Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


Салому дуруди самимонаву беназиру модаронаи худро ба Шумо, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз, фарзанди фарзонаву фархундаву номдору абармарди тамоми модарони тоҷик, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам.

Пешвои муаззами Тоҷикистони азиз, аз Шумо модарона хоҳиш дорам, ки ин номаи дардолуди маро ҳарф ба ҳарф, хат ба хат, дил ба дил, ҷон ба ҷон бихонед, то аз дарду андӯҳи як модари чашм ба роҳи фарзанд, ки чандест аз ҳам зиндаҷудоем, огоҳӣ ёбед.
Шумо инсони бузургу фарзанди накӯрафтору накӯгуфторе ҳастед, ки мақому манзалати модарон дар дилатон ҳамеша ҷойи алоҳида дорад. Шумо аз он, ки модари азизи худро хеле зиёд дӯст медоштед ва бе як каф дуои сабзи ӯ, ки ҳамеша бароятон сабзҷониву комёбӣ мехост, як қадам берун намерафтед, мо модарон эҳсос мекунем, моро низ дар радифи модари худ медонед.
Чанд сол қабл тавассути телевизион суханронии Шуморо дар ҷаласаи ботантанаи Иди Модар шунида будам, ки то ҳол дар ёдам мондааст. Шумо гуфтед: “Яке аз чунин ривоятҳо ба номи Султон Увайси Қаронӣ, ки байни мардум ихлосмандони зиёд дорад ва ин қиссаро айёми наврасӣ аз модарам шунида будам, алоқаманд мебошад: замоне модари Ҳазрати Султон бемор мешавад ва аз фарзанд об талаб мекунад. Вақте ки ӯ косаи обро гирифта вориди хона мегардад, хоби модар бурда буд. Субҳ модар чашм боз мекунад ва Ҳазрати Султонро коса дар даст мебинад, аз бими он, ки шарфаи пояш модарро нороҳат насозад, тамоми шаб дар остонаи дар рост истода буд». Яъне тавассути ин ривоят Шумо ҳамагонро ҳушдор додед, ки модарро иззату эҳтиром бояд кард, зеро зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Гумон мекунам, баъд аз шунидани суханронии пурарзишу пурмӯҳтавои Шумо, фарзандон боз бештар ба модарашон арҷу эҳтиром гузоштаанд. Ин дӯстдориву эҳтироми беандозаи Шумо буд, ки ба хотири тамоми модарон санаи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи Модар унвон додед, ки ин рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи модар аст.
Ман низ модаре ҳастам, ки баъди андешаҳои зиёд ба хулосае омадам, бояд ба номи муборакатон нома ирсол намоям, ки танҳо Шумо метавонед ба оҳи дили шикастаи мани модар бирасед. Фарзанди ман Раҷабалӣ Одинаев тӯли 20 сол ширкати “Умед — 88”-ро роҳбарӣ мекард ва гумон мекунам, ки дар ин муддат тавонист кӯмаки худро ба кишвари худ бирасонад.
Ман ҳамчун модар ҳис мекунам, ки фарзанди ман Раҷабалӣ дар тӯли кору фаъолияташ дар ин ҷода бо ҷоннисорӣ ва сарсупурдагӣ ба кораш муносибат мекард ва ҳаргиз ба роҳату фароғати худ намеандешид. Яъне ӯро ман ҳамин гуна тарбия кардаам, ки дар ҳар ҷодае бошад, масъулиятро эҳсос кунад. Писари ман ҳамеша саъй мекард, ки корашро хуб анҷом бидиҳад, дасти дармондагон бигирад, ватанро ободу зебо бубинад.
Аммо дар зиндагӣ иллатҳое ҳастанд, ки мӯҷиби нофаҳмиву ноогоҳии инсон мегарданд. Ман дар ин нома тасмим нагирифтаам, ки фарзандамро таърифу тавсиф намоям, қазияи ӯро сӯе мегузорам, фақат ба ҳайси як модар аз Шумо таваллову тазарруъ мекунам, ки писарам то рӯзи саршавии додгоҳ озод карда шавад, то тавонад қарзашро бигардонад ва тавонам аз дидори азизаш дар ин айёми пирӣ қудрату қувват бигирам, вагарна, пур аз армон аз дунё навмед меравам. Ман хуб медонам, ки Шумо ҳаргиз наметавонед касеро аз даргоҳи хеш ноумед кунед, ба вижа модари паршикастаеро, ки имрӯз дурии фарзандаш ҳоли ӯро табоҳ кардааст. Шумо бо родмардиву ҷасорату меҳрубониву авф намудан дар олам намунаед, ки баъзе сиёсатмадорони дунё ба амалҳои накӯятон пайравӣ мекунанд.
Фарзанд баҳонаи будани модар аст, хоҳ нек асту хоҳ бад, аммо барои модар чун ҷону ҷигар азизу ширин аст. Ба таъбири шоире, ҳатто фарзанди нолоиқе, ки дили модарро аз синааш биканад ҳам, он пораи дил садо мебарорад: “Оҳ, дасти писарам ёфт харош, Оҳ, пойи писарам хӯрд ба санг”. Яъне модар ягона шахсест, ки ҳаргиз наметавонад ба фарзандаш хиёнат бикунад.
Ман, як модари зору парешону маҳзун бо ҳазор умеду орзу эҳсос мекунам, ки дар поёни роҳам чароғе ҳаст, ки иншоаллоҳ рӯшаниям меорад ва он чароғи орзуву умедҳоям Шумо ҳастед, ки рӯзгори тираву торамро Худо агар хоҳад, нурафшон месозед. Шумо чун хуршеде ҳастед, ки гармиву муҳаббати беназиратон ба тамоми мардуми Тоҷикистон мерасад. Охир, Шумо доди Худо, атои Худовандед, ки мардум ба буданатон ниёз дорад.
Мани модари зору фигору дилшикаставу паршикаста, синну солам ҳам ба ҷойе расидааст ва чандест, ки писарамро надидаам, хеле зиёд ёдаш кардам. Охир, ӯ ҳар субҳ «очаҷон» гуфта, зиёратам мекард ва дуо металабид, аммо имрӯз ӯ аз ман дур асту фазои зиндагиям рӯҳшикану дардолуду ҷонсӯз гаштааст. Ин зиндаҷудоӣ диламро хун кардааст ва андеша мекунам, ки оё бори дигар насиб мешуда бошад, ки писари азизамро бубинам, зеро набудани фарзандам Раҷабалӣ умри маро рӯз то рӯз кам мекунад…
Ягона умедам Шумо, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон ҳастеду халос, зеро сароғози ҳама нишоту шукуфоии ин Ватан, мушкилкушои гиреҳи дарди мардум, сардафтари сулҳу ишқу зебоӣ, сароҳанги фарҳангу доноии маърифату маънавиёти мо ҳастед ва хуб медонам, ки танҳо Шумо метавонед ба дарди мани модари зор дармон бубахшед. Чӣ хубест касеро авф намудану бахшидан, тавре гуфтаанд:
Авф фармудан муборак хислатест,
Ҳар кӣ дорад авф, соҳибдавлатест.
Барои Шумо таманно мекунам, ки ҳамеша, ҳар лаҳзаи умратон аз шодӣ боровар ва Тоҷикистон чун даргоҳи умеди ҳамагон, маркази нишоту тавҳид дар канори Шумо то ҷовидон бимонад.
Бо эҳтироми самимӣ, Кандалиева Бибиҷон, сокини ноҳияи М. С. А. Ҳамадонӣ, ҷамоати Дараи Калод

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here