Ба таваҷҷуҳи Прокуратураи генералии ҶТ,

Ба таваҷҷуҳи Суди Оли ҶТ,

Ба таваҷҷуҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

 

Бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ман Ҳакимова Муҳаббат, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Клагенфурт, бинои №3\2, ҳуҷраи №43. Санаи 14-уми феврали соли 2019 бинобар сабаби беадотолатиҳои як зумро кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла собиқ судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ Сатторзода Абдувоҳид, судяи Суди Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Тоҳир бо наберагони ноболиғам сарсону саргардон гашта, аз ин лиҳоз, тавассути ВАО ба Шумо муроҷиат менамоям, то масъалаи ҳимояи ҳуқуқи фарзандони ятиммондаи Ҳакимова Лола Раҳимовнаро дар доираи қонун дида бароед.

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки духтарам Ҳакимова Лола аз зиндагонии якҷоя бо марҳум шавҳараш Чолов Қ. се фарзанд ба дунё овард. Соли 2012 духтарам бо бемории саратон аз олам чашм пӯшид. Шавҳараш Чолов Қ. соли 2014 вафот кард. Фарзандони ноболиғи онҳо, ки ба меҳру муҳаббати волидайн ниёз доштанд, ятим монданд. Аз соли 2014 фарзандони онҳо дар тарбияи ман — модаркалонашон мебошанд.

Духтарам Ҳакимова Лола дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Сомонӣ соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ буд, ки баъд аз вафот бояд мувофиқи қонун ба фарзандонаш ба мерос мегузашт. Вале бархе қонуншиканон қонунро сарфи назар намуда, ашёҳои хонаро ба яғмо бурда, хонаро ғайриқонунӣ аз они худ карданд.

Бояд қайд намуд, ки пас аз вафоти Чолов Қ. ҳамсари дар шаҳри Кӯлоб қарордоштааш Азимова Зебунисо (пас аз 10 соли харидорӣ намудани манзили баҳсӣ), ки ба мазили истиқоматии шахсии Ҳакимова Лола дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Сомонӣ ягон муносибат надошт, ба мақомоти судӣ барои соҳиб шудан ба ин манзил муроҷиат намудааст.

Ҳамин тавр, бо ҳалномаи Суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 22-юми сентябри соли 2016 шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматии воқеъ дар н. Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Сомонӣ, ки байни Садуллоева М. И. ва Ҳакимова Лола дар идораи нотариалии давлатии н. Рӯдакӣ санаи 20-уми июли соли 2006 таҳти феҳрасти 1-Ш-597 ба қайд гирифта шуда буд, беэътибор дониста шудааст.

Воқеияти баста шудани шартномаи хариду фурӯши манзили зикршуда байни Садуллоева Муҳаббат ва марҳум Чолов Қ. эътироф карда шуда, он моликияти муштараки Азимова Зебунисо ва марҳум Чолов Қ. эътироф гардидааст. Дар ҳоле, ки Чолов Қ. ягон вақт дар қайди ин хона набуда, хонаи шахсӣ моликияти духтарам Ҳакимова Лола буд.

Бояд як далелро қайд намоям, ки Чолов Қ. ба касалии вазнин гирифтор буд. Вай медонист, ки ҳолати вазнини касалӣ табобатнашаванда буда, сабаби марги нобаҳангоми ӯ шуда метавонад. Агар барои вай ин хона даркор мешуд, бе ягон мамониат омада худашро дар қайди хона монда, шояд имрӯз сабаби даъво шуда метавонист. Ҳол он ки, Чолов Қ. боз моликиятҳои зиёде дошта, умуман тамаъкори моликияти фарзандони ноболиғаш намешуд. Вай марди ҳақиқии миллати тоҷик буд. Ба суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода, ӯро ҳамчун падари миллати тоҷик эътироф мекард.

Ҳамин тавр, манзили истиқоматии шаҳрванд Ҳакимова Лола бо як амали ғайриқонунии мақомоти судӣ ба шахсони бегона дода шуда, фарзандони ноболиғи Ҳакимова Лола аз манзили истиқоматии волидайн маҳрум гардиданд. (Суди зинаи аввал ҳуқуқу манфиатҳои меросгирандагонро ба назар нагирифта, аз ҳуқуқи қабул кардани мерос ноболиғонро маҳрум кардааст. Шояд дар қабати парвандаи шаҳрвандӣ нишондодҳои сохтакорӣ, ё маҷбуран гирифташуда ҳамроҳ карда шуда бошад).

Дар баробари ғайриқонунӣ қабул кардани ҳалномаи судӣ, моликияти қонунии меросгирон — ноболиғон Ҳакимова Гусу, Ҳакимова Ҳатичамо ва Ҳакимов Муҳаммад ба дасти шахсони бегона дода шуда, ин шахсони бегона чизу чора, амвол, ашёҳои хона ва дигар молу мулки марҳумро соҳибӣ карда, ба яғмо бурданд.

Пеш аз ҳалномаи судӣ, баробари вафот кардани соҳибмулк чизу чораи хонаро ба яғмо бурда, пас аз соҳиб шудани ҳавлии соҳибмулк Ҳакимова Лола хонаи ӯро фурӯхтаанд, аммо ин ҳолат аз мадди назари мақомоти давлатӣ дур мондааст. (Дар мурофиаи судӣ бинобар аз тарафи раисикунанда Сатторзода А. яктарафа бурдани мурофиа ин ваҷҳҳои ман ҳамчун намояндаи даъвогар — ноболиғон — Ҳакимова М. Я. тамоман ба назар гирифта нашудааст).

Пас аз ин ҳолати ғайриқонунии марҳилаи аввали мақомоти судӣ даъвои Ҳакимова Муҳаббат Яровна (модаркалони ятимон) ба ҷавобгарии Азимова Зебунисо, ҳамҷавобгарии Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи н. Рӯдакӣ дар бораи кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ, баровардан аз қайди он ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ рад карда шуда, Ҳакимова Муҳаббат Яровна бо се нафар набераҳои ноболиғаш ба манзили баҳсӣ маскун карда шудааст. (Ин амали ғайриқонунӣ ва барқасдонаи марҳилаи аввали судии Суди ноҳияи Рӯдакӣ ҳуқуқ ба мерос доштани фарзадони ноболиғро поймол карда, онҳоро аз ҳуқуқи қабул кардани мерос маҳрум намудааст).

Ғайр аз ин, марҳилаи кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвои намоянда ва модаркалони ноболиғон — Ҳакимова М. Я.-ро кӯркӯрона дида, ба моҳияти кор сарфаҳм нарафта, ба далелҳои парвандаи гражданӣ пурра, ҳаматарафа ва холисона баҳои ҳуқуқӣ  надода, даъворо беқаноат монондааст.

Медонам, ки қонун тарафдори ман аст, барои ҳамин, дар доираи талаботҳои қонунӣ ҳуқуқи ятимонро талаб дорам. Кӯркӯрона ва яктарафа дидани аризаи кассатсионим ман аз тарафи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қодирзода Т. дар он зоҳир мегардад, ки ин одам бе давом додани мурофиаи судӣ ва пурсидани тарафҳову баҳо додани ҳолати кор, ба ман гуфт, ки “баромада рав, ба куҷое арз мекунӣ, арз кардан гир, ҳеҷ кас ба доди ту намерасад, беҳтараш рафта кӯдакҳоро дар ятимхона супор, ки боз ягон ҳодиса нашавад”. Магар суд ҳуқуқи ҳамин гуна беадолатона рафтор карданро дорад?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханҳои ҳикматомези худ борҳо такрор карда мегӯянд: “Суд бояд хато накунад”. Магар посухи арзанда ба таъкидҳои Сарвари давлат ҳамин аст? Ё поймол кардани Эъломияи ҳуқуқи кӯдаки СММ, ки Тоҷикистон онро пазируфтааст, барои мақомоти судӣ беаҳамият аст?

Ҳамин тавр, омӯзиши санадҳои судӣ аз беадолатона қабул шудани ҳалномаи судӣ дарак медиҳад, ки ҳавлии харидаи Ҳакимова Лола, ки аз ҷониби идораи нотариалии давлатии н. Рӯдакӣ 10 сол муқаддам ба расмият дароварда шудааст, ғайриқонунӣ буда, воқеияти баста шудани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ байни Садуллоева Муҳаббат ва Чолов Қурбон қонунӣ будааст.

Суд талаботи моддаи 270 КГ ҶТ-ро асос оварда, дар ҳалнома дарҷ намудааст, ки суд ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқиро танҳо ҳангоме муайян менамояд, ки агар барои аризадиҳанда бо тартиби дигар дарёфти ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо ё барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшуда имконият бошад. Ҳоло аз ҳалнома маълум нест, ки Азимова З. А. кадом ҳуҷҷатҳоро барқарор накардааст.

Ҳамзамон, суд ҳамчун далел ба эътибор гирифтааст баёноти ҷавобгар Садуллоева Муҳаббат Раҳимовнаро, ки ӯ Ҳакимова Лоларо умуман намешиносад ва ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматии баҳсӣ дар идораи нотариалии давлатии н. Рӯдакӣ санаи 20-уми июли соли 2006 Ҳакимова Л. ҳузур надоштааст.

