«Че» роҳро ба ман нишон дод”.

Бо гуфтани ин ҷумла, Жон Зиглар, ҷомеашиноси швейтсарияӣ, ки акнун 83 — сола аст, ба шарҳи хотирае, ки аз гуфтугӯ бо Че Гевара дошт, поён дод.

Дар соли 1964, як конфронси ҷаҳонӣ дар бораи шакар дар Женева барпо шуд, ки 12 рӯз ба тӯл анҷомид. Дар ин 12 рӯз Зиглар ронандаи Че Гевара буд, ки дар он замон вазири саноеъи Куба буд.

Ҳангоме, ки ин швейтсарияӣ, дар шаби қабл аз бозгашти «Че» ба ӯ гуфт «Коменданте ман мехоҳам бо шумо биёям», «Че» бо кути зайтуниранге, ки дар бару кулоҳи боскии музайян ба ситораи заррини фармондеҳиаш бар сар, дар канори панҷараи ҳутел истода ва ба манзарае аз шомгоҳи Женева чашм дӯхта буд, гуфт: «Ин шаҳрро мебинӣ? Ин шаҳр мағзи ҳаюлост, ту инҷо зода шудаӣ, ту бояд ин ҷо набард кунӣ». Зиглар яқин дорад набарде, ки Че Гевараи инқилобӣ дар гирудори он, дар 9 октябри 1967, ба фармони «СИЁ (СРУ)» дар Боливия ба қатл расид, бо таваҷҷуҳ ба «ин назми одамхори ҷаҳонӣ, ки мо дар он зиндагӣ мекунем», ҳанӯз ҳам бар ҳақ аст. 50 сол аз марги Коменданте, марде, ки афсона шуда, мегузарад, марде, ки ҳанӯз ҳам умедбахши миллионҳо инсоне аст, ки даст ёфтан ба ҷаҳони дигарро мумкин медонанд.

 

Пизишкӣ кофӣ нест

Зиндагии кӯтоҳи «Эрнесто Рафаел Гевара де ла Серна» , ки дар 14 июни 1928 дар шаҳри санъатии «Росарио» дар Аргентина ба ҷаҳон чашм гушуд ва фарзанди аршади хонаводае буд, ки панҷ фарзанд дошт, на зиндагии як қаҳрамони романтик буд ва на маргаш марги як шаҳид.

Гевара марде ба тамоми маънӣ воқеъгаро буд. Ҳазорон ҷавон дар Амрикои Лотин ва дигар бахшҳои ҷаҳон дар набард барои расидан ба ҳамин аҳдоф мусибатҳо диданд ва сарнавишти мушобеҳ ёфтанд. Эрнесто низ чун онон инқилобӣ ба ҷаҳон наомад.

Ҳангоме, ки 1946 пас аз 17 рӯзи парасторӣ, саранҷом саратон модарбузурги рӯ ба маргашро аз пой даровард, бар он шуд, то барои наҷоти дигарон доруе барои мубориза бо ин беморӣ биёбад.

Дар 1947 Эрнесто дар донишгоҳи Буэнос-Айрес таҳсили пизишкиро оғоз кард ва давраи шашсолаи омӯзишро ба рағми ибтилоъи бемории осм (астма), ки аз дусолагӣ ба он мубтало буд, сесола ба поён расонид.

Духтари ӯ, Алейда Гевара, ки 1960 дар Гавана чашм ба ҷаҳон гушуд, баъдҳо дар бораи падараш чунин гуфт: «Ӯ Аргентинаро тарк кард ва ҳамроҳ бо дӯсте бо мототсикл ба сафар дар Амрикои Ҷанубӣ пардохт бо ин руъё, ки даст ба кори бузург бизанад. Аммо ин қорагардӣ, ки ӯро бо воқеиёти ҳоким бар зиндагӣ дар қораи мо рӯбарӯ сохт, сабаб шуд, то ӯ пухта гардад ва як инсони иҷтимоӣ шавад».

