Ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо қарори раиси ноҳияи Ҷ. Расулов №244 аз 3-юми майи соли 2011 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замини иловагӣ ба кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо»» аз ҳисоби заминҳои истифодаи муҳлатноки хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» қитъаи замини иловагӣ ба майдони умумии 6,10 га муҳлатнок ба муҳлати 6 (шаш) сол ҷудо карда шуд. 14-уми майи соли 2012 дар асоси ин қарор ба кооперативи истеҳсолии «Эргашбобо» сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дараҷаи А №0327105 ба муҳлати 6 (шаш) сол дода шуд.

Аз ҷониби кооперативи истеҳсолии «Эргашбобо» қитъаи замини мазкур самаранок истифода шуда, солҳои 2011-2012 дар ин замин боғ бунёд карда шуд. Баъди гузаштани муҳлати истифодаи замин (6 сол) бо қарори раиси ноҳияи Ҷ. Расулов таҳти №442 аз 07.07.2017 қитъаи замини иловагии кооперативи истеҳсолии «Эргашбобо» ба майдони умумии 6,10 га қатъ карда шуда, ба фонди захиравии ноҳияи Ҷ. Расулов дохил карда шуд.

Баъдан, санаи 8-уми майи соли 2017 раиси кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» бо ариза ба унвони раиси ноҳияи Ҷ. Расулов барои аз нав гирифтани замини иловагӣ ба майдони 6,10 га, яъне қитъаи замини қаблан истифодашуда муроҷиат намуд.

1.08.2017 комиссияи ноҳиявӣ аризаи аъзои кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо»-ро дида баромада, бо санади таҳти №280 ҷудо намудани қитъаи замини иловагӣ ба кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» аз ҳисоби фонди захиравии ноҳия ба масоҳати 6,10 гектарро тасдиқ кард. Ғайр аз он, санаи 3-юми августи соли 2017 Сарраёсати кишоварзии ноҳияи Ҷ. Расулов хулосаи №374-ро оид ба розигии худ барои ба кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» ҷудо намудани замини 6,10 гектар дод. Санаи 3-юми августи соли 2017 Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷ. Расулов хулосаи №219-ро пешниҳод кард ва ба кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» ҷудо намудани замини 6,10 гектарро ҷонибдорӣ намуд.

Лекин, бо сабабҳои номаълум, санаи 14-уми сентябри соли 2017 комиссияи ноҳиявӣ бо протоколи худ санади №280 аз 01.08.2017-ро бекор кард ва бо қарори раиси ноҳияи Ҷ. Расулов №607 аз 03.10.2017 қисми ин замин ба масоҳати 4,0 га ба кооперативи тиҷоратии «Муҳсинзода-88» ба муҳлати 19 сол дода шуд.

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 8-уми майи соли 2019 аризаи кооперативи тиҷоратии «Муҳсинзода-88»-и ноҳияи Ҷ. Расулов ва тарафҳои манфиатдор қонеъ карда шуд, ки ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ бо ҳалномаи мазкур розӣ нестам ва онро ғайриқонунию беасос мешуморам. Ин қарор ғайриқонунӣ қабул карда шуда буд, чунки пеш аз ба кооперативи тиҷоратии «Муҳсинзода-88» ҷудо намудани замин ба масоҳати 4,0 га бояд розигии заминистифодабарандагони якумдараҷа — кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» гирифта мешуд. Лекин аз ҷониби комиссияи ноҳиявӣ ва раиси ноҳияи Ҷ. Расулов ҳуқуқҳои кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» поймол карда шуд, зеро муддати 6 сол кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» дар қитъаи замини 6,0 га меҳнат карда, маблағҳои худро сарф намуда, боғ барпо карда буд.

Аъзои кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» аз болои ин ҳаракатҳои ғайриқонунии раиси ноҳияи Ҷ. Расулов ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти қудратӣ муроҷиат намуд.

