Ӯ мардест болобаланду боқомати каме хамзада. Сиёҳҷурдаю бо чеҳраи солор. Ҳамеша ғарқи андешаю бо ҷувздони сиёҳи калону рангпарида. Хурду бузурги шаҳри Ваҳдат ҳангоми вохӯрӣ эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Махсусан, калонсолон даст пеши бар гирифта, аз ҳолу аҳволаш мепурсанд. Ба ҳама бо симои кушоду лаби пуртабассум ҷавоб мегардонад.

Ҷавонию мардонагӣ, донишу малака, маҳорати кордонӣ, лаёқати роҳбарию хислатҳои неки инсонияш боис гардид, ки солҳои зиёде роҳбари хоҷагии ба номи Карим Исмоилови ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат), баъдан раиси Шӯрои колхозҳои ҷумҳурӣ ва ба ин монанд чандин вазифаю мансабҳои баландпояи давлатию ҷамъиятиро паси сар кунад. Ва ҳоло ба синни мубораки анқариб 80 расида бошад ҳам, то ҳол дар андешаи рушди соҳаи кишоварзӣ фикру ақидаҳои худро ба воситаи маърӯзаву баромадҳо пешкаши шогирдону донишмандону дастандаркорон менамояд.

Тазодро бинед, ки дар назди бинои Раёсати маорифи шаҳр бо Садриддинов С., рӯ ба рӯ задам.

— О, кайҳо орзуи бо нависандае вохӯрдан доштам, — гӯён дӯстам аз дастам гирифта ба ошхона даровард. Ба пешхидмат як чойник чойи баланди сабз фармуда, магар нигоҳи саволомези маро пай бурд, ки зуд ба сари мақсад омад.

— Ба шумо як қиссаи ибратомӯзе аз ҳаёту зиндагии Миновар Шогадоевро нақл карданиям. Аслан ӯ Мунаввар ном дошту котиби бесаводи ҷамоат дар шаҳодатномааш Миновар навишт. Хеле афсӯс мехӯрам, ки дар пойтахтамон ҳатто кӯчаеро ба номаш сабт накардаанд. Фақат дар ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) як деҳаро ба номаш гузоштаанд.

Духтарак чойники чойро бо ду пиёла овард. Ҳамсуҳбати манн саросема нашуда, аввал якчанд бор чойгардон намуда, пасон нигоҳи ҷиддии чашмони аз қироати асарҳои ба касбаш вобастаи мондашудаашро ба рӯям равона карда, ботамкинона ба нақли қисса гузашт.

— Ҷавон будам. Роҳбари хоҷагӣ интихобам намуданд. Аз байн тахминан даҳ ё понздаҳрӯз нагузашта, ба дафтари кориам Миновар Шогадоев, ки аллакай ба нафақа гуселаш карда буданд, даромада омад. Беогоҳӣ ва беҳангомаю бетантана. Барои ҳурматаш ба пешвози собиқ яке аз роҳбарони баландмартабаи ҷумҳурӣ аз ҷой бархеста, боадабона ҷойи нишаст муҳайё кардам. Доир ба рӯйдоди дар ҳаётам содиршуда самимона барори кор орзу намуда, порае аз хотироти рӯзгорашро, ки барои ман баъдан тимсоли ибрат ба шумор мерафт, ҳикоя намуд. Айнан ба шумо пешкаш менамоям.

— Аз интихоб шуданам ба мансаби Раиси Президиуми Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалитсии Тоҷикистон чанде нагузашта, аз Москва – пойтахти Ватани маҳбубамон занг заданд:

— Шумо бояд ба шаҳри Москва биёед! Ба ҳузури Иосиф Виссарионович Сталин! Тамом. Алоқа ҳамон лаҳза канда шуд. Аз ҳолати карахтӣ чанд муддат гӯширо дар даст нигоҳ доштам. Лолу пакар будам. Ҳолати руҳии маро пеши назар биоред. Сарвари тавонои давлати абарқудрат, падари миллатҳо маро ба наздаш ҷеғ зада истодааст. Он солҳо ба шунидани номи Сталин одамонро аз тарсу воҳима даҳшат фаро мегирифт.

Субҳи барвақт даруни вагони сарди поезд, ҳоло республика соҳиби фурудгоҳ ва ҳавопаймо набуд, нишаста, андеша мерондам: чи кӯтоҳие аз ман гузашта бошад, магар хатогие содир карда бошам, ё касеро ранҷонида бошам, ки аллакай ба марказ мактуби беимзо фиристода бошад, эҳтимол ҳасудон барои ниқор гиифтан тадбире раво дидаанд?

Пас аз се рӯз поезди мо ба вокзали Қазон омада истод. Аз вагон бо сад хаёлу гумон фаромадам. Маро ду марди ҳарбӣ пешвоз гирифтанд.

— Шумо Миновар Шогадоев, — якеи он суол дод.

— Бале, — гуфтаму аз дил гузаронидам, ки ҳоло онҳо маро рост ба Лубянка мебаранд. Ранги рӯям парид. Ҷон дар баданам намонд.

— Шуморо Сталин интизор аст, — гуфтани дуюмӣ маро аз ҳолати бехудӣ баровард.

