Воқеоти Боку дар моҳи январи соли 1990 бидуни шак ба хунрезии баҳманмоҳи соли 1990 таъсири манфӣ расонд. Гап сари ин аст, ки маҳз интиқол додани наздики 40 ё 50 хонаводаи гурезаҳо аз пойтахти Озарбойҷон, ки на ҳамаашон арманӣ буданд, боиси сар задани гирдиҳамоии эътирозӣ дар рузи 11-уми феврали соли 1990 ва хунрезӣ дар рӯзҳои 12 то 15-16-уми феврали ҳамон сол дар шаҳри Душанбе гардиданд.

Яке аз сабабҳои асосии ворид шудани Артши шӯравӣ ва неруҳои вижаи «Алфа»-и КГБ ИҶШС наҷот додани арманиҳои сокини ин шаҳр эълон гардида буд, аммо аксари муҳаққиқин мегӯянд, ки замони ворид гардидани артиши шӯрави ба пойтахти Озарбойҷон арманиҳо ё кушта шуда буданд, ё ин шаҳрро аллакай тарк карда буданд.
Дар ин иртибот собиқ сарвазири Иттиҳоди Шӯравӣ Николай Рижков дар яке аз мусоҳибаҳояш иброз медорад, ки рӯзи 15-уми январи соли 1990 аз шаҳри Боку ба таври муташаккилона 1200 нафар, рӯзи 16-ум 2100 нафар, рӯзи 18-ум 1600 нафар, рӯзҳои 19 ва 20-ум 1500 нафарӣ бароварда шуда буданд.
Гурезаҳоро асосан тавассути киштиҳову ҳавопаймоҳо ва поездҳо аз Боку ба дигар шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ интиқол доданд.
Баъзе муҳаққиқин мегӯянд, ки на дар ҳама ҷо розӣ шуданд, ки гурезаҳои арманиро аз шаҳри Боку қабул кунанд.
Азбаски як теъдоди муайяни ин гурезаҳо ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтанд, дар пойтахти Тоҷикистони шӯравӣ овозаҳо пайдо шуда, рӯз ба рӯз пурвоҳиматар гаштан гирифтанд.
Тибқи овозаҳо теъдоди гурезаҳои арманӣ ба 5-6 ҳазор мерасид ва гӯё ба онҳо бидуни навбат манзил додаанд. Аз ҷониби дигар, дар шаҳри Душанбе овоза шуд, ки роҳбарони ҷумҳурӣ дар ин кор саҳм доштаанд.
Аз ҷумла, гуфта мешуд, ки ронандаи мошини хизматии Котиби якуми Комитети Марказии Хизби Коммунисти Тоҷикистон Каҳҳор Маҳкамов ва муовини раиси Совети вазирон, раиси Кумитаи банақшагирӣ Бӯрӣ Каримов арманитабор ҳастанд.
Хамчунин дақиқ маълум буд, ки завҷаи раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев ҳам арманӣ мебошад.
Муҳаққиқон дар иртибот ба вуруди Артиши шӯравӣ ба Боку мегӯянд, ки мақсад саркӯб кардани Фронти халқии Озарбойҷон ва наҷот додани ҳокимияти шӯравӣ дар ин ҷумҳурӣ буд.
Ин нуктаро баъди як сол зимни мусоҳибае бо «Независимая газета» муовини якуми раиси КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ Филипп Бобков бо сароҳат эълон кард.
Дар ибтидои соли 1990 хатари коҳиш ёфтани нуфузи ҳокимияти шӯравӣ ва афзудани нуфузи Созмони мардумии Растохез, ки аслан нусхаи фронтҳои халқии ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Қафқоз буд, ба миён омад.
Аслан бигирем, дар ташкили Созмони мардумии Растохез на танҳо таъсири фронтҳои халқӣ, балки дасти Маскав дар симои меъмори бозсозии М.С.Горбачёв Александр Яковлев нақши муҳимро бозида буд, ҳарчанд ки муассисони созмони мазкур ҳеҷ гоҳ ҳозир нашуданд ин далелро эътироф кунанд.