Санаи 19-уми феврали соли 2019 аз ҷониби Прокуратураи вилояти Суғд ба раиси ноҳияи Ҷ. Расулов «оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда вобаста ба иҷрои қонунгузории замин» пешниҳод дода шуд. Дар ин пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд, ки ба унвони раиси ноҳияи Ҷ. Расулов исрол карда шудааст, талаботҳои зерин монда шуд: пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи васеи назди раиси ноҳия бо иштироки тамоми кормандони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва қумитаи идораи замин мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои зикргардида чораҳои мушаххас андешида шавад; қарори раиси ноҳияи Ҷ. Расулов таҳти №607 аз 03.10.2017 дар бораи додани қитъаи замин ба кооперативи тиҷоратии «Муҳсинзода-88» ба масоҳати 4,0 гектар бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шавад; қонунвайронкуниҳои дар пешниҳод дарҷгардида бартараф карда шуда, масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани шахсони масъуле, ки ба чунин камбудиҳо роҳ додаанд, гузошта шавад.

Баъдан бо қарори раиси ноҳияи Ҷ. Расулов №141 аз 21-уми феврали соли 2019 қарори раиси ноҳияи Ҷ. Расулов №607 аз санаи 3-юми октябри соли 2017 «Дар бораи додани қитъаи замин ба кооперативи тиҷоратии “Муҳсинзода-88” ба масоҳати 4,0 гектар» бекор карда шуд ва замини мазкур ба фонди махсуси ноҳия дохил карда шуд.

Бояд қайд кард, ки санаи 8-уми майи соли 2017 раиси кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» Раҳимова Н. бо ариза ба унвони раиси ноҳияи Ҷ. Расулов барои аз нав гирифтани замини иловагӣ ба майдони 6,10 га, яъне қитъаи замини қаблан ободкардашуда муроҷиат намуд (в.к.88). Лекин раиси кооперативи тиҷоратии «Муҳсинзода-88» Солиев А. санаи 5-уми сентябри соли 2017 баъди 5 (панҷ) моҳ бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиш карда истодааст, ки барои зироаткорӣ ва боғдорӣ аз ҳисоби заминҳои захираи ноҳияи Ҷ. Расулов ба масоҳати 8,0 га ҷудо карда шавад.

Санаи 1.08.2017 комиссияи ноҳиявӣ аризаи аъзои кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо»-ро дида баромада, бо санади таҳти №280 ба кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» қитъаи замини иловагӣ ба масоҳати умумии 6,10 гектар барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои фонди захираи ноҳия, мувофиқи моддаи 13-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи истифодаи муҳлатнок ба муҳлати 10 (даҳ) сол ҷудо намуданро мувофиқи мақсад шуморид. Лекин баъди якуним моҳ, санаи 14-уми сентябри соли 2017 айнан ҳамин комиссияи ноҳиявӣ бо санади №340 аз 6,10 гектари замини захираи мазкур замини 4,0 гектарро ба кооперативи тиҷоратии «Муҳсинзода-88» мувофиқи моддаи 13-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи истифодаи муҳлатнок ба муҳлати 19 (нуздаҳ) сол ҷудо намуданро мувофиқи мақсад шуморид. Ғайр аз он, санаи 3-юми августи соли 2017 аз ҷониби Сарраёсати кишоварзии ноҳияи Ҷ. Расулов хулосаи №374-ро оид ба розигии худро барои ба кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» ҷудо намудани замини 6,0 гектар дод, лекин баъди якуним моҳ, санаи 19-уми сентябри соли 2017 розигии худро барои кооперативи тиҷоратии «Муҳсинзода-88» ҷудо намудани 4,0 гектар замин (аз ҳамин замини 6,10 гектар)-ро дод.

Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳамаи ин ҳолатҳоро сарфи назар карда, ҳалномаи ғайриқонунӣ баровард. Чунки заминистифодабарандаи якумдараҷа — кооперативи тиҷоратии «Эргашбобо» санаи 8-уми майи соли 2017 барои гирифтани замини 6,10 га муроҷиат кардааст, лекин кооперативи тиҷоратии «Муҳсинзода-88» танҳо санаи 5-уми сентябри соли 2017 муроҷиат намудааст.

Дар асоси гуфтаҳои боло, тибқи талаботи моддаҳои 236, 238, 239, 249-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коллегияи кассатсионӣ мепурсем: Ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 8-уми майи соли 2019 бекор карда шуда, ба баррасии нав дар ҳайати дигар суд ирсол карда шавад.

 

Назира РАҲИМОВА,

раиси КТ “Эргашбобо”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here