Худи ӯ менависад, ин эътиқод дар вуҷудаш рӯ ба рушд ниҳод, ки чизҳое дар зиндагӣ ҳаст, ки аҳамияташ дар ҳадди пажуҳишҳои пажуҳишгаре номдор аст ва ё дар ҳадди бардоштани гоме баланд дар арсаи пизишкӣ аст ва он мадад ба инсонҳое аст, ки дар асари бади тағдия ва саркӯби доимӣ таҳқир мешаванд.

Ба рағми ин андешаҳо ӯ дар соли 1953 озмудани пизишкиро гузаронд ва поёни номаи таҳсилаш дар бораи Алҷазоир буд.

Аммо ӯ аз думбол кардани ҳирфаи пизишкӣ чашм пӯшид ва аз тариқи Боливия, Перу, Эквадор худро ба Гватемала расонид. Дар он ҷо президент Хакобо Арбенс (1951- 1954) заминҳои консерни амрикоии Юнайтед Фрутрро миллӣ ва миёни рустоиёни безамин тақсим кард.

Эрнесто, ормонгарои ҷавон, дар он ҷо дар пайи сафари худ бо мотор дарси дуввумро омӯхт, дарсе, ки меҳри худро бар зиндагии ӯ кӯфт. Муассисаи тавлиди мева ва сабзӣ, ки имрӯз ҳам бо номи «Чикито» ба фаъолияти худ идома медиҳад, дар соли 1954 бо мадади CIA даст ба кудато зад.

Бомбафканҳои амрикоӣ руъёи иҷтимоии ӯро, ки метавонист зиндагии инсонҳоро тағйир диҳад ва барои онҳо як зиндагии шоистаи инсонро мумкин созад, ба хоку хун кашиданд.

Ӯ барои созмон додани муқовимат дар баробари Юнайтед Фрут ва ишғолгарон даст ба талошҳое зад, ки бесамар буданд. «Че» баъдан шиква кард ва гуфт: «Дар Гватемала набард зарурат дошт, аммо тақрибан ҳеҷ кас даст ба пайкор назад». «Хуан Мартин Гевара» бародари ҷавонтари ӯ баъдҳо гуфт: «Ин таҷрибиёт тасмими қотеъро дар даруни ӯ борвар гардонид ва он ин буд, ки барои дармони инсонҳо пизишкӣ кофӣ нест».

 

Ошноӣ бо Кастро

Эрнесто Че Гевара ҳангоми фирор аз чанги бондҳои одамкуши кудатогарон дар Мексика бо Раул Кастро ошно шуд. Ин ҷавони кубоӣ, ки ӯ низ дар табъид ба сар мебурд, монанди Эрнесто барои пай бурдан ба масоили иҷтимоӣ ва ёфтани роҳҳое барои ҳалли онҳо китобҳои Маркс, Энгелс ва Ленинро мехонд.

Дар соли 1955 рӯзе Раул дӯсти худро ба бародари бузургтараш Фидел муаррифӣ кард ва онҳо тамоми шабро ба баҳс бо якдигар гузаронданд.

Фидел Кастро, ки дар Мексика муқаддамоти бозгашт ба Кубаро фароҳам мекард, гуруҳи шӯриширо гирд оварда буд. Ба ёди ҳамла ба сарбозхонаи Монкада дар шарқи Куба, ки ду сол пеш сурат гирифта ва бо шикаст мувоҷеҳ шуда буд, номи ин гуруҳро «Ҷунбиши 26 июл» гузошта буданд.

Кастро аз Эрнесто хост то худро ба унвони пизишки бемористони саҳроии гуруҳ ба онҳо бипайвандад. Андак замоне баъд ҷавони аргентинӣ дар омӯзишҳои ҳарбии гуруҳ, ки таҳти фармондеҳии сарҳанг Алберто Боё, ки сарҳанги ботаҷриба буд, ширкат кард. Ин сарҳанги коркушта дар ҷанги дохилии Испания (1936-1939) ҳамроҳ бо ҷумҳурихоҳон алайҳи Франко ҷангида буд.

Ҳангоме, ки дар 25 ноябр киштии «Гранма» бо 82 партизан аз бандари Тукспан дар Мексика ба сӯи Куба ҳаракат кард, Гевара ҳам дар киштӣ буд.

Дар куҳҳои Серра-Маэстра буд, ки номи «Че» ба ӯ дода шуд. Далелаш ҳам ин буд, ки ин ҷавони аргентинӣ дар поёни ҳар ҷумлае, ки мегуфт, як «че» ҳам ба он меафзуд (ба маънии «гӯш кун!»). Худи ӯ ин лақабро мояи мубоҳот медонист, зеро дар ҷануби Аргентина ва Чили бумиёнро ба ин ном мехонанд, ки «инсони заминӣ» маънӣ медиҳад.

Дар куҳҳои шарқи Куба «Серра-Маэстра» «Че» бо кӯдакони гурусна ва нимагуруснае рӯбарӯ шуд, ки бисёре аз онҳо намедонистанд шир чӣ маззае дорад.

Вазъи зиндагии мардум бавежа дар манотиқи рустоӣ фоҷиаомез буд. Дар он замон фақат 4 дарсад аз мардуми Куба метавонистанд ба гӯшт дастрасӣ дошта бошанд. Пизишк ва дору дар манотиқи рустоӣ вуҷуд надошт. Тамоси мустақими «Че» бо мардум руҳи муборизаро дар ӯ нерӯмандтар мекард. Дар июли 1957 Фидел Кастро ӯро ба далели жарфнигарӣ, қотеъият ва тавони ба курсӣ нишондани ҳарфи худ «коменданте» (фармондеҳ) номид.

Рӯзи 29 декабр 1958 Че Гевара бо воҳиди 300 — нафариаш лашкари 5-ҳазорнафарии Батистаро, ки аз ҳимояти Амрико низ бархурдор буд, шикаст дод ва шаҳри Санта Клараро ба тасарруфи худ даровард.

Пас аз ин фатҳ буд, ки роҳ ба сӯи Гавана боз шуд. Пас аз набарди сахт ва ҷонкоҳ, ки ду сол ба тӯл анҷомид, шӯришиён тавонистанд бар ҳукумати ваҳшатии диктатор Батиста ва бандаи фосиди ӯ чира шаванд.

Рӯзи аввали январи 1959 Батиста ба ҷумҳурии Доминик фирор кард. Андак замоне пас аз он чирикиҳои пирӯз дар миёни шӯру шаафи мардум вориди пойтахт шуданд.

Як моҳ пас аз он, ин унвони ифтихорӣ ба Че Гевара дода шуд, ки «аз лаҳзаи таваллуд шаҳрванди Куба» будааст. Дар тӯли панҷ соли нахустин, ки ба таҳкими пирӯзии инқилобӣ ва хунсо кардани заработи зидди инқилоб ва ваҳдати муборизони Серра Маэстра бо ҳизби коммунист ва наздикӣ бо урдугоҳи сотсиализм гузашт, «Че Гевара» нишон дод, ки шоистаи дарёфти он унвони ифтихорӣ будааст.

Фаъолиятҳои ӯ пас аз пирӯзии инқилоб иборат буданд аз кор дар муассисаи ислоҳоти кишоварзӣ, раёсати бонки миллӣ ва аз 1961 низ ба унвони вазири саноеъи Куба. Ӯ дар канори Раул Кастро нерӯи муҳаррикаи ислоҳоти кишоварзӣ ва миллӣ кардани ширкатҳои инҳисории Амрико буд.

Душманони инқилоб ва нависандагони ғарбӣ, ки зиндагиномаи ӯро навиштаанд, ӯро аз ин ҷиҳат мавриди интиқод қарор медиҳанд, ки даст ба таъқибу маҳкумияти думболаравони Батистаи диктатор задааст. Воқеият ин аст, ки пас аз пирӯзии инқилобиюн мардум шадидан хостори муҷозоти шиканҷагарон ва дигар сиёҳкорони режими манфури Батиста буданд ва хости худро пайваста бо садои баландтаре матраҳ мекарданд.

Рӯзи 22 январи 1959 қариб як миллион нафар дар баробари кохи пешини президентӣ гирд омаданд ва хостори муҷозоти қотилони диктатор шуданд.

Раҳбарони шӯришён бими он доштанд, ки саҳнаҳое монанд он чӣ, ки дар соли 1933 пас аз суқути Херардо Мачадо, диктатори Куба рух дод, такрор шавад ва тӯдаҳои хашмгини ҳаводорони ӯро аз хонаҳояшон берун бикашанд ва дар хиёбонҳо заҷркуш кунанд.

Онҳо аз тариқи радио ба мардум ҳушдор доданд, ки даст ба вокунишҳои интиқомҷуёна назананд. Раҳбарони инқилоб қавл доданд, ки муттаҳамонро муҳокима кунанд ва мавриди муохиза қарор диҳанд. Дар мубоҳисот аз додгоҳи Нюрнберг алайҳи ҷиноёти ҷангии нозиҳо дар Олмон ёд шуд ва таъкид шуд, ки авомили Батиста низ бояд аз додрасии одӣ ва ҳаққи дифоъ аз худ бархӯрдор гарданд.

Дар додгоҳҳои аланӣ, бо ҳузури нозирон ва рӯзноманигорон аз саросари ҷаҳон, иддаономаи додситон қироат шуд ва пас аз шунидани суханони шоҳидон айнӣ аҳкоми додгоҳ эълом шуд. Дар ҳудуди понсад нафар ба марг маҳкум шуданд. Тирборони онҳо бо мавҷе аз эътирозоти байналамилалӣ рӯбарӯ гашт. Душманони инқилоб то имрӯз ҳам барои исботи, ба истилоҳ, моҳияти ҷинояткори «режими Кастро» ин эъдомҳоро ба миён мекашанд. Фидел Кастро баъдҳо худ аз ҷараёни муҳокимот дифоъ кард ва ёдовар шуд, ки фақат ба далели барпо шудани додгоҳҳо ва эъдомҳо буд, ки интиқомҷӯиҳои шахсӣ ва заҷркуш (линч) кардан рух надод.

 

Интиқод аз Иттиҳоди Шӯравӣ

Се моҳ пас аз шикасти ҳамлаи кубоиҳои табъидии муздурони CIA дар 17 апрели 1961 «Аберҳард Панитз», нависандае аз Ҷумҳурии Демократики Олмон, дар Плая Ҷирони наздики халиҷи Хукҳо, бо Че Гевара мулоқот кард.

Бону Тамара Бунка, шаҳрванди Ҷумҳурии Демократики Олмон, ки 1960 ҳангоми дидори Коменданте Че Гевара аз Ҷумҳури Демократики Олмон, мутарҷими ӯ буд ва аз моҳи майи 1961 дар Куба зиндагӣ мекард, «Абҳард Панитз»-ро ба унвони рӯзноманигоре муаррифӣ кард, ки қасд дорад дар бораи инқилоби Куба матлаб бинависад.

Че Гевара ба меҳмони олмонӣ гуфт, «он чи дар ин ҷо рух дод, набарде буд кӯчак, ҷанг набуд, зидди инқилоб ҳам набуд, аммо муваффақияте, ки мо ба даст овардем ва нагузоштем, ки табдил ба ҷанг ва ба зидди инқилоб шавад, нуктаест, ки бояд бар он воқиф буд ва ҳама ҷо ба он хуб таваҷҷуҳ дошт».

Пас аз он ки Фидел Кастро эълом кард инқилоби Куба як инқилоби сусиёлистӣ аст, Амрико Кубаро дар муҳосира қарор дод, муҳосираи иқтисодӣ, бозаргонӣ ва молӣ, ки аз он замон то кунун борҳо ташдид шуда ва густариш ёфта. Че Гевара рӯзи 11 декабри 1964 дар иҷлоси умумии Созмони Милали Муттаҳид нутқе кард, ки бисёр мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ӯ мусаллаҳ шудани дубораи кишварҳои узви НАТО-ро ба силоҳҳои атомӣ матраҳ сохт ва аз ҳаққи таъйини сарнавишти халқҳо ҳимоят кард ва гуфт: «Куба яке аз сангарҳои дифоъ аз озодӣ аст, ки фақат чанд гом бо империализми Амрико фосила дорад».

Че Гевара талош мекард то дар кишвари худ намудор аз он инсони тирози навине бошад, ки ба унвони сармашқи одамият таблиғ мешуд. Ба ҷои он ки барои худ ё бастагонаш таваққӯъи дарёфти мазойиде дошта бошад, ҳатто ҳангоме, ки вазир буд, низ дар анҷоми хадамоти довталабона буд, ширкат меҷуст, мушаввиқи ангезаҳои ғайримолӣ ва омӯзиш буд ва мегуфт: «Мо на фақат бо фақр, балки бо азхудбегонагӣ низ мубориза мекунем».

Дар сафарҳои худ ба хориҷ гоҳ бо ба канор ниҳодани муқаррарот ва протокол мизбонони худро шигифтзада мекард. «Ӯ беш аз ҳар чиз аз догматизми носанҷида нафрат дошт». Ин сухане аст, ки Гюнтер Шарф аз рафтори ӯ ба ёд меоварад. Гюнтар Шарф аз соли 1961 то 1966 намояндаи бозаргонии Ҷумҳурии Демократики Олмон дар Куба ва дар иртиботи мустақим бо Че Гевара буд, ки дар он замон вазири саноеъи кишвар буд. Че Гевара дар тобистони 1960 бо сафар ба Чин ва имзои як қарордоди бозаргонӣ давлати Шӯравиро ранҷида сохт.

Дар авохири соли 1960 ҳангоми сафар ба Маскав бар хилофи майли мизбонони худ тоҷи гуле нисори мазори Сталин кард. Нутқе, ки ӯ дар як конфронси байнуламиллӣ бо ҳузури намояндагони бархе аз кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ эрод кард, солҳо баъд сару садои зиёде барпо кард. Гевара дар 24 феврал 1965 бар Иттиҳоди Шӯравӣ хӯрда гирифт, ки дар мавриди бархе аз масоил рафторе чун кишварҳои сармоядорӣ дорад ва аз ҷунбишҳои озодибахш дар, ба истилоҳ, ҷаҳони севум, ба ҳадди кофӣ ҳимоят намекунад.

Назари Фидел Кастро ва маҷмӯаи раҳбарии ҳизб низ тафовути чандоне бо назароти ӯ надошт, аммо Фидел зери фишор буд. Ба ҳар ҳол ӯ буд, ки раҳбари кишвар буд. Инҳо суханони Хуан Мартин, бародари кӯчаки Че Гевара дар китобе аст, ки ахиран ба унвони «Бародари ман Че» мунташир кардааст. Сиёсатмадорон ва расонаҳои ғарбӣ билофосила даст ба гумоназанӣ заданд ва «ҳадсшон» ин буд, ки миёни ду инқилобӣ (Фидел ва Гевара) ихтилоф афтодааст. «Алейда», духтари Гевара бо итминони тамом мегӯяд, ин «афсонаи қадиме, ки имрӯз ҳам ин ҷо ва он ҷо боз матраҳ мешавад, аз беху бун нодуруст аст».

«Вақте Фидел ва падарам дар Мексика бо ҳам ошно шуданд, падарам барои пайвастан ба гуруҳ ва ҳаракат ба сӯи Куба як шарт гузошт ва он ин буд, ки иҷоза дошта бошад пас аз инқилоб роҳи худро идома диҳад».

