Оё судяи Суди шаҳри Хуҷанд суханрониҳои президентро гӯш мекунад?

“Ватанро обод кунем, ё муҳоҷир шавем?”. Ин аввалин саволе буд, ки 25-уми сентябр пас аз эълони ҳалномаи судӣ аз ҷониби Эраҷ Ализода, судяи Суди шаҳри Хуҷанд ба сари мо омад. Ин ҳалнома на танҳо роҳи корҳои ободониву созандагӣ дар маркази Хуҷандро боз медорад, балки барои бекор мондани даҳҳо сохтмончии ватанӣ боис мешавад.
Ширкати сохтмонии “Каскад” барои иҷрои корҳои сохтмонии бинои нуҳошёна, ки мағоза ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ низ дорад, бо фармоишгар Хайрулло Ёқубов шартнома баста буд. Корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд. Аммо Эраҷ Ализода, судяи Суди шаҳри Хуҷанд бо қабули як ҳалномаи судӣ тақозои қатъи сохтмонро пеш овард. Сабаби қабули ҳамчунин ҳалнома он будааст, ки гӯё ин сохтмон ба сохтмони як ширкати сохтмонии дигар монеъ мегардад. Ҳол он ки, дар маҳалли сохтмоне, ки мо кор мекунем, ҳеҷ гуна бино сохта намешавад, балки биноҳое мавҷуданд, ки хеле куҳнаву фарсуда шудаанд ва ба таҷдиду навсозӣ ниёз доранд.
Ҳалномани судие, ки судя Эраҷ Ализода қабул кард, мо — 30 сохтмончии ширкати “Каскад”-ро аз шуғлу иҷрои вазифаҳои касбии худ маҳрум кард. Ин дар ҳолест, ки қабл аз бастани шартнома ҶДММ “Каскад” бо фармоишгар Хайрулло Ёқубов — соҳибмулки замини сохтмонӣ — ҳама ҳуҷҷатҳои зарурии сохтмони 9-ошёна дар кӯчаи Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳои шаҳри Хуҷанд таҳия шуда, аз ташхиси идораҳои зидахл гузаштааст ва ҳеҷ каму костие дар онҳо вуҷуд надорад. Балки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар масоҳати 1109,0 метри мураббаъ ҳама идораву мақомоти давлатии шаҳру вилоят бо имзо ва муҳри худ ҳуҷҷати тасдиқкунанда додаанд, ки нусхаи ин ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри мо низ ҳаст. Аммо баъд аз қабули ҳалномаи судӣ, ки боз доштани корҳои сохтмониро тақозо мекунад, мо дар ҳолати шок қарор гирифтем. Зеро чӣ тавр мешавад, ки як бастаи иҷозатномаву хулосаи идораҳои давлатӣ пеши ин судяи Суди шаҳри Хуҷанд арзиш ва эътибор надоранд? Акнун мо ба худ меандешем, ки барои баъзе судяҳо ободии шаҳр ва масъалаи бе ҷойи кор мондану муҳоҷир шудани сохтмончиҳои ватанӣ аслан фарқе надоштааст. Вагарна, Эраҷ Ализода қабл аз қабули ҳалномаи судӣ аз паёмади он андеша мекард.
Дигар ин ки, мо ба як саволи дигар мехоҳем ҷавоб пайдо кунем: оё судя Эраҷ Ализода суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамасола соҳибкорони ватаниро ба обод кардани ватан даъват мекунанд, мешунавад ё не? Агар не, ба ӯ бояд хотиррасон кунем, ки Ҷаноби Олӣ саҳми соҳибкоронро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар муҳиму муассир арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии ахири худ бо соҳибкорону сармоягузорон дар рӯзи 15-уми октябр чунин таъкид намуданд, ки огоҳӣ аз онро пеш аз ҳама барои мақомоти масъул, пеш аз ҳама, онҳое, ки барои ободии ватан монеа эҷод мекунанд, муҳим медонем: “Ҳукумати кишвар ташаббусу пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Ҳоло ба тамоми сохторҳои давлатӣ бори дигар супориш дода мешавад, ки ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат намоянд. Соҳибкорон бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон равона намоянд. Шумо — соҳибкорони бонангу номус, ҳамеша иқдомоти Ҳукумати мамлакатро бо дарки амиқи масъулият самимона пуштибонӣ менамоед, барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш мекунед, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор ҳастед. Бинобар ин, ба ҳамаи шумо — соҳибкорони ҳимматбаланд сидқан миннатдорӣ баён карда, итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми бештар мегузоред“.
Роҳи миёни Суди шаҳри Хуҷанд ва маҳалли корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо ҳудуди 500 метр аст, ки агар боре ҳам Эраҷ Ализода тай менамуд ва ба вазъи кору бори мо сохтмончиҳо назар меандохт, шояд фикри дигар мекард. Судя, ки дар курсии мулоим нишаста, ба баррасии масъалаи кору тақдири инсонҳо дар додгоҳ сарукор мегирад, масъалаи ободии шаҳр, ҷои кор ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардумро низ бояд донад. Аммо, мутаассифона, баъзе судяҳои мо қодир ба ин кор намешаванд ва ба қабули ҳалномаи шитобзадае даст мезананд, ки аз ҳар лиҳоз паёмади он бар зарари кори мо — сохтмончиҳо тамом мешавад.
Ин аввалин маврид аст, ки мо — сохтмончиҳо дар тӯли фаъолияти чандсолаи худ бо он рӯ ба рӯ мешавем. Тӯли ин муддат мо сохтмони як қатор иншооти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили сохтмони маҷмааи таълимии Шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба иҷро расонидаем. Боре ҳам нашуда, ки иҷрои корҳои сохтмонии мо ба кори кадом ширкати дигар халал ворид кунад, ки моро аз шуғлу кори худ боздоранд. Аммо бори аввал шоҳиди он мешавем, ки чӣ гуна иҷозатномаҳои ҳамаи идораҳои давлатӣ оид ба сохтмон назди судяи Суди шаҳри Хуҷанд беэътибор мешаванд…
Аз чунин ранг гирифтани масъала мо ҳоло намедонем, ки чӣ кор кунем ва ҳисоби зиндагиамонро аз кадом роҳ ёбем? Вақте дар ватан сохтмон ва сохтмончиҳо бо ин гуна мушкил дучор меоянд, ростӣ, кас сардаргум мешавад, ки дар чунин ҳол чӣ кор карда метавонад? Ҳоло боз ҳам дар сар ин фикр мечархад, ки беҳтару хубтар аз ҳама як роҳ дорем: муҳоҷират! Аммо то кай мо шуғли худро дар кишвари бегона ба иҷро расонем? То кай нерӯи худро барои ободии кишвари ғайр сарф кунем? Чаро намегузоред, ки мо Ватани худро обод кунем?
Мо умедворем, ки кори сохтмони бинои нуҳошёна дар кӯчаҳои Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд, ки фармоишгари сохтмон Хайрулло Ёқубов иҷозаи қонунии онро дорад, дар зинаҳои болоии судҳои Тоҷикистон одилона баррасӣ мешавад. Бовар дорем, судяҳои дигар дар фикри ободии Ватан ҳастанд ва мо — сохтмончиҳо, ки шуғламон сохтану обод кардан аст, ватанро тарк намекунему рӯ ба муҳоҷират намеорем.

Набиҷонов Умед Негматҷонович,
сохтмончии бинои 9-ошёна дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий