Баъди аз байн рафтани давлати Сомониён дар Осиёи Марказӣ сулолаи дигари тоҷикон — сулолаи Ғуриён аз минтақаи куҳистони Ғури Хуросон ба арсаи сиёсӣ қадам мениҳад. Муаррихи маъруфи хуросонӣ Қозӣ Минҳоҷи Сироҷ (Ҷузҷонӣ) дар китобаш «Табақоти Носирӣ» оид ба асли пайдоиши ин сулола чунин ривоят овардааст: замоне ки Фаридун бар Заҳҳок ғолиб шуд ва мамолик бигирифт, ду бародари ӯ ва фарзандони онҳо ба Наҳованд афтоданд. Бародари калонӣ, ки Сур ном дошт, амир шуд ва бародари хурдӣ — Сом сипаҳсолор. Амир Сурро духтаре буд ва сипаҳсолорро писаре. Ҳар ду амакзодагон аз хурдӣ номзад ва дилбохтаи якдигар буданд. Пас аз чанде сипаҳсолор Сом вафот мекунад. Писари ӯ шуҷоъ ва мубориз ба воя мерасад, то ҷое ки дар он замон ба мардӣ ва ҷасорат назир надошт.

Баъд аз фавти падари ӯ ҳасадбароне пайдо шуданд, ки ӯро назди амир Сур бадгӯиҳо мекунанд. Амир Сур аз ӯ малул шуда, қарор медиҳад, духтарро ба малике дигар аз мулуки атроф диҳад. Аз ин нияти падар духтар хабар шуда, дилдодаашро огоҳ мекунад. Писари Сом шабонгоҳ ба қалъа омада, даҳ сар аспи беҳтаринро аз охури амир Сур гирифта, духтар ва тобеъони ӯро менишонад ва ҳар қадаре имкон дошт, маблағ гирифта, худро ба таъҷил сӯи куҳпояҳои Ғур мерасонад. Фирориён он ҷо маскун шуданд ва он мавзеъро Мандеш ном ниҳоданд.

Манотиқи куҳистони Хуросон, ба навиштаи Ҷузҷонӣ, ҳамеша аз ҳокимияти марказӣ ва минтақавӣ мустақилият доштанд. Баъди ба хилофат расидани Аббосиён амирони Ғур аз пуштибонии онон баҳраманд буданд, чунки ҳангоми «хуруҷи Абумуслими Хуросонӣ бар зидди умарои банӣ Умайя ва ихроҷи онҳо аз мамолики Хуросон ҳокими ин минтақа Амир Пулоди Ғурӣ лашкариёни Ғурро ба мадади Абумуслим бурд ва дар тасарруфи Оли Аббос ва аҳли байти Набӣ (с)» нақши муҳим гузошта буданд.

Бо мурури замон аморати Ғуриён соҳиби қудрату тавоноии бештар гашта, аз тобеияти расмӣ ба Ғазнавиён даст мекашанд. Соли 545 ҳ. (1148 м.) ҳокими нави Ғуриён Алоуддин, ки бо лақаби Ҷаҳонсӯз машҳур буд, ба сӯи Ғазнӣ лашкар мекашад: сабаб он буд, ки соле пеш Султон Алоуддин пойтахти Ғазнавиҳо шаҳри Ғазниро ба итоати хеш дароварда, дар он ҷо бародараш Сайфиддини Сурро ҳоким таъин карда буд, вале бо фаро расидани фасли зимистон, ҳамин ки роҳҳои куҳистони Ғур аз шиддати барфи зиёд баста шуданд, Ғазнавиҳо зидди ҳокими ғурӣ ошӯб мебардоранду ӯро ба қатл мерасонанд.

Инак, Алоуддин боз бо лашкари зиёд сӯи Ғазнӣ равон буд, то қасоси бародарашро ситонад. Амири охирин аз сулолаи Ғазнавиҳо, ки худро аз авлоди Сабуктегин мешуморид, Баҳромшоҳ лашкари зиёд аз туркони оғуз ва ҳамчунин аз ҳиндуҳо ҷамъ оварда, омодаи ҷанг бо Ғуриҳо мешавад.

