Моҳи декабри соли 1941 маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Константин Рокоссовский нома гирифт ва аз он фаҳмид, ки ҳамсар ва духтараш зиндаанд ва дар шаҳри Новосибирск дар хонаи хешовандонашон зиндагонӣ мекунанд. Галина Таланова аввалин касе буд, ки ин хабарро аз Рокоссовский шунид. Кист Галина Таланова?

Константин Константинович Рокоссовский – ду карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз миёни ҳама фармодеҳони замони ҷанг ду карат маршал-маршали Иттиҳоди Шӯравӣ ва маршали Лаҳистон буд. Ҳиссаи вай дар пирӯзӣ бар фашизми Олмон қобили ҳеч баҳсе нест ва корномаҳои ҷангии ӯ шаку шубҳае надоранд. Вай бо як муъҷиза аз табъиду кушторҳои сталинӣ наҷот ёфт. Як марди хеле шармгине будааст. Бо ҳамсараш Юлия Петровна тамои умр зист. Вале кам касоне медонистанд, ки маршал Рокоссовский духтари дигаре ҳам бо номи Надежда дошт, ки аз ҳамсангараш ба ҷабаҳоти ҷанг, духтури ҳарбӣ Галина Таланова ба дунё омада буд. Галина ва маршал Рокоссовский солҳои ҷангро бо ҳам гузарониданд ва ишқи онҳо ҳам ишқи ҳамон солҳои мудҳише буд, ки ҳамеша дар паҳлуи ҳам буданд ва дар ҳамаи мусибату барору нобарориҳо шодиву ғуссаи ҳамдигарро ба ҳам медиданд. Ҳамсари маршал Юлия ин асрорро медонист, аз ин ишқ бохабар буд. Вале тамоми умр ба шавҳараш содиқ монд ва ҳатто боре ҳам ӯро ба хиёнат муттаҳам накард, ин рӯйдоди зиндагии маршалро марбут ба худи ӯ замони мудҳиши ҷанг медонист. Гузашта аз ин наберагони онҳо то абад ба ҳам дӯсту мушфиқу меҳрубон боқӣ монданд.

Оғози роҳ

Чун аз маршал Рокоссовский, як тан аз маъруфтарин фармондеҳони замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд кардем, хостем муруре ба зиндагиномаи ӯ дошта бошем, чун имрӯзиён бо гузашти солҳо қаҳрамониву шуҷоати мардони ҷангиро фаромӯш мекунанд. Гузашта аз ин ёдоварии ӯ ёдкарди замонест, ки Тоҷикистон узви ҳамин Иттиҳод буд, ҳазорон нафар ба хотири ҳифзи марзу буми кишвар ҷони худро фидо карда буданд. Ва яқинан миёни ҷанговарони тоҷик касоне ҳам кам набуданд, ки зери фармондеҳии Рокоссовский зидди аду ҷангиданд, корномаҳо доштанд, соҳиби ҷоизаву медалҳо шуда буданд.

Константин соли 1896 дар Варшава ба дунё омад. Падараш лаҳистонӣ буд, корманди роҳи оҳан ва модараш аслан аҳли Белорусия буд ва муаллимӣ мекард. Шашсола буд, ки падар аз олам даргузашт ва таъмини се фарзанд барои модараш сангин буд. Аз ин рӯ, Костяро ба тарбияи яке аз тағоҳояш дод, як духтарашро ба тағои дигар. Ва духтари калонӣ бо модараш монд. Бепадарӣ ва дурӣ аз муҳаббати модар маршали ояндаро обутоб дод ва донист, ки барои инсон муҳимтар аз оила чизе нест.

