«Замоне расид, ки бидуни ҳангомаву эҳсосот аз ҳақиқат суҳбат кунем”: президенти Сурия бори аввал баъди якуним сол бо ширкати телевизионии RT суҳбати густарда анҷом дод.

Барои ВАО-и ғарб хеле мароқовар аст, ки ахбори воқеъӣ ва заруриро ба даст оваранд, барои онҳо ҳангома лозим аст, — изҳор дошт президенти Сурия Башор Асад дар суҳбат бо Афшин Раттанзӣ, гузоришгари RT. Ба гуфтаи ӯ ҳама амалҳои Димишқ дар мубориза зидди террористон, аз ҷумла бо дастгирии Маскав дар Ғарб ҳамла ба шаҳрвандони бесилоҳ дониставу шарҳ дода мешавад, ки дурӯғе беш нест. Ҳамчунин сарвари Сурия эълон кард, ки соли 2021 дар кишвар интихоботи умумихалқӣ баргузор мешавад, ки дар он ҳамаи шаҳрвандон метавовнанд ширкат кунанд ва ҳар касе мехоҳад номзадии худро гузорад. Илова бар ин Башор Асад гуфт, ки ИМА дар бартараф сохтани Ал-Бағдодӣ мехостанд “ребрендинг” (тағйири аломати тиҷорӣ)-и ташкилоти террористии “Давлати исломӣ”-ро роҳандозӣ кунанд. Ҳоло матни комили ин мусоҳиба манзури Шумо хонандагони гиромӣ мегардад.

— Ҷаноби президент, чуноне маълум аст, шумо зарфи ин якуним соли охир аслан мусоҳиба надоштед. Чаро ҳоло хостед суҳбат кунед?

— Мо аз он хушнудем, ки шуморо дар Сурия мебинем. Рӯйдодҳо дар олам, минтақа ва Сурия баъди ҳамлаи Туркия кишвари маро ба хати пеш овард. Ин аввал. Дуюм, ман чунин меҳисобам, ки афкори ҷамъиятӣ дар олам, бахусус дар Ғарб зарфи ин чанд соли охир тағйир меёбад. Одамон ба дарки ин нукта ҳам мерасанд, ки намояндагони расмӣ ахбори бардурӯғеро дар бораи вазъи Ховари Миёна, Сурия ва Яман зиёд ироа кардаанд. Онҳо медонанд, ки ин ҳама иттилоъ дурӯғ аст, вале ҳақиқатро намедонанд. Аз назари ман замоне расид, ки дар бораи ҳамин ҳақиқат бигӯем. Ва сеюм, ман дар гузашта дар ВАО-и Ғарб суҳбатҳои зиёде анҷом додаам, вале ҳамаи онҳо мехоҳанд кадом як иттилои воқеъии дигарро ба даст оранд, зеро барои онҳо ҳангома аввалтар аз ҳақиқат аст. Онҳо талош намекунанд вазъро тавре ҳаст, ҳамон гуна тасвир кунанд. Аз ин рӯ, ман чанд сол аслан мусоҳиба накардам.

— Хуб, вақте аз фурудгоҳ меомадем, медидем, ки корҳои барқарорсозӣ дар ҷараёнанд. Вале аз соли 2011 чӣ қадар сарбозону сокинони мулкӣ дар кишвари шумо кушта шуданд? Чӣ миқдор одамон иҷборан аз кишвар фирор карданд?

— Суботе, ки дар Димишқ шумо мушоҳида кардед, натиҷаи ҷоннисориву қурбонии бештар аз 100 ҳазор сарбозон аст, ки ё кушта шуданд ва ё захмӣ гаштанд. Дар ин ҷанг одамони зиёде қурбон шуданд, аз ҷумла ин ҷо сухан аз ҳазорон, агар даҳҳо ҳазор набошад сокинони осоишта меравад, ки комилан бе ҳеч гуноҳ ҳадафи тир қарор гирифтанд, қатл шуданд, рабудаву баъдан кушта шуданд, бенишон ғайб заданд ва хонаводаҳо то кунун роҳи бозгашташонро мепоянд…

Дар мубориза бар зидди террористон мо хеле қурбонӣ додем. Аз ин рӯ, чуноне шумо худ мушоҳида кардед ва дидед, ҳоло субот ҳоким аст ва вайронаҳо барқарор карда мешаванд.

— Шумо медонед, ки расонаҳои НАТО ҳукумати шумо ва шахсан худи шуморо ба ҷонибдорӣ аз ҳамлаҳои кимиёвӣ муттаҳам мекунанд. Биёед 21 августи соли 2013-ро ба хотир оварем. Оё ҳукумати шумо дар Ғута (мавзеъе дар қисмати шарқии Димишқ. Шарҳи тарҷумон) рӯзи 21 августи соли 2013 аз силоҳи кимиёвӣ истифода карда буд?

— Агар дар бораи ин рӯз бошад, як нуктаи ҷолибро бароятон арз мекунам: ин рӯзест, ки ба Димишқ (ҳамагӣ чанд километр дуртар аз Ғута) аввалин ҳайати байналмилалӣ барои бозрасӣ ба Сурия омада буд… Ва акнун худ аз рӯйи мантиқ андешед: ҳатто агар артиши Сурия ин гуна силоҳ дар ихтиёр медошт ва мехост онро истифода кунад, маҳз дар ин рӯз даст ба ин кор намезад. Ин якум. Дуюм, гуфтанд, ки он ҷо 200 нафар сокинон ҳалок шудаанд. Агар боз ҳам мантиқан андеша кунем, дар минтақаи сераҳолӣ агар силоҳи кимиёвӣ истифода шавад, ҳазорон нафар қурбон мешаванд, на 200. Охир Ғута аз серҷамъияттарин ноҳияҳои назди Димишқ аст. Сеюм, ин рӯйдод танҳо дар тасаввури шахсони расмии Ғарб буд, ки онро баҳонае барои ҳамла ба Сурия истифода кунанд. Мехоҳам бигӯям, ки онҳо ягон шаҳодати амалӣ дар даст надоштанд, ҳисоботҳои зиёде буданд, ҳамаи инҳо такзиб шуда буданд. Артиши Сурия ягон замоне силоҳи кимиёвӣ истифода накардааст.

Баъдан шумо тасмим гирифтед, ки Созмони ҷаҳонии манъи силоҳи кимиёвиро барои берун кашидани онҳо даъват кунед.  

— Мо онҳоро даъват кардем, ки тафтиш баранд, чун сад дар сад бовар доштем, ки ин ҳама иттиҳомоти бепоя аст. Аммо ҳайат на ҳамеша воқеъбинона амал кард, дар аксар мавридҳо аз рӯйи ғаразҳои худ кор кард.

— Ҳоло ба назар мерасад Фернандо Ариас Гонсалес, сарвари кунунии Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ бо ин фошкунандаҳои худ мушкил дорад… Собиқ сарвари ин созмон Аҳмад Узюмдҷо, ки зери назорати вай қӯрхонаи силоҳҳои кимиёвии Сурия нобуд карда шуд, дар бораи мушкилот, номушаххасиҳо ва далолили номувофиқ изҳори назар намуд. 

— Дар бораи мушкилот дар ҳисоботҳои мо?

Бале.

— Пас чаро онҳо ин ҳамаро ба дигарон ҳам нишон намедиҳанд? Ин гуна тахминҳову фарзияҳо аз соли 2013 ба инҷониб ҳастанд. Шаш сол аз миён гузашт. Наход онҳо ҳоло ҳам қодир набошанд онро нишон диҳанд? Ҳар боре онҳо Сурияро ба истифода аз силоҳи кимиёвӣ муттаҳам мекунанд, ин суол пеш меояд: магар имкон дорад, ки зери ҳамин гуна назорати шадид аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ онро такрор ба такрор истифода баранд?

Умуман ин даъво ҳеч пояи мантиқӣ надорад. Дар бораи силоҳи химиявӣ онҳо ҳамеша замоне сухан оғоз мекунанд, ки мо дар ҳамла бошем, на замоне ки ақиб менишинем. Ҳатто аз нуқтаи назари ҳарбӣ низ (ва ман ҳоло инро на дар бораи артиши Сурия мегӯям, чун мо дигар силоҳи кимиёвӣ надорем, балки мантиқӣ мулоҳиза меронам) аз ин силоҳ замони аз даст додани мавқеъ истифода мешавад, на ҳангоми ҳамла.

Яъне, шумо ин иддаоро рад мекунед, ки гӯё рӯзи 4 апрели соли 2017 ҳукумати Сурия дар Ҷобар, Шайх-Мақсуд, Сароқаб, Ҳалаб, ҳамчунин Хон-Шайхун аз силоҳи кимиёвӣ истифода карда бошад?

— Инҳо ҳама иттиҳомоти бемавқеъ ва беасосанд. Ҳар касе мегӯяд силоҳи кимиёвӣ истифода шудааст, пас бояд даъвои худро асоснок созад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ аз Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ Британияи Кабир, ИМА ва Франсия ба хулосае омадаанд, ки ба кишвари шумо зарба зананд…

— «Ба хулосае омаданд” ин як ҷониби масъала, аммо пешниҳоди исботи далелу арқоми иттиҳом ҷониби дигари масъала аст. Мо дар бораи исбот ва далелҳо ҳарф мезанем. Куҷостанд далелҳое, ки фарзияи онҳоро таҳким мебахшад? Далеле нест. Онҳо аслан далел надоранд.

Оё ин хабар (ки мегӯянд аз ҷониби шумо паҳн шудааст) асос дорад, ки шаҳодати видеоии истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар даст ҳаст, вале онро шӯришчиён бо ҳамдастии ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ истифода кардаанд?

— Оре, дар YouTube ҳам ин гузориш вуҷуд дорад ва шумо низ метавонед бо он шинос шавед. Саҳнасозие буд, ки хостанд бо ин васила ҳукумати моро муттаҳам ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ кунанд, ин гуна иттиҳомот танҳо дар мавриди ҳамлаи кимиёвӣ набуд, дар мавриди бомборон низ ҳамин гуна даъвоҳо пеш оварда шуда буданд.

Боз ҳам дар миёни “гӯёҳо” “фариштаҳо” аз “Кулаҳсафедон” ва касоне, ки дар “Ал-Қоида” узвият доштанд, чеҳра во мекунанд. Симои онҳо хеле баръало намудор аст. Аз ҷумла, дар миёни онҳо касоне ҳам ҳастанд, ки сари инсонҳоро буриданд ва боз афроде ҳам, ки дили одами куштаро хӯрданд. Ҳамаи инҳоро басо осон метавон дар саҳифаҳои Интернет пайдо кард. Касе дар мо ба ин кашфиёти “Кулаҳсафедон” бовар намекунад. Онҳоянд боли созмони “Ан-нусра”.

— Вале сарвари “Кулаҳсафедон”-е, ки Британия пуштибонӣ мекунад Раёд Солеҳ дар барномаи мо суҳбат кард ва изҳор дошт, ки ин ташкилот сирф башардӯстона аст ва ширкаткунандагони он (бархилофи тахминҳои шумо ва ҳукумати Русия) ҳеч террорист нестанд.

— Вале наворҳо ҳастанд, наворҳои видеоӣ зиёданд. Даъворо метавонем исбот кунем. Мо тахмин намезанем, балки медонем. Аз куҷо? Ҳамаи ин дар наворҳои худи онҳо ошкор аст. Мо метавонем ин шаҳодатҳоро ба шумо ҳам расонем. Мо онҳоро дорем.

— Бо ин ки Британияи Кабир баҳрнавардонашро барои боздошти  киштиҳои эронӣ ба Халиҷи Форс фиристод, чӣ назар доред? Ва оё метавон гуфт, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ба қишри фақири аҳолии Сурия зарба хоҳад зад?

— Аввалан, ин роҳзанист ва на чизи дигар. Ва ба ин кор низоми Британияи Кабир даст мезанад. Дуюм, оре, онҳо мехостанд ба халқи Сурия таъсир расонанд. Чаро? Зеро онҳо гумон мекарданд, халқ дар ин ё он зинаву марҳилаи ҷанг ҳатман зидди ҳукумати худ шӯриш мекард. Вале чунин нашуд. Интизор мерафт халқ ба истилоҳ балвогарон ва ташкилоти муътадили “Кулаҳсафедон”-ро дастгирӣ мекунад. Акнун лозим меояд халқ ҳамаи инро таҳаммул намояд.

— Он ки шумо ва вазирони шумо кишварҳои НАТО-ро пуштибони “Ал-Қоида” ва ё “Давлати исломӣ” меномед, бинандаҳое, ки ин мусоҳибаро дар кишварҳои узви НАТО тамошо мекунанд, ба ин гуна изҳори назарҳо ришханд мезананд. Чаро ҳукумати Британия ва маъмурияти президент Барак Обама (Доналд Трамп каме ба аслу моҳияти масъала сарфаҳм рафт) аз “Ал-Қоида” ва ДОИШ” пуштибонӣ мекарданд? Шумо ба ин чӣ назар доред?

— Чаро? Ба далелҳо таваҷҷуҳ фармоед. Аз он оғоз мекунем, ки дар ин бора нахустин бор шахсони расмии ИМА (аз ҷумла, Ҷонн Кёррӣ, Ҳиллари Клинтон ва бисёри дигарон). Онҳо дар бораи нақши ИМА дар мавриди дастгирии “Ал-Қоида” дар Афғонистон гуфтанд. Ҳадафи онҳо ин буд, ки аз имкониятҳои ин гуруҳ барои мубориза бо Иттиҳоди Шӯравӣ истифода намоянд. Онҳо дар ин бора ҳарф мезаданд. Тарзи амали онҳо чунин аст ва инро мо фикр карда набаровардаем.

— Чаро онҳо баъди 11 сентябри соли 2001 ин гуна иштибоҳ карданд?

— Зеро сиёсати амрикоӣ бар пояи иштибоҳот ва санҷишҳо бунёд мешавад. Онҳо ба Афғонистон ҳамла карданд, чизе ба даст наёмад, ба Ироқ ҳамла бурданд, боз ҳам бенатиҷа. Ба кишварҳои дигар ҳам бо роҳу шеваҳои дигар ҳамла карданд. Онҳо роҳу равиши худро дигар намуданд. Дар айни замон мушкилоти ИМА дар он аст, ки барои зинда мондан меҷанганд, чун гегемонияи худро аз даст медиҳанд. Ин аст, ки онҳо ба қароре омаданд бо Русия, Эрон, Сурия — бо ҳамаи онҳое, ки зидди сиёсатҳои онҳост, биҷанганд. Ҳатто бо муттаҳидонашон, бо кишварҳои ғарбӣ, агар онҳо ин ё он мавзеъгирии Амрикоро написанданд. Онҳо омодаанд бо ҳама биҷанганд. Барояшон “баҳона” лозим. Онҳо артиши худро ба Ироқ равон карданд, аммо билохира нафаҳмиданд, ки ин ғоя кор надод. Талафот гарон буд ва лозим меомад аз дохили ИМА ҳам онро пардохт кунанд.  

— Оё шумо аз фарзияи ҷониби Русия пуштибонӣ мекунед, ки мегӯянд ИМА бо роҳи қочоқӣ аз шимоли Сурия ба мабалғи бештар аз 30 миллион доллар ҳар моҳ нефт мекашанд? Ин чист, оё пул барои Трамп ба хотири гуфтушунидҳои Женева? 

— Аз соли 2014, ки ДОИШ-иён ба ғорати захираҳои нефти Сурия оғоз карданд, ду шарик доштанд: Эрдуғон ва атрофиёни вай ва ИМА дар симои СРУ ва кадом ташкилоти дигаре бошад… Ва ҳатто агар кадом курде ҳам нефт мекашид, шарикаш ҳатман амрикоӣ буд. Гап асосан сари пул аст, гап сари нефт аст, ин аст моҳияти изҳороти ахири Трамп. Ва ин навигарӣ нест ва ҳеч иртиботе ба гуфтушунидҳо надорад…

Амрикоиҳо ҳамеша талош мекунанд бо ин ё он василае кишварҳои дигарро ба ғорат ҷалб кунанд, аз онҳо на танҳо нефт, пул ва умуман кулли захираҳои молиявиро кашида гиранд. Нақши таърихии онҳо ҳаддиақал баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ин аст. Аз ин рӯ, гумон мекунам ин ягон навгоние нест.

Оё ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҷанг аз тарҳи бунёди хати лула барои таъмини Аврупо бо гази Ховари Миёна оғоз шудааст?

— Ин то ҷойе ба ҳақиқат наздик аст. Аммо баъзеҳо мегӯянд гӯё аз президент Асад хостанд, то ба кашидани ин хат аз қаламрави Сурия аз ҷануб ба шимол иҷозат диҳад, вале вай ба хотири Русия инро рад кард. Дар асл чунин набуд. Аммо тарҳи хати лула аз шарқ ба ғарб — аз Эрон тариқи Ироқ ва Сурия ба баҳри Миёназамин дар ҳақиқат буд. Ва агар нефтро омили оғози ҷанг донем, ба фарзияе, ки шумо овардед, асос вуҷуд дорад. Вале ин омили ягона нест.

