Дар таърихи башар ҳокимони хуношому золим хеле зиёд буданд, ки шаҳрвандони кишвари худро бо роҳандозии террорҳои гӯшношунид идора мекарданд. Онҳоро одамони хислаташон оҳанӣ меноманд, ки ҳамеша ташнаи ҳокимияту салтанат буданд ва то охири умр ин хислат вуҷудашонро тарк накард. Мутаассифона, наметавон ҳамаи онҳоро дар як рӯйхат ғунҷонид,  қарор додем бо ном бурдани бадтарини бадтаринҳо маҳдуд шавем. Ва инак, даҳгонаи золимтарин ҳокимон дар тӯли таърихи башар:

 
Амин Иди

Амин Иди роҳбари худкома, диктатори ҳарбӣ ва сеюмин президенти Уганда буд, ки ин кишварро аз соли 1971 то 1979 идора кард. Амин, ки худ фармондеҳии артиши Угандаро дар ихтиёр дошт, қудратро бо табаддулот бар зидди Милтон Обота ба чанг овард ва дар замони ҳукмронии худ дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла эъдомҳои худсарона, саркӯбии мухолифони сиёсӣ ва ақалиятҳои қавмӣ, ихроҷи осиёиҳо аз кишвар корномаи сиёсӣ аз худ ба ҷой гузошт. Мақтулони даврони фармонравиии вай байни сад то понсад ҳазор нафар шумориш мешавад.

Амин Иди баъди расидан ба қудрат ба худ унвони ҳарбии фелдмаршал дод. Вай аврупоиёнро чашми дидан надошт ва мегуфт:  “Мо африқоиҳо, бояд аврупоиёнро идораву бар онҳо тасаллут дошта бошем, аммо ин ҳама баръакс шуд. Ҳоло мо худ соҳибони ин сарзаминем”.

Соли 1976 Амин худро президенти якумрии Уганда эълон кард. Моҳи октябри соли 1978 неруҳои мусаллаҳи Амин ба Танзания ҳамла бурданд. Ин ҳамла дар кишваре аз лагери сотсиалистӣ Аминро батамом аз муттаҳидонаш ҷудо кард ва дар танҳоӣ шикаст хӯрд. Моҳи апрели соли 1979 неруҳои Танзания пойтахти Угандаро ишғол карданд. Худи ӯ 11 апрел ба Либия фирор кард ва моҳи декабр вориди Арабистони Саудӣ шуд. Даҳ сол баъд талошҳояш барои дубора ба даст овардани қудрат дар Уганда ноком шуд. Бо вуҷуди хоҳишҳои мукаррари хонаводааш президенти Уганда ӯро авф накард ва иҷозаи вуруд дар хоки кишварашро надод. Билохира дар ғарибӣ, дар Арабистони Саудӣ ҷон дод. То охири умр ба ин назар буд, ки Уганда ба вуҷуди вай ниёз дошт.

 
Аттила Гунн

Аттила Гунн – роҳбари қавми ҳун, ки дар замони ҳаёташ бузургтарин империяро дар Аврупо аз рӯди Рейн то Волга бунёд ниҳодааст. Вай аз соли 434 то 453 ҳукмронӣ кардааст. Дар замони фармонравоияш вай яке аз махуфтарин душманони императориҳои Руми Ғарбӣ ва Шарқӣ буд. Румиён ба вай лақаби Тозиёнаи Худованд дода буданд ва ба вай боҷ медоданд, то коре ба кори Рум надошта бошад.

Аттила дар оғоз ба Эрон ҳамла кардаву шикаст хӯрдааст. Ӯро золимтарин ҳуккоми таърих медонанд. Дар Аврупо шаҳрҳои бисёреро нобуд ва ғорат кард. Ду маротиба дарёи Дунай (рӯде дар Аврупо, ки аз ҷангали сиёҳ дар Олмон сарчашма мегирад) – ро гузашт ва то баҳри Балтик расид, вале ҳарчанд талош кард Қустантинияро шикаста натавонист. Вай ҳатто талош кард Фаронсаро забт кунад, соли 451 аз Рейн гузашт ва то Орлеана расид, аммо дар даштҳои Каталония ҷангро бохт. Баъдан ба Италия тохт, вилоятҳои шимолии онро валангор кард, вале натавонист Румро ба ишғолаш дароварад.

Аттила дар шаби зифоф (шаби аввали издивоҷ ва омезиши ҷинсӣ) бо Илдико – ҷавондухтари соҳибҷамол аз қабилаи гутҳо буд, бар асари хунрезии бинӣ ва ба ривояти дигар хунрезии дохилӣ вафот кард. Гунҳо ҷанозаи Аттиларо дар се тобут даруни ҳам қарор доданд. Дар тобути аввал ҷасад дар даруни об қарор дошт ва аз тилло сохта шуда буд, тобути дуюм тобути тиллоиро даруни худ ҷо дода буд, аз нуқра сохта шуда ва тобути сеюм аз фулод буд, ки тобутҳои тиллову нуқраро дар худ ҷо дод. Ва ӯро дар бистари дарёи Тезо ба хок супурданд. Ин кор шабона сурат гирифт ва барои он ки касе асрори ин сарвати зиёд, яъне тобутҳои тиллову нақраро надонад, ҳамаи касонеро, ки алоқаманди гуручӯб буданд, ҳамон шаб ба қатл расонданд.

