Рафтани Нурсултон Назарбоев: Оё ин чӣ таъсире дар сиёсати минтақа хоҳад дошт?

Нурсултон Назарбоев пас аз як давраи ҳудудан сисола аз маснади президентии Қазоқистон канор рафт ва ваколатҳои худро то интихоботи навбатӣ ба Қосимҷомарт Тоқаев супурд. Аммо Назарбоев аз роҳбарии Шӯрои амнияти Қазоқистон ва роҳбарии ҳизби “Нур Отан” нарафт. Интихоботи президентии Қазоқистон моҳи апрели соли 2020 баргузор мешавад, яъне ҳоло то сари қудрат омадани президенти нав ин кишвар як сол фурсат дорад. Бозиҳои пасипардагиву ошкори интихоботӣ чӣ армуғоне хоҳанд дошт, ҳадс задан бармаҳал аст. Он чи мусаллам аст, он ки Нурсултон Назарбоев амалан аз идораи Қазоқистон дур нашудааст. Вай ҳамоно ҳама ихтиёроти сиёсиву амниятиро дар даст дорад ва гумони ғолиб он аст, ки муддати ин як сол вай барои интиқоли нарми қудрат дар кишвараш талош хоҳад кард. Боз ҳам ба гумони ғолиб номзади аслӣ дар интихобот ва ҳатто барандаи аслии он духтари Назарбоев Дариға Назарбоева хоҳад буд. Як соли то интихобот метавонад армуғону навгониҳои зиёд дошта бошад, хоса дар замоне, ки сиёсатҳо хеле зуд тағйир меёбанд.

 

Кист Назарбоев?

Посухи ин суол мушкил нест, чун дар бораи сарвари то кунун бебадали Қазоқистон маълумоти расмӣ хеле зиёд аст. Нурсултон Назарбоев 79 сол дорад ва дар миёни ҳамаи роҳбарони ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ аз бузургсолон маҳсуб мешавад. Вай 6 июли соли 1940 дар рустое бо номи Шаманғон, ноҳияи Каскелин, вилояти Алмаато дида ба олам кушодааст. Волидонаш аз ҷумлаи кишоварзон будаанд. Хатмкардаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 22 шаҳри Днепродзержинск (1960), ВТУЗ-и назди комбинати металургии Қарағанда (1967) мебошад.

Фаъолияти кориаш аз соли 1960 шуруъ шудааст. Аз соли 1969 ба корҳои комсомоливу ҳизбӣ ҷалб гардидааст. Солҳои 1979-1984 котиби КМ ҲК Қазоқистон, солҳои 1984-1989 раиси Шӯрои Вазирони ин кишвар, солҳои 1989-1991 Котиби якуми Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Қазоқистон, аз 24 апрели 1990 то 16 декабри соли 1991 — президенти ҶШС Қазоқистон будааст.

Аввалин интихоботи умуихалқии Қазоқистон 1 декабри соли 1991 баргузор шудааст ва Назарбоев бо касби 98,7 дарсади овозҳо раисиҷумҳури ин кишвар интихоб шудааст. Аз он вақт ба инҷониб боз чор маротибаи дигар президент интихоб шудааст.

Аз соли 2010 пешвои миллати қазоқ (Елбосӣ), Қаҳрамони миллии Қазоқистон (2012) мебошад. Соле як рӯз тибқи қонунии асосии ин кишвар рӯзи президент аст.

Дар бораи гузаштагони худ изҳори назар намуда, Нурсултон Назарбоев ошкоро эътироф кардааст, ки дар хуни пешиниёнаш ашрофзодагӣ набудаву нест. “Ман писар, набера, абераи чӯпононам, яъне ман ашрофзода нестам”,-навиштааст худи ӯ.

Оиладор ва соҳиби се духтар аст. Ҳамсараш муҳандис-иқтисодшинос буда, дар айни замон Хазинаи байналмилалии хайрияи бачагонаи «Бөбек» («Хурдсолак”)-ро сарпарастӣ мекунад.

Духтарбузургаш Дариға ходими сиёсист ва коршиносон дар симои ӯ сарвари ояндаи Қазоқистонро мебинанд.

Соҳиби ҳашт набера ва панҷ абера мебошад.

 

Рафт, аммо ҷойе нарафт

 Истеъфои Нурсултон Назарбоев як рӯйдоди нодир дар қаламраи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. Аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷамоҳир дида нашудааст, ки касе аз сарварон осоиштаву ихтиёрӣ аз ваколатҳо даст кашида бошад. Дар ин миён Қирғизистон истисност, ки ду маротиба хезишҳои мардумӣ раисони ҷумҳури интихобиро иҷборӣ аз тахт бетахт кардаанд. Истеъфои Назарбоев шояд хабарсозтарин рӯйдоди рӯзи 19-уми марти соли равон буд.

Рӯзе баъд вакилони палатаи болоии порлумони Қазоқистон  дар раъйдиҳии пӯшида  аз номзадии духтари бузурги Нурсултон Назарбоев Дариға Назарбоева пуштибонӣ карданд. Дариғаи 55-сола то ин замон раиси Кумитаи корҳои баналмилалӣ, дифоъ ва амнияти парлумон буд.

Интихоби Дариға сояҳои ояндаи сиёсати Қазоқистонро рӯшантар кард. Бидуни ҳар шаке таҳлилгарон ҳадс заданд, ки ин истеъфо амалан интиқоли нарми қудрат аз падар ба духтар аст. Назарбоев, чуноне ёдрас шудем, фарзанди писар надорад, ки ҷойнишини вай шавад. Қосимҷомарт Тоқаев муваққатан президенти Қазоқистон шуд, вале Дариға Назарбоева сарварии Сенатро ба ҷойи Тоқаев ба уҳда гирифт.

Зарфи як шабонарӯзи истеъфои Назарбоев бо чанд рӯйдодаш хотирмон буд: Тоқаев аввалин коре, ки кард он буд, ки шаҳри Остона-пойтахти Қазоқистон бо пешниҳоди вай Нурсултон номида шуд. Духтари Назарбоев сарвари Сенат интихоб гардид. Тоқаев боз пешниҳод кард, ки муҷассамаи Нурсултон Назарбоев сохта шавад.

 

Интиқоли зина ба зина

Коршиносон чӣ дар Қазқистон ва чӣ дар хориҷ ҳамвора аз интиқоли қудрат аз узви як хонавода ба узви дигари хонавода суҳбат мекунанд. Вале ин интиқол якбора набуд, балки тӯли чанд соли охир заминаҳои сиёсиву ҳуқуқии он фароҳам оварда шуд.

Соли 2017 ба Қонуни асосии Қазоқистон ислоҳҳое ворид карда шуд, ки ваколатҳои президентро камтар мекард. Бахше аз ин салоҳият, аз қабили назорати равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ ба ҳукумат вазоратҳо ва раисони вилоятҳо вогузор шуд, ба парлумон барои ташкили ҳукумат ихтиёроти бештар дода шуд.

Соли 2018 Қазоқистон бори дигар даст ба ислоҳоти сиёсӣ зад ва ин бор Шӯрои амният, ки пештар ниҳоди машваратӣ буд, ба мақоми конститутсионӣ табдил гардид. Ҳамзамон бо ин ваколатҳои ин Шӯро афзуд ва Назарбоев ҳуқуқи онро пайдо кард, ки то охири умр раиси ин Шӯро бошад.

Чуноне дида мешавад, амалан Назарбоев бо рафтан аз вазифаи президентӣ, амалан аз мақоми идории кишвараш дур нашуд, балки бо салоҳиятҳои бештар дар қудрат боқӣ монд. Зеро ин шӯро масъулияти ташкили назорат ба иҷрои қонунҳоро дорад, бахусус қонунҳое, ки ба мудофиа ва амнияти миллӣ марбут мебошанд.

 

Сухане чанд дар бораи Тоқаев

Ва аммо Тоқаев. Назарбоев номзадии Қосимҷомарт Тоқаевро аз миёни дигар ҷойнишинони эҳтимолиаш беҳуда интихоб накардааст. Аз соли 2013, ки ӯ ба симмати раиси Сенат баргузида шуд, гоҳу ногоҳ коршиносон дар мавриди ҷойгузини Назарбоев сӯи ӯ ҳам ангушти ишорат мебурданд, ҳарчанд дар ҳама таҳлилҳо боз ҳам афзалият ба духтари президент дода мешуд. Тоқаев аз ҷумлаи мансабдорони соҳибтаҷриба аст. Вай қисмати бештари фаъолияти кории худро дар вазорати корҳои хориҷа пушти сар кардааст, вале ҳукуматро ҳам сарпарастӣ намудааст.

Аз сӯи дигар Тоқаев дар Қазоқистон баъди Назарбоев дуюмин чеҳраи шинохтаи сиёсист ва ӯро дар Русия, Чин, ИМА ва дигар кишварҳо, бахусус Аврупо хуб мешиносанд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки номзадии Тоқаев ба ин симмат аз миёни сиёсатмадорони дигар бештар мавриди бовариву эътимоди Назарбоев аст.

Аммо баъзе коршиносон ба ин назаранд, ки рафтани Назарбоев баъди қариб 30 соли роҳбарӣ ба сиёсатҳои минтақавиву дохили ин мамлакат таъсире намерасонад. Ҳатто Кейт Маллинсон – коршиноси ожонсии машваратии британиёии PRISM аз Қосимҷомарт Тоқаев ба унвони президенти ояндаи Қазоқистон ном мебарад. Вай мегӯяд: “Президенти нави миёндаврӣ миёнарави бехатар аст. Вай ҳамкори содиқ барои Назарбоев маҳсуб мешавад. Ҳар қадар агар интихобот пештар баргузор шавад, эҳтимолияти ҳифзи симмати президентӣ барои вай бештар мешавад”.

 

Рафтани Назарбоев ва сарнавишти Осиёи Марказӣ

 Ҳар рӯйдоди сиёсие, ки дар ин ё он кишвари олам иттифоқ меуфтад, хоҳу нохоҳ ба ҳамсоягонаш асаре мезузорад. Ҳарчанд дар Қазоқистон ҳоло коре нашудааст, ки ҳукумат тағйир карда бошад ва ё сиёсатҳои дигар шуда бошанд, вале таҳлилгарон дар мавриди таъсири он ба дигар ҷамоҳири пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва дигар паҳнои қаламрави собиқ Шӯравӣ иҳори назар мекунанд. Муруре ба таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи коршиносон бештар ба Белорусия ва Тоҷикистон нигаронида шудааст. Масалан, сомонаи Спутник нуқтаи назари Владимир Жарихин, муовини мудири пажуҳишгоҳи ИДМ дар Русия ва Алексей Бичков, корманди аршади Пажуҳишгоҳи ИДМ дар Русияро интишор додааст. Владимир Жарихин бар ин назар шудааст, ки тайи солҳои наздик имкони вогузории қудрат дар Тоҷикистон ва Беларус ба сабки Қазоқистон вуҷуд надорад.

Алексей Бичков бошад, мегӯяд, ки дар соли 2020 эҳтимоли вогузории қудрат дар Беларус вуҷуд дорад. Зеро авзои сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар дар ҳоли ҳозир матлуб нест. Аммо дар Тоҷикистон ин амр баъид ба назар мерасад.

 

Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий