Роҳбари Экспедитсияи геологии Моғиён Абдусалом Ғаффоров соли 2009 дар як ҷамъомади ҷомеаи меҳнатӣ мегӯяд, ки «беш аз даҳ сол аст, ки назди корхона замине бекор хобидааст ва онро касе истифода намебарад. Он атрофро безеб мекунад ва ҳар касе хоҳад, метавонад бо маблағи худаш ин заминро ободу корам карда, барои пешбурди зиндагиаш истифода барад». Ин кори душвор буд ва ба он хоҳишманд ёфт нашуд. Бегоҳ шавҳарам, ки дар он маҷлис ҳузур дошт, ба ман гуфт:

-Он заминро обод карда истифода бурда метавонем?

Ман розӣ шудам ва мо тӯли 10 сол маблағи зиёд сарф карда, ин заминро ободу боғ бунёд намудем, дарахтон ҳосил доданд. То соли 2018 он заминро истифода бурдем. Афсӯс, ки чашми тамаъҷӯён ба он афтод. То он даме, ки Абдусалом Ғаффоров роҳбарӣ мекард, монеае вуҷуд надошт. Баъди ба ҷои ӯ сардор таъин шудани Ғолиб Шералиев хараҷу мараҷ шуд. Моҳи январ шавҳарамро бе сабаб аз кор сабукдӯш намуд ва моро аз истифодаи замин маҳрум сохт. Ба раиси вилоят шикоят намудем ва бо дастгирии ӯ шавҳарам ба кор барқарор шуд. Ин ба иззати нафси мансабдорони маҳаллӣ расид ва онҳо ба ҳуҷум сар карданд.

Аввал ба наздам Ғолиб Шералиев мардеро фиристонд. Вай таҳдид намуд, ки агар аз замин даст накашам, оилаамро нобуд мекунад. Фарзандам аз таҳдиди вай тарсида, чанд рӯз бемор шуд. Ман дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр муроҷиат кардам, вале касе тарафамро нагирифт.

Муовини раиси Кумитаи геологияи Тоҷикистон Исомиддин Холзода ба Панҷакент омада буд, фармуданд, ки ба назди вай равам, рафтам. Дар толор будагон пайваста ба ман туҳмат мезаданд, гӯё гунаҳкореро суд мекарда бошанд. Вазъи саломатиам бад шуд, ноилоҷ берун баромадам ва афтодам. Касе ба ман аҳамият надода, гузашта рафтанд. Фақат роҳгузарон аҳволи маро дида, мошини ёрии таъҷилиро даъват карданд. Ба беморхона бурданду сӯзандору гузаронида, ба худ оварданд.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, И. Холзода, Ғ. Шералиев ва бародари мансабдораш маро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд, гӯё авбошӣ карда бошам.

Ба раиси шаҳр муроҷиат кардам, ки шартнома баста, он заминро ба расмият дароранд, гуфт, ки наметавонад. Фаҳмидам, ки тарафи муқобил маро ҳабс карда, аз истифодаи замин дур намуданист.

Кор ба ҷое расид, ки бо найранге мани бегуноҳро авбош хонда, бо моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданду 1 сол аз озодӣ маҳрум намуданд ва тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи авф» парвандаро қатъ намуданд.

Ман, модари панҷ фарзанд, дутоаш донишҷӯ, се нафараш мактабхон мебошанд. Аз корманди ШВКД-и шаҳри Панҷакент Абдуллозода гиламандам, ки туҳмати душманонамро насанҷида, нисбатам парванда оғоз намуд. Боз аз Ғолиб Шералиев гиламандам, ки дар атрофаш хешу таборашро ҷамъ карда, вазифаҳои масъулро супоридааст. Онҳо бо фармони вай ба дигарон фишор меоранд ва манфиати раисро ҳимоя мекунанд. Магар ҳамин ҳам корбарию роҳбарӣ шуд?! Наход зӯрашон ба ман, зани бемору муштипар расад?

Нонамро аз даҳонам кашида гирифтанд. Наход дар Панҷакент барои онҳо як порча замин ёфт нашавад?

Мавлуда НОРИМОВА,

сокини шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий