Тоҷикистон Ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он фарзи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бедордил ва худогоҳу худшинос мебошад.

Барои идора ва пешбурди ҳар қавму миллат ва давлату кишвар фарди бузурге аз миёни мардум баргузида мешавад. Ба бахти мардуми мо дар сапедадами истиқлоли кишвар вакилони мардумӣ дар иҷлосияи XVI (даъвати дувоздаҳум) Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Интихоби ӯ маҳз барои он буд, ки оташи хонумонсӯзи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намояд. Ӯ аз рӯзҳои аввали роҳбариаш ба мардум ваъда дод, ки «ман ба шумо сулҳ меорам». Ӯ ба аҳди худ вафо кард. Барномаи асосии Роҳбари давлат барномаи ваҳдату ягонагӣ, навсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва озодии баён буд ва барои татбиқи онҳо пайгирона саъю талош варзид, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу амонӣ ва оромишу осоиш ҳукмфармост. Ҳар фарди бедордилу солимфикр, агар шароити дирӯзи кишвари моро бо вазъи имрӯзӣ қиёс намояд, возеҳу равшан мебинад, ки ваҳдати комил, амнияти саросарӣ, пешрафтҳои иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон дар ҳар гӯшаву канори он ба назар мерасад. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафти Ватанамон мо бояд аз низоми сиёсии имрӯза ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷонибдорӣ кунем.
Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби ҳанафӣ ва яке аз бузургтарин фақеҳони олами ислом мебошад, итоат аз низомро омили шукуфоии давлату миллат медонад: “Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар ҳузури вай дурӯғ нагӯ!” (Пандномаи Имоми Аъзам).
Ояти сареҳи раббонӣ, аҳодиси саҳеҳи набавӣ ва гуфтори Имоми Аъзам маҳз ба хотири он аст, ки мардум дар меҳани худ бо мусолиҳаву ягонагӣ ҳамзистии мусолиматомезро ба роҳ монанд ва дар рушду тавсеаи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саъю талош варзанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ки мардуми худро аз нифоқу низоъ, табъиду зӯроварӣ, ифротгароиву даҳшатафканӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки имрӯз дар зери ниқоби «исломи сиёсӣ» зуҳур кардааст, ҳифз намоем. Зеро дини ислом як ҷузъи таркибии фарҳанги мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон буда, дар бисёр паҳлуҳои зиндагии суннатии мо нақши ҳалкунанда дорад.
Дар Тоҷикистон руҳониён ва ходимони дин дар анҷоми маросимҳои динӣ озод мебошанд. Ба ҳама маълум аст, ки зиёда аз 97 фоизи аҳолии кишварамон мусулмон мебошад ва Конститутсия — қонуни асосии мо баён менамояд, ки «Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Инчунин иҷрои тамоми фароизи динӣ, доштани ибодатгоҳ, адои маносики ҳаҷ, зиёрати маконҳои муқаддас ва дигар маросимҳои динӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» озод буда, бидуни монеа, маҷбурият ва таассуб амалӣ мегарданд. Яъне, ҳеҷ кас аз пайравӣ кардан ба ин ё он дин манъ карда нашудааст. Ҳар кас метавонад озодона динеро қабул намуда, тибқи аҳкоми он ибодат намояд. Вале имрӯз баъзе гуруҳҳои алоҳидаи ғаразнок ва манфиатхоҳ мехоҳанд ба василаи дин ба шуури динии мардум, бахусус ҷавонони мо таъсир расонида, ваҳдати миллии моро барҳам зананд, ба осоишу амнияти мо халал ворид созанд ва тухми нифоқу парокандагиро коранд. Бинобар ин, вазифаи муқаддаси ҳар як шахси солимфикр ва оқил дар он аст, ки ба хотири ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлоли миллӣ ва амнияти саросарии кишвар бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои нави зараровар мубориза барад. Хусусан, баъзе ҷавонони мо, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд, зуд ба доми мубаллиғону ташвиқгарони гуруҳҳои ғаразноки ифротӣ меафтанд, ҳаёти худро ба хотири як лаҳзаи дилхушӣ зери хатар меандозанд. Тибқи ахбори расонаҳои расмии кишварамон, ҷавонони зиёди фиребхӯрда дар ҷангҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва сиёсие, ки дар баъзе давлатҳои мусулмонӣ, ба хотири ба даст овардани қудрат ва тақсимоти давлатҳои ҷаҳон идома дорад, ширкат мекунанд. Аксари онҳо худсарона, бе ризоияти падару модарони худ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, волидони онҳо аз ин амали ношоистаи онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Масалан, як нафар зани роҳгумзадае, ки ба Сурия рафта, бо сад азобу шиканҷа аз онҷо фирор карда, ба Ватан баргаштааст, дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» нақл мекунад, ки тавассути шахсони алоҳида истихдом ё худ «вербовка» шуда, ду маротиба ба шавҳар баромадааст. Ӯ ба суоли хабарнигор, ки «Шумо ба мардум, ба он ҷавононе, ки дар сар фикри ба ном «ҷиҳод» рафтан доранд, чӣ гуфтанӣ ҳастед?», чунин посух додааст: «Ба Сурия наравед! Онҷо ба ҷуз зӯроварӣ, даҳшат, одамкушӣ ҳеч чизи дигаре нест! Ҳатто оби ошомиданӣ надорад, гуруснагӣ, ташнагӣ, ҷанг аст. Пулу хона медиҳем гуфта, фиреб мекунанд, ҳамааш дурӯғ аст! Тоҷикистони мо биҳишт аст, обаш, ҳавояш, ҳама чизаш…».
Ин ҳақиқати талхро бояд ҷавонони мо дарк кунанд ва барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон камари ҳиммат банданд.
Аз иттилои воситаҳои ахбори омма мефаҳмем, ки садҳо ҳазор гурезагон аз Ироқ, Сурия, Либия, Тунис ва дигар кишварҳои ҷангзада, барои наҷот тавассути Баҳри Миёназамин ба Аврупо мераванд. Дар роҳ ҳазорон нафари онҳо ғарқ гашта, дигарон дар сарҳадот сарсону саргардон, на ҷои зист доранд, на обу хӯрок. Кишварҳои аврупоӣ ҳамаи онҳоро қабул карда наметавонанд, бинобар ин гурезагонро дар лагерҳои муваққатӣ нигоҳ медоранд. Ҳамаи ин азобу шиканҷа барои он аст, ки ин мардум ба қадри сулҳу салоҳ, тинҷиву оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ нарасида, зери таъсири ташвиқоти бардурӯғ ба гирдиҳамоиҳо хестанд, ба ҳар намуд гуруҳҳои ба ном исломӣ пайваста, ба онҳо бовар карданд, ҳукумату сардорони худро золиму беадолат хонданд, имрӯз ба сари онҳо зулми ҳақиқӣ, бадиву бадбахтӣ омад. Дигар касе нест, ки ба доди онҳо расад. Аз ин рӯ, таҷрибаи талхи ин давлатҳо барои мо тоҷикон дарси ибрат аст. Мо бояд ба қадри истиқлолият бирасем, шукронаи давлати тоҷиконро кунем, дар хотир дошта бошем, ки барои гумроҳ намудани мардум ва алалхусус ҷавонон, бадхоҳони миллат аз ҳама роҳу василаҳо истифода мебаранд. Моро зарур аст, ки ба ҷавонон мафҳуми зиндагии осоиштаро дуруст фаҳмонем. Онҳоро огоҳ созем, ки ифротгароӣ ба нооромӣ, қатлу куштор оварда мерасонад. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки таблиғоти гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ пурра дурӯғ буда, ҳадафи онҳо рехтани хуни мусулмонон мебошад.
Бинобар ин, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал меорем, ки шукронаи ватани азизро ба ҷо оред, дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шуда, нагузоред, ки душман ватани моро ба вартаи ҳалокат афканад, зеро пешрафту тараққиёт, ояндаи неки фарзандон аз осмони софу беғубор, фазои амну созгор вобаста мебошад.

Аҳлиддин САЙВАЛИЕВ,
мутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here