Ё чӣ гуна Бахтиёр Оқилзода ва масъулини Суди Олӣ ба фармони Президент аз паси панҷа нигоҳ мекунанд?

Нашри се мақолаи банда дар ҳафтаномаи “Фараж” бо далелҳои амиқу раднопазир нуқсу камбудиҳои кори масъулини Суди вилояти Суғдро собит кардаанд, аммо ҷаноби Бахтиёр Оқилзода лаб фурӯ баста, барои иҷро накардани фармони 622-и Президент парвое надорад.

Бори аввал 11-уми сентябри соли гузашта муроҷиатномаи матбуотиам таҳти унвони “Боз як беадолатӣ дар Хуҷанд” дар ҳафтаномаи “Фараж” интишор шуда буд. Бо гузашти чанд моҳ ҳеҷ вокуниши сареъ аз ҷониби ҳеҷ касе аз масъулини Суди шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд ба ин мақолаи ман сурат нагирифт.

Дар шумораи 41-уми ҳафтанома дар рӯзи 9-уми октябри соли 2019 муроҷиатномаи дигар таҳти унвони “Хато андар хато, ё Суди Олӣ чиро намебинад?” дар ҳафтанома чоп шуд, ки бо далелҳои фаровон хатокориҳои кормандони Суди шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд ва ҳам масъулини Суди Олиро собит мекунад. Аммо масъулин аз худ бемасъулиятӣ нишон дода, ҳеҷ вокуниш нишон надоданд.

Дар шумораи 47-уми ҳафтанома аз 20-уми ноябри соли 2019 муроҷиати навбатиам таҳти унвони “Суғд: Чаро Бахтиёр Оқилзода “Неъматуллоҳ”-ро аз “Панҷшанбе” фарқ намекунад?”” интишор шуд. Дар ин матлаб дар ҳафтаномаи “Фараж”  камбудиҳои суди зинаи поёнӣ бо ваҷҳу далелҳои мушаххас нишон дода шудааст, ки чӣ гуна масъулини Суди вилояти Суғд, бахусус худи Бахтиёр Оқилзода даст ба иштибоҳ мезанад ва волоияти қонунро нодида мегирад. Барои ин ман аз роҳбарияти Суди Олӣ тақозо намуда будам, ки нисбати судяҳое, ки дидаву дониста ба хатокорӣ даст мезананд, чораандешӣ сурат гирад ва парвандаро аз Суди вилояти Суғд талаб намуда, барои татбиқи адолати судӣ қарори дахлдор қабул кунанд.

Ниҳоят дар шумораи 1-уми ҳафтаномаи “Фараж” аз 1-уми январи соли 2020 муовини раиси Суди Олӣ А. Исҳоқӣ ба муроҷиатномаи “Хато андар хато, ё Суди Олӣ чиро намебинад?”, аз 9-уми октябри соли 2019 ҷавоб навиштааст. Аз ин посухи А. Исҳоқӣ бармеояд, ки ин масъули Суди Олӣ ё парвандаро варақ назадааст ва ё масъулини Суди вилояти Суғд онҳоро фиреб додаанд. Аз посухи А. Исҳоқӣ бармеояд, ки гӯё муроҷиатам дар суд дар якҷоягӣ бо маводҳои парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта бошад. Ӯ аз ҷумла гуфтааст, ки “Суди шаҳри Хуҷанд аризаамро дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста ба ҳолатҳои навошкоргардида баррасӣ намуда, рад кардааст, вале Юнусов И. бо шикояти назоратӣ нисбати ин санади судӣ муроҷиат накардааст”. А. Исҳоқӣ ба қисми 1-и моддаи 365-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон истинод оварда, ҳамчунин навиштааст, ки бо риояи талаботи Кодекси мурофиавии гражданӣ шахсони манфиатдор метавонанд ба Суди Олӣ шикоят пешниҳод намоянд.

Аз чунин посухи А. Исҳоқӣ бараъло маълум мешавад, ки судяҳои Суди шаҳри Хуҷанд ва масъулини Суди вилояти Суғд, роҳбарияти Суди Олии кишварро низ фиреб додаанд, вагарна аз ҷониби Суди Олӣ дар матбуот ба муроҷиатҳои ман “шикояти назоратӣ пешниҳод нашудааст”  гуфта ҷавоб намедод.