Дар ин ҷанги тақдирсоз Ғуриён лашкари Баҳромшоҳро шикаст медиҳанд ва худи ӯро маҷбур месозанд, ки ба Ҳиндустон фирор кунад. Дар Ҳиндустон Баҳромшоҳ шаҳри Лоҳурро қароргоҳ интихоб намуда, бо аҳлу байташ дар он ҷо маскун мешавад, вале чанде нагузашта, вафот мекунад ва ба ҷои ӯ писараш Хисравшоҳ ба тахт мешинад.

Дар пойтахти давлати Ғуриён шаҳри Фирӯзкуҳ ин замон Султон Ғиёсуддин Муҳаммад ба сари қудрат меояд. Султон Ғиёсуддин сараввал бародараш Султон Шаҳобуддин (Муъизиддин) — фатҳкунандаи ояндаи Ҳиндустонро амири Ғазнӣ таъин мекунад.

Султон Шаҳобиддин аллакай соли 569 ҳ. (1174 м.) лашкари туркони оғузро шикаст дода, тамоми Хуросонро ба тобеияти пурраи Ғуриён ворид месозад. Акнун дар назди Шаҳобуддин як вазифа — озод кардани шаҳри Лоҳури Ҳиндустон аз боқимондаҳои Ғазнавиён  қарор дошт. Бо ин мақсад ӯ бо лашкариёнаш аз дарёи Синд гузашта ба ҷониби Лоҳур меравад, вале Ғазнавиён тахти сарварии писари Баҳромшоҳ Хисравшоҳ муқовимати шадид нишон медиҳанд. Аз ин рӯ Султон Шаҳобуддин лашкарашро ба ҷониби Пешовар мебарад ва дар наздикии он шаҳр қабилаҳои афғонро (пуштунро) вомехӯрад, ки макони аслии сукунаташон, ба ақидаи муаррихон, ҳамон заминҳо будаанд. Ӯ қабилаҳои афғонро ба тобеияти худ дароварда, шаҳрро тасхир менамояд ва ба Ғазнӣ бозмегардад.

Пас аз 10 сол, баҳори соли 579 ҳ. (1183 м.) баъди пурра ба тобеияти худ даровардани шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр Султон Шаҳобуддин, ба қавли Ибн ал-Асир, «лашкари зиёде аз Хуросон ва Вахшу Бадахшон таҳти фармондеҳии яке аз баҳодурони машҳури ин минтақа Маликшоҳи Вахшӣ ҷамъ оварда», ҷониби Ҳиндустон раҳсипор мешавад. Сараввал Шаҳобуддин шаҳри Лоҳурро ба муҳосира гирифта, ба аҳолии шаҳр ва Хисравшоҳ муроҷиат мекунад, ки «агар дар баробари қӯшуни вай пойдорӣ кунанд, зиён хоҳанд дид, ҳамчунин ба онон иттилоъ дод, ки то он шаҳрро тасхир накунад, аз он чо нахоҳад рафт. Ба Хисравшоҳ низ қавл медиҳад, ки ҷону молу хонаводааш дар амон хоҳад монд». Вале Хисравшоҳ ин пешниҳодро қабул намекунад. Он гоҳ Султон Шахобуддин ҳалқаи муҳосираро шадид мегардонад. Дар байни аҳолии шаҳр ва лашкариён норозигӣ зиёд мешавад. Вазъияти шаҳри Лоҳур рӯз то рӯз бадтар мешавад. Оқибат Хисравшоҳ аз шаҳр берун рафта, ба Шаҳобуддин таслим мешавад ва бо ҳамин давраи ҳукмронии туркони оғуз — Ғазнавиён хотима меёбад. Шаҳобуддин шаҳри Лоҳур ва атрофи онро ба тасарруфи худ дароварда, ин шаҳрро ҳамчун бошишгоҳи зимистонаи худ муқаррар месозад.