Мартин Гевара менависад, бародараш пас аз бозгашт аз охирин сафари расмии худ ба Алҷазоир, дар як гуфтугӯи муфассал ба иттилоъи Фидел расонид, ки мехоҳад дар ҷоҳои дигар ба инқилоб идома диҳад. Хуан Мартин менависад, бародараш ба Фидел гуфт: «Ту наметавонӣ дар ҷое дигар инқилоб кунӣ, чун ба унвони раҳбари инқилоб бояд ин ҷо ба корат идома диҳӣ, вале ман метавонам ин корро бикунам».

Алейда мегӯяд, ки дар ин гуфтугӯ Фидел тақозои Лоран-Дезире Кабиларо дар баробари ӯ мегузорад. Ҷунбиши раҳоибахши Конго, ки Лоран-Дезире Кабила дар раъси он қарор дошт, аз Кастро тақозои ёрӣ карда буд. Андак замоне баъд «Че» дар раъси гуруҳе аз довталабони кубоӣ ба Конго фиристода мешавад.

Мадорики зиёде нишон медиҳанд, ки Гевара дар ин моҳҳо бо Фидел, ки бо истифода аз тамоми имконот ба гуруҳ мадад мекард, дар иртиботи мустамар буд. Алейда мегӯяд, афзун бар ин дафтари «Хотирот Боливия» — и падараш нишон медиҳад, ки «падарам дар Боливия то поён бо “Манила” рамзвожа барои Куба дар иртибот буд».

Че Гевара дар соли 1966 пас аз бозгашти навмедона аз Конго бо гуруҳе аз кубоиҳои мусаллаҳ барои мубориза ба Боливия рӯй меоварад.

Аммо ин ҷо низ кӯшиш барои интиқоли таҷрибаи Куба бо шикаст мувоҷеҳ шуд. Набарди «Че» дар Боливия чашмандозе надошт. Пас аз он ки «Тамара Бунка», ки ба ақабаи партизанҳо пайваста буд, дар 31 августи 1967 дар Рио-Гранд бо рагбори гулӯлаи сарбозони давлати Боливия аз пой дар омада буд, дар 8 октябри 1967 Че Гевара раҳбари гуруҳи аслӣ низ дастгир шуд.

Кубоии табъидӣ Феликс Родригез, ки ба хидмати CIA даромада буд, барои бозҷӯӣ аз Че Гевара ба Боливия парвоз кард. Рӯзи баъд Эрнесто Че Гевара бидуни муҳокима ба фармони Родригез ба зарби гулӯлаи сарбоз Марио Теран Салазар аз пой дар омад. Дастҳои ӯро буриданд ва ҷасади ӯро зери хок пинҳон карданд. Ба Родригези қотили муздури СИЁ медали шуҷоат дода шуд. Ӯ имрӯз бо хаёли роҳат дар Амрико зиндагӣ мекунад ва мавриди эҳтироми ҳаводорони Батиста, душманони низоми Кубост, ки бо ҳазинаи Амрико дар Маями зиндагӣ мекунанд.

 

Зоҳир ва ботини якпорча

 Маълум нест, ки «Че» дар чӣ замоне китоби «Пӯлод чигуна обдида шуд» аз нависандаи Шӯравӣ Николай Островскийро барои нахустин бор хонд.

Аммо Че Гевара низ чун Павел Корчагин — қаҳрамони китоб зиндагӣ кард ончунон, ки битавонад дар бистари марг бигӯяд: «Тамом умр, тамоми нерӯи худро вақфи он чизе кардам, ки зеботарини ҷаҳон аст – вақфи набард барои озодии инсон». Фидел Кастро пас аз марги ӯ аз рафиқу ҳамразмаш чунин ситоиш кард: «Ҳангоме, ки «Че» аз пой даромад аз ҳеҷ чиз ва ҳеҷ хосте дифоъ намекард, магар аз алоиқи истисморшудагон ва саркӯфтагони ин қора, тиҳидастон ва таҳқиршудагони замин».

 

Волкер Ҳермсдорф, нашрияи “Юнга Велт”, Олмон

Тарҷумаи Ризо Нофеъӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here