Замони кӯдакӣ чун ҳамаи ҳамсолонаш дӯст медошт, ки бозиҳои ҷангӣ кунад. Аммо дар мактаб таърихро дӯст медошт, китобҳоеро дар бораи ҷангу кори ҷангӣ меписандид. Боре вай бо дӯстонаш як бомби дастӣ ҳам сохтанд ва аз инфиҷори он қариб буд худашон қурбон шаванд. Баъди чанд сол ин тағое, ки сарпарасташ буд, аз олам гузашт ва ӯро ба тарбияи тағои дигараш доданд. Соли 1914 Константин вориди хизмат дар артиши подшоҳӣ шуд ва дар Ҷанги якуми ҷаҳон ширкат намуд. Аммо вақте инқилоби Октябр пирӯз шуд, Рокоссовский ду роҳ дошт: ё ба Лаҳистон бармегашт ва ё шомили Артиши Сурх мешуд. Аз наврасӣ ҳисси адолат дар вуҷудаш лона гузошта буд ва ҳоло ки инқилобро инқилоби ҳақиқату адолат меномиданду мепиндоштанд, Константин тасмим гирифт дар ҳамин Русия бимонад ва ба артиши Сурх шомил гардад ва ба хизмати ҳарбии худ идома диҳад.

Дар Сибир ва Забайкал хизмат кард. Соли 1923 бо китобдор Юлия Бармина хонадор шуд ва ду сол баъд духтарашон Ариадна ба дунё омад. Волидони Юлия ҳеч намехостанд духтарашон бо Рокоссовский ҳамхона шавад. Гап сари ин ки бародари Юлия аз ҷониби сафедҳо зидди ҳукумати шӯроҳо меҷангид ва онҳо Рокоссовскийро душмани ғоявии худ медонистанд. Вале Юлия зидди талабу дархости волидонаш Константинро ба ҳамсарӣ пазируфт.

Зиндон

Рокоссовский батадриҷ соҳиби обрӯ мешуд. Вай ҳатто дар Муғулистон ҳам ҷангид ва соли 1936 ба Псков баргашт ва ба вазифаи фармондеҳи двизия таъин гардид. Соли 1937, вақте дар Ленинград ба сафари хизматӣ рафта буд, боздошт шуд ва ӯро ба ҷосусӣ барои Ҷопон ва Лаҳистон муттаҳам карданд. Бештар аз ду солро вай зери фишори тафтишот пушти сар кард. Ва дар ин муддат хонаводаи вай зери фишорҳои зиёд қарор гирифт. Аввал ҳамсар ва духтарашро аз хонаашон ба як таҳхонае ҷо карданд, ки аслан нури офтобро намедиданд ва баъдан аз шаҳр ҳам берун карданд. Ба Юлия лозим омад ба Армавир, назди хешовандонаш равад. Он замон Рокоссовский аллакай рутбаи генералӣ дошт ва иттиҳоми хиёнат ба ватан сахт иттиҳоме буд, ки ҷабру зулму оворагиҳое ба хонаводааш овард. Юлияро бо дили нохоҳам ба кор мегирифтанд, гоҳ хазинадори кадом ошхонаву мағозае мешуд ва гоҳе сартарош, рӯбанда ва табақшӯй. Вале ҳамеша ба ин бовар буд, ки шавҳараш бегуноҳ аст ва ин хиёнат ба ватан туҳмате беш нест. Шиносҳояш мегуфтанд, ки аз шавҳараш ҷудо шавад ва зиндагии дигар оғоз намояд. Вале вай наметавонист ин корро кунад. Охир чӣ хел метавон аз инсоне бурид, ки самимонаву ошиқона дӯсташ медорӣ? Духтараш Ариадна бештар аз модараш заҷр мекашид. Ӯро дар мактаб на танҳо ҳамсинфону ҳаммактабонаш таҳқир мекарданд, балки муаллимонаш низ. Боре муаллима ба синф ворид шуд ва гуфт: “Ариадна, аз ҷоят бархез. Бубинед бачаҳо, шиносед, ин духтари душмани халқ аст”. Вале Ариадна хомӯш наистод, балки бо садои бурро исбот карданӣ мешуд, ки падараш гуноҳе надорад ва ин туҳмати душманошаш асту аз ин беш чизе нест. Борҳо барояш лозим омад, ки барои ҳимояи падараш дар синф муштзанӣ ҳам кунад. Дар муштзанӣ вай ҳеч камӣ аз бачаҳои авбош надошт, аммо фарқ ин ҷост, ки ӯ шарафи падари генерали худро ҳимоя мекард ва ба чизи дигаре аслан кор надошт. Ҳарчанд дар чанд мактаб таҳсил кард, вале дар ҳама мактабҳо ҳамон фазои таҳқиру озор ҳукмрон буд. Аммо хонаводаи генрал иттилое аз шавҳар надошт ва намедонист вай зинда аст ва ё кушта шудааст. Як роҳ буд: мебоист ба Лубянка барои Константин ғизо равон менамуданд ва агар онро қабул мекарданд, пас ба он маъност, ки генерал зинда аст ва агар рад мешуд, пас кушта шудааст. Духтари 14-солаи генерал соли 1939 Маскав рафт ва бо пайғоми зинда будани падар баргашт.

Руҳи шикастнопазир

22-юми марти соли 1940 Рокоссовскийро аз маҳбас озод карданд. Дӯсти ҳампешаву ҳамҷабҳааш Семён Тимошенко (маршали Иттиҳоди Шӯравӣ, ду карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ) барояш ин шароитро фароҳам овард, ки аз зиндони НКВД солим берун шавад. Ин маршалро Сталин ба тамоми ҳастияш эҳтиром мекард ва Тимошенко доҳиро бовар кунонд, ки Рокоссовский наметавонист ҷосус бошад. Ин дар ҳамон шабу рӯзе буд, ки бӯйи ҷанг бо Гитлер беш аз ҳар вақти дигар ба машом мерасид ва Сталин ҳам медонист, ки муддате пас кишвар ба Рокоссовский барин фармодеҳони ҳушманд ва донандагони тактикаи ҷангӣ ниёз пайдо хоҳад кард. Шояд суҳбати Тимошенко таконе шуд, ки Сталин фармони озодии генералро дод…

Дар бораи азобу уқубаташ дар зиндони НКВД маршали оянда на он замон ва на баъд, ҳатто то охири умр ҳарфе нагуфт. Ҳатто дар охирин китобаш, ки аз сарнавишти ҷангиаш ҳикоят мекунад, дар ин бора гапе нест. Рокоссовкий ҳикояти зиндагии худро дар китоб аз соли 1940 оғоз мекунад. Аз ин рӯ, он чӣ дар бораи шиканҷа дар зиндон гуфта мешавад, чун аз забони ӯ нест, боварнакарданист. Генерал сафед, баъдан бо аҳли хонаводааш ба Сочи барои табобату истироҳат фирстода шуд. Рутбаи генералии ӯро бозгардониданд, ба ҳизб барқарор шуд. Дар умум Рокоссовкий нисбат ба Сталин эҳтиром дошт, ҳатто баъди он ки зиндонӣ шуду шиканҷа. Ва ягона маршале буда, ки рӯзи дафни Сталин дар соли 1953 бо чашмони дурахшон аз марвориди ашк сари тобути доҳӣ ҳозир шуд. Яке аз шоирони он замон ҳатто ин лаҳзаи нотакрорро шеър кард: “Инак он маршали Лаҳистон сари тобут мегиряд, Сарбози ту, ки ҳаргиз пеш аз ин нагириста буд…”

Ҷанг ва шиносоӣ бо Галина Таланова

Вақте ҷанг оғоз ёфт, Рокоссовский дар Украина буд ва ӯ оҷилан хонаводашро ба ақибгоҳ, ба Москав фиристод ва худ дар Украина монд. Оилаи ӯ ҳанӯз ба Маскав нарасида буд, ки шаҳрро бастанд ва онҳоро ба Қазоқистон фиристоданд. Ва генерал изи оиларо гум кард ва дигар намедонист ба онҳо чӣ шуду куҷо рафтанд. Ягон пайғооме барояш аз онҳо намерасид. Рокоссовский онҳоро дар ҳама ҷо ҷуст, барқияҳо ба хешовандону дӯстонаш фиристод, номаҳо навишт. Вале ҳеч хабаре пайдо накард.

