Ба таваҷҷӯҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ

Мо, сокинони деҳаи Мирзочул дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ободии ватани маҳбубамон аҳлона меҳнат мекунем.

Деҳаи Мирзочул дар шафати шаҳри Душанбе ҷойгир бошад ҳам, мардумаш аз набудани оби нӯшокии тоза хело азият мекашанд. Аксари беморон аз истифодаи оби нӯшокии ифлос ба касалиҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудаанд. Аҳолии деҳа то ба имрӯз 3221 нафарро ташкил дода, шумораи хоҷагиҳои деҳа ба 326 адад расидааст. Дар деҳа МТМУ №68 фаъолият намуда, дар он 678 нафар фарзандонамон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Соли гузашта қисми бештари хонандагони таълимгоҳ ба касалии сироятии «обакон» ё «гул» гирифтор шуданд. Ҳатто аз ин касалӣ фавти кӯдакон ба қайд гирифта шуда буд. Таълимгоҳ аз набудани оби нӯшокӣ хеле азият мекашад. Дар байни аҳолӣ касалиҳои гузаранда вуҷуд доранд, ки манбаи онро аз об медонанд.
Мо, сокинони деҳа оби нӯшокиро аз канали Ҳисор мегирем, ки он аз дохили шаҳр меояд ва чиркину ифлос буда, микробҳои касалиовар дар он зиёд аст. Ҳангоми набудани об дар канали мазкур оби нӯшокиро бо мошинҳои кироя меорем. Бинобар он, бо эҳтиром хоҳиш мекунем, ки барои пешгирии бемориҳои гуногун, беҳшавии саломатии мардуми деҳа дар таъмини оби нӯшокии тоза ба мо мадад намоед. Ҳалли масъалаи мазкурро дар кофтани ду адад чоҳҳои амудӣ мебинем. Супоришу кӯмаки бевоситаи Шумо ба ташкилотҳои дахлдори ноҳия метавонад деҳаи моро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намояд. Интизори мадад ва чораандешии Шумоем.

Бо эҳтиром, раиси маҳаллаи деҳаи Мирзочули ҷамоати деҳоти Чоряккорон С. Тошев, истиқоматкунандагон А. Ашӯров, Ҳ. Раҷабов, И. Қудратуллоев, К. Зоидов, Н. Раҷабов ва дигарон. Ҷамъ, 60 нафар сокинони деҳа.

Добавить комментарий