лаҳзаҳои овони ҷавонии Буриев Отабой ва ҳамсолонашонро дар саҳрою ҷангалзор, ботлоқзору нишебиҳои фароз, дарёву баҳрҳои пурталотуми Русияву Украина, Беларусу Литва, Полшаву Германия ва Чехословакия ба коми худ кашид. Миллионҳо нафар ҷони худро нисор карданд, вале башариятро аз ғуломиву бардагӣ ва асорат раҳонида, ба наслҳои оянда озодиву ободӣ ато карданд.

Хотираи неку дурахшон, кору пайкор ва руҳи беолоиши Буриев Отабой мисли миллионҳо фарзандони содиқу сарсупурдаи Ватан дар қалбу хотираҳои мо абадан боқӣ хоҳад монд. Зеро, ҳеҷ кас ва чиз фаромӯш намешавад!

Лола АВЕЗОВА,

Нуршод НОЗИРҶОНЗОДА,

сокинони шаҳри Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here