(Ё худ чи гуна пайдоишу паҳн гардидан ва роҳи наҷот аз COVID-19-ро инҷо муфассал бихонед)

Аз поёни соли 2019, ки бори аввал дар бораи вируси нав хабарҳо пахш шуданд, то ба имрӯз миллионҳо нафар дар саросари олам дар гирдоби як хатаре, ки поёни он маълум нест, қарор гирифтанд. Суолҳои СОВИД-19 беш аз ҷавобанд. Ҳар рӯз дар ҳар замина: сироят, густариш, муолиҷа ва ғайра даҳҳо суолҳое рӯ мезананд ва донишмандони мисли ин ки ба посухе омода нашуда, суоли дигар сарашон меборад.

Аммо вақтҳои охир дар баробари масоили сироят ва табобат масъалаҳои сиёсие низ садо баланд мекунанд. Мушкилоти башарии короновируси нав метавонад дар ояндаи наздик ба як баҳси тезутунд миёни давлатҳо табдил шавад ва дар ҷаласоту нишастҳои муътабаре сари он ҳарф зада шавад.

Оё Чин ҳақиқати короновирусро пинҳон карда буд?

Хадамоти иктишофии кишварҳо дар ин бора чӣ медонанд?

Ахиран хадамоти ҷосусии панҷ кишвари инглисзабон дар маърӯзаи муштараке муддаӣ шуданд, ки Чин ҳадафнок маълумотҳо дар бораи короновируси навро пинҳон дошт ва кулли ахбори аввалия дар бораи онро нобуд сохт. Дар ин бора нашрияи автралиёии Sunday Telegraph хабар дод. Ин нашрия ҳамчунин иддио кард, ки нусхаи ин маърӯзаро дар даст дорад. То кунун тасдиқи расмии ин даъво вуҷуд надорад, вале мақолаи ин нашрияи австралиёӣ бори дигар ба оташи ҷанги иттилоотӣ равған рехт. Ҷанги иттилоотие, ки аз чанд моҳи охир миёни Ғарб ва Чин дар ҷараён аст.

Ҳамчуноне Sunday Telegraph хабар медиҳад, иттиҳоди ҷосусии “Панҷ чашм”, ки хадамоти ҷосусии ИМА, Британия, Канада, Австралия ва Зеландияи Навро ба ҳам овардааст, дар як маърӯзаи иборат аз 15 саҳифа навишт, ки ҳукуматдорони Чин кишварҳои дигарро зери хатар қарор доданд, чун басо ҳадафмандона ҳама иттилоот дар бораи короновируси навро пинҳон доштанд. Бино ба иддиои нашрия муаллифони маърӯза мегӯянд ҳукуматдорони Чин духтуронро маҷбур карданд, ки хомӯш бошанд. Инҳо ҳамон духтуроне буданд, ки дар аввалин рӯзҳо мехостанд ҷаҳониёнро аз пайдо шудани вируси нав огоҳ кунанд. Онҳо ҳама далелу арқоми озмоишгоҳӣ, таҷрибаҳои гузаронидашударо фавран нобуд сохтанд ва ба олимони хориҷие, ки сари ваксина кор мекарданд, намунаҳои онро надоданд.

Президент ва котиби давлатии ИМА Чинро ба он муттаҳам мекунанд, ки короновирусро дар озмоишгоҳи пажуҳишгоҳи вирусологияи шаҳри Вуҳон сохтааст. Аз оғози пандемия то кунун дар бораи тавлиди озмоишгоҳӣ будани вируси короно гуфта мешавад, вале то кунун далели мувассақе дар ин бора ироа нашудааст. Аммо муаллифони маърӯзаи “Панҷ чашм” бино ба иттилои Sunday Telegraph, Чинро мустақим ба он муттаҳам намекунанд, ки вирусро дар озмоишгоҳ сохтааст, вале танҳо баъзе ҳолатҳои шубҳаоварро ном мебаранд, ки лозим меояд тафтиш ва санҷида шавад.

Чин расман борҳо иддиои ҷониби Амрикоро дар бораи сохти озмоишгоҳ будани вирус ва пинҳон карда шудани кулли маълумотро рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол вазири мудофиаи Британияи Кабир Бен Уоллес аз шарҳи даъвои нашрия худдорӣ кард. Вай гуфт: “Ман ҳар рӯз маълумотҳои иктишофиро аз саросари олам ба даст меорам. Ман шарҳи мушаххасеро ҳам ин ҷо намехоҳам шарҳ диҳам, намегӯям, ки ман чиро дидам ва чиро надидам. Ва ин мавзеъгирии дуруст аст”.

Рӯзи 30-юми апрели соли равон Президенти ИМА Доналд Тромп дар суҳбат бо хабарнигорон ба суоли яке аз журналистон, ки пурсид оё вай шаҳодатеро ба чашмаш дид, ки вирус дар Пажуҳишгоҳи вирусологияи Вуҳон сохта шудааст, посух дод: “Оре, ба дурустӣ ман онро дидам”. Вале ҳамон замон чизҳои мубҳаме дар бораи эҳтимоли иштибоҳи Чин гуфт, ки билохира хабарнигорон натавонистанд гуфтаҳои сарвари Кохи Сафедро дуруст ташхис диҳанд.

