Мукаррама Қаюмова дар миқёси Осиёи Марказӣ ва доираи форсизабонони ҷаҳон маҳбубият дорад. Ӯро ҳамчун як тарроҳи моҳиру донишманд эътироф кардаанд. Робитаву алоқамандиҳо боис гаштаанд, ки ӯ аз бисёр нозукиҳо огаҳ шавад. Шояд дар оғоз амиқ дарк наменамуд, ки либос ин танҳо як ороишу зебоӣ нест. Дар арсаҳо фаҳмид, ки либос дар шароити кунунии ҷаҳонӣ фарогири садҳо паҳлӯҳост. Барои ӯ нигаронсозанд, ки ҳамсояҳои мо дар заминаи умумиятҳои фарҳангӣ бо доштани марказҳои бузурги пажӯҳишӣ дар самти косибӣ шӯҳрати ҷаҳониро соҳиб гаштаанд. Буҳрони сиёсиву ҷанги дохилии кишварро омили аслии аз баъзе чизҳо маҳрум гаштани мо медонад. Аз бесарусомониҳо истифода бурда, нотавонбинони дохиливу хориҷӣ дар паи манфиатҳои фардӣ хиёнатҳоро нисбати миллати тоҷик раво диданд. Ӯ имрӯз шукрона аз он менамояд, ки Пешвои миллат бо сиёсати сулҳсозиву ваҳдатофари худ дардҳову захмҳои ин миллатро даво бахшида истодааст. Қомати афрохтаи фарҳанги миллатро дар замони истиқлол ба хислати фарҳангдӯстии ин шахсият бештар марбут медонад. Акнун созандагиҳо дар кишварамон суръати хос пайдо менамоянд ва ҳар як фарди бозаковатро зарур аст, ки қазовати дуруст дошта бошад. Аз ин лиҳоз ӯ пайваста даъват месозад ва садо баланд менамояд, ки мутахассисону муҳаққиқон дар масъалаи худшиносии фарҳангӣ дар канор набошанд. Ӯ худ меомӯзад, таҳқиқ менамояд, аз қаъри асрҳо нодиртарин ангораҳоро дармеёбад, ки маҳсули бевоситаи аҷдодони тоҷикон аст. Вале чун дар саҳнаҳои байналмилалӣ даъвои дигаронро дар ин самт мебинад, ӯ ором гирифта наметавонад ва баъдан дар ӯ чунин хулоса пайдо мешавад: «Либос ҳам сиёсат аст».

Асри равон асри бархӯрди фарҳангҳост ва муваффақ кишвар ҳамон аст, ки агар тавониста бошад, аз минбарҳои СММ ҳунару фарҳанги худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда бошад. Махсусан, дар масъалаи намоиши либосҳо имрӯз муборизаву талошҳо суръати хос доранд ва андешаи  «либос ин сиёсат аст»-ро бори дигар собит менамояд. Гирем сиёҳпӯшони бегонаи имрӯзаро, ки орому намоишкорона дар кучаҳо равуо доранд. Онҳо ба зоҳири худ, бо мавҷудияти гоҳ-гоҳи худ мегӯянд, ки «мо ҳастем, мо бисёрем, моро касе чизе гуфта наметавонад, бо мо бипайвандед…». Нерӯи ин шеваи таблиғ аз он минбаре ки тавассути он нафаре бо баландгуяк шабу рӯз мардумро ба ақидае моил сохтан мехоҳад, ба маротиб зиёдтар аст. Чашм  ва гӯш ду узви инсонанд, ки барои қабули фикреву ҳадафеву мароме ҳамеша омодаанд. Равонишиносон маълум сохтаанд, ки дидан нисбат ба шунидан дар роҳи таблиғ мусоидтар аст. Шояд аз ҳамин чиҳат бошад, ки гуфтаанд: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Чун шумори онҳо зиёд мешавад ва ҷилваҳои сифатӣ бештар мегарданд, маълум, ки ақидаву фикри мардум зуд дигар мешавад. Инқилоби афкор бошад зуҳуротро  ба амал меорад. Аз ин ҷиҳат либос ин инқилоб аст, либос ин мубориза аст ва либос ин ваҳдат аст. Ҳақиқати ин ақидаву гумонҳоро Мукаррама Қайюмова хеле барвақт дарк намудааст. Дар ҳошияи ин ақидаву андешаҳо хеле давомдор метавон ҳарф зад. Вазъи кунунии чанд соли охири Аврупо дурустии афкори болоро собит менамояд. Тавре ки маълум аст, ин қитъаи ба қавле қадимиву пешрафта аз мавҷи фарҳангҳои бегона ба ларза омадааст. Воқеаҳои марбут ба терроризму экстремизм беш аз дигар манотиқи ҷаҳон ин қитъаро зиёд ба ташвишу таҳлука овардааст. Решаву сарчашмаи ин тамоюли манфиро кишварҳои ин минтақа ба олами шарқӣ ва ба намояндагони халқиятҳои олами шарқӣ вобаста медонанд. Чун дар кучаҳои бузургтарин шаҳрҳои аврупоӣ ҳиҷобпӯшу сиёҳпӯшеро мебинанд, ба таври ошкор ба ӯ бо нафрат менигаранд ва дар симои ӯ ҳатман терористи худкушро мебинанд. То ҷое одамон дар кучаҳову хиёбонҳо аз ин ҳиҷобпӯш мегурезанд ва роҳи худро дигар менамоянд. Сабабаш маълум аст, ки дар ҷое ва дар кадом як замоне зани ҳиҷобпӯши шарқитаборе бо маводи тарканда якҷоя таркидааст ва сабаби марги даҳҳо нафар гаштааст. Ҳамин аст, ки дар баъзе давлатҳои аврупоӣ қонунҳое таҳия гашта истодаанд, ки доираи истифодаи либосҳои бегонаро маҳдуд кардан мехоҳанд. Албатта,, ин маънои онро надорад, ки либоси ҳиҷобии масалан арабҳо ин тимсоли қатлу куштор аст. Масъала он аст, ки фарҳанг ба сиёсат омехта гашта, ба як унсури мубориза табдил ёфт. Дар роҳи муборизаҳои сиёсӣ хеле осон аз фарҳанг, ҳамчун ниқоб истифода мекунанд. Аз ҷониби дигар боз ҳам он андеша сарфи назар нест, ки асри равон асри бархӯрди фарҳангҳост ва чун фарҳангҳои кучак аз байн мераванд, ин маънии фанои халқу миллатҳои алоҳидаро дорад.

Мукаррама Қайюмова ин таззодҳоро амиқ дарк менамояд ва дар амалияи касби худ онро хеле фаррох пайхас намудааст. Ӯ мегӯяд: «Дар як филм дида будам, ки Амрико хостааст, ки нуфузи ҷаҳонӣ пайдо намояд. Аз ин рӯ шимҳои ҷинсро тонна-тонна бурда дар уқёнуси Ором мепартоянд. Ин амалро ба намоиш мегузоранд. Сурати воқеаро дида, мардумони нодор мегӯянд, ки онро ба мо диҳед. Айни хостаашон мешаваду он либосҳоро ба кишварҳои қашшоқ медиҳанд. Оҳиста – оҳиста бо иллати зиёд шудани шумораи талабгорон онро мефурухтагӣ шуданд. Бо гузашти вақт қариб дар тамоми ҷаҳон ин либосҳо паҳн мешаванду шӯҳрат пайдо мекунанд ва ба як навъ мӯд табдил меёбанд. Ин ҳамон либосҳои навъи ҷинс буд, ки то ҳол дар миқёси ҷаҳон шинохташуда мебошанд. Давраи шӯравӣ ба ёдам меояд, ки чи гуна ҷавонони мо мафтуни ин ҷинсҳо буданд. Бинед, ки бо ин роҳ худро муаррифӣ карданд. Аз як ҷузъи ночиз тиҷорати калонро ба вуҷуд оварданд. Як бахши фарҳанги худро ҷаҳонӣ гардониданд. Худро миллат нишон доданд. Худро серу пур муаррифӣ карданд. Ҳол он ки таърихи зиёда аз садсолаи онҳо бозгӯи миллат набудани онҳост. Таърих гувоҳ аст, ки мардумони ин кишвари абарқудрати имрӯза то асри 18 аксаран муҳоҷирони бадарғашудаи дигар қитъаҳо буданд».

Нақли муаллима фалсафаи васеъро фарогир аст. Ин шева танҳо хоси имрӯз нест, ки кадом як акси парчаму рамзи давлатиро дар ин ё он либос мебинем. Ҳазорсолаҳо қабл, дар либоси паҳлавонони халқҳову миллатҳо расмҳои рамздори мухталиф истифода мегаштанд. Ин мавзӯъ дар «Шоҳнома» инъикоси васеъ дорад. Аксҳову рамзҳо тарсу ваҳшатро дар вуҷуди одамон бедор менамуданд. Дар ливову парчамҳо аксҳои шеру аждаҳоро ҷо мекарданд. То имрӯз мебинем, ки дар парчамҳо уқоби иборат аз ду сар истифода мешавад. Яъне ин мавзӯъ доманаи хеле густурда дошта, либос, матоъ, ранг, тасвир ва амсоли он ба як шеваи муборизаи сиёсӣ табдил ёфтааст.

Муаллима ба он фикр аст, ки мо то ҳадде  муғамбирӣ менамоем. Фарҳанги меросии мо аз ҳад зиёд бошад, ё сабаби дигар бошад, ки аз мо бисёр чизҳоро гирифта истодаанд. Ин андешаҳо беасос нестанд. Масалан, тоҷикон то Инқилоби Октябр ба сар тупӣ мепӯшиданд. Ҳатто дар солҳои  панҷоҳуму шастуми асри гузашта, пӯшидани тоқии чоргули тоҷикӣ як анъанаи роиҷи фарҳангӣ буду як ифтихору худшиносӣ дониста мешуд. Зиёиёну равшанфикрони мо аз устод Айнӣ оғоз карда, онро мепӯшиданд. Ҷои ору ҳазар набуд ва Айнии  тоқипуш он хидматеро барои миллати тоҷик адо намуд, ки назир надорад. Дар симпозиуму фестивалҳое, ки дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мегузаштанд, ин тоқии чоргула тоҷиконро муаррифӣ менамуд. Ё ин ки дар толорҳои Кремл, ки анҷуманҳои ҳизб мегузаштанд, тоқипушеро медиданд, мегуфтанд, ки ӯ тоҷик аст. Қирғизҳову туркманҳоро бо кулоҳҳои хосашон мешинохтанду моро бо ин тоқии чоргулаамон. Ин як роҳи беҳтарину беминнату номаълуми тарғиби миллати мо буд. Чи шуду мо аз баҳраш гузаштем. Имрӯз дар минтақаҳои кишварамон тоқипушӣ ба як «падидаи аҳён-аҳён» табдил ёфтааст. Аҷиб ки онро кӯҳнапарастиву як нишони ақибмондагӣ қабул кардаем. Дар ҳоле ки дар Ӯзбекистони ҳамсоя ин анъанаро ба таври васеъ нигоҳ доштаанд ва тоқиро низ моли худ меҳисобанд ва замоне мешавад, ки барои ин тоқии чоргула ҳамчун як ҷузъиёти фарҳангӣ бо онҳо дар баҳс мешавем. Муаррифии миллати мо мешавад, ки агар имрӯз дар саҳнаҳои байналхақӣ намояндагони миллати мо бо чакану атласи тоҷикӣ ва инчунин тоқиҳои чоргулдоштаи зебо ба ҷилва оянд. Ин худ як тарғиби безабону беҳарфест, ки якбора ба тамоми забонҳои ҷаҳон тарҷума мешавад. Дар тарғибу ташвиқи ҳастии имрузаву таърихии миллат нерӯи ин навъи муносибат гоҳо аз садҳо мақолаву асарҳое, ки онро ҳама қудрату имкони мутолиа надоранд, зиёдтар аст. Имрӯзҳо аз минбарҳои баланди СММ мебинем, ки африқоиву яҳуду араб бо либосу тупии худ дар як навъ муборизаву рақобат бо рақибони худ  қарор доранд.

Ҳунару фарҳанг як воситаи беҳтарини нишон додани симои миллат аст. Мукаррама Қайюмова бо худситоиҳо дар ин роҳ танҳо аз ҳунари худ миннат намекунад. Дар Ҳиндустон аз шонаҳои сохтаи устои истаравшанӣ Ғафурҷон Икромов мисол меорад, ки чи гуна тавонист дар як они воҳид номи Тоҷикистонро баланд бардорад. Санъату ҳунари баланди ин мард диққати ҳозиринро ҷалб намуду ҳама ангушти ҳайрат газиданд. Овозаи он боис гашт, ки рӯзи дигар барои дидани он шонаҳо се нафар шахсиятҳои шинохтаи (се вазир) Ҳиндустон махсус ба он намоишгоҳ омаданд. Мукаррама Қайюмова доиман дар доираи созмони ЮНЕСКО таъкид намудааст ва менамояд, ки набояд мо анъанаҳои фарҳангии аҷдодии худро осон ба дигарон диҳем. Ин раванд хатарнок буда, мавҷудияти қадимии миллати тоҷикро инкор менамояд.

Ман бо қатъияти том мегӯям, ки ҳамин лентаҳои дар кулоҳи баҳрнавардони ҳарбӣ овезон аз мо ба дигарон рафтааст. Дар сарчашмаҳову китобҳои таърихӣ сабт гаштааст, ки ҳанӯз дар кулоҳи ҳарбии сарбозони замони Хохоманишинҳо ин навъи лентаҳо дида мешуданд. Бубинед, ки имрӯз ин мояи ифтихори ким кадом як миллати дигар гаштааст. Ҷои инкор нест, ки халқу миллатҳои маънаван бой хеле зираканд. Тамоми сарчашмаҳоро мебинанду меомӯзанд, ки дар гузашта кадом миллат чи дошт ва беҳтарин ҷузъиётро аз худ карда мегиранду фарҳанги худро неруманд месозанд. 5000 сол қабл тоҷикон либосҳое доштанд, ки мо онро имрӯз дар фарҳанги либоспӯшии туркманҳо мебинем. Ба сафҳаҳои интернетӣ муроҷиат менамоям. Дар бораи ҳунар косибии  ӯзбекҳову қазоқҳо ин қадар маълумот фаровон аст, ки хонанда гумон менамояд, ки ин бахши аъзами фарҳангиро дар Осиёи Марказӣ танҳо намояндагони ин ду миллат соҳиб буданд ва соҳибанд… – мегӯяд, Мукаррама Қайюмова.

Даъвоҳои муаллима дар ин самтҳо зиёданд. Хеле мамнун аст, ки чакани тоҷикӣ дар арсаҳои баланди байналхалқӣ муаррифгари миллати мост ва ҳамчун ёдгориву сарвати фарҳангии тоҷикон эътироф шудааст. Ӯ ба хулоса меояд, ки бояд китобҳои зиёд нависему акси намунаҳои таърихиро дар саҳифаҳо сабт намоем. Зеро ҳасудону ҳарисони худхоҳ ҳама чизро ноайёну муназзам фурӯ бурдан мехоҳанд. Як ҳунар дар танҳоӣ моро муаррифӣ карда наметавонад. Ин худ як сиёсатест, ки дар ҳолати ғафлати зиёд ба нобудии фарҳанги миллат бурда мерасонад, меандешад, ин бонӯи ҳунар. Бо дарки ин ҷузъиёт муаллима шабу рӯз ҳам дар матоъ ва ҳама дар авроқ эҷод менамояд. Ӯ нишон додан мехоҳад ва бо пешниҳоду таҳқиқ исбот кардан мехоҳад, ки миллати ӯ дар гузаштаҳо сарватманде буд, ки амволашро ба ғорат бурда бошанд ҳам, аммо ҳунари ин миллат боқист.

Бахтиёри Қутбиддин,

дотсенти ДМТ

Добавить комментарий