МаҳатмаГандӣ (1869-1948) якеазпешвоёниҳаракатимиллӣозодихоҳииҲиндбуда, ҳаётиӯботаърихимуборизаихалқбаҳриистиқлолиятимиллӣсахтмарбутаст. Гандизмбабарномаимуборизаимиллӣозодихоҳӣтабдилёфтвадармиқёсиҷаҳонмиллионҳонафартарафдорпайдокард.

МоҳандасКарамчандГандӣдарГуҷарат 2-октябрисоли 1869, дароилаишахсибадавлат, кибатабақаисавдогароникасбӣмутааллиқбуд, таваллудёфтааст. ҶаҳонбинииГандӣтаҳтитаъсиримуҳитиоилавиеташаккулёфтааст, кидаронрӯҳияидиниҳиндуияҳукумронбуд. ГандӣдарҳаждаҳсолагӣозимиБритониёиКабиршаҳриЛондоншуд. Вайдаронҷомаълумотиҳуқуқшиносӣгирифт. Соли 1893 ГандӣбаҳриҳимояиякширкатианглисӣдармурофиаисудӣбаАфриқоиҶанубӣсафаркард. Ӯдаринкишвардарксохт, кичиқадарҳиндуҳо, ҳабашҳовадигарнамояндагониғайрисафедпӯстонмушкилиҳоизиёдииҷтимоӣдоранд. Гандӣбақарореомад, кидарАфриқо, баҳриёрӣбахалқиоддӣ, бимонад. Ӯдаринҷосолҳои 1893-1914 манфиатҳоиҳамватанонимуҳоҷирашроҳимоянамуд. МаҳздаринкишварақидаҳоифалсафӣваҷамъиятиюсиёсииГандӣ, киминбаъдтактикаимуборизаиӯробомустамликадоронианглисмуайянсохт, шаклгирифтанд. БоринахустдарАфриқоиҶанубӣГандӣдарамалпринсипҳои «ғайризуроварииғайриҳамкорӣ» («набаҳукуматзӯрӣдорем, набаонҷонибдорем») ёсатяграха матонатдарроҳиҳақиқат»)-ро, кидарзеритаъсиривоқеаҳоисиёсииоғозиасрибистиРусияҳосилшудаанд, истифодабурд. Баҳодисаҳоисоли 1905-иРусиябаҳодода, Гандӣзикрсохт, ки «ҳаттосарварипурқудратҳамнаметавонадбедастгириираиятҳукмдорӣнамояд». 

ГандӣпасазбенатиҷамонданиталошҳояшдарҲиндбароиозмуданиқобилиятҳоихудбаАфриқоиҶанубӣ (дигармустамликаиБиритониё) рафтваонҷобуд, киаввалинбориқаҳоитавонираҳбарӣдарвайнамоёнгашт. Ӯтавонистдаронҷобарағмизиндонвадоғудирафше, китовонимуқобилабозиёдаталабиҳоиистеъморгаронбуд; борӯйкардемуслеҳонаэътирозотикоргаронромудирияткунад, тохудибритониҳонизмамнуниҳусниамалкардивайбишванд.

Ҳамонҷобуд, киӯтавонистимконибилқувватағйириҷомеародархудбибинадвабочуниндастовардебасарзаминимодариихудбозгардад.

Муборизабопиёдаравӣ

Қарнибистумзамонебуд, киИнглистонмебоисткамкамакбомустаъмаротихудхудоҳофизӣкунад. ВаГандӣякеазпешгомониистиқлолталабисулҳҷуёнадаринроҳбуд.  Бисёреазмуаррихониосиёиаш  ӯромуносиббаунвонимардумитаринраҳбарониистиқлолталабвадушманизиёдахоҳиҳоиистеъморгаронмедонистанд.

НуктаимуҳимдармавридишеваираҳбарииГандӣдарякешуданиравонутанишумаромумаслаквасабкизиндагиашбошиорҳое, кимедодбуд. Ӯ ҳамвора талош мекард, то ба он чӣ эътиқоде дорад, амал кунад, бе он ки осебе ба дигаре бирасонад.

Гандӣ ҳам роҳеро барои мубориза интихоб карда буд, ки ҳеҷ имкони муқобила бо он вуҷуд надошт: Пиёдаравӣ!

Гандӣ бо анҷоми маъруфтарин компанияи худ, ки як роҳпаймоӣ дар ҳудуди 400 километр (240 мил) аз коммунаи худ дар Аҳмадобод ба Дандӣ, дар соҳили Гуҷрот ва байни 11 марту 6 апрели соли1930 буд, аз гӯшанишинии тӯлонии худ берун омад. Ин роҳпаймоӣ таҳти унвони роҳпаймоии Дандӣ ё Сатяграхаи намак шинохта мешавад. Дар шаҳри Дандӣ, дар эътироз ба молиёте, ки Биритониё барои намак мушаххас карда буд, Гандӣ ва ҳазорон нафар аз тарафдоронаш, бо фароҳам овардани намак аз оби дарё, қонунро шикастанд. Ин роҳпаймоӣ 24 рӯз тӯл кашид. Ҳар рӯз ӯ 10 км роҳ мерафт ва суханрониҳои зиёде низ эрод мекард.

Моҳи апрели соли 1930 бархурдҳои тунде аз сӯи полис дар Калкутта ба вуҷуд омад  ва дар ҳудуди 100 ҳазор нафар дар тайи ҷунбиши нофармони маданӣ (1930–31) зиндонӣ, ва дар Пешовар ба рӯйи тазоҳуркунандагони ғайримусаллаҳ, дар куштори бозор Кисохонӣ, оташ кушода шуд.

Ин куштор боис гардид, ки таҳрики мардум ва шурӯъи ҷунбиши дигаре ба номи Худой хидматкор сар занад. ( хон Абдулғафорхон поярези он, ва Гандӣ фармонаи он буд). Замоне, ки Гандӣ дар зиндон буд, аввалин мизи гард дар моҳи ноябри соли 1930 дар Лондон баргузор шуд, ки дар он ҳеҷ як аз намояндагони кунгураи миллии Ҳинд ҳузур надоштанд. Таҳримҳое, ки рӯйи кунгура буд, ба далели сахтиҳои иқтисоде, ки ба воситаи Сатяграха эҷод шуда буд, бардошта шуд. Гандӣ бо дигар аъзои комиссияи кории кунгура, моҳи январи соли 1931 аз зиндон озод шуд. Моҳи марти соли1931, паймони Гандӣ-Иврин имзо шуд, ва давлат мутааҳҳид шуд, то тамоми зиндонёни сиёсиро озод кунад (бо вуҷуди ин, бархе аз инқилобиёни муҳим ва калидӣ озод нашуданд ва муҷозоти эъдоми Беҳогот Синк ва ду нафар аз ҳамроҳонаш баъдҳо хашм алайҳ кунгуираро, на фақат дар берун, балки дар миёни аъзои худи кунгура, барангехт). Дар ивази он, Гандӣ қабул кард, ки аз ҷунбиши нофармони маданӣ даст кашида ба унвони танҳо намояндаи кунгура дар мизи гирди дувум, ки моҳи сентябри соли 1931 дар Лондон баргузор гардид, ширкат кунад. Ин конфронс моҳи декабри соли 1931 бо шикаст муваҷҷеҳ шуд. Гандӣ ба Ҳиндустон баргашт ва моҳи январи соли 1932 тасмим гирифт, ки ҷунбиши нофармони маданиро дубора аз сар бигирад.

Гандӣ соли 1915 ба Ҳинд баргашт. Ӯ раҳбари муборизоти ҷунбиши миллии Ҳинд барои истиқлоли ҳукумат дохилии Ҳиндустон аз истеъмори Биритониё шуд. Ҷунбише, ки баъдҳо Сураҷро ном гирифт. Ӯ барои шурӯи мубориза тасмим гирифт, ки пиёдаравӣ кунад. Ва дар масири пиёдарвии худ тавонист миллионҳо нафарро бо худ ҳамроҳ созад.