Худи ҳамон рӯз дастгоҳи Директори Хадамоти миллии ҷосусии ИМА эълон кард, ки хадамоти махсуси ИМА дар мавриди табиӣ будан ва ё озомишгоҳи будани вирус бо бисёре аз донишмандон ихтилофи назар доранд. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи якшанбеи гузашта дар мусоҳиба ба Эй-би-си изҳор дошт, ки ИМА “шаҳодатҳои зиёде дар даст дорад, ки сарчашмаи вирус озмоишгоҳи Чин буд. Ва чун баранда дар бораи изҳороти Хадамоти миллии ҷосусии ИМА дар бораи табиӣ будани вирус суол кард, Помпео посух дод: “Бале, ман ба ин бовар мекунам”.

Нашрияи британиёии Telegraph рӯзи душанбеи гузашта истинодан ба манбаъҳои хадамоти ҷосусии МИ-6 хабар дод, ки хадамоти британиёӣ хеле барвақт ба ҳукумат дар бораи ҳадду ҳудуди густариши Covid-19-ро пинҳон доштани Чин гузориш карда буд.

Асли гап чӣ буда метавонад?

Ин суолест, ки метавонад посухҳои гуногун дошта бошад. Аммо решаи ин гузориши Sunday Telegraph чизи дигар аст. Аз ин пештар баъзе манбаъҳо навиштанд, ки ҳанӯз то оғози пандемия кормандони Сафарати Амрико дар Пекин аз низоми амниятӣ дар озмоишгоҳи вирусшиносии Вуҳон изҳори нигаронӣ карда буданд. Баъзе расонаҳои хабарии Амрико пештар чанд барқияи дипломатиро низ интишор дода буданд. Пас оё метавон ба ин ҳама бовар кард?

Барқияҳои дипломатии департаменти давлатии ИМА ба дасти Вашингтон пост расида буд. Аз ин барқияҳо бармеоянд, ки ду сол пеш аз оғози ҳамагирӣ дар шаҳри Вуҳони Чин кормандони дипломатӣ чандин маротиба аз озомишгоҳи Пажуҳишгоҳи вирусшиносии Вуҳон дидан карда буданд. “Вашингтон пост” менависад, ки кормандони илмии сафорат ба Вуҳон рафта буданд ва аз натиҷаи диду боздиди худ ба Вашингтон ду барқияи огоҳкунанда ирсол карданд. Дар ин барқияҳо дипломатҳо дар мавриди вазъи амниятии озмоишгоҳ изҳори нигаронӣ карда буданд. “Вақте бо олимони озмоишгоҳ ҳамсуҳбат мешуданд, онҳо пай бурданд, ки дар миёни кормандон масъулини техникӣ намерасанд”,- менависад нашрия дар шарҳи яке аз ин барқияҳо. Дар ҳамин барқия ҳамчунин дар бораи набудани корманд барои таъмини сатҳи баланди ҳимоя низ сухан рафтааст.

Охирин маротиба дипломатҳои амрикоӣ рӯзи 27-уми марти соли 2018 ба озмоишгоҳи Вуҳон рафта буданд, навиштааст Вашингтон пост.

Ин озомоишгоҳҳо чӣ гуна сохта шудаанд?

Озмоишгоҳҳое, ки вирус ва бактерияҳоро меомӯзанд, дар доираи меъёрҳои пазируфташудаи бехатарӣ бояд амал кунанд, ки чун системаи BSL (Biosafety Level) маълуманд. Мутобиқ ба ин озмоишгоҳҳо аз нигоҳи таъмини бехатарӣ ба чор навъ тақсим мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соати 17:30 дақиқаи 11-уми майи соли равон дар кишвар 661 ҳолати сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ба қайд гирифта шуда, 21 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Вазорат дар идомаи хабараш менависад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Сатҳи BSL-1- поинтарин сатҳ аст. Онро ҳамон озмоишгоҳҳое ба даст меоваранд, ки дорои агентҳои маълуми биологӣ мебошанд ва онҳо ба ҳаёти инсонҳо хатар надоранд. Ҳар андоза, ки сатҳи озмоишгоҳ боло бошад, сатҳи амниятии он бештар нигаронкунанда аст. Баландтарин сатҳ сатҳи чорум (BSL-4) аст. Инро ба озмоишгоҳҳое мансуб медонанд, ки бо хатарноктарин патогенҳо- вируси Эбола, вируси марбург ва нағзак кор мекунанд. Ин гуна озмоишгоҳ дар айни замон танҳо дар ИМА ва Русия мавҷуданд.

Стандартҳои BSL дар ҳамаи кишварҳои дида мешаванд, дуруст аст, ки баъзан бо бисёр дигаргуниҳо. “Русҳо озмоишгоҳҳои пӯшидатарини худро сатҳи аввал медонанд. Аммо сатҳи пасттаринро чорум мехонанд, яъне дар Русия меъёр аз поин ба болост. Вале талабот ба зерсохтор монанд аст”, — мегӯяд коршиноси амнияти биологӣ аз Коллеҷи подшоҳии Лондон Филипп Ленсос.

