Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Озода Раҳмон Эмомалӣ

Ба таваҷҷуҳи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён

 

Пешвои муҳтарами миллат, аввалан саломи самимонаи хешро ба Шумо мерасонам. Баъдан, ба Шумо, ба ягона додхоҳ ва додшунави ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунам, ба ҳарфи дилам гӯш диҳед ва дар ҳалли мушкилоти ба сари ман овардаи (бале, оварда) бархе аз соҳибмансабони мақомоти қудратии кишвар, ки Конститутсия ва қонунҳои мамлакатро пушти по зада, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд, кӯмак намоед.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ман солҳои зиёд дар мақомоти андози кишвар, аз рӯи таъкидҳои доимии Шумо ба намояндагони сохторҳои мақомоти давлатӣ, софдилона ва бо дасту дили пок хизмат кардам. Дар ҷои кори охиринам, то соли 2015 (то замони оғози парванда), ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи аудити Раёсати дохилии Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар фаъолият кардам ва Худованд шоҳид аст, ки боре ҳам даст ба ҷинояти тамаъҷӯӣ ва порагирӣ назадаам. Шикояти ман аз болои муфаттиши шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Турсунзода Саидзода Маҳмадӣ ва судяи он замон суди шаҳри мазкур Саидзода Маҳмадисо, ки феълан дар Суди Олии кишвар фаъолият карда истодааст, мебошад. Ин нафарон ҳама ҳуқуқҳову озодиҳои шаҳрвандиамро поймол ва соли 2016 бо туҳмати гирифтани пора нисбатам парвандаи қалбакии ҷиноятӣ оғоз карда, маро ба муҳлати 2 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум карданд, вале мувофиқи қонуни авф, пас аз як моҳ озодӣ боз насибам гашт. Инак, се сол мешавад, ки барои ҳифзи ҳимояи шаъну шараф, барои рӯфтани доғи туҳмати ба ман задашуда, бо ҳама он маводҳое, ки бегуноҳиямро исбот месозанд, ҳама зинаҳои Суди Олиро гузаштам, вале аз судяи қатории Суди Олӣ то раиси он муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ба додам нарасиданд. Ин ҳомиёни ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ки қарор аст мӯйро аз хамир ҷудо сохта, ҳақро ба ҳақдор бирасонанд, ба додам нарасиданд ва акнун мехоҳам ба Суди байналмилалӣ муроҷиат намоям. Зеро ман бегуноҳам, аз касе ягон сомонӣ маблағ нагирифтаам ва мехоҳам дар назди ватану миллат ва бахусус, фарзандонам, ки маро барои худ идеал меҳисобанд, бегуноҳиямро исбот созам ва қадру қимматамро дар назди ҷомеа барқарор намоям. Ман арзи сипоси хешро ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар муҳтарам Саидмуъмин Ятимов, ки маро ҳамчун як шаҳрванд қабул карда, арзамро то охир гӯш намуданд, мерасонам. Мавсуф ба сардори Раёсати тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Игитов Рустам, ки бо комиссияи якчояи Прокуратураи генералӣ оид ба тафтиши парвандаи собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Хайрзода, Холмуродзода Ф. ва Сафарзода Ф. кор мекард, супориши катъӣ дод, то далелҳои дар ариза оид ба бегуноҳиям овардашударо мувофиқи қонун дида бароянд.

Мутаассифона, ҳарчанд далелҳои пешниҳодшуда бегуноҳиямро исбот карданд, вале муфаттиши Агентӣ Саидзода Маҳмадӣ дар ҳама ҷо аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳарф мезад, ки гӯё парвандаро ӯ «заказ» карда бошад. Саидзода М. борҳо таъкид мекард, ки «ман парвандаро бо «мутит» то ба охир мерасонам ва ҳеҷ кас ба доди ту намерасад!». Дар ҳакикат ҳамин тавр ҳам шуд. Саидзода Маҳмадӣ гуфтаҳояшро дар амал татбиқ кард ва дар ҳамдастӣ бо раиси Суди шаҳри Турсунзода Саидзода Маҳмадисо номаи аъмоли маро доғдор карданд.

Президенти муҳтарам, тавре дар боло гуфтам, се сол боз барои ҳимояи шаъну шарафам мубориза мебарам. Баъд аз он, ки бегуноҳиямро бо сабту далелҳо собит кардам, муфаттиш Саидзода Маҳмадӣ соҳибкор Шуҳрат Ҳайдаров ном нафареро, ки гӯё ман барои рӯйпӯш кардани андоз аз даромадаш аз ӯ бо роҳи тамаъҷӯӣ 5 ҳазор сомонӣ гирифта бошам, гурезонидааст. Бояд бигӯям, ки соҳибкори мазкур вақти гӯё додани пора овози маро дар телефон сабт кардааст, вале сабти ӯ бегуноҳии маро исбот мекунад. Вақте комиссияи муштараки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаро омӯхтанд ва сабтеро, ки худи Ҳайдаров Шуҳрат кардааст, гӯш карданд, дар ҳақиқат порадиҳанда дар сабташ мегӯяд, ки «… ман 5000 сомониро ба Дилшод (ҳамроҳи ман — Фазлиддинов Дилшод, сардори гуруҳ,- М. З.) додам. Дилшод гуфт, рав корҳоят ҳал аст». Лекин мутаассифона, соҳибкор Шуҳрат Ҳайдаров гӯё ғайб задааст ва ӯро ёфта наметавонанд. Туҳмат ҳам аз рӯи қонун ҷиноят аст ва бояд туҳматчӣ дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Бовар дорам, барои ошкор нашудани амалҳои ҷиноятпешаашон муфаттиш Саидзода Маҳмадӣ ва маслиҳатчиёнаш Холмуродзода Фирӯз ва Сафарзода Ф., ки ба гуфтаи муфаттиш «заказ»-ро иҷро кардаанд, порадиҳанда Ҳайдаров Ш.-ро гурезонидаанд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, дар суд бо сабти худи порадиҳанда бегуноҳии ман исбот шуд, аммо судя ин ҳолатро ба инобат нагирифт. Раиси суд Саидзода Маҳмадисо дар мурофиаи судӣ аз Ҳайдаров Шуҳрат мепурсад, ки «ҳамин овози худат аст?». Ҳайдаров тасдиқ карда, «ҳа» мегӯяд. Баъд раиси суд мепурсад, ки «ба кадом Дилшод 5000 сомони додӣ?». Ҳайдаров Ш. ҷавоб медиҳад, ки «ба Дилшод, ҳамроҳи Мирзоев Зикриё». Дар ҷавоби Ҳайдаров раиси суд ба ман гуфт, ки «Дилшодро ту бояд ёбӣ…!». Ҳамин вақт ман ба раиси суд Саидзода М. гуфтам, ки «муҳтарам раис, акнун фаҳмидед, ки 5000 сомониро Ҳайдаров ба кӣ додааст?». Раиси суд гуфт: «Не!». (Сабти ин суҳбатро дорам). Ҳамзамон раиси суд Саидзода М. аз Ҳайдаров Ш. пурсид, ки «чаро дар парванда дигар гап асту имрӯз чизи дигар гуфта истодаӣ?». Ҳайдаров бошад, дар ҷавоб ба суоли судя гуфт, «ман аз куҷо медонам, ки дар парванда чӣ навишта шудааст? Чизе, ки муфаттиш навишта, ба ман пешниҳод кард, ман танҳо имзо гузоштаму халос». Ман намедонам, чаро шахсоне, ки худашон конундон ҳастанд, дидаю дониста қонунро иҷро намекунанд? Аниқ медонам, ки ин таъсиру фишори Холмуродзода Ф., Сафарзода Ф. буд ва муфаттиш Саидзода Маҳмадӣ бо ҳамдастии раиси онвақтаи Суди шаҳри Турсунзода Саидзода Маҳмадисо «заказ»-ро иҷро карданд (сабти далел дорам, ки муфаттиш Саидзода М. дар бораи иҷрои «заказ» гап мезанад).

Дар мурофиаи охирини судӣ, пас аз пешниҳоди далоили исботкунандаи бегуноҳиям ва аз ҷониби судя ба инобат гирифта нашудани онҳо, дар сухани охирин бо ишора ба расми калони Президенти кишвар, ки дар болои сари судя Саидзода М. овезон буд, гуфтам: «Барои исботи бегуноҳиям, зарур шавад, то назди ҳамин мардак меравам. Агар ҳамин мардак гӯяд, ки ба ту ҳукми қатл, ман ба хона занг зада, мегӯям, маро дигар накобед!». Раиси суд пурсид: «Кадом мардак?». Ба расми Ҷаноби Олӣ ишора карда, ба такрор гуфтам, ки «то назди Эмомалӣ Раҳмон». Аммо судя Саидзода Маҳмадисо, ба ҷои он ки аз амалкардҳояш шарм дораду ба расми Ҷаноби Олӣ эҳтиром гузорад, бо писханд гуфт: «Куҷое мехоҳӣ, рафтан гир, маро натарсон!».

Пешвои муҳтарами миллат, мусаллам аст, ҳар нафаре, ки ба шахси дигар маблағ медиҳад, ҳатман ҳангоми суҳбат ё пурсишҳо номи нафари маблағгирифтаро мегӯяд. Албатта, шахси порадиҳанда Ҳайдаров Шуҳрат ҳам маҳз ҳамин корро кард. Агар маблағи 5 ҳазор сомониро ба ман медод, дар вақти пурсидани судя ҳатман номи маро ба забон меовард, вале Ҳайдаров Шуҳрат, ки пулро на ба ман, балки ба Дилшод дода будааст, номи ӯро гирифт. «Ман 5000 сомониро ба Дилшод додам, ӯ гуфт, рав, корат ҳалай». Ин суханҳое ҳастанд, ки аз мурофиаи судӣ сабт кардам ва бо худ нигоҳ медорам.