Тирамоҳи соли 1941 Артиши Сурх бо додани талафоти гарон дар ҷанг бо фашизм ақиб менишаст. Фашистон дар остонаи Москав қарор гирифтанд. Армияи 16-ум, ки Рокоссовский фармондеҳӣ мекард, дар Смоленск ҷой гирифт. Зиндагии вазнин, дору намерасид, садҳо тан захмӣ шуда буданд. Бо Галина Таланова дар ҳамин ҷо шинос шуд. Ӯ духтур буд, ки нав донишгоҳи тиббиро хатм карда ба ҷабҳа омад.

Духтари ҷавон ба ҳамсараш Юлия хеле монанд буд. Генерал ӯро дӯст дошт, вале ҳоло вақти он набуд, ки ишқварзӣ кунанд. Замоне буд, ки қувваҳои таҳти фармондеҳии ӯ пайваста талафот медоданд, мушкилоти ҷабҳа беш аз пеш меафзуд. Вақте сардиҳо оғоз шуданд, генерал бемор шуд ва Галяро ба муолиҷаи вай фиристоданд. Дар аввалин мулоқот онҳо то субҳ суҳбат карданд. Субҳ Галяро ба беморхона даъват карданд. Ӯ рафт генерал эҳсос кард, ки сахт дил бастааст, Галя низ эҳсоси дидори дубора дошт. Рокоссовский чизеро пинҳон накард, гуфт, ки оиладор асту духтаре дорад. Вале изашон гум шудааст. Вай умеде ба пайдо кардани Юлия ва духтараш дошт ва орзуи дигараш пирӯзӣ дар ҷанг буд. Вале ишқ кори худро кард ва ин ду тан дар ҳамин замони сардиҳову ҷангҳои пурқурбонӣ дил ба ҳам доданд. Галя низ аз он ки худро ба генерали оиладор мебахшад, изҳори пушаймонӣ накард.

Ва моҳи декабри соли 1941 маршал Рокоссовский нома дарёфт кард, ки аз барҳаёт будани ҳамсар ва духтараш хабар медод ва аз он дар оғози ин навишта ёд кардем… Вақте Галя дар ин бора шунид, қалбан шод шуд ва боз аз он хурсанд буд, ки дӯстдоштаи ӯ мардест, ки қасд надорад оилаи худро тарк кунад. Вақте инсон дӯст медорад, мехоҳад дӯстдораш ҳамеша хушбахт бошад. Галина ҳам ба маршали оянда ҳеч шарте нагузошт, чун медонист, ки ин аслан фоида надорад. Ӯ намедонист, ки чанд моҳу чанд рӯз ё сол онҳо бо ҳам хоҳанд буд. Бояд ба қадри ҳамин рӯзҳои бо ҳам будан расид ва бедилсиёҳӣ ҳаётро дӯст дошту аз лаззатҳои он баҳра бардошт… Ва онҳо то охири ҷанг канори ҳам буданд.

Константин Рокоссовский баҳори соли 1942 бо оилаи худ вохӯрд. Рӯзи 8- уми март вай захмӣ шуд ва генералро барои муолиҷа ба Москав фиристоданд. Юлия ва духтараш Ариадна ба бемористон омаданд. Ада гуфт, ки мехоҳад ба ҷабҳа равад. Албата, Рокоссовский зид буд. Вале духтари генерал бо якравиву ҷасорат ба худи ӯ шабоҳат дошт ва Константин Константинович ба хулосае омад, ки баҳс бо вай маъно надорад, чун ба камол расидаасту ақлаш ҳамаро чиро мегирад. Ва оила тасмим мегиранд, ки аввал Ада таҳсили ҳарбӣ кунад ва соҳиби ягон мадрак шавад. Билохира, чун радист ба омӯзиш пардодхт. Ва баъди хатм чун шахси иртиботӣ Дастгоҳи марказии ҳаракати партизанӣ ба фаъолият пардохт.

