Ба Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Озода Раҳмон

Ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён

 

Судяи Суди шаҳри Хуҷанд Эраҷ Ализода қасдан меъёрҳои қонунгузориро нодуруст татбиқ кард

 Муҳтарама Озода Раҳмон ва муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён!

Сабаби муроҷиати мо ба шумо ин аст, ки судяи Суди шаҳри Хуҷанд Эраҷ Ализода баҳси меросии ҳанӯз 9 соли пеш ҳалшуда ва ҳукми бо қарори суд қувваи қонунӣ гирифтаро дубора ба баррасӣ гирифта, бо як бархӯрди ғайриқонунӣ ва бемасъулиятона ҳукми нав баровард.

1-уми апрели соли 2008 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда буд. Дар боби 41-и ин Кодекс меъёри нав — “вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда” ҳамчун институти нави татбиқи қонун пайдо шуд.

Дар рӯзҳои аввали амали ин Кодекс судҳо аз “ҳолатҳои нав ошкоргардида” истифода намуда, бархе ҳалномаҳо ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи судиро ба баррасӣ гирифта, ба якчанд хатоҳои ҷиддӣ роҳ доданд. Ин меъёри нав боиси бекор гаштани санадҳои моҳиятан дурусти ба қувваи қонунӣ даромада низ шуд.

16-уми июни соли 2015 Пленуми Суди Олии ҶТ ва маҳз бо ташаббуси Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён қарор баровард, ки меъёрҳои КМГ ҶТ ҳангоми баррасии “ҳолатҳои нав ошкоргардида” ва аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда бояд чӣ гуна ва дуруст татбиқ шаванд.

Ҳамин тавр, аз рӯзи қабули КМГ ҶТ 11 ва қарори Пленуми Суди Олии ҶТ 4 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, мо шоҳиди ҳолате шудем, ки судя Эраҷ Ализода меъёри КМГ-ро риоя накарда, санади моҳиятан дурусти судиро қасдан бекор карданӣ аст.

Сабаби аз ҷониби судяҳо қасдан нодуруст татбиқ кардани ин меъёри нави КМГ дар он ифода меёбад, ки мувофиқи талаботи қисми 2-и моддаи 386-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба таъинот дар хусуси қонеъ гардонидани ариза ҷиҳати аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида пешниҳоди шикоят манъ аст.

Маҳз ҳамин меъёрро судяи Суди шаҳри Хуҷанд Эраҷ Ализода ба манфиати худ барқасд нодуруст татбиқ карда, ҳалномаи моҳиятан дурусти соли 2010 қабулгаштаро бе гузаронидани маҷлиси судӣ ва бо роҳи сохтакории хизматӣ бекор намуд.

 

ШАРҲИ МУХТАСАРИ КОР:

6-уми августи соли 2010 Суди шаҳри Хуҷанд аризаи даъвогии Абдуҷалил Файзиев нисбати Раупов Самад ва ҳамҷавобгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба бекор кардани қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 13-уми августи соли 2008-ро рад карда, аризаи даъво муқобили даъвои Самад Раупов бо ҷавобгарии Файзиев Абдуҷалил дар бораи муқаррар кардани ҳолати қабули қисми манзили меросӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи М. Акрамов, 79-ро қонеъ карда буд. Ҳалномаи судӣ бароварда шуд ва дар суди марҳилаи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қувваи қонунии худро пайдо намуда буд.

Баъди 9 соли эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ А. Файзиев ба суд ариза навишта, аз нав баррасӣ кардани ҳалномаи судиро бар асоси ҳолати нав ошкоршуда пешниҳод кард ва талаб намуд, ки ҳалномаи судии соли 2010 бекор карда шавад.

Ин даъвогар соли 2010 ба суд аризаи даъвогӣ бурда, бекор кардани қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 13-уми августи соли 2008-ро талаб намуда буд. Аммо он даъво бо ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 6-уми августи соли 2010 рад карда шуд.

Ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 10-уми августи соли 2018 муносибати хешутабории Абдуҷалил Файзиевро бо Носирбой Файзиев ва Абдураҳмон Файзиев муқаррар кард. Бо ин асос, ки муносибатҳои ҳуқуқи мерос ба манзили баҳсӣ ҳамчун ҳолати нав гӯё барои аз нав баррасӣ кардани ҳалномаи судӣ мешавад, Абдуҷалил Файзиев ба суд муроҷиат кардааст.

Судя Эраҷ Ализода бошад, ин ҳолатро қасдан ҳамчун ҳолати нав дар парванда эътироф карда, бармаҳал бе гузаронидани мурофиаи судӣ, бо маҳрум намудани ман — Самад Раупов аз доштани вакили мудофеъ, маҳдуд кардани ман аз муҳлат барои омодагӣ дар парванда ва бе барқарор кардани муҳлати мурофиавӣ барои пешниҳоди чунин ариза, онро бармаҳал қонеъ кард.

Маълум аст, ки тибқи қонун муҳлати мурофиавии пешниҳоди чунин ариза аз сӯи А. Файзиев гузаштааст, зеро ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 10-уми августи соли 2018 оид ба муқаррар кардани муносибати хешутабории ӯ бо Носирбой Файзиев ва Абдураҳмон Файзиев 10-уми августи соли 2018 қабул гашта, 13-уми декабри соли 2018 қувваи қонунии худро пайдо намудааст.

Аз рӯзи қувваи қонунӣ гирифтани санади судӣ то ба суд пешниҳод кардани ариза зиёда аз 4 моҳ гузаштааст, яъне муҳлати 3-моҳаи мурофиавиро, ки моддаи 383-и КМГ ҶТ пешбинӣ мекунад, дағалона вайрон карда, ариза пешниҳод кардааст.

Судя бошад, гузашти муҳлати мурофиавиро дидаву дониста барқарор накарда, бармаҳал аризаро ба истеҳсолот қабул карда, минбаъд гӯё онро баррасӣ кардааст.

Илова бар он, тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 381-и КМГ ҶТ қонунгузор барои бо асосҳои аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида танҳо ҳолатҳои зеринро асос донистааст:

— ҳолатҳои барои парванда ҷиддие, ки барои аризадиҳанда маълум набуданд ва маълум буда наметавонистанд;

— нишондоди бараъло бардурӯғи шоҳид, хулосаи бараъло бардурӯғи коршиноси судӣ, тарҷумаи бараъло бардурӯғи тарҷумон, сохтакории далелҳо, ки боиси баровардани ҳалнома ё таъиноти ғайриқонунӣ ё беасос гардидааст ва мутобиқи ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муайян карда шудааст;

— ҷинояти тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ё намояндагони онҳо ё судяҳо, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли ҳамин парванда содир гардидааст ва мутобиқи ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муайян карда шудааст;

— бекор кардани ҳалнома, ҳукм ё таъинот ё қарори дигар мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки боиси баровардани ҳамин ҳалнома ё таъинот гардидааст.

Ин ҳолатҳоро қонунгузор асос барои аз нав баррасӣ кардани санади судии эътибори қонунӣ пайдонамуда пешбинӣ кардааст.

Қонунгузор бо ин моддаи дар боло зикршуда ҳолатҳои нав ошкоршударо аниқ ва дар алоҳидагӣ номбар карда, нишон додани дигар асосҳоро маҳдуд кардааст. Яъне ғайр аз ҳолатҳои наве, ки дар моддаи 381 КМГ пешбинӣ шудаанд, дигар ҳолатҳо асос барои аз нав баррасӣ кардани ҳалнома шуда наметавонанд.

Аммо судя Эраҷ Ализода бо аризаи Абдуҷалил Файзиев ҳолатеро, ки қонун дар моддаи 381-и КМГ ҶТ ҳамчун ҳолати нав ошкоршуда пешбинӣ накардааст, ҳамчун ҳолати нав ошкоршуда барои парванда эътироф карда, қасдан ва дидаву дониста ҳалномаи қонунии соли 2010-ум қабулгаштаро бе гузаронидани маҷлиси судӣ бекор кард.

Ногуфта намонад, ки аризаи даъвогии Абдуҷалил Файзиев бо ҳалномаи судӣ аз 6-уми августи соли 2010 рад карда шудааст ва барои бекор кардани қарори раиси шаҳри Хуҷанд равона гашта буд. Аммо ҳалномаи судӣ аз 10-уми августи соли 2018 дар бораи муқаррар кардани муносибати хешутаборӣ қабул гаштааст. Дар чунин ҳолат ин ду ҳолат ҳеҷ гоҳ ба ҳамдигар ягон алоқамандӣ дошта наметавонад ва ин ҳолати аҳамияти ҳуқуқидошта барои баҳси соли 2010-ум моҳиятан ҳалгашта ягон алоқамандӣ надорад.

Муқаррар кардани муносибати хешутабории Абдуҷалил Файзиев бо Носирбой Файзиев ва Абдураҳмон Файзиев барои аризадиҳанда ҳолати нав набуда, мавсуф аз лаҳзаи таваллуд хуб медонад, ки ӯ фарзанди Абдураҳмон Файзиев ва ҷияни Носирбой Файзиев мебошад.

Илова бар он, санаи 8-уми июли соли 2019 тахминан соатҳои 16:00 дақиқа ба ман — намояндаи ваколатдор Зафар Раупов нусхаи аризаи Абдуҷалил Файзиев супорида шуд. Ҳамзамон ман огоҳ карда шудам, ки баррасии парванда ба санаи 9-уми июли соли 2019, яъне як рӯз баъд соати 08:00 дақиқа ба нақша гирифта шудааст.

Аз сабаби он, ки ман дар парванда ҳамчун намоянда ба ҳисоб меравам ва ариза нисбати ҳалномаи соли 2010-ум, ки ба қувваи қонунӣ даромада равона карда шуда буд, ба кӯмаки ҳуқуқӣ худи ҳамон рӯз тахминан соатҳои 17:00 дақиқа муроҷиат кардам.

Минҳайси вакили мудофеъ аз номи худ ариза оид ба ҳамроҳ шудан ба парванда ба номи судя Эраҷ Ализода навишта, ба он нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ва ордери худро ҳамроҳ намуда, хоҳиш намудам, ки барои шинос гаштан бо ҳолати парванда ба мо шароит фароҳам оварда шуда, бо ин асос баррасии парванда ба рӯзи дигар мавқуф гузошта шавад.

9-уми июли соли 2019 тахминан соатҳои 08:30 дақиқа ман ба назди судя Ализода Э. А. рафта, ариза ва ордерамро пешниҳод намудам. Судя баъди бо ариза шинос шудан берун аз утоқи кории худ баромад ва бо касе оид ба ин ҳолати ба миён омада ҳамсуҳбат гашта, боз ба утоқи кории худ даромад ва аризаи маро ба ман бо ордер баргардонида, гуфт, ки чунин тартиб вуҷуд надорад.

Баъд судя аз тарафҳо бе оғози мурофиаи судӣ пурсид, ки ягон чӣ гуфтанӣ доранд ё не? “Суд дар хонаи машваратӣ мемонад” гӯён, худ дар хонаи машваратӣ монд. Баъди каме суд даъват карда, таъиноти худ дар бораи қонеъ кардани аризаи Абдуҷалил Файзиевро эълон кард.

Он ҳолате, ки дар боло дарҷ кардам, тамоми ҳолати кор бо ҳамин парванда ба ҳисоб меравад, зеро аризаи Абдуҷалил Файзиев дар маҷлиси судӣ моҳиятан баррасӣ нагашта, нисбат ба он санади ғайриқонунӣ қабул карда шудааст. Ба ин далелҳо:

1). Вобаста бо баррасии ин ариза маҷлиси судӣ оғоз карда нашуд;

2). Судя ман — Зафар Рауповро аз ҳуқуқи вакили мудофеъ доштан маҳрум кард;

3). Ҳайати суд ва ҳуқуқи иштирокчиёни маҷлиси судӣ эълон нашуд;

4). Аризаи А. Файзиев эълон карда нашуд ва вобаста ба он фикри ман ва худи Абдуҷалил Файзиев тамоман пурсида нашуд;

5). Ба ман барои муайян кардани ҳолатҳои кор бо роҳи савол додан ба А. Файзиев шароит фароҳам оварда нашуд;

6). Маводҳои корӣ мавриди таҳлил қарор дода нашуд;

7). Музокираҳои судӣ гузаронида нашуд;

8). Бо чунин тарз қабул намудани санади судӣ боварӣ дорам, ки судя барои пинҳон кардани ин ҳолатҳо ба сохтакории хизматӣ даст зада, ба парванда протоколи маҷлиси судӣ тартиб дода, ҳамроҳ мекунад.

Ба унвони раиси Суди Олӣ шикояти назоратии хусусӣ аз болои таъиноти Суди шаҳри Хуҷанд аз 09.07.2019 пешниҳод карда шудааст.

Барои он ки муҳлати дар маҷлиси судӣ қарор доштанамонро муайян кунед, метавонед наворҳои камераи назоратиро, ки дар дохил ва беруни бинои судӣ насб карда шудааст, бубинед.

Маҳз бо чунин ҳолатҳо ва саросемагиву нишонаҳои бармалои манфиатдорӣ Эраҷ Ализода — судяи Суди шаҳри Хуҷанд қасдан ҳалномаи моҳиятан дурусти соли 2010-ум қабулгаштаро бе гузаронидани маҷлиси судӣ бекор намуд. Манфиатдор будани судя дар парванда аз он маълум мешавад, ки агар чунин намебуд, ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ даст намезад.

 

Муҳтарама Роҳбари Дастгоҳи Президенти  ҶТ Озода Раҳмон!

Муҳтарам Раиси Суди Олии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён!

Бо назардошти ҳолатҳои дар боло зикршуда аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки нисбати судяи Суди шаҳри Хуҷанд Эраҷ Ализода санҷиши хизматӣ оид ба ин ҳолат бо ташкил кардани комиссияи махсус гузаронида, ҳолатҳои қонуншиканӣ ва ба сохтакориҳои хизматӣ даст задани ӯ ба маълумоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шавад.

Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барои бекор кардани ин санади ғайриқонунӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад.

 

Бо эҳтиром, Зафар Раупов, сокини шаҳри Хуҷанд ва Равшанҷон Мавлонов, вакили мудофеъ

Добавить комментарий