Аввалан салому дуруди бепоёни худро ба ҳафтаномаи “Фараж”, ки муроҷиату дархостҳои сокинонро бе чуну чаро қабул карда ва ба дарди мардум гӯш медиҳад, мерасонам ва гуфтанӣ ҳастам, ки ин дуюмин номаи ман тариқи ин ҳафтанома аст. 

Бори аввал моҳи марти соли 2017 буд, ки ба хотири ҷарроҳии пойи маъюбам ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи ин ҳафтанома муроҷиат карда будам ва хеле сарафрозам, ки дарҳол ба номаи ман аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ посух омаду худи ҳамон рӯз маро барои ташхис ба беморхона бурда, аз пайи ҷарроҳии пойам шуданд. Хушҳолиам ҳадду канор надошт, зеро тӯли чанд сол буд, ки аз дарди по азоб мекашидам ва билохира Ҳукумати Тоҷикистон, ки нисбати мо маъюбон бетараф нест, маро ғамхорона дастгирӣ намуд. Имрӯз ман хушҳолам, ки ҷарроҳии як поям бо муваффақият зери нигоҳубини табибони баландихтисосу донишманди кишварамон гузашт (ва оянда дар назар аст, ки пойи дигарамро низ ҷарроҳӣ кунанд). Аз ин хотир, пеш аз ҳама ман миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дар ин робита кӯмаки худро дареғ надоштанд, мерасонам. Баъдан, сипоси самимонаву беандозаи худро ба сардори Раёсати Вазорати тандурустӣ Шарифзода Хушвахт расониданиам, ки тӯли ин вақт ҳамеша бо ман буданду падарона ба ман ғамхорӣ мекарданд ва ҳар соату ҳар лаҳза аз ҳолам пурсон мешуданду мешаванд. Саҳми директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Абдуллоев Ҷамолиддин Абдуллоевич, ки ҷарроҳии поям онҷо гузашт ва рӯзи ҷарроҳӣ барои дастгирии ман болои сарам буданд, кам нест. Аз ин хотир, ба ин марди бузург чӣ суханҳои неке гӯям, боз ҳам кам аст. Барои ҷарроҳии поям, ки моҳҳо дар беморхона будам, саҳмгузории табибони ин беморхона кам набуд. Мехостам ба ҳамаи он нафароне, ки то ҷарроҳӣ ва баъд аз он бо ман буданду то ҳол ҳастанд, ба монанди профессор Бегов Абдуғанӣ, табиби шахсиам, дотсент Эҳсонов С., Эҳсонов Ш., Ҳамзаев Ҳ., Олимҷони Абдуалим, табиб — урологи шуъбаи тиби суннатӣ, Норбеков Шуҳрат ва тамоми ҳамширагону фаррошон сидқан ташаккур гӯям.
Ногуфта намонад, ки пеш аз ҷарроҳӣ, ҳангоми ташхис вуҷуд доштани санг дар гурдаам муайян гардид ва маро барои афтонидани санги гурдаам дар Муассисаи давлати Беморхонаи клиникии Ёрии таъҷилии тиббӣ муддати 10 рӯз хобониданд. Дар онҷо низ хушбинона бо ман рафтор намуданд. Аз он ҷумла, мудири шуъбаи урология, номзади илмҳои тиб Темуров Зайнолобиддин Амирович ва Бобоев Хуршедҷон Алабердиевич дар онҷо ба ман кӯмаки худро дареғ надоштанд. Сипосгузорам аз ҳамаи онҳое, ки бо ман буданд.

Бо эҳтироми самимӣ, Сунбула НАСИМОВА

Добавить комментарий