Дар ин авохир фазои интернети тоҷикиро чанге зер кардааст тимсоли боди афғонӣ. Ё шояд хоктӯдае омадаасту чашми моро кӯр карданист?

Воқеан, баъзеҳо мегӯянду мегӯянд, ҳол он ки, на ҳарфашон маълум асту на ҳадафашон. Барномаҳои якранг, консепсияҳои таҳияшуда, стратегияҳои расмии тасдиқгардида… Бале, контенти тоҷикист, охир!

Муддаиёни курсиҳои роҳати парлумон бо барномаҳои иҷронашавандаву ваъдаҳои “гуфтанду мегӯем” то имрӯз дохили ин фазоро гарм карда истода буданд. Ба ҳадде майлону ҷавлон доштанд, ки дигар қудрату тавон аз они худашон аст. “Фейсбук”-ро ҳам, ки шабакаи иҷтимоии ҷаҳонист, пурра тоҷикӣ кардаву бо пахши баномаҳои пешазинтихоботии худ ким-чиҳое ваъда дода истода буданд, ки фаромӯш кардам аллакай ҳанӯз чанд рӯз нагузашта. Бале, ваъда мефурӯхтанду овоз мехариданд.

Аҷиб намебуд, агар ҳар кас дар фикри соҳаи худ намешуд. Омӯзгор соҳаи маорифро “обод мекунам” мегӯяду табиб аз пешаи худаш “шоҳи касб”-ҳо метарошад. Аз дигар қишр ёдоварӣ бемаъност. Вакилҳои пешини парлумон ҳам ваъдаҳои дурударози овозҷамъкун дода буданд, ки аз иҷро шуданаш дигар иттилоъ нест.

Дар Амрико ҳар як вакил ду сол қабл аз интихобот маъракаи даъвату таблиғро гарм мекардааст. Зеро муҳлати вакилони ин кишвари демократихоҳ 4 сол аст. Дар мо бошад, вакилон он вақт аз хоб мехезанд, ки санаи интихоби онҳо муайян шавад. Дигар маврид истироҳатро медонанду гарм кардани курсии мулоимро.

Дар мавриди қабули қонунҳо ҳадсу баҳси зиёд аст. Шоҳидон бар он назаранд, ки вакилони интихобнамудаашон зимни таҳлилу баррасии қонунҳо муҳри хомӯширо кунҷи лаб молида, ба саволи “зид ё бетараф нест?” посухи рад медиҳанд. Одат ҳам кардаанд ба хомӯшистиву “ба оши тайёр баковул” шудан. Ҳисоботашон як тараф, ақаллан чеҳраашонро як борак нишон диҳанд, қаноат мекунем. Намуди зоҳириашонро танҳо дар пушти барномаҳои интихоботиашон метавон диду садояшонро ҳангоми ироаи он ваъданомаҳои хушку холӣ имкони шунидан ҳаст. Боқӣ…

Баъд аз оне, ки ин маъракаи ба қавле “муҳими сиёсӣ” пушти сар шуд, фавҷ-фавҷи табрикотҳо чашми хонандаро кӯр мекард. “Зинда бод!”-у муборакбодиҳо, қарсакзаниву қадаҳкушоӣ ва худро ҳамсабақу ҳамтабақи вакил баровардани баъзе аз корбарон сар шуд. Давр ҳам даври онҳост.

Замоне расидааст, ки вакилон низ назди интихобкунандагони худ ҳисобот диҳанд. Ақаллан соле як бор гӯянд, ки дар болои курсии муллоим хобанд ё қаламро ба даст гирифта, дар таҳияи лоиҳаи кадом як қонуне саҳм доранд. Вақте ҷомеаро демократӣ мегӯянду ҳокимиятро аз они халқ, бояд ин орзуи интихобкунандагон амалӣ шавад. Яъне, онҳо вакили интихобкардаи худро рӯ ба рӯяшон бинанду дарди дил гӯянд.

Он чизе, ки болотар гуфтем, алами кӯчакест дар кунҷаки қалб. Қаблан, зимни вохӯрии намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ дар Академи ВАО бо доираи васеи журналистон аз масъулин пурсида будем, ки “оё як нафар метавонад ба ҷойи каси дигар овоз диҳад?”. Қатъиян “не” гуфта буданду ҳатто мазамматамон низ карданд, ки саволҳои муғризона ва носанҷидаро аз онҳо напурсем. Вале субҳи рӯзи 1-уми март хабарнигори радиои “Озодӣ” аз минтақаи Бохтари вилояти Хатлон исбот кард, ки даъвои мо “муғризона ва носанҷидашуда” набуда, як нафар метавонистааст ба ҷойи чанд нафар овоз диҳад. Чанд нафари дигар низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят доранд, ки ба номашон чанд варақа гӯё сабти ном шудаасту онҳоро маҷбур кардаанд, ки ба ҳамааш имзо монанд. Ин дар ҳолест, ки кормандони КМИР интихоботро “шаффоф ва демократӣ” арзёбӣ мекунанд.

Акнун хулосаи киро дуруст шуморем?

Мирсаид САТТОРИЁН, рӯзноманигор

Добавить комментарий