Дар шаҳри Душанбе Анҷумани муттаҳидсозандаи Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Анҷуман аз 35 шаҳру ноҳия вакилон ширкат доштанд. Ҳамчунин меҳмонон аз Маҷлиси намояндагон, вазоратҳои тандурустӣ, адлия, мудофиа ва дигар ташкилотҳо ҳузур доштанд.

Раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ҶТ Шавқат Мирзоев, раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори вилояти Хатлон Соҳиб Баротов, раиси интернатсионалистони шаҳри Истаравшан Мирзо Олимов, раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ноҳияи Кушониён Гулмурод Сафаров, раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ноҳияи Восеъ Қосим Ғаниев ва дигарон суханронӣ намуданд. Нотиқон аз корҳои анҷомдодаи Иттиҳод дар шаҳру ноҳияҳо, вазъи имрӯзаи ташкилотҳои интернатсионалистӣ, ҳифзи иҷтимоии родмардони интернатсионалист изҳори ақида карданд. Анҷуман дар бораи дар як Иттиҳод сарҷамъ гардидани ҳамаи интернатсионалистон ва роҷеъ ба ин масоил муроҷиат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо қарори дахлдор қабул намуд.

Ҷанги Афғонистон як доғе дар сафҳаи таърих, як зангӯлаи ҳушдорӣ ба ҷаҳониён, як фарёди ҷонгудози шаҳидони ҷанг ба кулли инсоният, ки ҷанг чӣ қадар оқибатҳои сангину вазнин дорад, боқӣ монд. Нолаҳои зору ҷигарҳои бирёнгаштаи модарон, дилҳои фигори падарон аз марги ғӯрамаргони гулписарони хешро магар фаромӯш кардан мумкин аст?

Имрӯз бисёриҳо мегӯянд, ки агар даромадани Қӯшунҳои маҳдуди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон амали нодуруст буд, баромаданаш низ иштибоҳ буд. Ба ҳар ҳолат, таърихшиносону мардум ҳарчӣ мегӯянд, вале интернатсионалистон амри Ватанро иҷро карданд. Талаби замон буду амри тақдир, ки онҳо номи родмарди интернатсионалистро гирифтанд. Ҳарчанд ки сафедӣ дар мӯю ожангҳо дар рӯи онҳост, вале чун даврони пешин ёди ҷавонӣ мекунанд ва мехоҳанд дар сафи аввалинҳо бошанд. Ҳарчанд ки аксари онҳо дар рӯи сина ордену медалҳо доранд, вале дар тани афгори хеш захмҳои гӯшношуниди ҷангро низ дороянд. Ин табақаи осебпазири ҷомеа ба ғамхории махсус ниёз доранд ва имтиёзҳои онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таъминанд.

Дар ҷумҳурии кӯчаки мо 6 ташкилоти ҷамъиятии интернатсионалистӣ фаъолият доранд. Ҳамаи онҳо тибқи Оиннома ва Барномаи хеш фаъолият менамоянд. Вале мутаассифона дар байни ин ташкилотҳо ҳамоҳангӣ нест ва баъзеи онҳо ба хотири ҳифзи манфиатҳои шахсию гуруҳӣ ба сиёҳ кардани ташкилотҳои ҳамдигар, бадгӯӣ бар зидди ҳамдигар машғуланд.

Чаро иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ, ки тахминан беш аз 500 ҳазор (300 ҳазор иштирокчиёни ҷанг) буданд, дар як ташкилот солҳои сол фаъолияти пурсамар карда тавонистанду аз 15 ҳазор интернатсионалистон, ки шояд имрӯз 9 ҳазор нафар бошанд, дар як ташкилот сарҷамъ нестанд? Чаро онҳо дар сахттарин лаҳзаҳо як бурда нону як қатра обро бо ҳам медиданд, аммо имрӯз ба қадри якдигар намерасанд? Ба хотири ҳифзи манфиатҳои сардорони ташкилотҳо ва 4-5 нафар “ёрони вафодори онҳо” қадру қиммати инсонии якдигарро паст мезананд?

Тавре дар анҷуман зикр гардид, аксар ташкилотҳои маълуму машҳур аз ҳолу аҳволи интернатсионалистон аз шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо дар давоми 30 сол як бор хабар нагирифтаанд ва ҳатто телефонӣ ҳолпурсӣ накардаанд. Дар муддати 30 сол ҳатто як шаҳодатномаи ягонаи ҷанговари башардӯст дастраси интернатсионалистон нагардидааст. Дар аксар шаҳру ноҳияҳо ба қадри интернатсионалистон на танҳо кормандони ҷамоат, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, балки худи интернатсионалистон намерасанд ва ҳифзи иҷтимоии баъзеи онҳо, ҳуқуқҳои онҳо дағалона поймол мегардад.

— Ман барои ордену медал не, барои пулу мол не, балки барои қадри худ месӯзам, ки маро дар муддати 30 сол касе суроғ намекунад,- мегӯяд як нафар ҷанговари интернатсионалист, ки нахост номаш ифшо шавад (шояд чунин нафарон садҳо нафар бошанд).

Ба хотири ислоҳи ин камбудиҳо 30 соли дигар интизор шудан магар шарт аст? Дар робита ба ин чанд пешниҳод дорам:

— Як комиссияи босалоҳият аз ҳисоби корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати мудофиа, ҳуқуқшиносон, кормандони Вазорати адлия созмон ёбад.

— Тамоми ташкилотҳои интернатсионалистӣ дар як Шӯро, ассотсиатсия ё иттиҳод сарҷамъ шаванд.

— Раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз интихоб гардад.

— Раис шахси масъул дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси назоратчӣ ва роҳбар дар тамоми ташкилотҳои интернатсионалистӣ бояд бошад.

— Ташкилотҳои интернатсионалистие, ки маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботиро дар вақташ нагузаронданд, ба иштибоҳҳо роҳ доданд, бояд муҷозот шаванд.

— Хуб мебуд, ки Парлумони кишвар дар ҳамин моҳҳои наздик як қонуни мукаммалро дар бораи собиқадорон қабул намояд.

— Тамоми чораҳоро бояд андешид, ки ҳамаи интернатсионалистон якдилу якрӯ, дӯсту бародар бошанд ва дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли наврас ҳиссаи босазо гузоранд.

— Ротатсияи раисони Шӯрои родмардони интернатсионалистро дар 4-5 сол баргузор кардан ба фоидаи кор аст.

— Вазорату идораҳои масъул, мақомоти иҷроия, ҷамоатҳо ва муассисаҳои таълимию тандурустӣ барои ҳифзи имтиёзҳои интернатсионалистон тадбирҳои судманд андешанд ва роҷеъ ба ин масъала масъулияти бештар ҳис намоянд.

 

Ҳотам РАБИЕВ,

рӯзноманигор

Добавить комментарий