Дар ин айём ба Шаҳобуддин хабаре мерасад, ки хоразмшоҳиён бо мадади қарахитоиҳо ба як қатор шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон ҳамла овардаанд. Ӯ ба мадади бародараш Султон Ғиёсуддин шитофта, аз Ҳиндустон ба Хуросон бозмегардад ва барои аз дасти туркони қанқлӣ ва қарахитоиҳо озод кардани Ҳирот ва дигар шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр ёриву мадад мерасонад. Дар зери зарбаҳои диловаронаи лашкари Хуросон қарахитоиҳо рӯ ба гурез ниҳода, ҷониби Туркистон мераванд. Лашкари Ғиёсуддину Шаҳобиддин низ думболи онҳо то сарҳади ғарбии Хитой мераванд ва он манотиқро низ зери тасарруфи худ мегиранд.

Муваффақияти лашкари хуросониён боиси он мешавад, ки аҳолии як қатор шаҳрҳое, ки тоҷик буданду аз зулми қанқлиҳову қарахитоиҳо ба дод омада буданд, ба Султон Ғиёсуддин муроҷиат мекунанд, ки ин шаҳрҳоро зери тобеияти худ гиранд. Аз ҷумла, ба навиштаи Ҷузҷонӣ, баъд аз фатҳи дубораи Ҳирот ва Пушанг ба ҳукуматдорони Ғур аз аҳолии Нимрӯз ва Сиҷистон мактуб расида буд, ки онҳоро зери ҳимояи худ гиранд.

Ҷузҷонӣ дар бораи маҳорати ниҳоят баланди ҳарбии Султони Ғозӣ Ғиёсуддин ҳикоят карда менависад, ки ӯ метавонист ба осонӣ нуктаҳои заъифи лашкари душманро ошкор намуда, сипас самти асосии ҳуҷумро пешкаш кунад. Масалан баьд аз дастури Султон Ғиёсуддин  лашкариён дар кӯтоҳтарин муддат Нишопурро фатҳ мекунанд ва як қатор амирони хоразмӣ, аз ҷумла писари Хоразмшоҳи Текеш Алишоҳро асир мегиранд.

Соли 588 ҳиҷрӣ (1192 м.) Султон Ғиёсуддин ва бародараш Султон Шаҳобуддин қувваҳои Хоразмшоҳиёнро дар водии дарёи Мурғоб, ки оби он аз куҳҳои Хуросон ба ҷониби Марв ҷорӣ мешавад, лашкари хоразмшоҳиёнро торумор мекунанд ва баъд боқимондаи онҳоро бо ҳамроҳии худи Хоразмшоҳ Текеш то Хоразм таъқиб мекунанд. Ғиёсуддин шаҳри Урганҷро ба муҳосира мегирад, Хоразмшоҳ бошад ба тарсу ваҳм афтода аз қарахитоиҳо мадад мепурсад ва танҳо баъд аз омадани онҳо Ғиёсуддин ба Хуросон бозмегардад.

Дар айни замон Султон Шаҳобиддин бо лашкари дар ҷангҳои Мовароуннаҳр обутобёфтаи худ боз озими Ҳиндустон мешавад. Султони Ғозӣ азм дошт, ки тамоми сарзамини Ҳиндустонро зери тобеияти худ гирад. Бо ин мақсад лашкари хуросониён аз дарёи Синд гузашта, вориди Ҳиндустон мешавад ва яке аз шаҳрҳои калонтарини ин ҷо — шаҳри Аграро, ки дар маркази Ҳинд воқеъ аст, ба муҳосира мегирад.

Ҳокими он шаҳр зане буд, ки пас аз чанде ба Шаҳобуддин таслим шуда, духтарашро ба издивоҷи ӯ медиҳад ва Шаҳобуддин шаҳри Аграро пойтахти худ эълон мекунад. Ба навиштаи муаррихи араб Ибн ал-Асир Шаҳобуддин барои ободу зебо гардонидани ин шаҳр заҳмати зиёд кашида, дар он ҷо қасру кӯшкҳои боҳашамати зиёде бунёд мекунад.

Лекин шоҳону амирони бе мамлакату бе мансаб мондаи Ҳинд аз ҷануби ин мамлакат боз лашкар ҷамъ мекунанд ва бар зидди Шаҳобуддин исён мебардоранд. Шаҳобуддин исёни ҳокимони ҳиндуро пахш намуда, Деҳлиро ишғол мекунад ва худ ҳокими ягонаи Ҳиндустон мегардад.

