Беш аз 10 сол боз оид ба ҳалли баҳси ҳавлии меросӣ аз суди ноҳия сар карда то Суди Олӣ сарсону саргардонам ва бори сеюм аст, ки ба воситаи  ҳафтаномаи “Фараж” арзамро баён карда истодаам.

Бори аввал 20-уми июни соли 2018 мавод таҳти унвони “Кашолкориҳои Суди Олӣ боварии шаҳрвандонро коста мекунад ” чоп шуд. Матлаб оид ба ғайриқонунӣ қабул шудани ҳалномаи Суди вилояти Суғд аз 6-уми майи соли 2016 ва қарори кассатсионии Суди Олӣ аз 15-уми декабри соли 2016 навишта шуда буд. Дар мақола дар бораи он, ки шикояти назоратиамро нисбат ба санадҳои судӣ бе сабабҳои узрнок баъзе аз масъулини Суди Олӣ баррасӣ намекунанд, ваҷҳу далелҳо оварда будам, ки аз сентябри соли 2017 тибқи қонун ба шикоятам ҷавоб намегардонанд. Аммо 23-юми январи соли 2019 тавассути ҳафтаномаи “Фараж” муовини раиси Суди Олӣ Ашӯрзода ба маводи танқидиям ҷавоб дода, хонандагонро бовар кунониданӣ шуд, ки гӯё шикояти назоратиамро дар муҳлати муқарраршуда баррасӣ карда бошанд. Дар бораи он, ки ҷавоби дар ҳафтанома додашуда бо ҳақиқати ҳол мувофиқат надорад, андешаҳоям таҳти унвони “Ба Суди Олӣ ва судяҳои он бовар кунам ё не?” ба чоп расид. Санаи 8-уми майи соли 2019 муовини раиси Суди Олӣ А. Исҳоқӣ “тибқи муқаррарот посух дода шудааст” гӯён, мавод чоп  карда, навиштааст, ки ба шикояти назоратӣ аз 15-уми сентябри 2017 тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании ҶТ 18-уми феврали соли 2019 таъиноти судӣ ва ҷавобҳо ирсол карда шуда бошаду дар ин хусус ӯ вокуниш дорад. Тавре аз мазмуни посухи додашуда дида мешавад, воқеан ҳам шикояти зикршуда бо таъинот дар бораи рад кардани баррасии шикоят дар суди марҳилаи назоратӣ моҳи феврали соли равон қабул шуда бошад, ки худ аз саривақт ва моҳиятан баррасӣ нашудани шикояти назоратиам гувоҳӣ медиҳад.

Пурсида мешавад, ки чаро дар муҳлати думоҳаи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикояти назоратиамро баъзе аз кормандони Суди Олӣ баррасӣ накарданд? Барои чӣ таъиноти дахлдор қабул накарданду танҳо баъди 1 солу 9 моҳи ба Суди Олӣ ворид шудани шикояти назоратиам таъиноти судӣ қабул шуд?

Аз посухи Исҳоқӣ маълум аст, ки ваҷҳу далелҳоям, ки дар мақолаи “Ба Суди Олӣ ва судяҳои он бовар кунам ё не?” дуруст будаанд ва баъзе аз кормандони суд шикоятамро дар вақташ баррасӣ накарда, ба ҳафтаномаи “Фараж” вокуниши аз ҳақиқат дур дода буданд.

Ба андешаи ман, агар ҳафтаномаи “Фараж” мақолаҳоямро саривақт чоп намекарду посухи вокунишро талаб намекард, мумкин аст шикоятҳои назоратиам нисбат ба санадҳои судӣ дар давоми зиёда аз 1 солу 9 моҳ ба ҷойи на бештар аз 2 моҳи муқарраршудаи қонунгузорӣ баррасӣ нашуда мемонд. Барои чопи саривақтӣ аз аҳли кормандони ҳафтаномаи “Фараж” миннатдорам.

Муҳтарам раиси Суди Олӣ! Ҳамзамон маълум менамоям, ки судяи Суди Олӣ Муҳаммадшарифӣ Д. дар асоси шикоятам аз Суди вилояти Суғд парвандаро талаб карда нагирифта, ваҷҳу далелҳои шикоятамро насанҷида, дар бораи рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ кардани он дар суди марҳилаи назоратӣ бармаҳал таъинот қабул намудааст. Ҳарчанд асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани санадҳои судӣ бинобар татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва ҳуқуқи мурофиавӣ ҷой доштанд.

Бо қонунгузории мурофиавии гражданӣ Шумо ҳуқуқ доред ба Раёсати Суди Олӣ барои аз нав дида баромадани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ эътирози асоснок ирсол намоед. Барои гузаронидани санҷиши холисонаи парванда умед ба инсофи Шумо ва Суди Олӣ дорам!

 

Аюбҷон ТОҶИБОЕВ,

сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз

Добавить комментарий