Фаромӯш накунед, ки ИМА бо ҳама аҳли ҷаҳон меҷангад, гап сари тақсимоти дубораи олам меравад. Тақсимоте, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон шуд, замони худро ба поён бурд, бахусус баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ. Модели кунуни ҷаҳони якқутбӣ дигар ба кор намеояд.

ИМА вуруди қудратҳои дигари олам, аз ҷумла Русия, Чин, Ҳиндро таҳаммул надорад ва ҳатто Британияи Кабирро ҳам дидан намехоҳад.

Ба назар мерасад ИМА ва қудратҳои аврупоӣ ба талошҳои худ барои аз миён бурдани ҳукумати шумо ба василаи ҳамлаҳои ҳавоӣ поён доданд. Аз сӯйи дигар куштани Абӯбакри Бағдодӣ хабари ҳангомасози дигар дар расонаҳои кишварҳои НАТО буд, ки ахиран дар Идлиб иттифоқ уфтод. Шумо ба ин назаред, ки Ал-Бағдодӣ вақте дар маҳбаси Абу-Ғарайб қарор дошт, аз ҷониби ИМА махсус омода карда шуда буд?

— Амрикоиҳо Бағдодиро дар зиндонҳои таҳти назорати худ нигоҳ медоштанд, аммо аз зиндон ҳаргиз раҳо намекарданд, агар барояш нақшеро таъин намекарданд. Ва баногоҳ Ал-Бағдодӣ худро халифа барои кулли мусалмонони олам эълон мекунад. Ин нақшро амрикоиҳо барояш омодаву тарҳрезӣ карда буданд ва мо ба хабари ахиран нобуд карда шудани вай бовар намекунем. Шояд дар ҳақиқат ӯро кушта бошанд, вале на ба сабабе, ки эълон карданд. Ба ҳаёти Бағдодӣ танҳо ба он хотир поён доданд, ки далелҳои ҳамкории наздики ИМА бо террористонро бипӯшонанд. Ин ҳамкории як-ду рӯза ё як ду-сесола набуд, ин ҳамкории ба даҳсолаҳо тӯлкашидае буд.

Вақте Саддом Ҳусейнро ба асорат гирифтанд, ӯро нишон доданд. Вақте куштанд, ҳолати ин қатлро ҳам нишон доданд. Ҳамин гуна сарнавиштро ба сари Қаззофӣ оварданд. Аммо чаро ҷасади бин Лодан ва Бағдодиро нишон надоданд? Ин ҷо сухан аз як амалиёти комилан ва пурра тарҳрезишудаи фейкӣ меравад.

— Шумо дар бораи вокуниши ҳукуматҳои аврупоӣ ба имкониятҳои бозгашти ҷангиёни британиёии ДОИШ ба Аврупо чӣ назар доред? Онҳо барои Лондон, Париж ва ё Берлин чӣ хатаре хоҳанд дошт?

— Иттиҳодияи Аврупо ва Эрдуғон муносибатҳои дугона доранд: дар ИА ӯро чашми дидан надоранд, вале вай барои онҳо лозим аст. Онҳо медонанд, ки Эрдуғон исломии бунёдгарост ва ин барояшон маълум аст. Онҳо хуб медонанд, ки билохира ин террористонро вай ба ватани аслашон бармегардонад.

Туркия бисёр гурезаҳои суриёиро қабул кард, дар қаламрави худ паноҳ дод.

— Бисёри онҳо аз Сурия, вале на ҳамаашон. Онҳо дар асл аз ҳар кишваранд, вале аксарашон суриёӣ мебошанд. Инҳо ҳамон суриёиҳое мебошанд, ки аз дасти террористон ба Туркия паноҳанда шудаанд. Аксари онҳо террорист нестанд, балки мардуми осоиштаву бесилоҳ буданд. Барои Аврупо мушкил хоҳад буд, агар Эрдуғон ба қароре ояд, ки террористонро равона созад. Аммо хатарноктар барои Аврупо ин пуштибонии вай аз террористон дар Сурия мебошад.

Хабар дода мешавад, ки ҳукумати Британия ҳамаи ҷангиёни ДОИШ-ро аз ҳуқуқи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум мекунад. Аз сӯйи дигар дар вилояти Идлиб бо иштироки ҳавопаймоҳои Русия ҷангҳо идома доранд. Ба назари шумо назорати ин минтақа кай метавонад ба даст ояд? Оё барои касоне, ки талош карданд ҳукумати шуморо сарнагун созанд, авфе дар назар доред?

