“Ҳеч деворе, ки мардумро ҷудо аз ҳам нигоҳ дорад ва озодиашонро маҳдуд кунад, онқадар баланд нест, ки натавон онро поин овард…” Ангела Меркел, садриаъзами Олмон.

Замоне, ки дар Олмон маросимҳои пуршукуҳ дар мавриди сӣ соли шикасти девори Берлин мегузашт, дар Русия талошҳои наве барои ҷустани хатокорони суқути ин девор дубора авҷ гирифтанд. Президенти Русия Владимир Путин, ки то кунун аз Михаил Горбачёв ҳеч интиқоде накарда буд ва ҳамеша як эҳтиромеро барояш риоя мекард, ин бор ихтиёр аз даст дод ва амали ӯро содагӣ номид. Аммо магар аввалину охирин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ ба иддиои Владимир Путин посухе дод?

Asharq Al-Awsat — рӯзномаи байналмилалии Арабистони Саудӣ, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, гузоришеро бо истинода ба навишаву гуфтаҳои таҳлилгарони Русия ва хориҷ аз он интишор додааст, ки ҳоло руҷуъе ба он мекунем.

Вақтҳои охир дар Маскав гуфтумонҳо дар бораи қарори охирини президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв дар се даҳсола пеш, муҷиби харобии девори Берлин шудаву ду Олмонро ба ҳам оварда буд, оғоз шудаанд. Суқути девори Берлин поёни «ҷанги сард» буд, ки ба дунболи анҷоми Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ шуруъ шуда буд. Албатта, шикасти девори Берлин омили аслии фурӯпошии Иттиҳоди қудратманди Шӯравӣ набуд ва буда ҳам наметавонист. Вале он оғози вайрониҳо буд ва инро касе истисно намекунад.

Ва бори аввал сиёсати сӣ сол пеши Михаил Горбачёр дар доираҳои сиёсиву маҳофили дигари Русия гарм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ва ин баҳсҳо асосан интиқодӣ буданд ва сиёсати горбачёвии фурӯравии девори Берлин ба боди танқид кашида мешуданд. Замоне тасмими Михаил Горбачёв барои нухбагони кремилнишин боиси ифтихор ҳам буд, ки тавонистанд ба ҷанги сард поён бахшанд, тавонистанд дар мусаллаҳшавии бошитоб ва коҳиши силоҳсозиҳои атомӣ ҳисса гузоранд ва дари ҳамкорӣ бо Ғарбро боз кунанд.

Доираҳои сиёсӣ ва маҳофили сиёсии Русия дубора ба ин масъалаи куҳнаву қариб ба боди фаромӯширафта доман заданд ва гуфтанд, ки он замон роҳбарияти вақти Шӯравӣ ба як силсила иштибоҳоте дар равобити байналмилалии худ роҳ доданд. Путин гуфт, ки роҳбарияти Шӯравӣ басо ба содагӣ ба ваъдаҳои Ғарб бовар кард.

 Интиқоди шадид аз Горбачёв

Ҳамчуноне сарвари Русия изҳор дошт, роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ иштибоҳ кард, чун кафолати хаттии густариши НАТО ба самти шарқро ба даст наовард ва ба ваъдаи шифоҳӣ бовар намуд. Ба андешаи ӯ содагии Горбачёш роҳро ба густариши НАТО ҳамвор намуд ва ин паймон ҳама талошҳои худро барои аз нигоҳи ҳарбӣ дар ҳалқа гирифтани Русия анҷом дод.

Ин нуқтаи назари танҳо Владимир Путин нест, вақтҳои охир сиёсатмадорони зиёде дар ин бора ҳарф мезанад. «Русия (Иттиҳоди Шӯравӣ) дар ба ҳам омадани Аврупо ва шикасти девори ҷудоӣ нақши калидӣ дошт. Ҳоло онҳо (ғарбиён) деворҳои нав месозанд”,- изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳибае як ҳафта қабл.

Бино ба андешаи Константин Косачев — раиси Шӯрои Федератсия дар умури байналмилалӣ нобоварӣ ба Ғарб миёни шарикон муддати ин 30 сол баъди шикасти девори Берлин боқӣ мондааст ва он ба кишвар зарари ҷуброннопазир овард.

Таҳлилгарони Русия мегӯянд дар ҷараёни ба ҳам омадани Олмон Ғарб ҳама чизеро, ки мехост, ба даст овард, бахусус хориҷ кардани артиши Шӯравӣ аз Аврупои Марказиро.

«Дар НАТО ҳеч замоне дар бораи коҳиши шиддат наандешидаанд”,- иқтибос овардааст агентии иттилоотии Русия аз суханони собиқ сарвари Олмони демократӣ. Эгон Кренс мегӯяд натиҷаи ин сиёсат он шуд, ки “неруҳои НАТО ҳоло дар марзҳои Русия расидаанд, аммо Ҷумҳурии демократии Олмон худро аз содиқон медонад. “Мо муддати дурудароз ба Горбачёв бовар карда будем”,- гуфт Кренс.