Стандартҳои BSL аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чоп шудаанд, вале риояи онҳо дар ягон муоҳадаҳои байналмилалӣ наомадааст.

“Ин гуна стандартҳоро барои бехатарии худи кормандони озмоишгоҳҳо таҳия кардаанд, то ки худ аз кори худ сироят ба кадом бактерия ё вирус нашаванд, муҳити атроф низ ҳифз гардад, эҳтиёт кунанд, ки чизе аз он берун хориҷ нашавад”,- мегӯяд Ленсос. “Вале агар шумо бо шарикони хориҷии худ мехоҳед ягон тарҳи муштарак бисозед, онҳо аз шумо талаб мекунанд, ки озмоишгоҳи шумо ҷавобгӯи талаботҳое бошад. Ва ё агар шумо мехоҳед маҳсулоти озмоишгоҳи худро ба хориҷ фурӯшед ва ё дар хизматрасониҳое саҳм хоҳед бигиред, низ аз шумо ҳатман риояи стандартҳоеро талаб мекунанд”,-мегӯяд ӯ.

Пажуҳишгоҳи вирусшиносии Вуҳон аз ИМА кумаки молӣ дарёфт мекард ва дар ин барқияҳое, ки Вашингтон пост интишор додааст, дипломатҳои амрикоӣ аз мақомоти марбутаи кишвари худ талаб мекунанд, ки ин сармоягузориро ҷиҳати таъмини амният афзоиш диҳад.

Барқияҳо аслан чиро ифшо мекарданд?

Аммо комилан мушаххас нест, ки ин барқияҳо маҳз кадом камбудиҳоро ифшо мекарданд. Аз он пораҳое, ки чоп шудаанд, бисёр мушкил аст дар бораи ифшои кадом як камбудии ҷиддӣ сухан рафта бошад. Эҳтимол дорад риоя накардани талабот дар дастрасӣ ба намунаҳои вирусҳо дар озмоишгоҳ, камбуди кормандони тахассусӣ, ки ишора шуд ва ғайр бошанд. Вале оё дипломатҳои амрикоӣ аз ҳамин кабудиҳои шикоят мекарданд? Посух мушкил аст. Аммо метавон дар дигар бора изҳори назар кард. Дар ин самт рух додани ҳодисаи фавқулодае, ки нигаронкуннада бошад, хеле рӯйдоди нодир дар таърихи бунёди озмоишгоҳҳост. Соли 2014 дар маркази Вашингтон дар як қутии картонӣ чандин намуди вируси нағзак ифшо шуда буд. Соли 2015 бошад ҳарбиёни амрикоӣ спораҳои (ташкилаҳои одатан якҳучайрагӣ барои бе таносул афзудан, ки баъзан ба организми мукаммал табдил меёбанд; спораи бактерияҳо имкон медиҳанд, ки онҳо дар шароити номусоид ҳаёт ба сар баранд) зиндаи сӯхтаниро ба ҷойи спораҳои мурда ба нуҳ озмоишгоҳи кишвар ва ба пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Куриёи Ҷанубӣ фиристода буданд…

Дар Русия шабонарӯзи 11-уми май бо 10 ҳазору 899 нафар сироятёфтагон нав ба қайд гирифта шуданд. Зарфи як шабонарӯзи охир дар ин кишвар 107 нафар мубталоён ба короновирус фавтиданд. Бино ба иттилои Worldometers субҳи рӯзи 12-уми май шумори сироятшудагон дар олам ба 4 256 076 нафар расид. Аз КОВИД-19 то кунун дар саросари олам 287 336 фавтиданд, 1 527 568 нафар муолиҷа шуданд.

Вале боз ҳам баҳси барқияҳои дипломатҳои амрикоӣ ва мақолаи чопшуда дар Sunday Telegraph бо ин хотима намеёбад. Ахиран “Независимая газета”-нашрияи чопи Маскав гузориши дигаре дар ин бора интишор дод, ки лозим донистем чанд нукоте аз онро ҳам ин ҷо хотиррасон кунем. Муҳтаво он аст, ки Олмон аз мавзеъгирии панҷ кишвари муттаҳиди худ дар мавриди сохтаи дасти инсон будани короновируси ҷадид ҳимоят намекунад.

Covid-19 дар Чин чӣ сарнавиште дошт?

Радиои олмонии NDR ин иттилоро пахш кард, ки хадамоти ҷосусии ин кишвар BND хабари ахиран паҳншудаи сохти сунъӣ доштани короновирусро тайид намекунад. Вирусе, ки ҳоло оламро ба ларза овардааст, ҳеч сунъӣ нест, дақиқан барои хадамоти ҷосусии Олмон маълум нест ва онро тайид намекунад.

Дар хабар гуфта шудааст, ки роҳбарияти кумитаи умури хориҷии Бундестаг ахиран маърӯзаи таҳлилгарони BND-ро дарёфт намуд, ки хадамоти иттилоотии хориҷии Олмон ба муттаҳидони худ дар панҷ хадамоти итилоотии ба истилоҳ Five-Eyes, ки ба он хадамоти махсуси ИМА, Британияи Кабир, Канада, Автралия ва Зелландияи Нав дохил мешаванд, дар бораи шубаҳоти худ дар мавриди сунъӣ будани вируси КОВИД-19 навиштааст. BND дар ҷаласаи пӯшидаи парламон ба вакилон иттилоъ дод, ки шояд маърӯзае, ки ахиран дар борааш расонаҳо навиштанд, дар асл буд, вале ин назари кулли ин панҷ кишвар набуда, эҳтимолан назари иштибоҳии гуруҳе будааст. Хадамоти иктишофии Олмон мегӯяд ин ҷо ҳатто метавонад ҳадаф пахши иттилои дурӯғин ҳам бошад. Радиои ёдшуда дар гузориши худ гуфт, ки BND ҳатто таҳлили муҳтавои мақолаи интишоршударо рад кард.

Аммо агентии давлатии иттилоотии олмонии Deutsche Welle (DW) ба Кристофер Неринг- муаррих ва директори илмии Осорхонаи ҷосусии Берлин муроҷиат намуд ва аз вай хоҳиш кард масъалаи назарияи интишорёфта дар мавриди вируси пайдошуда дар Чинро шарҳ диҳад. Зеро баъди дар газетаи австралиёӣ интишор ёфтани муҳтавои як маърӯза дар бораи бо усули озмошигоҳӣ сохта шудани вируси КОВИД-19 дар Вуҳон теъдоди иттило дар ин замина хеле афзуд. Ин муаррихи олмонӣ қазияро муфассал таҳлил кардааст. Ӯ мегӯяд ягон хурдтарин далеле вуҷуд надорад, ки вируси мазкур дар озмоишгоҳ сохта шудаву баъдан бо кадом роҳе, ба кадом ҳадафи номақбуле паҳн карда шуда бошад. Ин ба он маъност, ки касе ҳоло муддаӣ шавад, ки солҳои 1980 вируси ВИЧ/СПИД ҳамин гуна паҳн карда шуда бошад.

Дар изҳороти Раёсати иктишофоти миллии ИМА (ODNI), ки 17 хадамоти ҷосусиву иттилоотиро муттаҳид мекунад, чизи рушане дар ин замина гуфта нашдааст ва чун ҳамаи олимон хадамоти махсуси ИМА ҳам асосе надорад, ки вируси КОВИД-19-ро инсон сохта бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки хадамоти вижаи амрикоӣ ҳамоно сари ин даъво кор мебарад, ки ин вирус дар озмоишгоҳи Вуҳон сохта шудаву аз он хориҷ карда шудааст. Таърихшиноси олмонӣ Кристофер Неринг ҷанбаҳои то кунун барои расонаҳо номаълуми қазияро ифшо кард.

Яке аз ҷанбаҳои ҷолиби маърӯзаи хадомти махсуси Австралия маълумотнома дар бораи таҳқиқоти кроновирус ба хуффошҳо мебошад, ки инак 15 сол инҷониб гурӯҳи олимони чинӣ бо сарварии доктор Ши Чжэнли-директори Маркази бемориҳои сироятии пажуҳишгоҳи вирусшиносии Вуҳони АИ Чин саргарми омӯзиши он мебошанд. Аз 5 ҳазор намуди вирусҳои мавҷуда доктор Ши на камтар аз 50 намуди онро мавриди омӯзиш қарор додааст. Аммо ягон намуди ин омӯзишу таҳқиқотҳо сиррӣ набудааст. Ин донишмандон бо озмоишгоҳҳои ҳайвонот дар Австралия ҳамкорӣ кардаанд. Худи доктор Ши ва ҳамкораш Пэн Чжоу дар Австралия чандин солро гузаронидаанд. Ва шарики дигари пажуҳишҳои онҳо ҳатто Донишгоҳи Королинаи Шимолии ИМА буд.

Ҳадафи ин омӯзишҳо он будааст, ки чӣ гуна мебояд вирусҳоеро, ки аз хуффошҳо меояд, безарар гардонд ва нагузошт, ки он ба одамон сироят накунад. Моҳи ноябри соли 2015 ҳудудан чор сол пеш аз оғози пандемияи мазкур ин донишмандон дар пажуҳиши муштараки худ бо Донишгоҳи Королинаи Шимолии ИМА ба хулоса расида буданд, ки вируси SARS метавонад мустақим аз хуффошҳо ба одамон сироят кунад ва табобат надошта бошад.

Моҳи марти соли 2019 доктор Ши ва тими ӯ дар маҷаллаи тибии Viruses шарҳеро таҳти унвони “Короновирусҳои хуффошҳо дар Чин” интишор доданд. Дар он аз ҷумла, гуфта мешуд: “Эҳтимоли он хеле зиёд аст, ки бемории оянда назири зукоми паранда (SARS) ва ё MERS аз хуффошҳо ба инсон сироят кунад ва эҳтимоли он хеле зиёд аст, ки беморӣ маҳз аз Чин сар берун кунад”.