 
Чингизхон — хунрезтарин чеҳраи таърих

Чингизхон – хони муғул ва сардори ҷангӣ буд, ки қабоили муғулро муттаҳид сохт ва бо фатҳи қисмати зиёде аз Осиё, шомили Чин, Русия, Эрон, Ховари Миёна, Аврупои Шарқӣ шуда, империяи муғулро поягузорӣ кард. Дар бораи бедодиҳои ин хуношом зиёд гуфтаву навиштаанд ва то кунун нест китобе навишташуда берун аз Муғулистон, ки ба нафрат аз ин чеҳраи хунрез касе ёд кунад. Танҳо чанд лаҳзае аз таърихи забткориҳои ӯ меорем ва боқиро ба таҳлили фарогири дигар вомегузорем.

Соли 1219, яъне 800 сол пеш аз ин гузаштагони мо ҳадафи тиру теғи ин чеҳраи манфур қарор гирифта буданд. Он сол Чингизхон артиши худро аз Чин ба самти Самарқанд ва Бухоро равона сохт. Дар ин ду шаҳр ва ҳама рустоҳои сари роҳи он вай ҳамаи мардон ва писарбачаҳоро қатл кард. Баъди ин ба Марв ҳамла кард. Дар даҳҳо китобхонаҳои ин шаҳри азим 150 ҳазор китоб маҳфуз буд ва тибқи гузориши таърихнигорон ин калонтарин махзани китоб дар Осиёи Марказӣ буд. Чингизхон, ки шахси он замон бесаводе буд, фармон дод, ки ҳамаи ин китобҳоро сӯзонанд. Шаҳрро ба хок яксон карданд. Бо фармони вай 7 ҳазор муғул зарфи ду соат як миллион нафарро ба қатл расонданд. Танҳо дар ҳамин юриш Чингизхон бештар аз чор миллион нафарро куштааст, ки дар таърихи башар бузургтарин қатли инсон аз дасти инсон дониста мешавад. Таҳлилгар ва муаррих Ҷонн Мэн ба ин назар аст, ки Чингизхон золимтарин вайронгари таърихи башар буд. Вай чизе насохт, балки сохтаҳоро валангор кард. Баъди юришҳои вай дар он макон на коху кушке монду дар хонаеву боғеву гулгаште. Бо гузашти як муддати басо кӯтоҳ ин империяҳо дар саросари олам пош хӯрд ва бори дигар таърих исбот кард, ки золиме монданӣ нест, зулме пойдор нест.

 

Пол Пот

Пол Пот – сиёсатмадори Камбуҷӣ, Котиби генералии ҳизби коммунисти Камбуҷия, сарвари ҳаракати Кхмерҳои Сурх. Дар замони ҳукмронии вай бар асари қатли оми мардум, гуруснагиву қаҳтӣ дар ҳамин як мамлакати кучак аз 1 то 3 миллион нафар ба ҳалокат расиданд. Ин диктатор бар асари сактаи қалбӣ дар ҷойхоби худ мурд. Аммо ташхиси тиббӣ эълон кард, ки Пол Пот заҳролуд карда шуда буд. Фарзияҳои дигар ҳам дар иртибот ба марги вай зиёданд. Иддае гуфтаанд, ки дар ҷангал худкушӣ кардааст ва ё аз беморӣ ва саргардонӣ фавтидааст

 
Влад Сепеш ва Влади Севвум

Влади III, шоҳзодаи Валахия (шоҳзоданишини Валахия, як минтақаи таърихӣ ва ҷуғрофӣ дар Руминия аст), мулаққаб ба Влади Дракул. Аз соли 1456 то 1462 ҳукмронӣ кардааст. Ситамкоре, ки душманони худро дар мех нишонд. Влад дар ривоёти расида ба унвони яке аз ғаддортарину ситамгортарин князҳо шинохта мешавад. Ба ҳадде, ки дар ривоёте ин шоҳзода дар нақши хуношом ба тасвир расидааст. Фармонравоест, ки усулҳои мухталифи ҷазоро шахсан таҷриба кардааст ва даҳшатноктарини ин ҷазоҳо он, ки мухолифонашро боло мех менишонд. Ва ё ҳама аҳолии шаҳри Амласро, ки иборат аз 20 ҳазор мардону занону кӯдакон будаанд, қатли ом кардааст. Пеш аз қатл онҳоро азият мекард, ҳар гуна шеваҳои озори баданиро таҷриба менамуд ва завқ мебурд. Масалан метавонист қурбонии худро дар оби ҷӯш партов кунад, метавонист зинда сар бурад, кӯр кунад, дамгир созад ва кушад, овезад, сӯзонад, дар равған пазад, зинда ба зинда гӯронад ва ғайра. Барояш писанд буд, ки гӯшу бинии онҳоро бурад, узви таносулии мардонро канад ва ғайра.