Ба Кремл омадем. Ба қабулгоҳи сарвари давлат даромада, қатори шахсони интизорбударо дида, каме осуда шудам. Онҳо пайи ҳам ба назди Сталин даромада, лаҳзае пас яке бо чеҳраи шукуфон, дигаре бо қавоқи гирифта мебаромад. Дар қабулгоҳ танҳо ман мондам. Ба соати деворӣ нигаристам. Вақти хӯроки чошт наздик мешуд.  Ниҳоят марди ҳарбипӯш маро барои ворид шудан ба назди роҳбари давлат даъват намуд.

Даромаданамро намедонам. Бо овози баланд салом додам. Сталин бо сарҷумбонӣ ҷавоби саломамро гардонд. Чанд дақиқа бо нигоҳи ҷиддияш ба рӯям зеҳн монд ва пас хомӯшона аз як кунҷи қабулгоҳ ба кунҷи дигараш ба қадамзанӣ даромад. Гоҳ – гоҳ чубуқашро, ки дар дасти чапаш нигоҳ медошт, ба лаб бурда як қулоб дуди тамокуро ба даруни шушаш кашида баъдан бо гузшти чанд сония ба ҳаво сар медод.

Ман интизор будам, ки ҳоло Иосиф Виссарионович сабаби таъҷилан ба марказ ҷеғ заданашро баён менамояд. Худам аз пурсиданаш ҷуръат намекардам. Ақрабаки соат болои рақами 12 рост шудан баробар овози зангулааш дар қабулгоҳ паҳн гардид.

Сталин маро бо ишораи сар ба хонаи истироҳатиаш даъват намуд. Болои бухорӣ дар деги на чандон калоне карамшӯрбо меҷӯшид. Бӯйи лаззатбахшаш иштиҳои касро меовард. Ман тахмин мекардам, ки ҳоло пешхидматон ҳозир шуда, болои миз дастурхон паҳн мекунанд. Ғайричашмдошт худи Сталин кафлесро ба даст гирифта, ба косае шӯрбо рехта, ба ман дароз кард ва бо имои даст курсиро нишон дода, ба нишастан таклиф намуд. Пасон ба худаш низ дар коса шӯрбо андохта, дар рӯ ба рӯям нишаст. Тановули хӯрок ҳам бегап гузашт. Ба қабулгоҳ баргаштем. Сталин бо ишораи даст талаб намуд, ки аз қабулгоҳ баромада равам. Ҳамон ҳарбиён маро ба мошин савор карда, ба вокзали Қазон оварда, ба поезд савор карда, роҳи сафед ва сафари бехатар орзу намуданд.

Ба Маскав бо сад фикру хаёл омада будаму ба шаҳри Сталинобод бо ҳазор андеша бармегаштам. Рафтори доҳӣ бароям муамморо мемонд. Фақат рӯзи сеюми бозгашт сирри зиёфати хомӯшонаи Сталин ба манн аён гашт.

Пешвои давлат ба мани яке аз роҳбарони ҷавони республика дарси зиндагӣ омӯзонд. Бо кирдори хоксоранаи худ чашми маро кушод. Бо хислати инсонияш ба ман фаҳмонд, ки дар иҷрои вазифаи пурмасъули давлатӣ пеш аз ҳама бояд хоксор, шикастанафс ва фурӯтан бошам. Хислати сергапию мағрурию худписандиро аз сар дур кунам.

Ана, додари ҷон, аз рӯи ҳамон таълими доҳӣ амал карда, бо обрӯю иззат ба нафақа баромадам ва аз қафоям ҳеҷ кас дар ҳаққи ман ҳарфи баде  ба забон намеорад. Аз ту низ ҳамин рафторро интизорам, то ки баъдан халқи азизам номатро ба некӣ ба ёдоранд.

Қисса ба охир расиду Сайфиддинов қадре хомӯширо ихтиёр кард. Манн интизор будам, ки ин олими соҳаи кишоварзӣ боз чи гуфтание дошта бошад.

-Дар ҳайратам, — Сафиддинов бо дарду алам оқибат сукути бардавомро шикаст, — нисбати кирдору рафтори ин роҳбари ҷумҳурӣ, гӯё ҳама забон як карда бошанд, чизе намегӯянд ва сатре ҳам дар васоити ахбори омма чоп намекунанд. Ҳол он ки Миновар Шогадоев солҳои зиёд дар мансаби пурмасъули давлатӣ бе зиёнкор кард. Ягона роҳбаре мебошад, ки мардум то ҳолномашро ба некӣ ёд мекунанд.

— Осуда бошед, — ҳамсуҳбатро ором кунондам, — пас аз чопи ин матлаб рӯзноманигори бо дилу гурдае пайдо мешудагист, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни давлатӣ асаре меофаридагист.

— Э, кошкӣ, — нидои хурсандонае аз дили пурэҳсосаш бароварда,  Сайфиддинов боз хомӯширо ихтиёр кард.

Ман оҳистаю бе овоз, то ки ба андешарониҳои ин марди наҷиб халал нарасонам, аз ҷой хеста, аз ошхона баромадам.

 

Зариф ҒУЛОМ,

нависанда

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here