Дар ҳоле, ки муроҷиатномаи “Суғд: Чаро Бахтиёр Оқилзода “Неъматуллоҳ”-ро аз “Панҷшанбе” фарқ намекунад?”” чӣ гуна дидаву дониста вайрон кардани меъёрҳои қонунгузорӣ ва сарфи назар шудани дастуру қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули санадҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби судяҳои шаҳри Хуҷанду судяҳои Суди вилояти Суғдро таъкид намудааст. Ин муроҷиатнома вақте дар шумораи 47-уми ҳафтаномаи “Фараж” аз 20-уми ноябри соли 2019 нашр мешуд, ки ҳангоми ба ҳафтанома ҷавоб навиштани муовини раиси Суди Олӣ парвандаи гражданӣ бо маводҳояш дар Суди вилояти Суғд қарор дошт. Пас чӣ хел мешавад, ки масъулини Суди Олӣ парвандаи гражданиро дар якҷоягӣ бо маводҳояш мавриди омӯзиш қарор додаанд?

Ба маълумоти ҳамаи хонандагони ҳафтанома мерасонам, ки тайи моҳҳои ноябр — декабри соли 2019, аниқтараш то 10-уми январи соли 2020 парвандаи гражданӣ дар Суди вилояти Суғд нигоҳ дошта ва аз рӯи маводҳои он судяи суди вилоят И. Раҳматзода 25-уми декабри соли 2019 оид ба рад намудани шикояти назоратиам барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ таъинот қабул намуда, тавассути почта онро ба ман рӯзи 10-уми январи соли 2020 фиристонидааст.

Аз муносибати Бахтиёр Оқилзода ба баррасии парванда бармеояд, ки ҳар қарорро ба таври худ қабул мекунад ва муҳим нест, ки қонун ба он чӣ мегӯяд! Чунин амалкарди раиси Суди вилояти Суғд ва баъзе судяҳоро зимни муроҷиатҳои пайдарпайи худ шоҳид шудаам.

Чунончи, баъди рӯзи 10-уми январи соли 2020 таъиноти судяи вилоят И. Раҳматзода, ки гӯё 25-уми декабри соли 2019 қабул шудаасту навиштани шикояти назоратиро дар борааш муҳтарам муовини раиси Суди Олӣ А. Исҳоқӣ ба ҳафтанома 1-уми январи соли 2020 посух медиҳад, парвандаро бо супориши раиси суди вилоят, судя И. Раҳматзода мавриди омӯзиш қарор додааст.

Аммо дида мешавад, ки ҳоло ҷавоби А. Исҳоқӣ ба ҳафтаномаи “Фараж” нарасида, аллакай шикоятамро судяи суди вилоят И. Раҳматзода беасос рад карда будааст ва ӯ дар таъиноташ хулоса намудааст, ки қитъаи замини ҳавлии мо, воқеъ дар ш. Хуҷанд, кӯчаи Ленин, хонаи №79/3 бо қитъаи замини бозори “Панҷшанбе”, воқеъ дар ш. Хуҷанд, кӯчаи Шарқ №18 рӯ ба рӯ омада, судяи ш. Хуҷанд Маруфзода Н. Н. ҳалномаашро дуруст ва асоснок қабул намуда будаасту шикояти назоратиамро охирон аз баррасӣ намудан дар марҳилаи назоратӣ рад кардааст.

Ман ваҷҳу далелҳоямро дар шикояти назоратӣ ва инчунин дар муроҷиатам тавассути ҳафтаномаи “Фараж” таҳти унвони “Хато андар хато, ё Суди Олӣ чиро намебинад?”, инчунин дар муроҷиатам — “Суғд: Чаро Бахтиёр Оқилзода “Неъматуллоҳ”-ро аз “Панҷшанбе” фарқ намекунад?”” аз 20-уми ноябри соли 2019 ба таври муфассал ба нашр расонидаам.

Намедонам, масъулини Суди Олӣ кадом маводҳои парвандаро омӯхтаанд, вале яқин аст, ки роҳбарони Суди вилояти Суғд муовини раиси Суди Олӣ А. Исҳоқиро тавре фиреб додаанд, ки номбурда дар посухаш ба “Фараж” гуфтааст, ки ман гӯё “шикояти назоратӣ пешниҳод накардаам”. Ҳол он ки, 22-юми ноябри соли 2019 шикояти назоратиамро ба суди вилоят супурдаам, ки дар ин бора ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро дорам.

Мебинам, ки дар ҳақиқат судяҳои суди вилоят бо роҳбарии Бахтиёр Оқилзода ба фарқи ду бозор сарфаҳм нарафта, тавре хоҳанд, ҳукми судиро дур аз мантиқ бар хилофи қонун ва сарфи назар аз воқеияти ҳолати кор қабул мекунанд.

Хашми Оқилзода аз нашри мақола дар “Фараж”

Рӯзи шанбе, яъне 11-уми январи соли равон, ки рӯзи қабули шаҳрвандон буд, ману духтарам Дадобоева Мадина ба қабули раиси суди вилоят Бахтиёр Оқилзода рафтем. Бо як азобу уқубат ба ҳузури раиси суди вилоят пазируфта шудем. Ҳангоми вохӯрӣ ӯ ба ман дӯғ зада, пурсид, ки барои чӣ ба газета дар борааш мақола навиштаам. “То ба кай ҳолатҳои сохтакорӣ ва қабули санадҳои ғайриқонунии судяҳо пинҳон мемонанд? Аз ин тоқатам тоқ шуд ва тавассути ҳафтанома ба роҳбарияти Суди Олии кишвар муроҷиат намудам”,- гуфтам ман. Ӯ аз ман пурсид, ки оё ҳавлии мо ба бозори “Панҷшанбе” ҳамсарҳад нест? Гуфтам не, масофаи хонаи мо бо бозори “Панҷшанбе” хело дур аст, тамоман дар дигар кӯчаи шаҳр ҷойгир асту Суди шаҳри Хуҷанд бошад, бо роҳи тақаллубкорӣ ҳалнома қабул намуд. Дар вақти суҳбат бо Бахтиёр Оқилзода, ду ҳуҷҷати муҳими парвандаро, ки сабаби қабули ҳалнома шудааст, пешниҳод кардам.

Ҳол он ки, Прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар мактуби ҷавобиаш аз 14-уми майи соли 2019, №8/193 а19 с аз ҷумла гуфтааст, баъди бозбинии комиссияи салоҳиятдоре, ки аз ҷониби прокуратура таъсис дода шудааст, гуфтааст, ки “Аз тарафи мутахассисони кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд дар санад аз 05.01.2018 сол ба хатоӣ роҳ дода шудааст, ки дар асоси он ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 01.10.2018 сол қабул карда шудааст”.

Хулосаи № 20/1 129/18 Ташхиси судӣ комплексӣ сохтмонӣ-заминсозӣ аз 6-уми августи соли 2018 дар ш. Хуҷанд.

Хулоса:

Масоҳати қитъаи замини манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин 79/3 аз рӯи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда 944,0 м. Кв буда, воқеан ҳам дар вақти санҷиш 944,0 м. Кв-ро ташкил додааст.

Пас 5,35 метри кв замини бозорро Қодиров Баҳром — корманди кумитаи идораи замин дар санади тартибдодаи худ аз куҷо ҳамроҳ кардааст?

Раиси суди вилоят баъди хонда баромадани ин ду ҳуҷҷат дар ҳайрат монда, аз муовинаш Латифзода Манзура дар ҳузури мо маслиҳат пурсид. Латифзода дар посух ба саволи Оқилзода гуфт, ки онҳо хатои суди шаҳрро ислоҳ карда наметавонанд ва ягона илоҷи ислоҳи ин хато дар Суди Олӣ имкон дорад. Он ҳам дар ҳолати пешниҳоди аризаи шаҳрванд Юнусов И.

Баъди ин аз Оқилзода суол кардам, ки чаро ӯ ҳамчун раиси суди вилоят сохтакориҳои суди поёниро сарфи назар мекунад ва намеандешад? Ӯ бо қаҳру ғазаб аз утоқи кориаш моро берун ронд ва ба худ хитоб кард, ки аз ӯ иҷроиши вазифаашро мепурсидагӣ нафарон ҳастанд ва ба куҷое ва ба касе, ки хоҳам, шикоят барам. Ин аст рафтори раиси Суди вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода.

Бовар дорам, ин дафъа роҳбарияти Суди Олии кишвар муроҷиатамро тибқи қонун месанҷанд, ба фиреби роҳбарияти Суди вилояти Суғд намеафтанду тибқи қонун парвандаро талаб намуда, дар доираи қонун месанҷанд.

Рӯзҳои наздик шикояти назоратиамро ба Суди Олӣ тибқи қонунгузорӣ расман мефиристам, вале як чизро намефаҳмам, ки чаро дар вилояти Суғд баъзе аз судяҳо дар таъмини волоияти қонун бепарвоянд? Аммо раиси суди вилоят ҳам дидаву дониста тарафдори онҳо буданашро рӯирост изҳор медораду роҳбарияти Суди Олии кишварро фиреб медиҳад?

Ҳоло вақти он расидааст, ки бояд мӯйро аз хамир ҷудо кард ва амали судяҳои зинаи поёнӣ дуруст ва ҳамаҷониба санҷида шавад, вагарна, бо чунин ҳол иҷроиши фармонҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дасти баъзе судяҳо танҳо рӯи қоғаз мемонанду халос.

Икром ЮНУСОВ, соҳибкори инфиродӣ, сокини шаҳри Хуҷанд

АЗ ҲАФТАНОМА:

Дар воқеъ, се муроҷиатномаи ин сокини шаҳри Хуҷанд дар ҳафтанома ба нашр расидааст. Мо баҳри ба иҷро расонидани фармони 622-и Президент, вокунишҳои сареъи масъулини Суди вилояти Суғд ва Суди Олиро дар ин маврид интизорем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here