— Озодсозии Идлиб бо қувваи ҳарбӣ вақт мехоҳад, вале дар аввал мо инро ба нақша гирфтаем, ки ба шаҳрвандони осоишта имкон диҳем аз макони даргириҳо хориҷ шаванд. Ин кор шуруъ шудааст, вале ба онҳо имкони хуруҷи ошкор намедиҳанд, аз ин рӯ сокинон пинҳонӣ ба минтақаҳои таҳти назорати давлат меоянд. Хоҳиши ошкор рафтан аз Идлиб метавонад барояшон марговар бошад.

Аммо онҳо ба ҷануб ва ба ғарб, ба самти Аврупо дар ҳаракатанд?

— Ба ҷануб. Ба минтақаҳои таҳти назорати давлат, ҳамчунин ба шарқ низ. Барои мо хеле муҳим аст, ки ин мардум аз макони даргириҳо бароҳатӣ хориҷ шаванд

— Дар бораи муоҳада миёни шумо ва Неруҳои демократии Сурия (НДС) нақл кунед. Расонаҳои кишварҳои НАТО аксар вақт аз онҳо ба унвони қаҳрамонони мусбат ёд мекунанд. Оё ин ҷо барои тақсими кадом салоҳиятҳо ҳарф зада мешавад?

— НДС? Ин ҷо сухан дар бораи он меравад, ки назорати пурра дар ҷойҳое, ки артиши Сурия қарор дорад, барқарор шавад. Дар муоҳада сухан дар бораи то 30 км ҷанубтар рафтани НДС меравад, то ки Туркия дигар баҳонае барои ҳуҷум ба Сурия надошта бошад.

Ҳоло ин давраи гузариш аст ва ҷанговарони НДС бо силоҳҳои худ дар мақари таъиншуда истодаанд. Мо пешниҳод кардем, ки шомили артиши Сурия шаванд, баъзеҳо рад карданд, аммо баъзеҳо ризоят доданд. Мо ҳоло намедонем баъд чӣ мешавад. Мо онҳоро ба артиши худ ба хотири муътадил гардондани вазъ даъват кардем.

Ташкилотҳои курдӣ тӯли ин солҳо хеле хаста шуданд. Шумо ба назарам медонед, ки онҳо пулро аз ИМА ба даст меоварданд, аз СРУ… Ҳоло бошад шумо мехоҳед онҳоро дубора қабул кунед…

— Аввалан НДС пурра аз курдҳо ташкил нашудааст. Он ҷо арабҳо ва миллатҳои дигар ҳам ҳастанд. Дуюм, курдҳое, ки шомили НДС шудаанд, теъдоди хеле ками курдҳои кишвар мебошанд ва қисмати бештари онҳо бо давлат дар равобити хуб қарор доранд. Курдҳои “Иттиҳоди демократӣ” дигаранд. ИМА маҳз онҳоро мустақиман ва ошкоро мадади молӣ кард, силоҳ дод, онҳо буданд, ки ба қочоқи нефт даст заданд. Онҳо гумоштаҳои мустақими ИМА мебошанд. Аксарияташон. Намегӯям ҳамаашон, зеро дар бораи ҳама ман намедонам.

— Оё мавқеъи шумо дар бораи НДС аз он чӣ бо ҷаноби Эрдуғон гуфтед, фарқ мекунад?

— Дар бораи НДС? Эрдуғон рӯзномаи худро дорад ва он аз ду қисм иборат аст: ин ҳадафҳои шахсии вай вобаста ба “Бародарони мусалмон” ва вазифаҳое, ки чун зоча ИМА бозӣ медоронад. Маҳз “Иттиҳоди демократӣ” баҳонае шуд, ки вай ба Сурия ҳамла кунад. Ин ҷо Эрдуғон дар ҳама самти амал ғайриқонунӣ рафтор мекунад, вале ин гуруҳ сабаби ҳамларо фароҳам овард.

Суоли охир дар бораи интихобот. Соли 2021 дар Сурия интихобот баргузор мешавад?

— Ҳатман.

— Ва дар варақаи интихоботӣ беш аз як номзад навишта хоҳад шуд?

— Дар интихоботи гузашта се номзад ширкат намуд, дар интихоботи оянда ҳамон миқдоре ширкат хоҳад кард, ки мехоҳад иштирок кунад. Ва чунин одамон зиёданд.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий