Чаро қирғизҳо ғасби замини минтақаҳои баҳснокро идома медиҳанд?

 

— Дар ин авохир баъзе ҳамсояҳои қирғизи мо суннатҳои ҳамсоядориро чандон риоя намекунанд. Магар онҳо намедонанд, ки мо аз сокинони бумии ин марз ҳастем? Медонанд, вале худро ба нодонӣ мезананд ва барои ҳимояи манфиатҳои худ аз риояи суннатҳои ҳамсоядорӣ низ сарфи назар мекунанд. Бояд онҳо дарк намоянд, ки ин корашон дуруст нест ва чашм андохтан ба мулки мардуми дигар паёмадҳои ногувор ба бор хоҳад овард,- мегӯяд яке аз пиронсолони деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх Султоналӣ Болтаев. Ба гуфтаи ӯ, ҳамсояеро, ки пеши оби ошомиданиатро мебандад, мехоҳад, ки ҳамсояи дигараш беоб монад, дарахтонаш хушк шаванд, киштукораш сӯхта ба хокистар мубаддал гардад, чӣ гуна ҳамсоя метавон хонд!?

— Ҳодисаҳои Ворухи Тоҷикистонро шунида, гиребон доштем. Наход ба сӯи ҳамсояи худ тир кушоӣ! Ин замин аз сари киҳо намондааст. Мардуми мо аз қадим ором ва босубот аст. Ҳаргиз аз ҷангу низоъ тарафдорӣ накардааст. Ин маънои онро нахоҳад дошт, ки ҳар чиро бар сарамон оваранд, сабру тоқат мекунем,- илова намуд Султоналӣ Болтаев.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои зиёди умри ҷавониаш дар Тоҷикистон гузаштааст. Дар Душанбе донишгоҳро хатм намуд, чанд сол дар Вазорати фарҳанг вазифа анҷом дод. Дар Исфара хешу таборашон зиндагӣ мекунанд. Дар Ворух шиносони дерин дорад. Барои ҳамин ба таҳаввулоте, ки дар ин марзу бум рух медиҳанд, ҳаргиз бетафовут нест.

Ба суҳбати мо раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Ҳазрати Алӣ”-и ноҳияи Сӯх Субҳон Нишонов ҳамроҳ шуд. Вай гуфт, ки ҳодисаҳои ғасби замин аз ҷониби ҳамсояҳояшон вазъиятро ноором мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар яке аз минтақаҳои баҳсноки марзи миёни ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ва вилояти Боткенти Қирғизистон ба миён омадани низоъ шояд аз мисолҳои равшани ҳамин раванд муаррифӣ шавад. Бо вуҷуди он ки марзбонони ӯзбек нагузоштанд то ҳалли мавзуъ мардуми минтақаи марзии Сӯх аз заминҳои баҳснок истифода кунанд, марзбонҳои қирғиз намоиш доданд, ки барои ҳимояи манфиатҳои мардуми худ онҳо ба кадом корҳо қодиранд.

Маълум шуд, ки сокинони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Сариканда, “Ҳазрати Алӣ”, Сарибозорча, Қалъа, Гулистон ва Демирсади ноҳияи Сӯх садсолаҳо ба ин сӯ дар талу теппаҳои ин минтақа чорвои худро бонӣ мекунанд. Аммо ҳамсояҳои қирғизашон хостаанд, ки онҳо аз истифодаи замини бобоии худ даст кашанд. Қаблан низ мардуми деҳоти зикргардида аз мақомоти раҳбарии ноҳия, сардорони идораҳои корҳои дохилӣ, амният ва марзбонӣ талаб карданд, ки пеши роҳи ин экспансия ё ғасбкунӣ гирифта шавад.

Субҳон Нишонов мегӯяд, дар номае, ки сокинони шаш ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои наздимарзии ноҳияи Сӯх ба унвони Президент Шавкат Мирзиёев навиштаанд, омадааст, аллакай як миқдор заминҳои таҳти тасарруфи ноҳияи Сӯх ба дасти қирғизҳо гузаштааст ва ин ҳаргиз аз рӯи адолат нест. Солҳои 1999-2015 се гектар замини таҳти кишти сокинони деҳаи Сарикандаро сокинони деҳаи Тоёни вилояти Боткенти Қирғизистон ба таври худсарона ғасб намудаанд ва ҳоло барои худ хонаву ҷой сохтаанду машғули зиндагӣ мебошанд. Вале на роҳбарияти ноҳия ва на кормандони ниҳодҳои қудратии он алайҳи ин аъмоли ғайриқонунӣ ягон вокуниш нишон надодаанд.