Парвандаи ман тӯли 10 моҳ дар дасти комиссияи якҷояи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ оид ба тафтишоти гуруҳи ҷиноятпешаи Холмуродзода Ф., Хайрзода Д. ва Сафарзода Ф. қарор дошт. 5-6-уми феврали соли 2018 муфаттиши Прокуратураи генералӣ Узоқов Ҷамшед маро даъват карда, гуфт, ки “ҷабрдидаро наёфтам, ҷавобатро ман медиҳам”. Пурсидам чӣ ҷавоб? Гуфт, ки «ҳукм бетағйир мононда шуд». Ман гуфтам, охир Шумо ҷабрдидаро ёфта натавонистед, далелҳои ман исбот шуданд, барои чӣ ин тавр мекунед? Гуфт, ки ҳукми суд ҳаст, рав, ба суд муроҷиат кун. Ба ман пешниҳод кард, то ариза нависам, ки ба ҳукми суд розиям, зеро Холмуродзода Ф. ва Сафарзода Ф. аллакай ҷазои худашонро гирифтаанд!

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, нисбати чунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол карда, ба қонунҳои кишвар беҳурматӣ мекунанд ва онро пушти по мезананд, чораҷӯӣ намоед. Ман бо шикояти назоратӣ ба Суди Олии мамлакат муроҷиат кардам. Ҳамзамон, ҳамчун шаҳрванд дар рӯзи қабули шахрвандон низ маро кабул карданд. Мутаассифона, Суди Олӣ рӯзи 22-юми августи соли 2017 парвандаро аз Прокуратураи генералӣ тариқи мактуб гирифта, ду рӯз пас, санаи 24-уми август ба ман ҷавоб гардонидааст.

Дар ҷавоби писхандомези Суди Олӣ омадааст, ки “мо парвандаро гирифта омӯхтем, ҳамааш дуруст мебошад. Ҳукми суд бетағйир мононда шуд”. Ман ҳайронам, ки чӣ хел дар ду рӯз парвандаро омӯхтанд? Кай ваҷҳҳои дар муроҷиати ман пешниҳодшуда санҷида шуд? Тақдири инсон барои ин гуна нафарон ба мисли пашша арзиш надорад. Чунки феълан собиқ раиси Суди шаҳри Турсунзода Саидзода Маҳмадисо дар Суди Олӣ фаъолият мекунад ва бар замми ин, ба кормандони суд гуфтааст, ки гӯё ман бо ӯ ҷанг карда бошам. Ҳол он ки, кормандони Суди Олӣ оид ба шикояти назоратии ман дар вақти қабули шаҳрвандон, бо иштироки ҷонишинҳои Суди Олӣ пурсон шудаанд. Онҳо пурсиданд, ки «чаро шикояти кассатсионӣ нанавишта, зуд бо шикояти назоратӣ ба Судӣ Олӣ муроҷиат кардед?». Ман гуфтам, дар ҳолате, ки раиси суд аз Президенти кишвар наметарсад ва қонунҳои амалкунандаро поймол мекунад, ҳоҷат ба навиштани шикояти кассатсионӣ набуд. Гуфтанд, ки “парвандаашро бинед, агар бегуноҳ бошад, сафед карда шавад, агар гуноҳаш тасдиқ шавад, барои ин гапаш ҷавоб гӯяд”. Сипас ба кормандони Суди Олӣ фиттаи сабти суханҳои Саидзода М. — собиқ раиси Суди шаҳри Турсунзодаро додам.

Муҳтарам Пешвои миллат, ман собиқаи умумии кории 34-сола дорам ва аз ин ҳисоб 26 солаш дар соҳаи молия ва Кумитаи андоз сипарӣ шудааст. Шахсоне, ки фармоишро иҷро карданд, айни ҳол дар маҳбасанд. Барои чунин ашхос ҳаёти инсон ба мисли бозича будааст. Онҳо имрӯз дар маҳбас бояд фаҳманд, ки чӣ ноҳаққие дар ҳаққи ман кардаанд.

Ҷаноби Олӣ, бо назардошти асосҳои дар боло зикргардида, аз Шумо бо арзи эҳтирому садоқат ва ихлос хоҳиш менамоям, ки дар ҳалли мушкилоти ман кӯмаки хешро дареғ надоред, зеро ман 3 фарзанд, падари нафақахӯр, як додари маъюб дорам. Бародари дигарам дар роҳи барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ ҷонашро аз даст додааст.

Ҳарчанд нафароне, ки қонунҳои кишвари соҳибистиқоламонро фиреб медиҳанд, кам нестанд, вале мутмаинам, ки барои аъмоли нопокашон рӯзи қиёмат дар пешгоҳи Аллоҳ таъоло ҷавоб хоҳанд гуфт.

 

Зикриё МИРЗОЕВ, сокини шаҳри Душанбе

Добавить комментарий