Баъзе коршиносону таҳлилгарон ба лаҳзае таваҷҷуҳ мекунанд, ки ба суқути девори Берлин иртибот дорад. Бино ба гуфтаи худи Горбачёв, ки ҳафтае пештар дар як суҳбат дар ин бора изҳори назар намуд, ин рӯйдод ба кишварҳои сотсиалистӣ он имконеро фароҳам овард, ки худ сиёсати ояндаи худро мустақилона тарҳрезӣ кунанд. Шореҳон изҳор доштанд, ки ин амал барои лаҳистониҳо, маҷористониҳо, чехословакҳо, булғорҳо ва руминҳо хуб буд, вале на барои Ҷумҳурии Демократии Олмон, ки бо ташаббуси СССР бунёд шуда буд ва рамзи пирӯзӣ бар фашизм буд.

Дар посух ба интиқодоти шадид Михаил Горбачёв дар остонаи солгарди афтиши девори Берлин дар суҳбаташ бо ВВС изҳор дошт, ки ҳоло ҳам аз дигаргуниҳои демократӣ дар Олмони Шарқӣ ва дигар кишварҳои аврупоие, ки дар гузашта ҳампаймони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, истиқбол мекунад. Дар мавриди густариши НАТО ба самти Шарқ, ки мунтақидон гуноҳи асосиро ба сари президенти аввалину охирини ИҶШС мезананд, Горбачёв посух дод, ки иттиҳоми ношоистаест, балки ин талаби ҳамон замон буд. Вай изҳор дошт, ки  “ин баробар ба эъломи ин аст ки эътилофи ҳарбӣ бо роҳбарии Иттиҳоди Шӯравӣ қабл аз он ки расман дар моҳи июли соли 1991 фаъолияташро қатъ кард, мурда буд”.

 Маскав баъди афтиши девори Берлин чӣ гуна амал кард?

Субҳи рӯзе, ки хабари суқути девори Берлин паҳн шуд, Горбачёв ҷаласаи Бюрои сиёсии КМ КПСС-ро даъват кард, то ки вокуниши эҳтимолии Иттиҳоди Шӯравиро баррасӣ намояд.

Бюрои сиёсӣ бо як овоз эълон кард, ки ҳар гуна аксуаламали манфӣ маъно надорад. Чуноне таҳлилгарон изҳор медоранд, албатта, дар ҳамон ҷаласа ҳам буданд касоне, ки мегуфтанд ҷиддан бояд посух дод, бо истифода аз тонкҳо вазъро зери назорат бояд гирифт, вале аксарият ба онҳо гӯш надоданд. Ин буд, ки қарори ягона ва қатъии адами мудохила қабул шуд.

«Ҳар тасмими дигар метавонист оқибатҳои басо ҷиддӣ дошта бошад ва ин оғози фоҷеаи гӯшношунид мебуд”,- иқтибос меорад ожонсӣ аз суханони тарҷумони Горбачёв Павел Палажченко. Таҳлилгарони рус ба ин назаранд, ки он замон дар Аврупои Шарқӣ беш аз 300 ҳазор ҳарбиёни Иттиҳоди Шӯравӣ ҳузур доштанд, ки бештар аз 12 ҳазор тонку дигар мошинҳои ҷангӣ дар ихтиёрашон буд.

«Онҳо метавонистанд марзро пурра банданд ва сарбозон дар сарбозхона бимонанд”,- изҳор дошт яке аз ин коршиносон. Роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ дарк кард, ки он рӯз дар таърих давраи нав оғоз ёфт.

Ба сурати умум, бино ба андешаи мутахассисони Русия аксари касоне, ки дар маҳфилҳои мухталиф баҳс мекунанд, гузинаҳои гуногуни амали сарвари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёвро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор медиҳанд ва мегӯянд Горбачёв он замон ҳам имкон дошт қарори дигаре қаббул кунад, ки ба манфиати ояндаи Русия бошад. Зеро Паймони Варшав бо ҳамин аз ҳам пошид, вале НАТО, ки ҳамвазни он дар Аврупо буду, маҳз барои муқобила бо паймони Варшав сохта шуда буд, густариш ёфт ва ҳатто марзи нуфузашро то дарвозаҳои Русия расонд.

Аммо бисёриҳо ба ин мувофиқанд, ки “Русия аз он чи гузашт, барои худ дарсҳое гирифт”. Ҳоло русҳо сари он пофишорӣ мекунанд, ки ҳар гуна муоҳадаи ҳарбӣ ва ё стратегӣ бо Ғарб фарогир бошад ва манфиатҳои ин кишвар пурра ба назар гирифта шаванд.

Изҳороти кунунии давлатмардони Русия баёнгари ноумедии нухбагони кишвар аст, зеро он вақт Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳолати буҳрон қарор дошт ва наметавонист музокироти печидаеро барои тазмини манофеъи стратегии худ анҷом бидиҳад. Имрӯз, дар саҳнаи сиёсии Русия, ҳама чиз фарқ мекунад — ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро ба даст овардааст ва имрӯз бидуни мушорикати вай ҳалли ҳар гуна даргириҳои минтақавӣ ё ҷаҳонӣ ғайримумкин аст.

Таҳияи Парвиз АМИНЗОДА

Добавить комментарий