Хонандагони азиз, назаре ба фаъолияти кории ман намоед. Баъди хатми факултети таърихи Донишгоҳи миллӣ ба ҳайси омӯзгори фанни таърих ва асосҳои давлат аз соли 1981 дар мактабҳои пойтахт, аз он ҷумла дар ноҳияи Сино ва Фирдавсӣ чун зани фаъол бе танаффус тӯли 40 сол фаъолият намудам.

Дар соҳаи маориф дастовардҳои зиёде дорам. Даҳҳо маротиба бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, садамаи Чернобил, ҷанговарони башардӯст, муаллифи Суруди миллӣ вохӯриҳо ташкил намуда, меҳри ватандӯстиро дар дили шогирдон ҷо намудам. Аз замони аввали Истиқлолият то ба имрӯз барои беҳтар намудани соҳаи маориф ва тараққиёти он сад маротиба вохӯриҳо бо фаъолони меҳнат, конфронсҳо, дарсҳои кушод доир намуда ,ба воситаи шабакаҳои телевизионии “Пойтахт”, “Сафина”, “Баҳористон” пешкаши омма гардонидаам. Дар рӯзномаҳои ватанӣ зиёда аз 200 хабару дигар навиштаҳо дорам.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (соли 1993) 6 нафар кӯдакони гурезаро бо асбобу анҷоми хониш таъмин намуда, ба мактаб ҷалб намудам, се оилаи онҳоро дар хобгоҳи заводи яхдон ҷо намуда, гилему курпа додам. Оид ба фаъолияти кориам нашрияҳои “Чархи гардун”, “Паёми Душанбе”, “Минбари халқ”, “Омӯзгор”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Фирӯза” мақолаҳо ба табъ расонида, шабакаҳои “Сафина”, “Ҷаҳоннамо” маводҳо таҳия намуда, пешкаши тамошобинон гардониданд.

Фаъолияти меҳнатиам бо сипосномаҳои шуъбаҳои маорифи ноҳияи Сино, Фирдавсӣ, рӯзномаи “Омӯзгор”, Вазорати саноат, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, рӯзномаи “Паёми Душанбе” қадрдонӣ гардид. Аълочии маорифи ҷумҳурӣ мебошам.

Борҳо чӣ дар коргоҳ ва чӣ дар назди бинои истиқоматиам шанбегиҳо, ҳашари рӯбучин ташкил намудаам. Вале се сол боз ба мукофоти давлатӣ аз тарафи шуъбаи маорифи ноҳияи Сино пешниҳод мегардаму дар МИҲД-и ноҳия ҳуҷҷатҳоямро дер баррасӣ мекунанд ва ба рӯйхати ин мукофот шомил намегардам.

Имсол ҳам ҳуҷҷатҳоямро бо айби кормандони МИҲД-и ноҳияи Сино тӯли 40 рӯз ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод накарда, бе мактуби расмӣ ба дастам доданд, ки “худат гирифта бар”. Санаи 18-уми май ҳуҷҷатҳоро ба Вазорати маориф ва илм бурдам, мегӯянд, ки “дер шудааст”.

Чаро мо – шахсонеро, ки дар солҳои душвор ба коргоҳ рафтаву кор мекардем, ба ҷои дастгирӣ намудан пешпо медиҳанд? Ҷавоби ин суолро аз кӣ пурсем?

Файзимо АЛИЕВА, омӯзгори собиқадор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here