Мо — муҳоҷирони дохилии ноҳияи Айнӣ пешакӣ арзу сипоси худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, аз ободкорию созандагиҳо, сулҳу салоҳ, оромӣ дар Тоҷикистони азизамон шоду мамнунем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри ободии кишвар ҳиссагузор бошем.

Муҳоҷирони зиёде аз деҳоти дурдасти садамавии ноҳияи Айнӣ ва Деваштич ба ноҳияи Зафаробод, деҳаи Ҷавонӣ, ҷамоати деҳоти Ҷомӣ омадаанд ва зиндагӣ доранд. Барои беҳшавии шароити зисти муҳоҷирон, ташкили иншооти ҷамъиятӣ, пурсон шудан аз вазъи зиндагии муҳоҷирон вазифаи ҷонии масъули муҳоҷират Аслонзода Илҳом мебошад, аммо ба ҷои аз ҳоли муҳоҷирон хабар гирифтан, ба онҳо кумаку ёрӣ расонидан, ғоибона аз номи муҳоҷирони деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ Қулова Шоҳигул, Шарипов Самариддин, Оева Гулҳина, Салимова Нилгуна ва чанде дигарон ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб дода, заминҳои вобастаашонро барои манфиат дидан ба муҳоҷирони дигар вобаста намуда истодааст. Мо — Қулова Шоҳигул ва Шарипов Самариддин парвандаи заминсозиро сохта дар замини вобасташудаамон материалҳои сохтмонӣ оварда, иншооти хоҷагиро оғоз намудаем. Аммо Аслонзода И. ба ҷои аз ҳолу аҳволи мо хабардор шудан, ёрӣ расонидан, маслиҳат додан ба мо монеа эҷод карда истодааст. Мо — муҳоҷирони ихтиёрӣ дар деҳаи садамавии Вашан дар як ҳавлӣ се хоҷагӣ зиндагӣ доштем ва хонаҳоямон дар ҷои хавфнок ҷойгир буд, бинобар он, ҳукумати ноҳия моро ба гуруҳи муҳоҷирон дохил кардааст. Мо аз қайди он ҷой баромада, худро ба қайди ноҳияи Зафаробод, деҳаи Ҷавонӣ, ҷамоати деҳоти Ҷомӣ гузоштем.

Шояд бо ёрии ҳафтаномаи азизамон “Фараж” арзи муҳоҷирон ба гӯши масъулон расад ва ба мо ёрӣ расонанд.

Қулова Шоҳигул, Шарипов Самариддин, Оева Гулҳина, Салимова Нилгуна ва чанде дигарон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here