 
Иван Грозний

Ивани IV Василевич, ки бо номи Иван Грозний (Ивани Махуф) низ машҳур аст, аз ҷумлаи бузургтарин ҳокимони давлати Маскав дар солҳои 1533 то 1547 будааст. Манбаъҳои таърихӣ аз вай ба унвони императори доно, босавод, худотарс, вале пурғазабу ситамрасон ёд мекунанд. Ӯ низ дӯст медошт одамонро зинда ба зинда сӯзонад ва ё дар мех нишонад. Сарбозонаш барои он ки одамон аз чанги вай фирор накунанд, гирдогирди шаҳр девори баланд сохта буданд. Ҳар рӯз аз 500 то 1000 нафарро пеши назари вай ва писараш азият мекарданду шиканҷа. Иван соли 1584 вафот кард, вале то ба ҳол маълум нест, ки ӯ бар асари беморӣ даргузашт ва ё кушта шуд.

 
Адолф Эйхман

Адолф Эйхман (олмонӣ: Adolf Otto Eichmann) масъули идораи умури марбут ба яҳудиён дар идораи аслии амнияти Рейх буд. Оберштурмбаннфюрер СС. 19 марти соли 1906 дар Золинген, як шаҳри начандон бузурги водии Рейн ба дунё омадааст. Яке аз асоситарин ташкилкунандагони Холокост номида мешавад. Дастури фиристодани бисёре аз яҳудиёнро ба “кураҳои одамсӯзӣ” содир кардааст. Вай баъди шикасти Олмон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муваффақ шуд бо ҳамроҳи хонаводааш ба Аргентина фирор кунад, аммо тавассути Мосад (созмони ҷосусии Исроил) шиносоӣ шуд. Ӯро баъдан рабуда ба Исроил оварданд. Додгоҳе дар Байтулмуқаддас ӯро ба 15 ҷурм маҳкум кард, ки муҳимтарини он “ҷиноят алайҳи қавми яҳуд”, “ҷиноят алайҳи башарият” ва “ҷинояти ҷангӣ дар Олмони фошистӣ” буд. Ҷанозаи ӯро дар як киштии пулис сӯзониданд ва хокистарашро ба дарё афканданд.

 
Леополди II, шоҳи Белгия

Леополди II шоҳи Белгия буд, ки бо муносибати золимонааш нисбат ба давлати Конго машҳур шудааст. Дуввумин подшоҳи Белгия будааст. Дар Брюсел ба дунё омадааст. Вай дар Конго Давлати озод сохт, ширкати истихроҷи каучук ва устухони филро созмон дод. Бино ба хабарҳо дар ин кишвари африқоӣ аз дасти ин золим аз 3 то 10 миллион нафар кушта шудаанд.

 
Адолф Гитлер

Адолф Гитлер (олмонӣ: Аdolf Hitler) – роҳбари харизматики ҳизби натсионалистии коргарони Олмон. Аз соли 1933 то соли 1945 сарвари Олмон буд. Саркардаи аслии Ҷанги дуюми ҷаҳон. Сабабгори марги даҳҳо миллион сокинони кишварҳои мухталиф, вайрониву харобии садҳо шаҳрҳову ҳазорон рустоҳо шудааст. Дар бораи Адолф Гитлер метавон садҳо саҳифа навишт, бахусус дар мавриди зулму ситам ва қатлу куштору шиканҷаву озори вай. Ва то кунун ҳам садҳо ҷилд китобҳо дар ин бора бо даҳҳо забони олам мунташир шудаанд. Танҳо Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги зидди Олмон бист миллион сокинони худро аз даст додааст, ки ҳазорон нафари онҳо сокинони Тоҷикистон буданд. 30 апрели соли 1945 чун дид, ки дигар ба пирӯзие умед нест, даст ба худкушӣ зад. Аммо фарзияҳои фирори ӯву то ҳамин солҳои наздик зинда буданаш ҳам гоҳу ногоҳ расонаӣ мешаванд. Вале ин асос надорад ва машҳуртарин ва тайидшудатарин фарзия худкушии ӯст.

 
Иосиф Сталин

Иосиф Виссарионович Сталин сарвари бебадали Иттиҳоди Шӯравӣ пас аз марги Ленин то охири умраш. Шахсиятест, ки то кунун атрофи номаш гӯмагуҳо зиёданд. Сиёсати таъқибу фишор ва ислоҳотҳои нобарораш сабабгори марги миллионҳо нафар дар қаламрави Шӯравии паҳновар шудааст. Муддати 20 сол як кишвари паҳноварро дар қабзаҳои худ нигоҳ дошт. Ӯро ба қатли наздик ба 20 миллион нафар гунаҳгор медонанд. Маргаш низ ногаҳониву муаммо будааст.

 

Бо истифода аз “lifeglobe.net”

таҳияи Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий