Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи

 Президенти ҶТ, мӯҳтарама  Раҳмон Озода Эмомалӣ

Аз редаксия: Вобаста ба он ки чӣ гуна соли 2008 бародарон Қурбоновҳо бе ягон ҳуҷҷати қонунан тасдиқшуда, бо роҳи сохтакорӣ намудани ҳуҷҷатҳо ва гумроҳ сохтани Комиссияи қонунигардонии молу мулк ҳуҷҷати ғасби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Хушдилон»-ро соҳиб шуданд, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон шаш сол қабл тадқиқоти журналистӣ гузаронида, дар шумораи №47 (312) аз санаи 21 ноябри соли 2012 ҳафтаномаи «Фараж» таҳти унвони «Иштибоҳи қонунӣ?!» ба нашр расонид. Воқеан, дар иртибот ба ҳамин масъала ҳисоботи прокуратураи генералии ҶТ аз соли 2009 ба Ҳукумати ҷумҳурӣ низ мавҷуд мебошад. Баъди се соли баҳсҳои судӣ, оқибат суд «мӯйро аз хамир ҷудо намуд»-а ба қавле адолатро барқарор кард, ки дар ин маврид низ тавассути ҳафтаномаи «Фараж» (№17 (438) аз 22 апрели соли 2015) таҳти унвони «Ҳақ ба ҳақдор расид» мақолае нашр гардид. Вале мутаассифона дар муҳити имрӯзаи кишвар чунин менамояд, ки новобаста ба ҳалномаҳои судӣ ва амру қарори прокурору раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, то зинаи мақоми олии кишвар ҳали мушкилро таҳти назорати худ нагирад, мушкил тавре буд, ҳамон гуна боқӣ мемонад. Муаллифи муроҷиати мазкур тӯли се соли охир даҳҳо бор ба мақомоти гуногуни кишвар вобаста ба иҷрои ҳалномаи судӣ муроҷиат намудааст, аммо мақомот бо ҳар гуна баҳона ва ё надидаву ношунида гирифтан то имрӯз сари ин масъала хомӯшиву беамалиро ихтиёр намудаанд. Суоле ба миён меояд, баъди мавҷуд будани ҳалномаҳои судӣ, ки аз ғайриқонунӣ ғасб намудани замин, қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳои ҷониби муқобил ва бартараф намудани монеаҳои эҷоднамуда дарак медиҳанд ва амру қарорҳои дахлдори прокурору раиси шаҳр оиди иҷрои ҳалнома кадом қуввае дар шаҳри Ваҳдат вуҷуд дорад, ки пеши роҳи иҷроиши онҳоро бастааст? Ин навбат ҳафтаномаи «Фараж» муроҷиати бевоситаи шаҳрванд Собиров Гулмаҳмадро ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Раҳмон Озода Эмомалӣ, ки санаи  19 сентябр ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Раҳмон супорида шудааст, нашр менамояд. Боварии комил дорем, ки таваҷҷӯҳи бевоситаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба масъалаи мазкур дар таъмини адолати судӣ ва ичроиши амру қарорҳои дахлдор мусоидат хоҳад намуд.     

Муҳтарам Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Хоҷагии деҳқонии «Хушдилон» воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Баҳор, деҳаи Пистамазор, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Кофарниҳон аз 29 сентябри соли 1994 таҳти № 430 дар қитъаи замини масоҳаташ 1,94 га ташкил дода шудааст. Бо Қарори Раиси шаҳри Ваҳдат №26 аз 13 январи соли 2010 аз ҳисоби заминҳои хоҷагии «Баҳор» қитъаи замини иловагӣ 0,78 га ба хоҷагии деҳқонии «Хушдилон» вобаста карда шудааст. 

Хоҷагии деҳқонии мазкур аз тарафи саҳмдорон самаранок истифода шуда, ҳамасола ҳосили хуб рӯёнида мешуд. Пардохтҳо ва молиёти муайяннамудаи давлат аз рӯзи ташкилёбии хоҷагии деҳқонӣ пардохт карда мешаванд. Илова бар ин, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби шахсии кормандони хоҷагии деҳқонӣ дар заминҳои лалмӣ тахминан дар масоҳати қариб 2,0 га замин боғи дарахтҳои мевадиҳанда ва сояафкан ташкил карда шудааст. Мутаассифона, новобаста аз мавҷуд будани ҳалномахои суди тули чанд соли охир ашхоси маълум бо амалҳои ғайриқонунӣ бо роҳи сохтакорӣ намудани ҳуҷҷатҳо ба фаъолияти муназзами хоҷагии деҳқонии мо монеа эҷод мекунанд. Аз ҷумла, бародарон Қурбоновҳо, — Камолиддин ва Абдувоҳид, истиқоматкунандагони шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Сари чинор, сохторҳои давлатиро бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои сохтакоришуда ва аз ҷониби суд ва мақомоти дахлдор бекор гардида, ба иштибоҳ андохта, монеи фаъолияти хоҷагии деҳқонии мо шуда истодаанд.

Бояд гуфт, соли 2008 Қурбоновҳо Қарори Раиси шаҳри Кофарниҳон таҳти № 432 аз 14 декабри соли 2002-ро сохтакорӣ намуда, масоҳати замини 0,36 гектарро ба 1,66 га табдил дода, пас аз сохтакорӣ намудани қарорҳои Раиси шаҳри Кофарниҳон,  Қурбонов Абдувоҳид бо истифода аз хуҷҷатхои сохтакорикардашуда ба Комиссияи қонунигардонии молу мулк дар шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуда, моҳи декабри соли 2008 онҳоро қонунӣ гардонидааст. Моҳи январи соли 2009 мо аз қонунигардонии молу мулки Қурбонов А. огоҳ шуда, якчанд маротиба ба Комиссияи қонунигардонии молу мулки шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуда, хоҳиш кардем, ки қарори комиссия оид ба қонунигардонии молу мулки Қурбонов А.-ро бекор кунанд, мутаассифона онҳо ягон чора наандешиданд. Маҷбур ба Комиссияи ҳамоҳангсоз оид ба қонунигардонии молу мулк дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. 

Дар натиҷаи санҷиш аз тарафи масъулини ин Комиссияи босалоҳият камбудиҳои комиссияи қонунигардонии молу мулки шаҳри Ваҳдат ошкор карда шуда, санаи 27 феврали соли 2009 ба шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк аз 10 декабри соли 2008 №377, ки ба шаҳрванд Қурбонов Камолиддин дода шудааст, тағйирот ворид карда шуда,  молу мулки онҳо дар масоҳати замини 0,28 га эътироф карда шуд.

Қурбонов Абдувоҳид аз номи бародараш баромад намуда моҳи майи соли 2010 ба суди шаҳри Ваҳдат аз болои қарори комиссияи қонунигардонии молу мулк аз 27 феврали соли 2009 муроҷиат карда, бо ҳалномаи суд аз 18 августи соли 2010 қарори Комиссияи қонунигардонии молу мулки шаҳри Ваҳдат бекор карда шуд. Ин ҷо бояд қайд намуд, ки гарчанд байни хоҷагии деҳқонии «Хушдилон» ва Қурбоновҳо баҳс вуҷуд дошта бошад ҳам, ба мурофиаи судии суди шаҳри Ваҳдат моро ягон маротиба даъват накарданд. 

Дар асоси шикояти назоратии мо бо Қарори марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2013  ҳалномаи суди шаҳри Ваҳдат аз 18 августи соли 2010 бекор карда шуда, парвандаи гражданӣ барои аз сари нав баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Рашт фиристонида шуд. 

Бо ҳалномаи суди ноҳияи Рашт аз 6 январи соли 2015 даъвои Қурбонов Камолиддин Азизуллоевич бо ҷавобгарии Комиссияи қонунигардонии молу мулки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар бораи бекор кардани қарори Комиссияи қонунигардонии молу мулки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат №1 аз 27 феврали соли 2009 ва шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк аз 4 марти соли 2009 бинобар беасос буданаш рад карда шуд. 

Даъвои хоҷагии деҳқонии «Хушдилон» бо ҷавобгарии Қурбонов Камолиддин Азизуллоевич, ҳамҷавобгарии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат дар бораи бекор кардани қарори Комиссияи қонунигардонии молу мулки шаҳри Ваҳдат №359 аз 5 декабри соли 2008 ва Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулки Қурбонов Камолиддин №377 аз 10 декабри соли 2008, ки аз тарафи Комиссияи қонунигардонии молу мулки шаҳри Ваҳдат дода шудааст, қонеъ карда шуда, вобаста ба танзим даровардани қитъаи замини иловагӣ 0,78 га, ки бо Қарори Раиси шаҳри Ваҳдат №26 аз 13 январи соли 2010 аз ҳисоби заминҳои хоҷагии «Баҳор» ба хоҷагии деҳқонии «Хушдилон» вобаста гардидааст, ҳалнома бароварда шуд.

Пас аз он, ки мо хостем ба истифодабарии замин идома диҳем. Қурбоновҳо боз бо ҳар роҳу восита ба истифодабарии замин монеа эҷод намуданд. Дар асоси аризаи даъвогии мо 5 декабри  соли 2016 суди шаҳри Ваҳдат вобаста ба бартараф намудани монеаҳо ва уҳдадор намудани Курбоновҳо ҷиҳати эҷод накардани монеаҳои минбаъда ҳалнома баровард. Мутаасифона, боз ҳам бо “шарофати” Қурбоновҳо то имрӯз мо замини ба хоҷагии деҳқонии “Хушдилон” вобасташударо истифода бурда наметавонем.

Дар асоси амри Прокурори шаҳри Ваҳдат “Оиди бетаъхир бартараф намудани  қонунвайронкунӣ” аз 26 феврали соли 2018 таҳти №1/1-171сод аз тарафи Раиси шаҳри Ваҳдат  бо қарор аз 30 апрели соли 2018  таҳти №1118  дар ҳайати 7 нафар кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат комиссия  ташкил гардид. 

Гарчанде вазифаи асоси комиссияи ташкилкардашуда бартараф намудани монеагӣ бошад ҳам, аз моҳи апрели соли 2018 то имрӯз комиссия ягон маротиба ба сари замини баҳсӣ нарафтааст, бо ман ҳамчун шаҳси  истифодабарандаи замин ва Қурбоновҳо ҳамчун шахси  эҷодкунандаи монеа  сӯҳбат накардааст.  

Вобаста ба ғайриқонунӣ ғасб кардани замин ва сохтакорӣ кардани ҳуҷҷатҳо бо қарори Прокурори шаҳри Ваҳдат нисбати Қурбонов К.А. чанд сол пеш бо моддаҳои 338 ва 340 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз сабаби гузаштани мӯҳлат пешбурди он дар истеҳсолот қатъ карда шудааст.  Дар асоси аризаю шикоятҳои якчанд маротибаи мо ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори гененралии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қарори ғайриқонунии Прокурори шаҳри Ваҳдат бекор карда шуда, пешбурди  парвандаи ҷиноятӣ аз нав оғоз карда шуда буд. 

Аз мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №12/88 -16 аз 18 майи соли 2016 бармеояд, ки қарори собиқ муфаттиши Прокуратураи шаҳри Ваҳдат аз 30 октябри соли 2009 ҳамчун ғайриқонунӣ бекор карда шуда, барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ ба ҳамон ҷо ирсол карда шудааст. Пас аз ин, аз ман якчанд маротиба баёнот гирифта бошанд ҳам,  аз натиҷаи гузаронидани тафтишоти иловагӣ ва тақдири парвандаи ҷиноятӣ ман ҳамчун ҷабрдида ягон хабар надорам.

Тавре огох гардидед, то имрӯз ҳалномаи суди ноҳияи Рашт аз 6 январи соли 2015, амри Прокурори шаҳри Ваҳдат аз 26 феврали соли 2018 таҳти №1/1-171сод ва Қарори Раиси шаҳри Ваҳдат аз 30 апрели соли 2018 таҳти №1118 бо сабабҳои гуногун то имрӯз иҷро карда намешаванд.  

Бобати ба иҷро расонидани санадҳои дар боло зикргардида, шахсан давоми соли 2018 чор маротиба хаттӣ, се маротиба ба рӯзи қабули Раиси шаҳри Ваҳдат, зиёда аз 30 маротиба ба қабули муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Холиқзода Д ва шаш маротиба ба Прокурори шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудам. Мутаасифона, онҳо маро бо ҳар баҳона гусел карда, аз иҷрои қарори қабулнамудаи худашон худдорӣ карда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, аз ШУМО эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷиҳати ба иҷро расонидани ҳалномаи суди ноҳияи Рашт аз 6 январи соли 2015, амри Прокурори шаҳри Ваҳдат аз  26 феврали соли 2018 ва Қарори Раиси шаҳри Ваҳдат аз 30 апрели соли 2018 мусоидат намоед.  

Бо эҳтиром: Собиров Гулаҳмад

Замима мегарданд:

1)ҳалномаи суди ноҳияи Рашт

2)ҳалномаи суди ноҳияи Ваҳдат

3)амри прокурори шаҳри Ваҳдат

4)қарори раиси шаҳри Ваҳдат

5)ҷавоби суди шаҳри Ваҳдат

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here