Хамин тариқ, дар охири солҳои 80-уми асри ХХ ҳаракати равшанфикрон барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ саъйю талоши зиёд карданд ва ахиран, ин талошҳо дар Маскав дар ибтидои соли 1990 аз ҷониби А.Яковлев дастгирӣ ёфт ва забони тоҷик дар ҶШС Тоҷикистон мақоми давлатиро соҳиб шуд.
Роҳбарияти ҷумҳурӣ ва неруҳои ҷонибдори бақои ИҶШС дар Кремл ин нуктаро ба хубӣ дарк карданд, ки агар интихоботи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар охири моҳи феврали соли 1990 ба таври демократӣ сурат бигирад, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон монополияи қудрати сиёсиро аз даст медиҳад ва Созмони мардумии Растохез бо пайравӣ ба фронтҳои халқии ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Қафқоз сиёати ҷудоихоҳиро аз Маскав пиёда мекунад.
Равшанфикрони тоҷик барои ширкат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ тайёрии ҷиддӣ медиданд, зеро ба хубӣ дарк мекарданд, ки баъди мақоми давлатиро соҳиб шудани забони тоҷикӣ обрӯяшон ба маротиб боло рафтааст.
То ҳол маълум нест, ки чаро арманиҳои гурезаро аз Боку ба Душанбе-пойтахти Тоҷикистон, ки чанд ҳазор километр аз Озарбойҷон қарор дошт, оварданд? Ва ин ҳам дар арафаи интихоботи парламентӣ, ки интизор мерафт, хеле тезутунд бояд сурат бигирад.
Оё ин амали тасодуфӣ буд ва ё нақшаи аз қабл тарҳрезишуда? Посухи мақомоти расмӣ дар он шабу рӯзҳои хунини феврали соли 1990 ин буд, ки арманиҳои фирорӣ баъди як ё ду рӯз бояд аз Душанбе ба Ереван фиристода мешуданд.
Ҳамчунин гуфта мешуд, ки овозаҳоро эмиссарҳои озарбойҷонӣ, ки ба Душанбе махсус барои ҳамин кор омада буданд, дар миёни сокинони шаҳри Душанбе паҳн карда буданд.
Муҳаққиқи арманӣ Арсен Мелик-Шахназарян дар китоби худ бо истинод ба ҳамин фарзияе, ки мақомоти Тоҷикистон дар он шабу рӯз дода буданд, менависад, ки аз Боку ба Тоҷикистон даҳҳо нафар арманӣ, ки асосан бемору маъюб буданд, бо ҳавопаймоҳо фиристода шуданд.
Ба қавли мавсуф, дар Душанбе овоза шуд, ки ба ҷумҳурӣ «панҷ ҳазор» арманӣ аз Боку омадаанду гӯё ба онҳо хона ҷудо карда истодаанд.
«Ин овозаи иғвогарона ба маънои том вазъиятро муташанниҷ сохт. Ин кори эмиссарони Боку буд, ки муддати тӯлонӣ тибқи гувоҳии сокинони маҳаллӣ дар масҷидҳо суханронӣ намуда, бо ҷавонон вомехӯрданд», тазаккур медиҳад муҳақиққи арманӣ Арсен Мелик-Шахназарян
Ин фарзияро бо гузашти қариб 15 сол собиқ раиси КГБ-и Тоҷикистон В.Петкел дар китоби худ «Антитеррор и конттразведка», ки дар соли 2005 дар Санкт-Петербург чоп шудааст, такрор мекунад.
Ӯ менависад, ки дар он рӯзҳои фоҷиабор 20 эмиссари озарбойҷонӣ ба Тоҷикистон барои паҳн кардани овозаҳо дар бораи арманиҳои гуреза омаданд, ки баъди сар задани хунрезӣ дар моҳи феврали соли 1990 аз Тоҷикистон берун карда шуданд.
Ба қавли Петкел, инҳо аъзои Фронти халқии Озарбойҷон буданд, ки мехостанд ба ҳамфикрони худ дар сарнагун кардани ҳукумати советӣ дар Тоҷикистон ёрӣ расонанд.
Аммо дар соли 1992 Тоҳири Абдуҷаббор зимни мусоҳибаи худ бо ҳафтаномаи «Сухан» гуфт, ки озарбойҷониҳо гумоштагони КГБ-и Тоҷикистон буданд ва ба Душанбе махсус интиқол дода шуда буданд, то ки вазъиятро ноором кунанд.
Петкел дар китоби худ бо сароҳат эълон медорад, ки дар остонаи воқеаҳои февралӣ дар шаҳри Душанбе варақаҳову овозаҳое паҳн гашта буданд ва дар онҳо талаб карда мешуд, ки тамоми ғайритоҷикон аз ҷумҳурӣ баромада раванд. Агар ин тавр аст, пас саволи дигар пайдо мешавад, ки Петкел ба куҷо нигоҳ мекард? Чаро пеши роҳи ин иғворо нагирифт? Оё ин вазифаи ӯ набуд?
Дар чандин манбаъҳои арманӣ низ зикр мешавад, ки эмиссарҳои озарбойҷонӣ ба Самарқанду Бухоро, ки он ҷо арманиҳо зиёд зиндагӣ мекарданд, сафар карда, мардуми маҳаллиро бар зидди омадани гурезаҳо аз Боку таҳрик медоданд.
Аммо саволи матраҳ ин аст, ки агар озарбойҷониҳо ба Душанбе омада буданд, то ки мардуми бумиро ба муқобили арманиҳо шӯронанд, пас, чаро онҳо боздошт нагардиданд ва ё ҳадди ақал, ба истилоҳи имрӯз, ба ҷумҳурии худашон истирдод ё депортатсия нашуданд?
Ҳол он ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон барои низоъи байнимиллӣ андохтан тибқи Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкорон ҳатман ба курсии айбдорӣ шинонда мешаванд.
Дар Гузориши Комиссияи Президиуми Шӯрои Олӣ, ки моҳи августи соли 1990 таҳия гардида буд, гуфта мешуд, ки ҳанӯз қабл аз омадани гурезаҳои Боку дар шаҳри Душанбе овозаҳо паҳн гашта буданд, ки гӯё арманиҳои кофир либосҳои фиристодаро аз мусулмонҳои Тоҷикистон ба зарардидагони заминларзаи Спитак қабул накарда, онҳоро зери по намудаву оташ задаанд ва ин қаҳру ғазаби тоҷиконро афзуд.
«Ин нақшаи хавфноки бадқасдона буд, то ҳисси нафратро нисбати арманиҳо бедор намояд», — зикр шудааст дар ин санад.
Ҳамчунин дар ин санад омадааст, ки овозаҳо дар мавриди омадани се ҳазор арманӣ ҳанӯз нимаи якуми моҳи январи соли 1990 дар хобгоҳҳои омӯзишгоҳҳову техникумҳо, масҷиду бозорҳо, маҳаллаҳои Испечак ва ноҳияҳои тобеи марказ паҳн шудан гирифтанд. Аммо, чунон ки дар гузориш гуфта шудааст, ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ сари вақт ба ин овозаҳо таваҷҷуҳ накарданд. Ва ин сабаб гардид, ки роҳбарияти Тоҷикистон натавонист чораҳои муассир андешад.
Муҳақкиқи арманӣ Арсен Мелик Шахнзарян дар мақолаи худ «Карабах: факты против лжи» менависад, ки дар бораи овозаҳо роҷеъ ба арманиҳо раёсати Ҳаракати мардумии «Растохез» ба роҳбарияти ҷумҳурӣ муроҷиат карда буданд, аммо вокуниши расмӣ сурат нагирифт.
Аммо чаро роҳбарияти Созмони мардумии «Растохез» роҷеъ ба овозаҳо ба роҳбарияти ҷумҳурӣ муроҷиат кард?
Сабаб ин буд, ки тибқи эълони пешакӣ ин созмон ният дошт, ки рӯзи 18-уми феврал дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ доир кунад, то ки роҳбарияти ҷумҳуриро водор кунад, ки аз тақаллуб дар интихобот даст кашад.
Аз ҷониби дигар, азбаски аксарияти аъзои ин ҳаракат аз чеҳраҳои маъруфи халқи тоҷик буданд, имкони пирӯз шудан дар интихоботро доштанд, бинобар ин нооромиро намехостанд.