Аз ин хулосабарории суд суол ба миён меояд, ки модоме Ҳакимова Л. ба идораи нотариалии давлатӣ ҳозир нашуда бошад, пас кӣ дар шартнома имзои худро гузоштааст?

Инчунин, суд ба қисми асосноккунии ҳалнома ба меъёри қисми 2-и моддаи 195 КГ ҶТ такя намудааст, ки аҳди қалбакӣ, яъне аҳде, ки бо мақсади рӯйпӯш намудани аҳди дигар баста шудааст, эътибор надорад. Ин ваҷҳи асосноккунандаи суд умуман ба талаботи меъёрҳои ягон қонун дуруст намегирад, зеро Ҳакимова Л. лаҳзаи бастани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ (соли 2006) дар мақомоти давлатӣ амали ба ҷо овардаи худро қонунӣ гардонида, дигар аҳдро рӯйпӯш накардааст.

То баровардани ҳалномаи судӣ хона дар номи Ҳакимова Лола буд, аммо суд даъвои намояндаи қонунии ноболиғон — модаркалонашон Ҳакимова Муҳаббат Яровнаро оид ба аз манзили истиқоматӣ кӯчонидани Азимова З. А. бо аҳли оилааш ва аз қайди хона бароварданро пешакӣ хулосаронӣ намудааст, ки ин қонунвайронкунӣ буда, аз манфиатдории суд шаҳодат медиҳад.

Барои тасдиқи ин фикрҳо иқтибос аз ҳалнома оварда мешавад: “Ҳол он, ки даъвогар Ҳакимова М. Я. молики ин манзили истиқоматии баҳсӣ намебошад ва даъво оид ба кӯчонидан ва аз қайд баровардан рад карда мешавад”. Пас, дар ин маврид суол ба миён меояд, ки ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ятимро кӣ бояд ҳимоя мекард? Ҳол он ки, онҳо ноболиғ буда, тибқи қонун ҳиссаи ҳатмӣ аз манзили истиқоматии баҳсӣ доранд.

Бар замми ҳамаи ин, аз қисми хулосавии ҳалнома дида мешавад, ки даъвои Азимова З. А. пурра қонеъ, даъвои Ҳакимова М. Я. қисман қонеъ карда шуда, ҳалнома ба манфиати ноболиғон иҷронашаванда боқӣ монда, маълум нест, ки барои чӣ Ҳакимова М. Я. дар як қисми даъво аз номи худ баромад намуда, дар қисмати дигар дар намояндагии Сафаров Сафол даъвои муқобили даъво ба суд манзур намудааст.

Дар ин маврид бояд гуфт, ки ман ба адвокат бовар карда, тамоми масъулияти вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи ятимонро ба ӯ ҳавола карда будам. Аммо ӯ масъулияти худро иҷро накард.

Ба хулосае омадан мумкин аст, ки раисикунандаи суди ноҳияи Рӯдакӣ оид ба масъалаи мазкур манфиатдор буда, дидаю дониста ва барқасдона бархилофи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон рафтор карда, ҳалномаи ғайриқонунӣ баровардааст. Дар ҳаракатҳои раисикунандаи марҳилаи аввали судӣ нишонаҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 316 қисми 3, 347 қисми 2 ва 349 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мушоҳида мешавад.

Ман метавонам бигӯям, ки падари тифлакони ятиммонда Чолов Қурбон борҳо бо ҳимоят аз сохти конститутсионӣ, дар майдону издиҳомҳо даъват менамуд, ки “дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд ҷамъ шуда, ин Ватану миллатро ҳимоя намоем”.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки баррасии муроҷиати маро шахсан зери назорати худ қарор диҳед, то фарзандони ятиме, ки имрӯз бе падару модар мондаанд, ятимии худро эҳсос накарда, соҳиби сарпаноҳ бошанд.

Ҳамзамон, бояд қайд намоям, ки дар мақомоти Суди Олӣ ва судҳои тобеи ҷумҳурӣ кадрҳои болаёқат ва донишманд хело зиёданд. Барои ҳамин, хоҳиш менамоям, ки ҳалномаи суди зинаи аввали Суди ноҳияи Рӯдакӣ бекор карда шуда, хона ва молу мулки марҳум соҳибмулк Ҳакимова Лола ба меросхӯрон — фарзандони ноболиғ баргардонида шуда, шахсони дар манзили истиқоматӣ зиндагидошта ба тариқи судӣ аз ҳавлии марҳум Ҳакимова Лола бароварда шаванд.

Ҳамзамон, хоҳиш дорам, ки нисбати раисикунадаи марҳилаи аввали судӣ, собиқ судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ Сатторзода А. ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т. дар доираи қонун чораандешӣ карда шавад.

 

Бо арзи эҳтиром, Ҳакимова М. Я.

Добавить комментарий