Пас аз ин, тавре муаррихи араб қайд мекунад, Шаҳобуддин лашкареро таҳти фармондеҳии Амир Муҳаммад ибни Бахтиёр барои забт кардани «навоҳии дигари Ҳиндустон фиристод». Ин лашкар, ки қисме аз онҳоро туркони халаҷ ташкил медоданд ба ҷониби Шарқ то даме мераванд, ки ба сарҳадоти шарқии Хитой мерасанд. Ҳамин тавр, чи хеле ки муаррихони асримиёнагӣ ва шоҳидони он вақоеъ нигоштаанд, лашкари Ғуриён аксари кишварҳои воқеъ дар Ҷанубу Шарқи Осиёро фатҳ карда, ба заминҳое қадам гузоштанд, ки ҳеҷ гоҳ ягон фарди мусулмон нарафта буд.

Агар аз нигоҳи харитасозию ҷуғрофии имрӯза назар кунем, пас сухан дар бораи чунин кишварҳо мисли Бангландеш, Непал, Бирма, Тайланд ва амсоли онҳо меравад, ки кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё маҳсуб ҳастанд. Ҷузҷонӣ менависад, ки «аз Машриқи Ҳиндустон ва аз сарҳади Чину Мочин то дари Ироқ ва аз оби Ҷайҳуну Хуросон то канори дарёи Ҳурмуз ба номи мубораки ин подшоҳ [Ғиёсуддин] хутба хонда мешуд.»

Воқеан, Ғиёсуддин дар таърихи Хуросон ҳамчун шахсияте ворид гашт, ки «муддати чиҳилу се сол мамлакат ронд ва идрору (маош) инъоми ӯ ба атрофи мамлакати ислом аз Шарқ то Ғарб ва Аҷаму Араб ва Туркистону Ҳиндустон ба аҳли хайру асҳоби илму зуҳд бахшида мешуд.»

Ҳамин тавр, агар Сомониён дар асрҳои IX-X таълимоти исломро то Туркистону ҳудуди Ғарбии Хитой паҳн карда бошанд, пас Ғуриён ҳудуди исломро то Ҷанубу Шарқи Осиё ва Чину Мочин, ҷое, ки «то ҳанӯз пою қадами мусулмон нарасида буд», паҳн намуданд. Онҳо аввалин шуда фарҳанги форсӣ-тоҷикиро дар шаҳрҳои бузурги Ҳиндустон паҳн карданд ва он замина шуд барои рушду нумӯи фарҳангу тамаддуни мусулмонон дар аҳди муғулон.

Мутобиқи баъзе маълумотҳо дар оғози асри VI-и ҳиҷрӣ (асри XIII-и мелодӣ) давлати паҳновари Ғуриён тақрибан 90 миллион нафар аҳолиро дар бар мегирифт. Дар ҳамаи кишварҳои ишғолшуда ба мисли Ғур тартибе муқаррар шуда буд, ки замоне аз ҷониби халифаи Бағдод тавсия гардида буд: барои идораи ин ё он мамлакат ду нафар ҳукмрон — султон ё амир барои идораи умури шаҳрвандӣ ва фармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ барои идораи лашкар. Ин тартиб барои пешгирии ғасби ҳокимият ва рукуди давлат имконияти васеъ фароҳам меовард.

Деҳлӣ, Агра, Аҷмар, Лоҳур, Пешовар, Мултон ва чандин шаҳрҳои дигари Ҳиндустон ҳанӯз дар замони Ғуриён ба марказҳои бузурги рушди фарҳанги тоҷикӣ дар ин сарзамин мубаддал ёфта буданд. Дар саросари кишварҳои тобеъи Ғуриён номи ҳамаи муҳаққиқон ва арбобони илму фарҳанг, хуллас тамоми аҳли эҷод дар девонҳо ва дафтарҳои онҳо, тавре Ҷузҷонӣ менависад, мазкур буд ва ба ҳамаи онҳо идрорпулӣ, яъне маоши моҳона муқаррар шуда буд.

Султон Ғиёсуддин рӯзи чоршанбе, бисту ҳафтуми моҳи ҷумодулаввали соли 599 ҳиҷрӣ, муодил ба 17 феврали соли 1203 мелодӣ аз дунё мегузарад ва дар ҳавлии Масҷиди Ҷомеъи Ҳирот ба хок супурда мешавад. Баъд аз се сол Султон Шаҳобуддин дар яке аз муҳорибаҳо захмдор шуда, пас аз чанде аз дунё мегузарад. Бо даргузашти ин ду абармарди Куҳистони Хуросон тақдири давлати бесобиқа бузурги онҳо низ тағйир меёбад.

Баъд аз марги онҳо писари Султон Ғиёсуддин Муҳаммад — Ғиёсуддин Маҳмуд ба сари қудрат меояд, вале пас аз ду сол — соли 1208 мелодӣ дар набарде бо туркон кушта мешавад. Охирин намояндаи шансабиён дар Фирӯзкуҳ набераи Алоуддини Ҷаҳонсӯз — Алоуддини Муҳаммад буд, ки то соли 612 ҳиҷрӣ, муодили 1215 мелодӣ ҳукмронӣ кардааст. Ба навиштаи Қозӣ Минҳоҷи Сироҷ, «бо марги Алоуддин Муҳаммад марҳилаи бузурги ҳукмронии шоҳону салотини Ғур — шансабиён хотима меёбад».

Соли 1221 мелодӣ бо фармони Чингизхон урдуи муғул ба пойтахти Ғуриён — шаҳри дар гузашта боазамати Фирӯзкуҳ ҳамла оварда, онро ба хок яксон карда, аҳолиашро пурра ба қатл мерасонанд.

Лекин бо вуҷуди пош хурдани давлати ягонаи хуросониён аз авлоди шансабиҳо, ҳокимияти ин хонадон дар шаҳрҳои гуногуни Хуросону Ҳиндустон дар оянда низ катъ намешавад. Масалан, ҳукмронии сулолаи шоҳони Курт, ки ҳамчунин як шохаи авлодии шоҳони Ғур буданду дар Ҳирот то замони Амир Темур ҳукмронӣ мекарданд, идома дошт. Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса бармеояд, ки баьд аз пош хурдани давлати Ғуриён ҳукмронии шохаҳои гуногуни он дар давраи муғулон низ, дар шаҳри Ҳирот ва вилоятҳои гирду атрофи он, дар давоми 200 соли оянда низ вуҷуд дошт. Илова бар он, давлати Куртҳо, мутобиқи маълумоти муаррихон, баъзе давраҳо аксари манотиқи Хуросонро дар тобеъияти худ дошта, дар таърихи сиёсии Осиёи Марказӣ нақши муҳим гузоштааст.

Ғуриҳо, чи тавре ки муаррихон ­- шоҳидони он замон зикр кардаанд, «аз асҳоби илму фанну фарҳангу зуҳд буданд». Ба туфайли онҳо давраи нави рушду инкишофи Ҳиндустон шуруь мешавад ва аз ҳамон айём фарҳанги волои тоҷикию форсӣ дар шаҳрҳои бузурги ин мамлакат оғоз ёфта, марказҳои калони илми-фарҳангӣ ба вуҷуд меоянд ва забони он марказҳо забони форсӣ муқаррар мегардад.

Пас аз чанд соли дигар ҳамлаи ӯрдуи ваҳшии муғул ба Осиёи Миёна ва Хуросон оғоз меёбад ва аз он сарзамини то ин дам ободтарини ҷаҳон гуруҳҳои азими аҳолии осоиштаи мусулмон ба ҷониби Ҳиндустон фирор мекунанд. Шумораи ин гурезаҳоро имрӯз касе дақиқ гуфта наметавонад, лекин мувофиқи маълумоти баъзе маъхазҳо, онҳо то андозае зиёд буданд, ки симои этникӣ, фарҳангӣ ва забонии ин кишвари куҳанбунёдро пурра тағйир доданд.

(Матни пурраи мақола дар нашри русии китоби «Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул» ба чоп мерасад).

Давлаталӣ Давлатзода, номзади илмҳои таърих

Добавить комментарий