Аз суҳбат бо мардуми ин минтақаи ноҳияи Сӯх бармеояд, ки ҷоми сабру тоқати онҳо кайҳо лабрез шудааст ва омодаанд, ки бархезанду заминҳои ғасбшударо аз қирғизҳо кашида гиранд. Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз муқаддам одамони зиёд ба фарозиҳо баромаданд, ки аз ғасби замини мавзеи Қайроқ ҷилавгирӣ кунанд, вале зуд пеши роҳи ин амал гирифта шуд ва мардум ноилоҷ ақибнишинӣ карданд.

Боз ба номаи дастаҷамъии аҳолӣ рӯй меорем: “Мардуми мо дар ин хусус борҳо ба идораву ташкилотҳои болоӣ муроҷиат кардааст. Гузашта аз ин, бобову падарони мо аз ҳамон мавзеи Қайроқ, ки ҳоло мардум ба ҳимояти он хестааст, дар давраи ҷанги зидди фашистон даҳҳо тонна ҳосили гандум рӯёнидаанд ва ба ҷанговарон фиристодаанд. Ин мавзеъ беш аз ҳазор гектар заминро ташкил медиҳад, вале аллакай наздики 500 гектари он аз тарафи қирғизҳо ғасб шудааст”.

— Ҳокими ноҳияи Сӯх Фаррух Ӯсаров ба мо шарҳ дод, ки мавзеи Қайроқ минтақаи баҳснок аст ва ҳанӯз делимитатсия ва демаркатсия нашудааст, барои ҳамин на мову на қирғизҳо ҳақ надоранд, ки дар ин ҷо моли худро чаронанд, ягон иншооти чупонӣ бунёд кунанд. Дар айни ҳол чунин хаймаву каппае, ки кайҳо дар ин чарогоҳ чӯпонҳои мо сохта буданд, аз тарафи марзбонони худамон вайрон карда шуданд. Пас, бигзор қирғизҳо низ аз ин минтақаи баҳснок дур раванд,- мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Ҳазрати Алӣ”-и ноҳияи Сӯх Субҳоналӣ Нишонов.

Гуфта мешавад, сол аз сол марзи ноҳияи Сӯх хурд шуда меравад. Агар пеши роҳи ғасбкунии заминҳои мо гирифта нашавад, қирғизҳо ба заминҳои аз ин бештари мо низ даъвогарӣ хоҳанд кард. Инро кайҳост, ки мардуми мо пай бурдааст. Бояд ҷиҳати баргардонидани заминҳои бобоии мо дар мавзеъҳои “Қайроқ” ва “Тоён”, ки беш аз 500 гектарро ташкил мекунад, идораҳои ҳукуматӣ кумаки амалӣ расонанд. Он гоҳ сокинони ҷамоатҳои шаҳрвандони Сариканда, “Ҳазрати Алӣ”, Сарибозорча, Қалъа, Гулистон ва Демирсади ин ноҳия метавонанд ба чорводорӣ машғул шаванд ва дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат, бо гӯшт ва маҳсулоти ширӣ таъмин кардани аҳолӣ саҳми худро гузоранд.

Аъзои комиссияҳои байниҳукуматии Ӯзбекистону Қирғизистон борҳо сари мизи гуфтушунид ва ҳалли масъалаҳои марзӣ нишастанд. Аммо чаро ин масъалаҳо ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд? Гузашта аз ин, барои чӣ ин муаммои калону ҷиддиро нодида мегиранд ва нисбати он ягон вокуниш нишон намедиҳанд? Шояд ҷавоби ин савол барои мардуми ноҳияи Сӯх ба муддати дароз муаллақ монад ва ҳамсояҳо экспансияро идома диҳанд?!

 

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири махсуси “Фараж”,

шаҳри Тошканд

Добавить комментарий