Гандӣ бо муваффақият кори ғайрхушунатомезро анҷом дод. Англисҳо саъй карданд, то ин эътирозҳоро саркӯб кунанд, аммо табиати ғайрихушунатомези қиёмҳо ва эътисобот, мухолифат бо онро душвор мекард. Ба ривояти ноибуссалтанаи Инглистон онҳо намедонистанд бояд бо чӣ чизе зиддият кунанд.

Гандӣ ва тазоҳуроти намак

Дар соли 1930, барои мухолифат бо қавонини намак, Гандӣ як роҳпаймоии машҳур ба самти дарёро ҳидоят кард. Онҳо дар дарё намаки худро сохтанд, ки тахаллуф аз қавонини Англис буд. Садҳо нафар дастгир шуданд ва зиндонҳои Ҳинд пур аз афроде буд, ки тарафдори истиқлол Ҳинд буданд.

Андешаҳои Гандӣ

Гандӣ зиндагии хешро вақфи ошкор сохтан ҳақиқат кард. Ӯ талош мекард бо ёдгирӣ ва дарс гирифтан аз иштибоҳоти худ ва амалкарди худ ба ҳақиқат даст ёбад. Гандӣ эълом кард, ки муҳиммтарин набарди ӯ талоше буд, ки барои шикасти шаётини дарунии тарсҳо ва ноамниҳои худ ба амал овардааст. Гандӣ хулосаҳое аз эътиқодоти хешро дар қолаби «худованд ҳақиқат аст» матраҳ намуд ва баъдҳо дидгоҳҳои хешро ислоҳ кард ва баён дошт, ки «ҳақиқат Худованд аст».Ӯ ҳамвора таъкид мекард, то роҳи бидуни хушунат сабаби таслими афроди соҳибқудрат дар муқобили қудратмандтар аз худ нашуд, бояд ин роҳро баргузид, аммо агар бо хушунат битавонанд муқобили ин вазъият биистанд ва танҳо роҳиифшои ҳақ хушунат бошад, бе ҳеҷ тааммуле бояд силоҳ бардошт, ман ҳаргиз намеписандам, ки афроди шуҷоъ ба хотир риояти асли адами хушунат дар баробари нуфузи неруҳои тарсу таслим шаванд ва аз онҳо битарсанд, ки мабодо хушунат эҷод гардад. Дар воқеъ дар мактаби Гандӣ, хушунатпарҳезӣ нишонаи шуҷоат ва шаҳомат аст.

Муҳиммтарин компоненти интелектуалии Гандӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз вай чеҳраи як сиёсатмадори сулҳталаб ва хайрхоҳи маслиҳатгаро сохт, таҳаммулпазирӣ  дар ҳамбастагӣ бо андешаҳои бидуни хушунату зӯроварӣ ва ғалаба бар бадӣ буд.

 Натсионализми ҳиндӣ, ки тавассути Гандӣ дар тамоми минтақаҳо маъруф шуд, оғозе бар ҷунбишҳои мутааддиди миллигароӣ, ки дар Эрон; Туркия; ва Миср ҳам давом кард. Ваҷҳи ғолиби ин ҷунбишҳо талош барои ёфтани як ҳувияти сиёсӣ ва иҷтимоии мустақил аз абарқудратҳое чун Инглистон буд.

Сеюми июни соли 1947, Мунтботан, охирини фармондори кулли Ҳинд, бахшбандии Ҳиндро эълом кард. Бо убури сареъ аз парлумони биритониёиӣ қонуни истиқлоли Ҳинд, ва дар соати 12:02, пас аз нимаишаб, муаррихи 15 августи 1947 Ҳинд кишваре мустақил шуд. Маҷлиси муассисон кори пешнависи қонуни асосиро дар 26 ноябри соли 1949 такмил кард; 26 январи соли 1950, Ҷумҳурии Ҳинд расман эълон шуд. Маҷлиси муассисон доктор Раҷендро Проесадро, ки аз сӯи фармондеҳи кулли Раҷвапалачарӣ фармон дода шуда буд, ба унвони аввалини раисҷумҳури Ҳинд баргузид. Ба думболи истиқлол дар соли 1947, Ҳинд дар кишварҳои муштаракулманофеи боқимонда ва равобити байни Ҳинд ва Биритониё дӯстона шуд. Манотиқи бисёре вуҷуд дорад, ки ҳарду кишвар вобастагиҳои маҳкамтаре барои истифодае дутарафа талаб мекунанд ва ҳамин тавр вобастагиҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии байн ду миллат вуҷуд дорад.

Вафоти Гандӣ

Хабари марги Гандиро Ҷавоҳирлаъл Неҳру, нахуствазири вақти Ҳиндустон ва аз дӯстони Гандӣ бо садое ларзон аз радио ба мардуми кишвараш иттилоъ дод ва ба онҳо гуфт, ки бо рафтани марде, ки падари миллати Ҳинд номида мешуд, торикӣ ҳама ҷоро фаро гирифтааст.

Хабари марги Гандӣ дунёро ба тааҷҷуб ва мутаассир кард, осиёиҳо марги ӯро бовар намекарданд. Дар Лондон тамоми шахсиятҳои Биритониё паёмҳои таслияти худро  ба Ҳинд равон карданд. Ҳатто Черчил, душмани дерини Гандӣ ҳам паёме ба Ҳинд фиристод. Поп Паюси дувоздаҳум дар таҷлил аз Гандӣ эълом кард ӯ “паёмбар сулҳ ва дӯсти масеҳият” будааст. Ҳари Труман раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар суханони гуфт: “Ҳама дунё дар азои Ҳинд шарик аст.” Ва нахуствазири Фаронса Жорж Биду баён кард, ки “ҳама касоне, ки ба бародарии инсон мӯътақиданд, дар марги Гандӣ азодоранд.” Аммо дар сафорати Ҳинд дар Маскав касе барои зикри таслият наомад. Бернард Шоу дар таҷлили кӯтоҳ аз Гандӣ навишт: “Қатли ӯ нишон медиҳад, ки хуб будан чи қадар хатарнок аст.” Бузургтарин рақиби сиёсии Гандӣ, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ дар паёми таслиятӣ навишт: “Бо марг ҷадал натавон кард. Ӯ яке аз бузургтарин мардони парвардаи ҷомеаи ҳинду буд.” Дар ин миён ҷомеаи Ҳинд, худ бузургтарин таҷлилҳо аз Маҳотморо тартиб доданд. Рӯзномаи «Ҳиндустон стандарт» танҳо як праграф бо ҳуруфи сиёҳи дурушт дар миёнаи сафҳаи аввалаш, ки кадри сиёҳе ба давраш кашида буд, қарор дод ва навишт:

 “Гандӣ ҷӣ ба дасти миллати худаш, ки ба хотир растгоришон зист, кушта шуд. Ин дувумин таслиби таърихи дунё, рӯзи ҷумъа ба амал омад — ҳамон рӯзе, ки Масеҳ дар якҳазору нӯҳсаду понздаҳ сол пеш, ба марг маҳкум шуд. Падар, моро бибахш».

Аз усули эътиқодии Гандӣ, ки акнун ба унвони бахше аз мероси маънавӣ ӯ шинохта мешавад, ин буд, ки чун инсон қудрати ҳаёт бахшидан ба инсони дигарро надорад, ҳақ надорад, ки ҷони ҳамнавъи худро бигирад.  Имрӯз дар кишвари Ҳинд, Гандӣ ба унвони раҳбари ҷунбиши миллӣ, мавриди эҳтироми мардум ва аксари гурӯҳҳои сиёсӣ аст ва нақши ӯ ба унвони аввалин раҳбари сиёсе, ки аз баробарии тамоми мардум сухан гуфт ва онҳоро дар муборизае ором ва муваффақиятомез ба сӯи истиқлол ҳидоят кард, мавриди қабули умум аст, аммо фаротар аз марзҳои Ҳинд, Гандӣ дар дигаргун кардани андешаи сиёсии инсони муосир низ нақше мондагор баҷо гузоштааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here