Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Юсуф Раҳмон
Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён

Дар истеҳсолоти Суди шаҳри Душанбе, аз 11-уми августи соли 2017, парвандаи ҷиноятӣ бо айбдоркунии фарзанди ман Ҳасанов Файзалӣ Саидович (соли таваллудаш 1983) бо моддаҳои 104 қ. 2 банди “а”, “в”, “е” ва 244 қ. 2 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии судӣ қарор дошт. Суд Ҳасанов Ф.-ро барои 28 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ман ин ҳукмро ноодилона, ғайриқонунӣ ва беасос меҳисобам, зеро муфаттишон ягон далели муътамад барои исботи гунаҳкории писари ман надоштанд. Он, ки писари ман дар ҷои ҳодиса будаасту гурехтаву ба мақомот хабар надодааст, маънои онро надорад, ки кушторро ӯ содир карда бошад. Агар муфаттишон холисона ва ҳамчун мутахассисони бомалака тафтишот мегузаронданд, ҳатман сари калобаро пайдо мекарданд ва намегузоштанд, ки нафари бегуноҳ пушти панҷараи зиндон равад.
Дилам аз ҳама мақомоти судӣ мондааст, зеро намехоҳанд парвандаро одилонаву оқилона тафтиш кунанду ҳақро ба ҳақдор расонанд. Судяҳо ҳам ҳамон далелҳои номукаммали тафтишотро дастгирӣ карда, онро намесанҷанд. Аз ин рӯ, ман шахсан ба Шумо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ҳамчун ба кафили сулҳ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар муроҷиат менамоям. Муҳтарам Пешвои миллат, ман як мӯйсафеди 74-солаам. Се сол боз дар ба дари утоқҳои Суди Олӣ сарсону саргардон ҳастам. Касе ба додам намерасад. Ягона додшунаву додхоҳ Шумоед. Аввал аз Худованд, баъдан аз Шумо хоҳишу илтиҷо дорам ва бовар дорам, ки ноумедам намегардонед. Хоҳишам ҳамин аст, ки барои ба тафтишоти иловагӣ баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати фарзанди ман Ҳасанов Ф. С. супориш диҳед.
Судяи Суди шаҳри Душанбе Раҳимзода А. дар варақи 15-и ҳукми суд қайд кардааст, ки нишондоди шоҳидонро дар маҷлиси судӣ пурсидааст ва далелҳои бадастовардаро мавриди таҳқиқу баҳодиҳӣ қарор додааст. Суд ба хулосае омад, ки “судшаванда Ҳасанов Ф. шаби 11 ба 12-уми феврали соли 2017, ҳангоми дар хонаи зисти Белетская Л. П., ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи “Мир” бинои 1, ҳуҷраи 18 воқеъ аст, ҳозир буданаш баъди истеъмоли ду шиша машруботи спиртӣ, дар ҳолати сахти мастӣ баъди дашномҳо ва ҷангу муноқиша бо ҳамзисташ Падукова Т. В. ба ғазаб омада, аз ҳолати мастӣ ва оҷизии ҷабрдидаҳо истифода бурда, бо корди ошхонагии паҳнии теғаш на зиёда аз 25 мм ва ғафсии он 1,5 мм ба бадани Падукова Т. В. 28 ва ба бадани Белетская Л. П. 26 адад зарба задааст. Дар натиҷа номбурдаҳо аз зарбаҳои бо корд расонидашуда зарарҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Далелҳои дар маҷлиси судӣ мавриди муҳокима қарордодашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки гуноҳи судшаванда Ҳасанов Ф. С. дар содир кардани ҷиноятҳои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ду шахс ва дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфт”.
Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарам, бо боварӣ мегӯям, ки судя парвандаро холисона баррасӣ накардааст. Ӯ фармоишро иҷро карда, ба он “ҷомаи” қонунӣ пӯшондааст. Номбурда ба далелҳои ҷамъовардаи ҳимоятгари мо дар мавриди бегуноҳии писари ман заррае аҳамият надод. Ҳамчунин, ба баёноти писари ман, дар хусуси он ки ҷинояти кушторро пас шиканҷаҳои зиёд ва таҳдид ба таҷовуз шуданаш аз ҷониби кормандони милиса ба дӯш гирифтааст, заррае аҳамият надод. Ҳатто ба муроҷиати хаттии чандкаратаи ҳимоятгар барои гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ, ки дар натиҷаи шиканҷа пардаи гӯши Ҳасанов Ф. дарида буд, бепарвоӣ зоҳир кард.
Ман барои тасдиқи бегуноҳии писарам ба Шумо, ҳамчун ба ҳомии ҳуқуқҳои мардуми оддӣ, бо чанд мисол муроҷиат мекунам.
1. Далели шайъӣ расми №18 аст, ки он корди ошхонагии дастааш сурху сафед ва паҳнии теғаш на зиёда аз 25 мм ва ғафсии он 0,5 мм мебошад. Бо он ба бадани Падукова Т. В. 28 ва ба бадани Белетская Л. П. 26 зарба зада шудааст. Аз ин нуқтаи назар, гӯё бо ҳамин корд Ҳасанов Ф. ҳам Падукова Т. В. ва ҳам Белетская Л. П.-ро кушта бошад, аммо судя Раҳимзода ҳаракат кардааст ду корди дигарро нишон надиҳад. Чи хеле дар расм дида мешавад, корди №19 ҳам мавҷуд аст ва судя дар варақи 14-уми парванда дарҷ кардааст, ки ҷароҳатҳои вуҷуддошта дар бадани марҳумҳо Падукова Т. ва Белетская Л. аз таъсири теғи объектҳои №1 ва №2-и ба экспертиза пешниҳодгардида имконпазир мебошад. Аз нишондоди судя маълум мешавад, ки корди №19-и рангаш кабуд низ дар куштор истифода шудааст. Ӯ дар охир менависад, ки дар корди ошхонагии №2 хуни инсон ёфт нагардидааст. Дар ҳама ҳолат маълум аст, ки кордҳои дар расмҳои №18 ва №19 нишондадшуда дар куштор истифода бурда шудаанд. Дар ин ҳолат дида мешавад, ки судя намедонад куштор бо кадом корд содир шудааст ва ё медонаду худашро ба нодонӣ мезанад.
2. Хоҳиш мекунам ба расми №3 назар андозед. Ин корд рангаш зардчатоб ва сафед буда, дар он хуни инсон бараъло мушоҳида мешавад. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти рақами №53, аз 29-уми марти соли 2017, мутахассис Хайриддинов хулоса дода, чунин дарҷ кардааст: “Ин ҷароҳатҳо аз таъсири олоти халандаву буррандаи ба корд монанд, ки теғаш аз як тараф тез карда шудааст ва қисмати даромад на зиёда аз 50 мм аст, бо назардошти чуқурии захм, дарозии теғ на камтар аз 65 мм ва паҳнии он 2 мм-ро ташкил медиҳад, дар муҳлати кӯтоҳ, пеш аз фарорасии моҳи март ба вуҷуд омадааст”.
Чи хеле ки аз гуфтаҳои боло маълум шуд, Белетская Л. аз таъсири корди №3 ба ҳалокат расидааст. Судя дидаву дониста корди рақами №3-ро пинҳон карда, ба экспертизаи судӣ-тиббӣ пешниҳод накардааст. Мувофиқи хулосаи мутахассиси ташхиси судӣ-тиббӣ Исупов А., таҳти рақами 52, аз 29-уми марти соли 2017, Падукова Т. аз таъсири корди №18 ба ҳалокат расидааст. Тибқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббии таҳти рақами 53 бошад, Белетская Л. аз корди №3 ба ҳалокат расидааст.
3. Аз гуфтаҳои боло маълум шуд, ки дар куштор се дона корд истифода шудааст. Ман аз мақомоти суд ва прокурор талаб мекунам, ки дар се корди мазкур изи дасти кӣ нишон дода шудааст? Дақиқ аст, ки изи дасти писари ман Ҳасанов Ф. дар кордҳо вуҷуд надорад! Пас дар кадом асос писари маро ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум карданд?
Пешвои муаззами миллат, хоҳиш мекунам, супориш диҳед, то парвандаро барои тафтишоти иловагӣ равон кунанд. Ман дар ҳамин синну сол мефаҳмам, ки «таги коса нимкоса»-е ҳаст, аммо ҳайронам, чаро судяҳои Суди Олӣ намехоҳанд инро бидонанд. Бовар дорам, агар ин парванда зери назорати ҷиддии Шумо гирифта шавад, адолат таъмин гардида, ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид. Чизи муҳими дигареро, ки мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ҷалб созам, он аст, ки мувофиқи хулосаи судӣ-тиббии №53, аз 29.03.2017, марҳум Белетская Л. бо корди №3 ба ҳалокат расидааст. Аммо чаро мақомоти тафтишотӣ ва судӣ онро пинҳон дошта, ба экспертиза пешниҳод накардаанд? Корди мазкур на дар тафтишоти пешакӣ, на дар ҳукми суд, на дар хулосаи физикотехникӣ ва на дар хулосаи химиявию биологӣ нишон дода нашудааст.
Куҷост адолати судӣ? Бо кадом сабаб корди дар боло нишондодаро пинҳон карда, ба ҷои он корди №19-ро, ки рангаш кабуд аст, ба экспертиза пешниҳод карданд? Талаб дорам ин ҳолат аз рӯи қонун санҷида шавад ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарам, аз рӯи протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса, чун олоти содир шудани ҷиноят, се корд пайдо карда шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки модару духтар бо ҳамин се корд кушта шудаанд. Дар ҳамин кордҳои номбурда бояд изи дасти ягон кас пайдо шуда бошад. Пас бо кадом сабаб мақомоти тафтишотию судӣ ошкор намекунанд, ки дар кордҳо изи дасти кист? Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки судяи Суди шаҳри Душанбе Раҳимзода ҳукми ноодилона ва ғайриқонунӣ баровардааст. Суди Олии Тоҷикистон бошад, намехоҳад камбудии зинаи поёниро ислоҳ кунад ва бегуноҳро аз зиндон озод намояд.
Ман як марди солхӯрдаи 74-солаам. Дар бисотам як фарзанд дорам, ки он ҳам пушти панҷараи зиндон аст. Писарам Ҳасанов Файзалӣ се фарзанди ноболиғ дорад. Бар иловаи таъмини онҳо, боз хӯрондану пӯшонидани Ҳасанов Ф. ҳам дар маҳбас ба зиммаи ман аст. Чӣ кор кардану ба куҷо муроҷиат карданамро намедонам.
Соли сеюм аст, ки дар ба дари утоқҳои судяҳои Суди Олӣ мунтазири ҳукми одилона ҳастам. Як маротиба ба суди кассатсионӣ ва панҷ бори дигар ба суди назоратӣ муроҷиат кардам, вале ба ваҷҳҳои пешниҳодкардаам ягон ҷавоби қаноатбахш нагирифтам. Ҷаноби Олӣ, ягона умедам ба Шумост. Дастур диҳед, далелҳои пешниҳодкардаи ман аз ҷониби муфаттишони Прокуратураи генералӣ холисона санҷида шаванд. Ман дар ҳамин синну сол, бо он ки саводи ҳуқуқшиносӣ надорам ва аз кӯчаи тафтишоту муфаттишӣ нагузаштаам, камбудиҳои тафтишоти пешакии парванда ва судяҳоро дарк кардаву ёфтаам. Шояд муфаттиши поквиҷдон пайдо шаваду аз сари нав, холисона парвандаро тафтиш намояд ва ҳақро ба ҳақдор расонад.

Бо эҳтиром, Ҳасанов Саид, падари маҳбус Ҳасанов Файзалӣ

Добавить комментарий