Дар ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки дар тӯли фаъолияти 27-солаи хеш Тоҷикистон бори аввал аз он мизбонӣ кард, президентҳои Русияву Эрон, Туркияву Қазоқистон, Қирғизистону Ӯзбекистон, Чин ва дар умум роҳбарону намояндагони 27 кишвари дунё — Озарбойҷон, Афғонистон, шоҳигарии Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ироқ, Қатар, Шоҳигарии Камбоҷа, Корея, Муғулистон, АМА, Покистон, Фаластин, Шоҳигарии Таиланд,Туркия, ШриЛанка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир Индонезия, Филиппин, Белорус, Украина, ИМА, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарикСММ, Созмони байналмилалии муҳоҷират, САҲА, Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, (СҲШ) ва меҳмони ҳамоишКумитаи иҷроияи ИДМ ба ҳам омаданд.

Ин чорабинии сатҳи баланд рӯзи 15-уми июн дар «Кохи Наврӯз»и Душанбе баргузор гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҳамоиш меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфта, қудуми эшонро ба кишвари офтобӣ ва меҳмоннавози тоҷикон муборак хонданд. Сардори давлат тағйироти иқлим дар минтақа ва ҷаҳонро, ки боис ба обхезиҳои бесобиқа гардидааст, нигаронии хеле ҷиддӣ номиданд. Президенти мамлакат иброз доштанд, ки дар давоми 40 соли охир дар Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях об шуда, ба вазъи иқлим, иқтисод, гидроэнергетика ва кишоварзӣ таъсири манфӣ расонидааст. Аз ин рӯ, аз иштирокдорони ҷаласа даъват ба амал оварда шуд, ки дар муқобили паёмадҳои гармшавии иқлим талошҳои зиёд ба харҷ дода шавад.

— Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти кишварҳои мо хисороти бузург мерасонанд. Дар ин робита, мо пешниҳод менамоем, ки василаҳои самарабахши расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, таҳия карда шавад,- пешниҳод намуд Президенти кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо изҳори ташвиш аз идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз 60 дарсади он дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, минтақаро аз таъсироти манфии он ҳушдор дод: “Ин омил дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор монеаҳои иловагӣ эҷод менамояд”.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни суханронӣ аз талошҳои кишвараш дар баргардонидани қисмати зиёди қаламрави Сурия аз тасарруфи Толибон ба ҳукумати Башор Асад хабар дод. Путин давлаташро дар ҷараёни сулҳи Сурия муштаракан пешсаф хонда, навсозиҳои сиёсӣ дар Сурияро хеле муҳим арзёбӣ кард.

Путин вобаста ба таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ дахл карда, иброз дошт, ки бояд дар баробари мушаххас шудани созмону гуруҳҳои террористӣ, манобеи маблағгузории терроризм, аз ҷумла маводи мухаддир, таблиғи экстремизм ва сӯйистифода аз фанновариҳои интернетӣ низ ҷилавгирӣ шавад.

Президенти Русия бо ишора ба таҳримҳои иқтисодӣ, аз сар задани ҷангҳои воқеии тиҷоратӣ дар ҷаҳон изҳори таассуф кард. Ӯ тарс додани рақиб ва бо шеваҳои ғайритиҷоратӣ дур кардани ӯ аз бозорро ба муҳорибаҳои бидуни қоида шабоҳат дода, гуфт, ки “талошҳои муштараки мо ба хотири пайдо кардани роҳи ҳалли вазъияти ба вуҷуд омада аз гузашта бештар зарур аст”.

Президенти Чин Си Ҷинпин дар баромади хеш эҷоди фазои нави эътимодро дар қиъаи Осиё зарур ва эҳтиром ба манофеъ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти ҳар кишварро муҳим арзёбӣ кард. Аз ин рӯ, номбурда бо ҷонибдорӣ аз тақвияти «консепсияи сулҳи давомдор» таъкид дошт, ки ҳама гуна низоъҳо бояд бо роҳи дипломатӣ ва муколама ҳал карда шаванд: «Мо бояд тарҳи нави амнияти минтақавиро бо назардошти ҳунари меъмории осиёӣ бунёд кунем».

Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, ки пас аз чор соли нофаҳмиҳо бо Тоҷикистон бо нияти сулҳу оштӣ ташриф оварда буд, нигарониашро аз Ховари Миёна изҳор намуда, минтақаро бесуботтарин минтақаи ҷаҳон рақам зад. Ӯ бе он, ки аз кишваре ном барад, бесуботию ноамнӣ дар Ховари Миёнаро натиҷаи мудохилаи баъзе аз қудратҳои хориҷӣ ва сиёсатҳои қаҳромези якҷонибаи эшон унвон кард. Ба андешаи Рӯҳонӣ, маҳз ин қудратҳои хориҷӣ Ховари Миёнаро ба буҳронитарин минтақаи сайёраи Замин бадал кардааст.

Ҳамин тавр, намояндагони ҳамаи давлатҳои иштирокчии Машварат пайи ҳам баромад карда, назари худро оид ба мушкилиҳои дар минтақа ҷойдошта баён доштанд.

Нишасти панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзи 15-уми июн бо қабули эъломия ба поён расид.

Сарони кишварҳои Осиё дар эъломия, ки аз 49 банд иборат аст, ваъда додаанд, дар қаламрави якдигар ба ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ роҳ надиҳанд, зеро “ҷудоиталабӣ ба истиқлол, ягонагӣ, тамомияти арзӣ, амният ва суботи кишварҳо хатар дорад”. “Мо қасд надорем, ки ягон гуруҳ ё сохтори ҷудоиталабро дар ҳудуди кишвари дигари узв ҳимоят кунем ва ё бо ҷудоиталабон иртибот барқарор намоем”,- гуфта шудааст дар санад.

Иштирокдорони нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамчунин гуфтаанд, ки зидди таҳримҳои якҷониба ҳастанд ва аз усули дахолат накардан ба кори дохилӣ ва берунии кишварҳо “пурра ҳимоят мекунанд”. “Мо тасдиқ мекунем, ки ҳеч кишвар ё гуруҳи кишварҳо ҳақ надоранд, мустақим ё ғайримустақим бо кадом сабабе набошад ба корҳои дохилӣ ва берунии кишвари дигар, аз ҷумла тағйири ҳукумати қонунӣ дахолат кунанд”,- омадааст дар эъломия.

Ин эъломия аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узв пазируфта шуд.

Назари коршиносони маҳаллӣ вобаста ба ҷаласаҳои МҲТБО, ки аллакай ҳамоиши панҷумаш сипарӣ гардид, яксон нест. Ба гуфтаи эшон, ин машварат то имрӯз натавонистааст ба ҳадафҳои аслиаш, ки аз замони таъсисёбӣ то кунун пешаш гузошта буд, комилан пуштибонӣ кунад. Коршинос Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд, ки ҳадафи асосии ин ҳамоиш баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё аст, аммо бо вуҷуд ин созмон то имрӯз натавонистааст аз ҳадафҳои аслиаш, ки дар рӯзҳои аввали бунёдаш гузошта буданд, комилан ва дар сурати умум пуштибонӣ намояд.

— Дуруст аст, ки дар масоили фарҳангӣ, торихӣ ва бархе пружаҳои иҷтимоӣ пешрафтҳое дорад, аммо дар мавриди пайкори сиёсӣ умури ин созмон ҳанӯз пурра рӯшан нест. Дар ҳоли ҳозир, ки ҷаҳонро хатари терроризм ва ифротгароӣ таҳдид менамояд, танҳо муттаҳидӣ ва устувории дастаҷамъӣ метавонад минтақа ва давлатҳои алоҳидаро аз ин мушкилот эмин нигоҳ бидорад. Дар ҷаласаи Душанбе низ рӯйи ин нукта ишораҳо шуд ва чанд санади ҳамкорӣ низ имзо гардид. Фикр мекунам, кишварҳои асосии бозикун дар ин машварат — Русия, Чин ва Қазоқистон барои амалишавии бархе аз ҳадафҳои умумӣ талоши бештар доранд ва инро дар оянда боз вақт нишон хоҳад дод,- гуфт Хилватшоҳи Маҳмуд.

Аммо ба назари коршиноси дигар Саъдӣ Ворисов, Саммити таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё (СТЭО), ки дар таърихи 15-уми июни соли 2019 дар Душанбе баргузор шуд, баёнгари он аст, ки ин иҷлосия ояндаи рӯшан ва муваффақ дорад.

— Дар тӯли фаъолияти 27-сола ин нишаст тавонист аз як ибтикори хурд то як Иҷлоси бузург пеш биравад ва калонтарин кишварҳои осиёиро, ки дарбаргирандаи ниме аз аҳолии ҷаҳон ҳастанд, дар худ дошта бошад. Иҷлоси мазкур дар Душанбе сарони муҳимтарин кишварҳои осиёӣ аз Чину Русия то Ирону Туркия ва аз Президенти Шриланка то Амири Қатарро даври як мизи муҳими ройзаниву баҳсу баррасӣ гирд овард. Агарчӣ ихтилофҳо миёни кишварҳои вазндори осиёӣ мисли Ҳинду Покистон, Исроилу Ирон ва дигарон хеле зиёду печида ҳастанд, аммо дар дунёи сертаҳаввули имрӯзӣ, ки тағйироти зиёде дар муддатҳои кӯтоҳ дар заминаҳои сиёсату фарҳанг, иқтисоду тиҷорат иттифоқ меуфтанд, эҳтимоли ниҳодина шудани ин Иҷлосро дар ояндаи наздик хеле қавӣ мекунад,- иброз дошт коршинос.

Доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки агар санадҳои таъсисӣ ва таҷрибаи фаъолияти ин созмонро таҳлил кунем, ба хулосае омадан мумкин аст, ки баъзе кишварҳои таъсири бештардошта кӯшиши ба вуҷуд овардани алтернативаи САҲА, ИА ва дигар созмонҳои таҳти назорати ИМА қарордоштаро доранд.

— Аммо мушкилот дар он аст, ки тақрибан миёни аксарияти давлатҳои муассиси он бархӯрди манфиатҳо дар робита ба тафовутҳои арзишҳою авлавиятҳои геополитикӣ бо дарназардошти мавқеъи геостратегии онҳо низ ба назар мерасад. Масалан муносибати начандон хуби Чин бо кишварҳои ҳамҷавори худ, масъалаҳои муайян миёни Покистону Ҳинд ва набудани ҳусни тафоҳум миёни кишварҳои Ховари миёна бо ҳамдигар ва баъзе мушкилиҳо миёни ҶИЭ бо баъзе давлатҳои ҳамҷавор ва ғайраҳо. Масъалаи дигар нобаробарии имкониятҳо, бахусус иқтидори иқтисодӣ дар кишварҳои минтақаи Осиё мебошад. Ин бидуни шак боиси идомаи номукаммалию ноустуворӣ ва сӯйистифодаҳо аз ҷониби давлатҳои нисбатан иқтидори иқтисодӣ, ҳарбӣ ва нуфузи аҳолидошта мешавад. То замоне, ки самимият дар барқарор намудану густариши он боиси мусоидат дар рушди муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо, бахусус иҷтимоию сиёсӣ нашавад ва шаҳрвандон беҳтар гардидани сатҳ ва сифати зиндагиашонро аз узвияти Тоҷикистон дар ин гуна созмонҳо эҳсос накунанд, ҷиҳати муваффақу самаронок будани ҳамкориҳо воқеан чизе гуфтан имконият надорад. Бинобар ин, умумияти аҳдоф дар робита ба таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои трансмиллӣ яке аз омилҳои асосии ҳамкории кишварҳои минтақаи Осиё аст, аммо бо дарназардошти ҳолатҳои ишорашуда мувофиқи мақсад мебуд, ки шароитҳои чунин созмонҳоро ҷиҳати танзиму ҳалли масъалаҳои аҳамияти стратегӣ дошта, бо дарназардошти ормонҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои миллӣ истифода барем. Дар акси ҳол, узвият дар ҳама гуна созмонҳо хароҷоти иловагӣ ба буҷаи давлат дар шароити воқеиятҳои иқтисодиёти Тоҷикистон аст. Маҷлиси Олии Тоҷикистон бояд таҷрибаи кору фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи он мебошад, мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати идомаи ҳамкорӣ ё қатъи узвиятро дар баъзе аз онҳо муайян бикунад,- гуфт Ш. Ҳакимов.

Сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев бар он назар аст, ки Қитъаи Осиё пуртазод аст ва бояд аввал як механизми дурусти ҳалли муноқишаҳо дар дохили аъзои машварат муайян карда шавад.

— Машварат ба ҳадафҳои асосиаш, хусусан дар бахши мубориза бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ комилан расидааст. Чун аз ҷониби аксарияти кишварҳои узв, ки аъзои созмонҳои дигари амниятӣ низ ҳастанд, барои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ тадбирҳои муқовиматӣ андешида мешавад. Қитъаи Осиё пуртазод аст. Дар он тамаддуну миллатҳо ва адёни гуногун арзи вуҷуд доранд. Танҳо ба ёд овардани зиддияту хушунатҳои байни Ҳиндустону Покистон, Исроилу Эрон, Хитою Ҷопон, Русияву Украина кофист, то дарк созем, ки вазъият дар муносибатҳои дуҷонибаи аъзои Форуми мазкур чи гуна аст. Аз ин рӯ, аксарияти санадҳои дар доираи машварат қабулшуда бе иҷро мемонанд, чун кишвари муноқишадор ба ҳеҷ ваҷҳ пешниҳоди рақиби худро дастгирӣ нахоҳад кард. Аз ин лиҳоз, бояд як механизми дурусти ҳалли муноқишаҳо дар дохили машварат муайян карда шавад. Танҳо дар ин сурат метавонем бигӯем, ки тамоми тааҳудоти байни кишварҳои узв басташуда ба пуррагӣ ҳалли худро меёбанд,- гуфт ҷаноби Хоҷаев.

Гуфтан бамаврид аст, ки ҷараёни кори ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор гашт, 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷӣ, хабарнигорони рӯзномаву маҷаллаҳо, радиоҳо, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Белорус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ ва дигар агентиҳои иттилоотӣ инъикос карданд.

Ёдовар мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё — МҲТБО анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.

Охирин ҳамоиш 21-уми майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардида буд. Ҳамоиши навбатии машваратро соли 2023 Русия мизбонӣ хоҳад кард.

 

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here