Ин олимон ҳамзамон аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки агар бар асари ҳодисаи ногаҳонӣ ин вирус аз маҳалли таҳқиқоташон хориҷ шавад, мусибати дигаре хоҳад буд. Ва як омили хатарро онҳо дар стандартҳои бехатарӣ дар озмоишгоҳҳо унвон мекарданд. Ва моҳи декабри соли 2019 дипломатҳои ИМА дар Чин аз камбудиҳо дар системаи бехатарӣ дар озмоишгоҳи вирусшиносии Вуҳон хабар доданд.

ИМА дар олам бо 1 миллиону 385 ҳазору 834 нафар сироятшудагон дар ҷойи аввал қарор дорад. Баъдан Испания, Британияи Кабир, Русия ва Италия мебошанд. ИМА, Британияи Кабир, Италия, Испания ва Фаронса панҷ кишваре мебошанд, ки маргумир аз короновирус дар онҳо зиёд аст.

Муаррихи олмонӣ билохира ба ин натиҷа мерасад, ки созмони иктишофии Австралия ҳама гуна иттиҳомот дар бораи он ки ин вирус ба таври сунъӣ дар озмоишгоҳ сохта шудаастро рад мекунад. Аз ин рӯ, ҳукумати Австралия ба ин назар аст, ки SARS-CoV-2 ба эҳтимоли 95 дарсад дар бозори Вуҳон пайдо шуд. Вале дар ҳамин ҳол ҳам 5% эҳтимолияти он ки вирус аз озмоишгоҳ хориҷ шуд, вуҷуд дорад. Ва маъмурияти Доналд Тромп ба ин хулосаҳо ҳоло ҳам розӣ нест ва сари фарзияи худ пофишорӣ мекунад. Ҳарчанд баъдан Тромп изҳор ҳам дошт, ки шаҳодати комилтар дар бораи озмоишгоҳӣ будани вирусро алҳол дар даст надорем.

Магар Пекин дар ҳақиқат авҷи бемориро пинҳон дошта буд?

Аммо DW мегӯяд дар маърӯзаи хадамоти махсуси Австралия як нуктаи дигар ҳаст: Чин ҳадафмандона густариши вируси навро пинҳон дошт ва намунаҳои зиндаи онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ надод, маълумотҳо ва натиҷаи пажӯҳишҳои аввала дар барои КОВИД-19-ро нобуд сохт. Ҳодисаи изтиробагез сарнавишти Хуан Янлин, корманди озмоишгоҳи Вуҳон буд. Васоити ахбори Чин навишта буданд, ки маҳз ӯ метавонист аввалин сироятшуда ба короновирус бошад. Баъдан хабари ғайб задани ӯ пахш шуд, аз сомонаи пажӯҳишгоҳ саросемавор ҳама суратҳои ӯро нобуд карданд, маълумот дар бораи ӯ дастнорас шуд. Аз он замон то кунун дар бораи ин хонум дигар иттилое нест, танҳо занну шубҳаҳо вуҷуд доранду дигар чизе.

Моҳи январи соли 2020 дар Вуҳон боздошти духтуроне оғоз шуд, ки дар бораи пайдоиши вируси комилан нав ҳарф мезаданд. Онҳоро ба “паҳн кардани овозаҳо” муттаҳам мекарданд. Ғайр аз ин хабар дода мешуд, ки ҳукуматдорони Чин дар Интернет маҳдудиятҳо ҷорӣ карданд ва ҷустуҷӯи маълумот дар бораи вирус имкон надошт…

Аммо муҳимтарин иттиҳом зидди ҳукуматдорони Чин он аст, ки онҳо моҳи декабр медонистанд, ки вирус аз инсон ба инсон мегузарад, вале инро пинҳон доштанд, ҳатто дар оғоз инро рад ҳам карданд. Ва танҳо 20-уми январ Созмони ҷаҳонии тандурустиро дар бораи пайдо шудани вируси нав дар ҷараён гузоштанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ин таърихшиносӣ олмонӣ мегӯяд ҳама бори гуноҳро сари Чин бор кардан чандон аз адолат нест. Зеро хатари короновирусҳо барои инсон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чанд сол аст, ки ошност. Ҳатто дар чандин кишварҳо дар гузашта тамринҳое ҳам роҳандозӣ шуда буданд, ки хатари густариши ин вирусро чун як офат баррасӣ мекарданд…..

Муқовимати Чин ва ИМА: Оё метавон дигаргуниеро дар низоми ҷаҳонӣ интизор буд?

Таҳлиле аз Ҷонатан Маркус, ВВС

Баҳсе, ки имрӯз дар миёни сиёсатмадорону коршиносон матраҳ аст, баҳси баъди ҳамагирии ҷаҳҳонист. Оё олам дигаргун мешавад? Оё падемия метавонад дар сиёсатҳои дунё ва мавзеъгирии давлатҳо таъсир дошта бошад?

Таҳлилгар Ҷонатан Маркус мегӯяд низоми имрӯзе, ки дар олам ҳоким шудааст, ҳамон низомест, ки баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон шакл гирифт. ИМА баъди ҷанг ба як кишвари абарқудрати олам табдил шуд ва бурди он сохтани силоҳи атомӣ ва санҷиши он дар ҷанг бо Ҷопон буд. Ин рӯйдоди такондиҳанда мақеъи сиёсии Вашингтонро дар таъини сиёсатҳои олам тағйир дод. Аммо ин ҳам то замоне идома кард, ки Иттиҳоди Шӯравӣ низ бомби ҳастаии худро сохт.

Аммо дар ин замина Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) пайдо шуд ва баъди он Муҳоҳадаи Варшав, ки кишварҳои сотсиалистии Аврупоро муттаҳид мекард. НАТО ва Аҳдномаи Варшав ду блоки ба ҳам зидди ҳарбӣ буданд, ки ҳарду дар қораи Аврупо сохта шуданд: якеро ИМА ва дуюмиро СССР назорат мекард.

Таърихшиноси британиёӣ Майкл Кларк мегӯяд баъди ин як шабакаи сохторие дар минтақа арзи вуҷуд кард. Дастоварди муҳими ҷомеаи байналмилалӣ ин таъсиси СММ буд, баъдан системаи асъори Бреттон-Вудск, Бонки умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор мебошад. Кларк мегӯяд ҳарчанд дар бунёди ин ҳама сохторҳои Британияи Кабир нақши муҳим дошт, вале сухани охирро ҳамеша ИМА мегуфт ва ҳарф ҳарфи Вашингтон буд.

“Қариб ҳамаи ин системаҳо тибқи манфиатҳои ИМА бунёд мешуданд ва ин кишвар бо дарназардошти манофеъи худ онҳоро дастгирӣ мекард”.

Чин ҳам кишваре нест, ки дар ҳамин наздикиҳо вориди сиёсати бузурги ҷаҳонӣ шуда бошад. Дар гузашта ҳам вай яке аз аввалин узви Шӯрои амнияти СММ буд ва ҳарфаш ҳалкунанда ба ҳисоб мерафт. «ИМА чӣ то ҷанг ва чӣ баъди ҷанг ҳамеша нигарониҳое аз Чин дошт”,- мегӯяд Майкл Кларк. Бисёриҳо шояд инро ҳоло эътироф намекунанд, вале ҳам то коммунистшавӣ ва ҳам баъди он Вашингтон Пекинро як нерӯи муҳташам медонист ва доим мегуфт, ки ба зудӣ он ба як қудрати азим табдил мешавад ва таъсири империяҳои пешини олам — Британия ва Фаронсаро аз миён мебарад.

«Аз ин рӯ ИМА соли 1949 вақте дид Чин ба самти коммунизм ҳаракат кард ва ба он пайваст, дар ҳоли шок қарор гирифт. Ҳарчанд баъди соли 1972 ин нигаронӣ то ҷойе аз миён рафт, вале Вашингтон ҳоло ҳам дар мавриди қудрати Пекин ба муболиғаҳо дода мешавад ва онро аз будаш зиёдтар тасаввур мекунад”,- мегӯяд Кларк.

Таҳлилгари коллеҷи подшоҳии Лондон Лоренс Фридман низ ҳамфикр аст. Вай мегӯяд замони ҷанги сард масъалаи нақши Чин фарқ мекард. Ба фарқ аз имрӯз Чин дар асри ХХ хатари иқтисодиву технологӣ надошт.

Майкл Кларк мегӯяд «Низоми нави ҷаҳонӣ бар пояи як фаҳмиши басо сода устувор шудааст: беш аз ними аҳолии кураи Замин дар доираи шартие қарор гирифтааст, ки Ҳинд, Чин ва Осиёи Ҷанубу Шарқиро дар бар мегирад”. Ва ин таҳлилгар мегӯяд тамоили осиёӣ дар олам баъди ҳамагирӣ ҳам қатъ намешавад, балки таъсири манфии он ба иқтисоди ин кишварҳо даҳсолаҳо боқӣ хоҳад монд.

«Чин дар ояндаи наздик бозандаи ин гирудорҳо мешавад, ҳам дар масъалаи вокунишҳои сиёсӣ дар ҳалли мушкилоти короновирус ва ҳам дар арзёбиҳои миллии устуворӣ ва молрасониҳо, ки аз Чин вобаста мебошанд”. Аммо ҳоло хеле барвақт аст дар бораи низоми ҷаҳонӣ баъди ҳамагирӣ сухан гуфт, зеро ин ҳам мисли ҳамон солҳои баъдиҷангӣ як раванди нисбатан тӯлонист…

Пекин кишварро ба ҷанги сард бо ИМА омода мекунад

Ин навиштаи таҳлилгари рус Владимир Скосирев аст, ки дар “Независимая газета” чоп шудааст. Ба назар мерасад Чин ҳам ба муқовиматҳои байналмилалӣ худро омода месозад. Ахиран хабар расид, ки Котиби генералии ҲК Чин Си Ҷинпин дар охирин ҷаласаи Бюрои сиёсии ҳизбаш мубориза бо пандемияи короновирусро ҷиддан баррасӣ кард. Ба қароре омаданд, ки гуруҳи соҳибмансабонро ба вилояти Ҳубей ва шаҳри Вуҳон эъзом кунанд, то талош намоянд чораву тадбирҳои беҳдоштӣ заъиф нашавад. Ва расонаҳо гуфтанд, ки ҳоло ҳам ҳарфи пирӯзии Чин бар вирус чандон саҳеҳу дуруст нест. Ҳамзамон бо ин Вазорати бехатарии Чин ҳатто эълон ҳам кард, ки кишвар метавовнад ба ҳолати соли 1989 баъди шӯриш дар майдони Тянанмэн рӯ ба рӯ шавад. Ба назар мерасад иттило дар бораи дастсохт будани вируси короно, ки ИМА пофишорӣ дорад, ҳоло деворҳои хомӯширо дар Пекин ба ҳам мерезад.

Маърӯзаи Вазорати амнияти Чин бино ба гузориши Рейтер ба он маъност, ки дар ҳоле агар маъракае, ки ИМА дар мавриди дастсохт будани вирус роҳандозӣ кардааст ва мехоҳад ҳама гуна бори гуноҳро дар мавриди густариши ҷаҳонии вирус ба сари Чин занад, ин чизе бештар аз шӯриши ёдшуда дар майдони Тянанмэн дар соли 1989 хоҳад буд, ки Ғарб ҳатман аз ИМА пуштибонӣ мекунад ва Пекинро зери фишорҳои шадид қарор медиҳад.

Соли 1989 вақте ҲКЧ бо дастони артиш дар Пекин эътирози ҷавонони демократро бераҳмона пахш кардаву хунсо намуда буд, соя ба муносибатҳи Ғарб ва Чин андохт. Ғарб ба дастарсии Чин ба силоҳ эмбарго ҷорӣ кард. Сиёсатмадорони ИМА ва Аврупои Ғарбӣ ҳатто даъват карданд, ки ҳама гуна иртиботҳои кориро бо Чин лағв кунанд, сармоягузории Чинро қатъ созанд. Вале на Вашингтон ва на муттаҳидони дигараш нахостанд дастрасии тоҷиронашон ба бозори Чинро маҳдуд кунанд.

Аммо Чин мушкили соли 1989-ро ба ҳар навъе пушти сар кард. Вале ҳоло президенти ИМА Доналд Тромп мегӯяд пандемияи короновирус бадтарин ҳамла дар ҳама таърихи ИМА буд. Ин ҳатто шадидтар аз бомбборони Перл Харбор дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҳамлаи террористон дар 11 сентябри соли 2001 буд. Ва Тромп ба ҳамаи ин Чинро гунаҳгор медонад.

Доктор Энтони Фаучи, узи тими Тромп дар мубориза бо короновирус гуфт: маълумотҳои умедворкунанда моро водор мекунанд тахмин кунем, ки вирус дар озмоишгоҳ сохта нашудааст. “Ба эҳтимоли зиёд беморӣ дар табиат рушд кард ва ба дигар намудҳои биологӣ ворид гардид”, — мегӯяд ӯ. Ба назар мерасад ин нуқтаи назар ҷонибдорӣ аз Чин дорад, вале ҳоло иттиҳомот пурра бардошта нашудааст. Пешниҳод шуд, ки қазияро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пайгирӣ кунад. Ҳамчуноне маҷлаллаи Newsweek менависад, СҶТ даъвати Пекинро мунтазир аст. Вале сафири Чин дар СММ Чэн Сюй аз доираҳои байналмилалӣ дархост намуд, ки “ҳоло масъалаи асосӣ мубориза бо пандемия аст ва то даме, ки пурра бар он ғолиб нашавем, ҳама диққату таваҷҷуҳ ва захираҳо мутамаркази он мешавад”.

Аммо ҳоло Чин талош мекунад аз ҳамлаҳои ИМА худро дур гирад ва ба иттиҳомот посух диҳад. Телевизиони марказӣ ва нашрияи марказии Пекин “Жэнмин жибао” вазири умури дохилии ИМА Помпеоро ба он гунаҳгор карданд, ки бо талошҳои худ фазои байналмилалиро нисбат ба Чин ғуборолуд мекунад ва ба ҳамкории кишварҳо ба муқобили короновирус муқобилият мекунад. Ҳамчуноне маҷаллаи ҷопонии Nikkei менависад, ин гузоришҳо дифоъӣ мебошанд. Пекин намехоҳад зидди ИМА ба ҷанги сард оғоз кунад, зеро метарсад, ки оқибатҳои он боиси коҳиши обрӯи ҳизб дар дохил мешавад. Зеро ин кишвар соли 2021 қарор аст садсолагии таъсиси ҳизби коммунисти Чинро ҷашн гирад. Пекин мехоҳад ин як ҷашнвораи хотирмон дар таърихи Чин бошад ва онро бо дастовардҳои хеле олии иқтисодиву сиёсӣ истиқбол гирад. Аммо агар хушунатҳо идома ёбанд, ҷомеаи байналмилалӣ бо баҳонаи короновирус зидди Чин мавзеъгирӣ кунад, эҳтимолияти таҳримҳои иқтисодии Чин аз ҷониби ИМА ва муттаҳидонаш имконпазир аст ва ин ҳама метавонад ҳам ба обрӯи ҳизб таъсири манфӣ расонад ва ҳам ба вазъи иқтисодӣ дар дохили Чин.

Иштибоҳи духтурони Аврупо аз диди чиниҳо

Оё ин иштибоҳ дар мо нест?

Духтурони Чин мегӯянд ҳамкасбонашон дар Аврупо дар муолиҷаи беморони короновирус ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ додаанд. Иштибоҳи асосии онҳо беҳимоя будани худи кормандони тибб ва ба ин иллат сатҳи сироят миёни худи кормандони тибб боло меравад. Духтурони шаҳри Вуҳони Чин, ки бори аввал COVID-19 аз ин шаҳр сар бурун овард ва кулли оламро фаро гирифт, ҳоло мегӯянд табибони аврупоӣ иштибоҳи онҳоро такрор мекунанд.

Журналистони Bloomberg ахиран бо чанде аз духутрони чиние ҳамсуҳбат шудаанд, ки дар муолиҷаи беморони гирифтори ин вирус бевосита иштирок кардаанд. Ҷиддитарин камбуди муолиҷаро онҳо дар беҳимоя будани худи муолиҷон дидаанд ва мегӯянд ин боис шудааст, ки мармугир миёни худи духтурон дар аксари кишварҳои Аврупо афзоиш ёфтааст. Масалан, дар Вуҳони Чин дар ҳафтаҳои аввали моҳи январ, ки сироят ҳоло ба ҳадди чашмгир афзоиш наёфта буд, воситаҳои ҳимояи тиббӣ намерасид ва аз ин духтурон бештар сироят шуданд ва 46 нафари онҳо худ қурбонии ин вирус гаштанд.

Бино ба суханони Ву Донг, профессори коллеҷи тибии Пекин вазъи табобати беморони гирифтор ба КОВИД-19 дар кишварҳои аврупоӣ ба вазъи рӯзу ҳафтаҳои аввали муолиҷаи ин вирус дар Вуҳон шабоҳат дорад. Мо бояд кормандони тибро ҳифз кунем, гуфт ӯ. Сардори шуъбаи муолиҷавии коллеҷи тиббии Пекин Ду Бин мушоҳида кардааст, ки дар миёни духтурони Вуҳон отоларингологҳо ва духтурони чашм бештар сироят шуданд.

Ба фарқ аз беморони SARS, ки соли 2003 густариш ёфта буд, барои бисёре аз мутбалоёни COVID-19 аввал нишонаҳои хеле сабуки он намудор мешавад ва ё ин нишонаҳо дар ибдидо аслан аз худ дарак намедиҳанд. Аз ин рӯ, беморӣ нохудогоҳона миёни дигарон паҳн мешавад. Ин аст ки духтурони Чин ба он таъкид мекунанд, ки гузаронидани тестҳо вуҷуди беморириро дар марҳилаҳои аввали он ошкор мекунад. “Ман ҳатто тасаввур ҳам намекунам чӣ гуна шумо метавонед ҳодисаҳои шубҳаоварро ошкор созед, агар санҷишҳои тестии саривақтӣ нагузаронед”,- мегӯяд Ду Бин.

Ду Бин мегӯяд дар Чин тибби анъанавӣ барои кумак ба беморон самаровар буд. Аммо вай гуфт, ки аз нуқтаи назари духтурони ғарбӣ тибби анъанавии чинӣ дар муолиҷаи беморони гирифтори короновирус чандон самаровар нест, зеро арзёбии самарварии он бар пояи равишҳои дигар мебошад. Аммо духтурони чинӣ ба он таъкид мекунанд, ки ҳатто баъди аз миён бурдани хатари сироят ва густариши вирус бояд хеле эҳтиёткор буд, чун беэҳтиётӣ метавонад муҷиби густариши тоза шавад. Чаро Аврупо ба як маркази асосии сироят табдил шуд?

Зеро дар ин кишварҳо шеваҳои санҷиши тестии короновирус ҳикоятгари системаи тандурустии онҳост. Масалан, дар ИМА таҳияи тестҳоро доим зери танқид мегиранд ва аз заъфи он ҳарф мезанад. Дар Ҳинд ва Индонезия аслан тест намегиранд, менависад Bloomberg.

Духтурони Чин ҳоло ба ин назаранд, ки раванди густариши вирус дар ин кишвар боздошта шуд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бошад ҳамвора ба болоравии ҳадди маргумир берун аз қаламрави Чин ҳарф мезанад. Аз пандемияи КОВИД-19 аз миёни ҳамаи кишварҳои Аврупо бештар Италия ҷабр дид ва баъдан Испания, Фаронса шумори бештари сироятшудагон доштанд.

Навиштаи Наталия Анисимова

Таҳияи Б. Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here