Агар ин воқеаро шахси дигар нақл мекард, шояд шубҳа мекардам, зеро он баҳсталаб буд, вале онро аз устоди Донишгоҳи давлатии Алмаато Иброҳим Султонов шунида, ҳар гуна гумону шубҳаро аз сарам дур кардам, чунки устодро хуб мешинохтам ва медонистам, ки ӯ дар байни тоҷикони Қазоқистон обрӯю нуфузи калон дорад. Устод ба таътили тобистона баромада ба Тоҷикистон  омада буд ва ҳамин ҷо ӯ ин воқеаи наҷибро нақл кард, ки се ҷавон — Аскар, Ишим, Назарбек шабона ба мағозаи дуроҳа даромада молҳои гаронарзиши онро медузданд ва ба мошини дуртар паноҳкардаашон ҷой мекунанду роҳи гурезро пеш мегиранд. Онҳо ба бошишгоҳи беодам расида, моли дуздиро тақсим мекунанд. Тақсимот қариб баробар сурат гирифта буд, вале барои як нимтанаи гаронарзиш низоъ бархост, ба қавле онро тақсим карда натавонистанд. Ба он ҳам Ишиму ҳам Аскар талабгор шуданд.

— Ман ҳам ронандаю ҳам соҳиби мошин ҳастам, бояд аз дигарон бештар ҳақ гирам,- гуфт Ишим. — Нимтана моли ҳалоли ман аст.

— Не, бе ин ҳам ту ҳаққи худро гирифтӣ, ҳаққи мошинатро ҳам, — паст намеомад Аскар. — Нимтанаи чарминро ман бояд гирам.

Низоъ ба ҷанҷол табдил ёфт, ҳарду ба якдигар дарафтоданд, Назарбек бо душворӣ рафиқонашро ҷудо кард. Аскар рӯю бинии хунолудашро пок карда аз бошишгоҳ дуртар рафту гуфт: — Ба ман чизе даркор нест, ҳаққи маро гиру сер шав, ту бандаи нафс шуда оқибати корро фикр накардӣ, ман ба ҷойи даркорӣ рафта, буду шуди воқеаро мегӯям.

Аскар ба дашти торик ғӯтида рафт, ду рафиқи вай ҳайрон шуда  монданд, аввал матлабашро нафаҳмиданд, баъд дарк карданд, ки таҳдиди ӯ хушку холӣ нест.

— Ин чӣ гуфтанӣ, наход вай ба милитсия рафта хабар диҳад? — ба Ишим саволомез нигарист Назарбек.

— Аз ӯ чунинашро умедвор шудан мумкин, айби худамон, ба одам қаҳтӣ омада барин ҳамин аблаҳро ҳамроҳ гирифтем, — мушташро фишурд Ишим. — Рафтем вайро медорему яктарафа мекунем.

Ҳарду амволи дуздиро ба мошин ҷой карда, ба тарафи Аскар рафта сабукравро ронданд. Маълум шуд, ки ӯ ҳанӯз дур нарафтааст. Чанде пас дар равшании чароғони мошин ӯро ёфта, дасту пояшро бастанд, даҳонашро бо скотч пӯшида ба нишастгоҳи қафо ҷой намуданд. Ишим қад-қади роҳи оҳан мошин меронд. Назарбек дар паҳлуи Аскар нишаста ҳаракатҳои ӯро назорат менамуд. Чароғони сабукрав пардаи торикиро шикофта қариб сад километр аз маҳалли ҳодиса дур шуданд. Ниҳоят дар нишебие Ишим мошинро нигоҳ дошта поён фаромад ва дари қафоро кушода, Аскари арғамчинпечро берун кашида ба Назарбек гуфт:

— Аз сари бемағзаш гир, ки ба замин зада дукафон нашавад.

Онҳо тани рафиқашонро бардошта, болои роҳи оҳан хобонданду  бастанд ва қафо баргашта, ба мошин савор шуданд.

Ишим мошинро қафо гардонда, қад- қади роҳи оҳан каме пеш рафт, баъд  чанбаракро ба роҳи мошингард тофт, соате пас онҳо ба манзилашон расиданд.

Дили ҳарду ғаш мекард, оқибати корашонро дуруст дарк накарданд,  ки ҳамаи ин бо чӣ анҷом меёфта бошад?

Субҳ медамид, дашт оҳиста-оҳиста равшан мешуд, одамони аз хоб хеста, корашонро оғоз менамуданд. Қатораи боркашон тақ-тақкунон аз деҳа баромада, сӯйи шаҳр шитофт. Он бори вазнинро бо душворӣ кашол карда, пеш мерафт. Мошинист Қаробоев аз роҳ чашм наканда, суръати паровозро назорат менамуд. Гарчанде ба назараш сайъи шубҳанок нанамояд ҳам, дилаш ғаш мекард. Вай чанд маротиба шишаи обро гирифта нӯшид, ба каф рехта сару рӯяшро тар кард. Як вақт зани пироҳани сафедпӯшро дид, ки докаи дар дасташ бударо алвонҷ дода ба тарафи қатора ҳаракат мекард. Мошинист як қад паррид, инаш боз чӣ диданӣ, дар дашти бекас зан аз куҷо пайдо шуд. Қаробоев чархгирро пахш намуд. Хароши чархҳо баланд шуданд, қатора такон хӯрд ва дере нагузашта истод. Мошинисти моту маҳбут гашта, сӯйи ишораткардаи зан нигарист ва дид, ки болои роҳи оҳан марди арғамчинпече хобидааст. Вай кордро гирифту чолокона поён фаромад ва арғамчинро буррид. Ду ёрдамчиаш ба наздаш омада, ҷавонро аз бандҳо раҳо намуда, скотчи дар даҳонашбударо кушоданд.

— Ту кистӣ, ин ҷо чӣ кор мекунӣ? — пурсид Қаробоев.

— Маро дуздон ин ҷо оварда баста рафтанд, — ҷавоб дод Аскар.

— Ҳоло ҳам ба хайр,- оҳ кашид мошинист, шукр, ки зинда мондӣ, — ба рафиқонаш нигариста афзуд ӯ. — Тезтар ӯро ба паровоз савор кунед, мо дер монда истодаем, ҳоло вақти саволу ҷавоб нест.

Онҳо ҷойҳояшонро ишғол карданд, паровоз тӯқ- тӯқкунон пеш рафт, суръати он торафт тезтар мешуд.

— Шумо дар куҷоед, чаро дер монда истодаед? — тавассути ратсия ба гӯш расид овози навбатдори истгоҳ.

— Мо каме банд шудем, аз роҳ шахсеро дарёб намуда ҳамроҳ гирифтем,  ба навбатдори милитсия хабар диҳед, ки моро пешвоз гирад, — гуфт Қаробоев.

Онҳо дар вақти муқаррарӣ ба истгоҳ расида омаданд. Нозири минтақа лейтенанти милитсия ба назди Қаробоев омада, салому алек карду пурсид: — Чӣ гап тинҷӣ, ягон ҳодисаи нохуш рӯй дод?

Бале, қариб буд, ки ин ҷавони дар роҳ хобидаро пахш карда гузарем, беҳтараш ӯро ба утоқатон бареду асли воқеаро аз худаш пурсед, мо даркор шавем даъват кунед, дар вақти гуфтаатон расида меоем. Онҳо ба паровоз нишастанд, лейтенант Аскарро пешандоз карда, ба бинои истгоҳ даровард ва пурсуҷӯро оғоз намуд. Дере нагузашта бо даъвати нозири минтақа муфаттиши шаҳрак расида омад ва маводи тафтишро ба уҳдаи худ гирифт.

Худи ҳамон рӯз Назарбеку Ишимро дарёфт ва боздошт намуданду нисбаташон барои дуздию сӯйиқасд ба куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.

Тафтиш анҷом ёфт ва суд Ишиму Назарбекро барои содири ҷинояти вазнин ҳашт солӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

Аскар аз зинда монданаш хурсанд шуда, хост ба ҳамдеҳагонаш зиёфат диҳад. Ба ин муносибат мошинист Қаробоеву ду ёрдамчиашро ба хонааш таклиф намуд. Онҳо вақти таклифшуда расида омаданд ва хешу табор, ҳамдеҳагони Аскар эшонро хуш пазируфта, ба хона таклиф намуданд. Вақти аз остона гузаштан чашми Қаробоев ба сурати зане афтод, ки дар девор кашол кардаанд.

— Ин сурати кист? — пурсид Аскарро Қаробоев.

— Ин сурати модарам,- ҷавоб дод Аскар.

— Ана ҳамин зан ҳамон субҳ паровози моро нигоҳ дошта буд, — гуфт Қаробоев. — Худоё, ман чизеро нафаҳмидам.

Дигарон ҳам чизе намефаҳмиданд, саволомез ба якдигар менигаристанд. Марди калонсоле худро ба даст гирифта гуфт:

— Гузаред, шинед, аз Қуръони маҷид тиловат мекунему шукр менамоем, ки Худо Аскари моро дар паноҳаш нигоҳ дошт.

 

Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here