Дар ин 12 соле, ки фарзанди беморам дар зиндон аст, ба Президент, Прокурори генералӣ, Вазири адлия, Сардори СРИҶҶ ва ахиран ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намудам. Боз ба кӣ муроҷиат кунам? Медонам, ки танҳо муроҷиат ба Худои меҳрубон ба ман умед мебахшад: Худоё, ҷони писарамро бигир, ки аз азобу машаққат ва дарду азият озод гардад!

Имрӯз ба хулосае омадам, ки муроҷиат ба ниҳодҳои масъул ва даҳҳо вазирону кабирон ҳеҷ маъние надорад, зеро мардуми тоҷик дар назди онҳо ду пули пучак арзиш надоранд. Чаро ман ба чунин хулоса омадам? Аз ин қабл садҳо маротиба ба мақомот муроҷиат намудам. Агар ба посухи онҳо аҳамият диҳед, гӯё мардум наздашон мисли тӯби футболанд. Бубинед, як муроҷиати ман ба унвони Президент аз чанд дарвоза мегузараду аммо ба худи Президент намерасад.

Баъди ноумедиҳо акнун афсӯс мехӯрам, ки дар мактуби муроҷиатиам назди чиновникҳо сар хам карда, инқадар илтимосу илтиҷо кардам. Акнун шармам меояд, ки наход ман — як зани муштипар барои ҳаққи ҳалоли худам ин қадар дар назди инҳо паст фаромадам!?

Тоҷикистон давлати демократӣ, соҳибистиқлол буда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ доранд. Асос ва пояи давлат — ин адл мебошад ва маҳз Вазорати адлия масъули кишвари озоду демократӣ буда, бояд адлро таъмин намояд, вале мутаассифона ин вазорати адл набудааст.

Чандин маротиба ба Прокурори генералӣ, даҳҳо маротиба ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам. Ин мақомот танҳо ҷавобҳои сунъӣ пешниҳод менамоянд.

Аслан ман чӣ мехоҳам? Фарзандам Узоқов Алишер Тешабоевич бо ҳукми Суди вилояти Суғд маҳкум шуда, айни замон дар муассисаи ислоҳии ЯС-3\-1и шаҳри Душанбе адои ҷазо намуда истодааст. Фарзандам аз хурдиаш гирифтори бемории руҳӣ буда, дар қайди доимии беморхонаи касалиҳои руҳӣ буд. Агар сода карда гӯям, суд девонаро суд кард! Ман фарзандамро тарафгирӣ намекунам, ӯ ҷинояти махсусан вазнин содир кардааст ва ман талаб накардаам, ки ӯро аз ҷавобгарӣ озод намоянд ва барои кирдораш дар назди қонун ҷавоб дод. Аммо, намедонам қонун барои кӣ бошад? Яъне, қонуни ҷиноӣ пешбинӣ намудааст, ки дар назди қонун шахси мукаллаф бояд ҷавоб диҳад. Дар давоми адои ҷазо бинобар шикоятҳои зиёди ман ба мақомот чанд маротиба муолиҷаро дар шароити беморхонаи муқаррарии РКИ гирифтааст.

Тӯли ин солҳо ман менависам, ки фарзандам гирифтори касалии руҳӣ аст ва мабодо дар ҷойҳои адои ҷазо ягон ҷинояти нав содир нанамояд, зеро ӯ барои кирдори худ ҷавоб дода наметавонад. Ман ҳамчун модар аз он тарс дорам, ки вақти авҷ гирифтани касалиаш ба муҳит таъсири манфӣ нарасонад. Имрӯз ин гуфтаҳои ман ба вуқуъ пайвастанд. Фарзанди беморам дар ҷойи адои ҷазо ба маҳбуси дигар оби ҷӯшон пошидааст, ба рӯи каси дигар хӯроки сӯзонро ҳавола додааст ва маъмурияти муассиса баҳри ҷазо додан барои ин кирдорҳо ӯро ба утоқи ҷаримавӣ (ШИЗО) равон кардааст. Ҷазо додани шахси бемор, девона, ки на ақл дораду на ҳуш…

Ман чӣ мехоҳам? Асло озод кардани писарамро аз ягон мақомот талаб накардаам. Танҳо бистарӣ намудани ӯро дар беморхонаи руҳии ҷумҳуриявӣ хоҳиш намудам. Наход муолиҷаи тиббӣ низ бояд бо ишораи Президент сурат бигирад? Мани модар аз даводавҳои тӯлонӣ хаста шудам. Мурдаи фарзандашро ҳеҷ як модар намехоҳад, аммо он азобу ранҷе, ки фарзандам мекашад, воқеан мурданаш беҳтар аст, зеро ӯ ҳам аз дард хаста шуд ва ман акнун розӣ ҳастам, ки Худо ҷони фарзанди маро бигирад ва аз ин дарду уқубат халос кунад.

Бисёр гуфтаниҳое дорам, афсӯс, ки ҳамаи онҳоро аз рӯи қоғаз овардан метарсам. Аммо ба кӣ шикоят намоям? Ҳамагӣ 34 маротиба дар бораи бистарӣ намудани фарзандам ба беморхонаи ҷумҳуриявӣ мактуб навиштам, вале ягонтояш натиҷаи дилхоҳ надод. Фарзандам дар муддати 1 солу 6 моҳ доруи сахттаъсиркунандаи «Азалептол» истеъмол карда меистод. Вале дар ин муддат ба вохӯрии дарозмуддат рафта натавонистам. Чунки шароитам нест. Ин доруро кормандони тиб дастрас карда медиҳанд. Муддати 3-4 сол дар беморхона муолиҷа нагирифтааст. Намедонам ин бесарусомонӣ то кай давом мекарда бошад!?

А. СОБИТОВА, модари 70-сола

Тел.: 92-837-00-93

Добавить комментарий