Ҳанӯз соли 2007 барои муайян кардани макону иншооти муъҷизавии олам озмуни ҷаҳонӣ эълон шуда буд, ки дар он беш аз 100 шаҳру ёдгориҳо номнавис шуда буданд. Ҳамин тавр санаи 7 июли соли 2007 бо воситаи озмун бо иштироки 100 миллион аҳолии замин ҳафт муъҷизаи олам муайян шуда буд, ки онҳо инҳоянд:

  1. ДЕВОРИ БУЗУРГИ ЧИН — дар замони сулолаи Син (с. 221-207 то м.) барои бастани роҳи бегонагон ва барои омехта нагаштани миллати чин сохта шудааст. Беш аз 9000 километр дарозӣ дорад. Сохтмони он зиёда аз ҳазор сол идома ёфта, дар бунёди он беш аз миллион нафар ба ҳалокат расидааст. Девор яклӯхт нест. Ҷо-ҷо кушода аст ва ҳамин боиси истилои Чин аз ҷониби Чингизхон шудааст. Ҳар сол ба тамошои он зиёда аз миллион тамошобин меояд.
  2. МУҶАССАМАИ ИСОИ МАСЕҲ дар Рио-де-Женейро — бо оғӯши кушода, ки гӯё тамоми кишварро дар канор мегирад, дар баландии куҳи Коркавдо ба муносибати 100-солагии истиқлолияти Бразилия соли 1922 бунёд ёфтааст. Муҷассама бо хайрияи тамоми аҳолӣ ва ёрии Франсия сохта шудааст. Он қисм-қисм ба ин баландӣ оварда шуда, сохта шудааст. Ба тамошои он ҳар сол ҳазорон сайёҳ меоянд.
  3. ТОҶМАҲАЛ — дар соҳили рӯди Ҷамнаи шаҳри Аграи Ҳиндустон ба хотири Мумтозмаҳал дар рӯйи турбати ӯ аз ҷониби шавҳари шоҳаш Шоҳҷаҳон солҳои 1630-1653 дар давоми беш аз бист сол ва сафарбарии зиёда аз 20000 кас бунёд карда шудааст. Масоҳаташ 0,177 км2 ва баландияш 73 метр мебошад. Тоҷмаҳал (меъмораш аз рӯйи тахминҳо Усто Исо) аз санги мармари сафеди рӯяш бо сангҳои зумраду ақиқ хотамкорӣ шуда ва панҷ гунбази сафед дорад. Баъдтар худи Шоҳҷаҳон ҳам дар ҳамин ҷо дафн карда шудааст. Ин ёдгорӣ намунаи олии меъмории мардумони ҳинд, Осиёи Марказӣ ва Эрон дониста мешавад. Манораҳои кунҷии иншоот барои ҳимояи эҳтимолии он аз заминҷунбиҳо сохта шудааст. Дар атрофи он боғ, ҳавз ва фаввораҳои  зебо бунёд карда шудаанд.
  4. ЧИЧЕН-ИТСА — шаҳри муаммо дар нимҷазираи Юкатани Мексика воқеъ буда, дар асри ҳафт маркази фарҳангӣ ва пойтахти кишвар будааст. Аксари биноҳо ба маданияти Майя ва қисме ба маданияти қабилаи толтекиҳо тааллуқ дорад. Як муаммои ин шаҳр он аст, ки дар охири асри ҳафтум аҳолии шаҳр нобуд мешавад. Ёдгории беназири шаҳр аҳромест, ки маданияти анъанаҳои динии Майяро таҷассум мекунад. Баландии муҷассама 24 метр ва чор самт дорад ва ҳар самт аз нуҳ зина иборат буда, ҳар зина 91 поймонак дорад. Ҷамъи онҳо 364 ва +1 буда, шумораи рӯзҳои солро ифода мекунанд. Дар гӯшаҳои зинапоя ҳимоятроҳҳо ба шакли танаи мор сохта шуда, сари он то зери аҳром меравад ва ба назар менамояд, ки мор дар тирамоҳ ба поён ва дар баҳор ба боло мехазад. Дар даруни иншоот ибодатгоҳ ва қурбонихона мавҷуд мебошад.
  5. ҚАСРИ КОЛИЗЕЙ — дар маркази Рим бо ҳавзи зебо ҳанӯз дар замони Нерон (ҳокими Рим-солҳои 54-68) бунёд гашта, пасомадаш-Веспасин онро барои нест кардани нишонаи ҳокими қаблӣ вайрон кардааст.

Қасри муҳташам дар ибтидо амфитеатри Флавив ном дошт ва аз асри ҳашт номи аслияшро барқарор карданд. Дар ин ҷо ҳазорсолагии Рим ҷашн гирифта шудааст. Дар асри чордаҳ заминларзаи шадид ва амали барбариён сабаби вайроншавии қаср мегардад. Танҳо дар асри ҳаждаҳ  бо амри поп Бенедикти XIV боқимондаи қаср ҳамчун ёдгории муҳими меъморӣ нигоҳ дошта мешавад. Алҳол ба ин ҷо бисёр сайёҳон барои  тамошои он меоянд.

  1. ШАҲРИ МАЧИ-ПИКЧУ. Шаҳри атстекҳо дар Амрикои Ҷанубӣ дар баландии 2500 метр дар иҳотаи куҳҳои касногузар ҷойгир шудааст. Ин ёдгорӣ то ҳол симои аслии худро пурра нигоҳ доштааст. Аз сабаби душвории роҳ истилогарон ба он ҷо баромада наметавонистанд. Шаҳрро дар асри ҳаждаҳ пайдо карданд. Мақсади бунёди ин шаҳр ва дар бораи аҳолии он маълумоте нест, аммо шаҳр дар асоси нақша зебо сохта шудааст. Ин шаҳри беназир дар ҳимояи созмони ЮНЕСКО буда, ҳар сол барои тамошои он барои 2500 нафар меъёр муқаррар шудааст.
  2. ШАҲРИ ПЕТРА- шаҳре, ки дар хоросангҳои куҳҳои давлати Урдун бунёд шуда, макони афсонавии ин давлат ба шумор меравад. Роҳи он бо воситаи дараи дароз буда, дар як вақт вазифаи девори шаҳрро иҷро мекунад. Шаҳр дар асрҳои ХVIII-II то асри ХII-и милод бунёд ёфтааст. Дар қадим шаҳри Петра дар роҳи савдо воқеъ буд ва аҳолӣ аз ин ҳисоб зиндагӣ мекард. Аҳолии он маҳорати баланди кор бо санг ва дарёфти обро доштааст, ки бинобар ин маҳал ба гулзору мевазор табдил меёбад. Сайёҳонро ибодатгоҳ ва маъбади Ал-Ҳазна ба худ ҷалб мекунад. Ривоятҳо доир ба ин шаҳр бисёранд. Мегӯянд, ки ин ҷо ҷои пинҳон кардани хазинаи фиръавнҳо ва бойигариҳои роҳзанҳо будааст.

 

Таҳияи Фирдавси ОДИНА

Добавить комментарий