Соли 1943 Юлия ва Ада ба ҷабҳа, ба аёдати падар хонадон омаданд ва қариб буд Ада ба ҳалокат расад. Ада хост ба хати пеши ҷабҳа равад, падараш розӣ нашуд. Вале вай тавонист дилашро ёбад. Дар роҳ бомборон сар шуд. Афсарон худро аз мошин ба замин ҳаво доданд ва танҳо Ада буд, ки бо чашмони аз таҳайюр боз ба осмон менигарист ва ин даҳшатро тамошо мекард. Рокоссовский омад ва бо ҷисмаш ӯро пӯшонд. Ва чун бомбборон ба анҷом арсид, Ада аз шарм сурх шуд, ки бар асари беақлии ӯ қариб буд падарашро зери хатар гузорад ва артиш бе фармондеҳ монад.

Ҳамаи ин замонҳо Галя низ ҳамроҳ бо Рокоссовский буд. 7-уми январи соли 1945, вақте Артиши Шӯравӣ Варшаваро аз фашистон озод кард, Галя духтараш Надеждаро таваллуд кард. Он замон Рокоссовский маршали Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ин мукофотҳоро барояш ба хотири озодсозии Курск ва ҷонбозиҳову комёбиҳо дар ҷабҳаи Белорус дода буданд. Маршал ба таваллуди духтараш омодагии каблӣ дошт. Ба Галина фойтунчаи (коляска) кӯдакона оварданд (чун маршал писар интизор буд). Модар ба навзодаш наметавовнист шир диҳад ва бо фармони маршал сарбозон гов пайдо карданд ва тифл бо шири ин гов бузург мешуд. Ва онҳо бо ҳам то ба Берлин расиданд. Сафороии ҳарбии ғалабаро, ки 24-уми июн дар Берлин баргузор шуд, маршал Рокоссовский фармондеҳӣ мекард. Он лаҳзаҳо дар шаҳр борони шадид борид, ба маршал пешниҳод карданд, ки зери овезае паноҳ барад, то тар нашавад, вале ӯ рад кард ва бо сари баланд баромад ва гуфт, ки ҳаргиз сарбозонашро танҳо намегузорад. Вай чанд соат зери борон истод, қабат ба қабати либосҳояш тар шуд, қариб буд бемор мешуд. Вале ба қавлаш то охир истод.

Ҷанг ба охир расид. Рокоссовский ба назди хонаводаи худ баргашт, вале духтараш Надеждаро фаромӯш накард. Пул мефиристод, ҳамвора номаҳо менавишт, падарона ғамхорӣ мекард. Галина баъди чанд сол ба як халабон ба шавҳар баромад, вале баъдан бева монд. Дар бораи ишқи Рокоссовский аҳли хонавода медонистанд ва онро чун як румони замони ҷангӣ қабул карданд. Вале наберагон дар ин бора хеле баъдҳо, тасодуфан фаҳмиданд. Баъди маргаш вақте албоми суратҳо ва осори бобояшонро варақ мезаданд, дар бораи Надежда ва модари ӯ маълумот ёфтанд. Писари Ариадна Константин духтари Надеждаро ҷуст ва пайдо кард. Ҳоло онҳо ба мисли як хонаводаанд. Номи поки бобои қаҳрамони худро пос медоранд.

Муаллиф: Олга КОРСАКОВА

Таҳияи Ф. Муҳаммад

Добавить комментарий