Салому дуруди бепоён аз номи кулли бошандагони рустои Боғчаи ноҳияи Панҷакент ба ҳафтаномаи азизамон «Фараж». Соли навинро ба аҳли ҳафтанома табрик гуфта, ба ҳама кормандон ва ҳаводорони он тансиҳатию хотирҷамъӣ, меҳру вафодорӣ ва накӯкориро орзумандем.
Дар соли куҳан ба воситаи шумо арзи дили мо оид ба заминҳои хоҷагии деҳқонии «Саховат», ки баъзе нофаҳмиҳо ҷой дошт, ба самъи масъулон расонида шуд ва бо дастгирии раиси ноҳия муҳтарам Ислом Зиёзода масъала ҳалли худро ёфт. Аз ин лиҳоз, ба ҳафтанома сипосгузорӣ менамоем.
Дар деҳа баҳри ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон МТМУ №70 амал мекунад, ки зиёда аз 300 нафар хонандаро ба таҳсил фаро гирифтааст. Таълимгоҳ аз замонҳои пеш сохта шуда, фарсудаю садамавӣ мебошад. Мо сокинони деҳ дар ҳолати садамавӣ будани таълимгоҳ хавотирем, зеро кӯдаконамон дар он ҷо дарс меомӯзанд. Сарвари муассиса Ҳақбердиев Субҳон оиди дар ҳолати ногувор қарор доштани таълимгоҳ ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набудани он ба масъулон муроҷиат кардааст, аммо натиҷа нест. Сокинони деҳа бо ёрии ҳафтанома аз роҳбарони соҳа илтиҷо доранд, ки баҳри бебудии кор ба мактабиён ёрии худро расонанд.
Бо эҳтиром, сокинони деҳаи Боғчаи ноҳияи Панҷакент Раҳимов Абдухолиқ, Ризоев Раҷабмурод, Ҳақбердиев Субҳон, Қурбонов Кароматулло, Раҳмонова Шоиста, Ашӯров Ҷӯрақул, Раҳимов Фарҳод ва дигарон

Добавить комментарий