19 апрел – зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев

 

ХОТИРАҲОИ ГУРЕЗ НОЗИМОВ, ДӮСТ, БАРОДАР ВА МУХЛИСИ АШАДИИ ШОДРАВОН ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

Аз рафтани Ҳофизи халқии Тоҷикистон, булбули хушовози дунёи сарояндагӣ Дӯстмурод Алиев 29 сол рафт. Вале садои ӯ аз гӯшҳои мухлисонаш нарафтааст. Ва, аминем, ки то зиндагӣ барҷост, ин садо хатти ҳаракати қатъ надорад. Дӯстмурод умри кам дид, ҳамагӣ 39 сол. Вале дар тӯли камтар аз ду даҳсолаи фаъолияти эҷодӣ дар ҷаҳони санъати кишвар ҳамчун сарояндаи нотакрору мумтоз ном гузошту соҳибмактаб гардид. Раҷабмурод Алиев, Қурбон Одинаев, Бекмурод Гулмуродов, Ҳасан Шарифов (Файзобод), Пирхон Файзуллоев (аз Кушониён), Амриддин Кабирӣ (Бохтар), Сироҷиддин Киромзода (Душанбе), Маҳкам Мӯсоев (Ҷалолиддини Балхӣ), Мирзо Сафар (Норак) ва даҳҳои дигар аз пайравони мактаби Дӯстмурод буда, бо номи ӯ фахр мекунанд. Хазинаи эҷодии Дӯстмурод Алиев аз 500 суруду оҳанг иборат буд, ки аз ин тақрибан 100 суруду оҳангашро худаш офарид. Пиру барно, онҳое, ки қадршиноси садои хушу лаҳни ширинанд, аз сурудҳои Дӯстмурод кайфият мебинанду ҳаловат мебаранд. Як тан аз ин қадрдонҳо раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи кишоварзии ноҳияи Файзобод Гурез Нозимов мебошад. Ӯ аз Дӯстмурод ёдҳои шуниданию хонданӣ дорад, ки чанде онҳоро рӯи саҳфа мекашем.

 

БУЛБУЛОН ҲАМОВОЗ ШУДАНД

Дар Тоҷикистон азназаргузаронии ҷумҳуриявии эҷодиёти бадеии халқ – «Бӯстон — 2» мерафт. Чанд нафар мутахассисони соҳа аз пойтахт барои ошноӣ ба омодагии ҳаваскорони санъати Файзобод омада буданд. Дӯстмурод Алиев, ки роҳбари бадеии театри халқии ноҳия буд, аз ман хоҳиш кард, ки дар ҷои хушманзарае барои меҳмонон «як пиёла чой» ташкил кунам. Ман дараи Файзиро интихоб кардам.

Баҳорон буд ва мо қатори дигар анвои ғизоӣ хоч муҳайё намудем. Хочро ману Дӯстмурод бирён кардем, ки аз ҷониби меҳмонон «болаззаттарин таъом» ҳисобида шуд.

Табиист, ки ҷое Дӯстмурод ҳузур дошт, ҳатман «як-ду даҳан» гирифтанашро хоҳиш мекарданд. Баъди ҳамин гуна хоҳиш Дӯстмурод рубоб ба даст гирифту хеле баҳавсала замзама кард. Агар дурӯғ гӯям, рӯям сиёҳ, ҳини сурудани Дӯстмурод булбулони «пинҳоншуда»-и анбуҳи дарахтон «рӯ зада» ба хониш даромада ба садои Дӯстмурод ҳамроҳ шуданд. Меҳмононро ин ҳолат ба ҳайрат гузошт…

 

ДАР МАҒМУРУД

Дӯстмуродро ба деҳаи Мағмуруди ноҳияи Ленин, имрӯза ноҳияи Рӯдакӣ ба хизмати тӯй даъват карданд. Соҳиби хона қабл аз оғози маърака дар ҷойи хушманзараи боғи зардолу гилему кӯрпача орост. Бо хоҳиши аҳли нишаст Дӯстмурод рубоб ба даст гирифт. Сурудеро ба анҷом нарасонда дидам, ки дуртар аз ҷои нисшасти мо, дутаю сетаю чорта, баъд даста-даста занҳо ҷамъ шудан гирифтанд. Дӯстмурод барои бонувон чанд суруд «тақдим» карду «Эй холаҳо, хоҳарои ҷон, шом шуд, рафта рӯзаҳоятонро кушоед»- гуфта буд, ки аз он сӯ овози чанд нафар якбора баланд гардид: «Мо рӯзаро кушодагӣ ҳисоб, як-ду даҳани дигар бигир». Ва Дӯстмурод аз нав рубоб ба даст гирифту хоҳиши бонуҳоро ба ҷо овард.

 

ГУЛБОРОН

Дар ноҳияи Ленин (ба номи Рӯдакӣ) Шариф ном бригадири хеши мо ба муносибати иҷро кардани нақшаи пахтағундорӣ маърака орост. Ва аз ман хоҳиш кард, ки Дӯстмуродро гирифта барам. Чаро нагӯям, ки Дӯстмурод, дасташ дар зар ҳам мешуд, гапи маро намешикаст. Мо ба ҷои даъватшуда рафтем, ки акаи Шариф ба истиқболи Дӯстмурод аз гулдухтарон, ба қавле як дастагули зебо оростааст. Баробари аз мошин фуромадан духтарон бо чеҳраҳои хандон гулҳои  рангоранг дар даст сӯи мо шитофтанд. Аз туфайли Дӯстмуроди азиз ба ман ҳам чанд дастагул расид.

Он рӯз дар бошишгоҳи бригада (шипанги пахтахушккунӣ) садҳо нафар ҷамъ шуда, аз хониши сесоатаи Дӯстмурод лаззат бурданд. Миннатдории акаи Шариф ва чанд фаъоли деҳа ҳадду канор надошт.

 

ДАР ТӮИ РАҶАБМУРОД 

Раҷабмурод — бародарбузурги Дӯстмурод дар тӯи нахустфарзандаш ҳунарманди хатлонӣ Бобоҷон Азизовро даъват кард. Бобоҷон қабл аз ҳофизӣ дар таърифи Дӯстмурод чанд ҳарф ба забон овард ва ифтихор кард, ки дар тӯи бародари ҳофизи номдор барои мардуми Кабкрез хизмат мекунад.

Мухлисони санъат хуб медонанд, Бобоҷон Азизов сарояндаи сермухлис аст. Ӯ лаҳни зафарӣ (Зафар Нозимов — ҶМ) дорад.

Бобоҷон чанде хонду барои тоза кардани овозаш пиёлаи чой хост. Дар ин фосила ҷавонҳои Кабкрез овоз андохтанд: «Акаи Бобоҷон нафас рост кунад, торро Дӯстмурод бигирад…»

Бобоҷон Азизов «бо ҷону дил»-гӯён торашро дароз кард. Дӯстмурод рубоби худро хоста, ба хониш даромад. Дигар мардум намонданд, ки асбобашро ба замин монад. Дӯстмурод дар тӯи Раҷабмурод муддаои дили ҳамдеҳагон ҳофизӣ кард.  Он вақт тӯйҳо се соат не, чи хеле ҳоло қонуни танзим муқаррар кардааст, баъзан то панҷ-шаш соат, то «дилбазан» шудани шунавандаҳо давом мекард.

 

БО УНВОНИ ДӮСТМУРОД МАРО ТАБРИК КАРДАНД

15 июни соли 1978 вақте Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дар бораи ба Дӯстмурод Алиев додани унвони «Ҳофизи халқии Тоҷикистон» баромад, дар Файзобод хурду бузург маро муборакбод мекарданд. Ба ростӣ, аз суханҳои мардум сарам ба осмон мерасид, аз он хотир, ки одамон аз қаринии ману Дӯстмуродҷон огоҳ буданд. Ман ифтихор аз он доштам, ки бо чунин шахсияти номдор дӯстӣ дорам. Воқеан, банда аз ҷумлаи ҳазорҳо нафар ашадитарин мухлисони садои Дӯстмурод Алиев ҳастам. Мо дар ғаму шодии якдигар шарик будем. Маъракаҳои хурсандии маро садои ӯ шукӯҳ мебахшиданд.

 

БАҲОИ УСТОД ЗАФАР НОЗИМ

Муродулло Ҳусейнов гуфтанӣ хеши мо тӯй кард ва азбаски дӯстии мову Дӯстмуродро медонист, гуфт: «Гурез, ҳадяи тӯии ту овардани Дӯстмурод». Мо дар «Волга»-и чанд ҳафта пеш аз Норак харидаи Дӯстмурод шишта ба тӯйхона рафтем. Он ҷо устод Зафар Нозим гули маҷлис буд. Дӯстмуродро соҳибхона хушҳолона пешвоз гирифта таклифи дастурхони ҳуҷрае кард. Ба хона надаромада Дӯстмурод аз ман хоҳиш намуд, ки «аз ҳозир буданаш ба устод Зафар Нозим хабар диҳам». Вақте  хоҳиши ӯро ба ҷо овардам, устод Зафар Нозим сурудхониро қатъ карда эълон дошт: «Дӯстмуродҷон омадааст. Ӯ бо суруди «Модар»-и ман маро салом медиҳад». Ва устод Зафар торашро сӯи Дӯстмурод дароз кард. Он лаҳза булбули хушгуфтори мо ба гуфтор даромад. Ҳине, ки Дӯстмурод «Модар» мехонд, устод аз ваҷд буд ё «рашк», ки паи ҳам сигор дар мегиронду калла ҷунбонда такроран ба забон меовард: «Бача гузашт (яъне аз мо гузашт — ҶМ)».

Пас аз анҷоми суруд дар хаёлам мавҷи қарсак ба фалак печид. Дигар устод Зафар маъракаро ба ихтиёри Дӯстмурод супурд. Дӯстмурод хонду хонду хонд…

 

Ӯ ДАСТИ САХОВАТ ДОШТ

Дӯстмурод бо вуҷуди бузургиаш хеле хоксор буд, дасти саховат дошту дили бараҳм. Кам намешунидем, ки мегуфтанд:  «Бо ҳама як аст». Ӯ феъли каттагию ҳавобаландӣ надошт. Мансабдору бемансаб барои ӯ як буд, бо мардуми одӣ шишту хезро авлотар медонист. Борҳо дида будам, ки даст ба ҷайб бурда ба ину он бебокона  пул медод. Бодапарастони кайфӣ акаи Маҳмадулло ва Кафлан, ки дар маркази ноҳия мезистанд, аз дидани Дӯстмурод шодӣ мекарданд, чунки дар ҳар вохӯрӣ ӯ «дасти онҳоро сафед мекард». Ҳар дафъа аз вохӯрӣ бо Дӯстмурод бенасиб намемонданд.

 

ӮРО ДАРДИ ГУРДА КУШТ

Аз хусуси марги Дӯстмурод ҳар хел овозаҳо паҳн шуд. Гап бароварданд, ки дар истакони арақ шишамайда андохта ӯро нӯшондаанд. Овозаҳои аз ин ҳам бадтар буданд. Ҳақиқат он буд, ки ӯ ба иллати гурда гирифтор шуд. Он вақт дар Тоҷикистон мутахассисони варзида ангуштшумор буданд. Шояд Дӯстмурод аз гирифтории дарди гурда сари вақт ба духтур муроҷиат накард. Хулосаи дигар ҳамин аст, ки марги ӯ ҳукми тақдир буду риштаи умраш ба ҳамон қадар дарозӣ бофта шуда буд.

Бемории Дӯстмурод хеле давом кард. Дар якчанд бемористон табобат гирифт – дар Қарияи боло, дар шаҳрчаи табибон, дар касалхонаи ноҳия. Ҳини дар бемористони Қарияи боло хобиданаш дарди гурда хуруҷ кард. Ман назди бистараш будам, ки Нозук Шоазизова (он вақт муовини раиси ноҳия), ба аёдаташ омад. Ҳини хайрухуш ӯро дилбардорӣ кард: «Дӯстмурод, аз ин ҷо рафта хушрӯтарин духтарҳои Файзобода ба хабаргириат роҳӣ мекунам. Баъди дидани онҳо, Худо хоҳад, парида мехезию ба кор бармегардӣ. Фақат ҳамин, ки зиқӣ накун».

Дӯстмурод аз суханони муовини раис нимтабассуме карду бо чашмони аз зиндагӣ ноумед «Апа, дигар намешавад…», — гуфта оҳи бадард кашид. Ин лаҳза аз дидаҳо қатраҳои ашк ба рухсораҳояш шориданд. Ин ашкҳои дили хунгаштаи ӯ буд.

 

ФАРЗАНДИ Ӯ ФАРЗАНДИ МАН АСТ

Дӯстмурод Алиев соли 1989, ду рӯз пеш аз зодрӯзаш аз олам гузашт. Сад дареғ! Рӯзи мотами ӯ бисёре аз устодони санъати тоҷик, аз ҷумла Одина Ҳошим, Зафар Нозим ҳозир буданд.

Моҳи октябри ҳамон сол, пас аз шаш моҳи вафоти Дӯстмурод дар оилаи мо писар таваллуд шуд, ки номашро Дӯстмурод мондам. Ҳамчунин аз муҳаббати зиёдам ба Дӯстмуродҷон яке аз фарзандони ӯро келин кардам. Келинам Маҳина панҷ фарзанд – се духтар, ду писар ба дунё овард. Ман ба чеҳраи набераҳо нигариста Дӯстмуродҷонро пеши рӯ меорам.

Таснифи Ҷӯрабек МӮЪМИН

Добавить комментарий