А.Назаров, афсари КГБ-и ЧШС Тоҷикистон дар як мусоҳибаи худ бо ҳафтаномаи «Чароғи рӯз» дар зимистони соли 1992 иброз медорад, ки овозаи омадани арманиҳои гуреза бештар аз ҳама унсурҳои ҷиноятпеша, рекет, мафия ва майзадагонро нигарон сохт, зеро агар теъдоди корчаллонҳои арманӣ дар Душанбе зиёд мегардид, онгоҳ нони ин «бизнесмен»-ҳои тоҷик нимта мегардид.
Майор А.Назаров зимни мусоҳибаи худ дар ин маврид мегӯяд: «Ин овоза дар миёни гуруҳҳои ҷинояткор эффекти калон дод. Ва мо маълумот доштем, ки онҳо рӯзи 9-уми феврал дар кӯчаи Маяковсикий ҷамъ омаданд ва мақсад гузоштанд, ки ҳар чи зудтар арманиҳоро аз ҷумҳурӣ бадар созанд».
Рӯзи 11-уми феврали соли 1990 дар назди бинои КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон садҳо нафар ҷамъ омада аз роҳбарияти ҷумҳурӣ талаб карданд, ки арманиҳои гурезаро ба ватанашон баргардонад,
Қаҳҳор Маҳкамов ба онҳо пешниҳод намуд, ки 2-3 нафар намояндагонро интихоб кунанд, то фардо онҳо аз интиқоли арманиҳо ба Ереван иттилло диҳанд.
Аммо ба қавли мавсуф, гирдиҳамомадагон ягон касро дар майдон муваззаф накарданд, ки аз интиқоли арманиҳо иттиллоъ диҳад. Аз ҷониби дигар, бо сабаби дер шудан кормандони телевизион ба маҳалҳое, ки гирдиҳамомадагон номбар карда буданд, нарафтанд. Фардои рӯзи дигар бо сабабҳои техникӣ ба он маҳалҳо каме дертар рафтанд.
Рӯзи 12-уми феврал митингчиён боз дар назди бинои Комитети марказӣ ҷамъ омада, ба ғайр аз баровардани арманиҳо боз масъалаҳои дигаре аз қабили мушкилоти манзил, экология ва истеъфои роҳбарони ҷумҳурӣ ба миён гузошта шуд.
Аммо Котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов сари вақт ба назди гирдиҳамомадагон набаромад ва дар натиҷа, бетартибиҳо шуруъ гардиданд.
Солҳо баъд Қ.Маҳкамов иброз медорад, ки дар сар задани нооромиҳо дар Душанбе моҳи феврали соли 1990 бархе кормандони КГБ-и Тоҷикистон ва ИҶШС манфиатдор буданд.
Чунон ки дар Гузориши Президиуми Шӯрои Олӣ қайд мешавад, бо сабаби бемасъулиятии кормандони ҳизбиву шӯравӣ кори Комиссия дар ҳайати кормандони комитети иҷроияи шаҳри Душанбе, намояндагони дин ва ташкилотҳои ғайрирасмӣ фақат баъди 24 соат созмон ёфт.
Ҳол он ки рӯзи 11-уми феврал митингчиён изҳор дошта буданд, ки расо баъди 24 соат боз дар ҳаминҷо ҷамъ мешаванд. «Фақат таассуф бояд кард, ки роҳбарони шаҳру ҷумҳурӣ нисбати ин масъала бепарво рафтор намуданд ва ба вохӯрии навбатӣ дуруст омода нашуданд», — зикр мешавад дар гузориш.
Хамин тариқ, неруҳои амниятӣ барои пароканда кардани гирдиҳамоӣ аз силоҳҳо тир кушоданд ва дар натиҷа 25 нафар кушта шуд.
Шоми 12-уми феврали соли 1990 на танҳо арманиҳои гуреза, балки бархе арманиҳои сокини Душанбе пойтахти Тоҷикистонро тарк карда, тавассути ҳавопаймоҳо ба ватани аҷдодии худ баргардонда шуданд.

Нуралӣ ДАВЛАТОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here