Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Сарвари муаззами миллат, беадолатӣ ва амалу кирдорҳои ғайриқонунии бархе аз судяҳо маро водор кард, ки тавассути васоити ахбори омма ба унвонии Шумо муроҷиат кунам, зеро он санадҳои судие, ки аз тарафи ин гуна судяҳо қабул карда мешаванд, бе таҳқиқи ҳолатҳо қабул карда шуда, тамоми паҳлуҳои баҳс таҳлил карда намешаванд. Дар натиҷа ҳуқуқу манфиатҳои мо барин мардумони оддӣ вайрон карда шуда, ягон нафаре нест, ки ба манфиати қонун кор кунад, ба ваҷҳҳои мо баҳои ҳуқуқӣ диҳад ва парвандаҳои дар истеҳсолоташон бударо аз рӯи адолат ва дар такя ба қонун баррасӣ намояд.

Судяи Суди ноҳияи Ҷ. Расулов Муҳаммадзода Ҳ. дар ҳалли баҳсҳо умуман қонунро ба назару эътибор намегирад ва фаъолияти кории худро дар такя ба шиносбозиҳо ба амал мебарорад. Нисбат ба вазифаҳои худ дидаю дониста ба хунукназарӣ роҳ додани ин судяро ман бо далелҳо исбот мекунам. Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани қарорҳои суд бояд танҳо бо қонун асоснок карда шаванд, дар акси ҳол, ин гуна санадҳои судӣ, ки бидуни ба назар гирифтани меъёрҳои ҳуқуқ қабул карда шудаанд, қарорҳои судро аз қонун, манфиатҳои ҷомеа ва давлат боло мегузоранд, ки ин ҳолат дар фаъолияти кори судяҳо набояд роҳ дода шавад.

Ба кадом мақомоте, ки муроҷиат накунам, ягон натиҷа намешавад ва ҳеҷ кас ваҷҳҳои маро аз назари қонун санҷида набаромада, ба он баҳои дахлдори ҳуқуқӣ намедиҳад. Ман медонам, ки судя Муҳаммадзода Ҳ. чандин сол боз ба ҳайси судя кор мекунад ва дар мақомоти судӣ шиносҳои зиёд дорад. Намедонам ба хотири шиносбозӣ бошад, ё чизи дигар, ҳеҷ кас қарори қабулкардаи ӯро бекор намекунад.

Судя дар фаъолияти кории худ бояд ғуломи қонун бошад ва адолатро пеша карда, ба мардум хизмат кунад, на мо – мардуми оддӣ бояд ба судяҳо хизмат кунем. Қонун ҳам, адолат ҳам тарафи ман аст, лекин аз ҷониби ин судя на қонун ба эътибор гирифта мешаваду на адолат. Ман як зани оддӣ, модари танҳо мебошам, манзили истиқоматӣ надорам, барои шикоятҳои пай дар пай на пул дораму на мол.

Судя Муҳаммадзода Ҳ. ба хонаи ман зиндагонӣ мекарда, ки хонаи давлатӣ аст, бо ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷ. Расулов аз 12.07.2019 одамеро, ки умуман ба ин хона соҳиб нашуда, ҳатто дар он зиндагӣ ҳам накардааст, яъне Салуквадзе В.-ро соҳибмулк кардааст. Барои чӣ судя Муҳаммадзода Ҳ. ба чунин қонуншиканӣ даст задааст? Барои он, ки вақте судя Муҳаммадзода Ҳ. раиси Суди ноҳияи Ҷ. Расулов буд, котиби ӯ писари Ҷӯрабоев А. буд ва аз ин хотир, тавассути шиносбозӣ он амалеро, ки гарчанде ғайриқонунӣ бошад ҳам, иҷро карда, ба манфиати собиқ котибаш хонаро гирифта дода, ҳатто ба манфиатҳои давлатӣ низ зарари калон расонидааст.

Ҳолати аслии кор чунин аст, ки ман дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Ҷ. Расулов аввал муаллимаи оддӣ ва аз соли 2017 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Ҷ. Расулов ҳастам. Аз соли 2007 бо шаҳрванд Ҷурабоев Алим шиносоӣ пайдо карда, бо ӯ оила барпо кардам. Дар он вақт Ҷӯрабоев А. ба ҳайси раиси ҷамоати шаҳраки Пролетар (ҳозира Меҳробод) кору фаъолият мекард. Баъди барпо кардани оила Ҷӯрабоев А. маро ба манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Гагарин, бинои 24/3, ки то ҳол зиндагӣ дорам, бурдаву «ин хонаи шахсии ман» гуфта, дар он ҷо ҷой кард. Аз ҳамон лаҳза сар карда ман дар ҳамин манзил истиқомат карда меоям ва ҳамин манзилро мисли хонаи худ нигоҳубин мекунам.

Вақте дар соли 2013 муносибатҳои оилавии ману Ҷӯрабоев А. вайрон шуд, охирон ин хонаро ба ман монда, худаш баромада рафт. Дар ин муддат ман дар ҳамин манзил ду маротиба таъмири ҷорӣ ва аз ҳисоби худам як адад бинои ошхона таҳти литери «а» бунёд кардам. Аз соли 2007 тамоми хароҷоти коммуналӣ, об, барқро сари вақт пардохт карда меоям.

Дар соли 2017 ба ман маълум гашт, ки соли 1995 қарори Ҳукумати раиси ноҳияи Ҷ. Расулов таҳти №33 аз 12.04.1995 ба тасвиб расида, манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, ҷамоати шаҳраки Пролетар, хонаи берақам ва бекӯча ба номи шаҳрванд Салуквадзе Виктор хусусӣ гардонида шуда, Салуквадзе В. уҳдадор карда шудааст, ки нисфи арзиши хона дар ҳаҷми 141 000 рубли ҳамонвақтаро пардохт карда, бо давлат шартномаи хариду фурӯш бандад. Аммо Салуквадзе В. ин амалро иҷро накарда, маблағи пулиро нагузаронида, манзили истиқоматии дар қарор муайян набударо ба номи худаш хусусигардонӣ накарда будааст. Судя Муҳаммадзода Ҳ., ки ҳамин даъворо баррасӣ кардааст, дидаю дониста масъалаи пардохти маблағи хона, кадом хона будани онро муайян накарда, дар кадом суроға ҷойгир будани манзилро насанҷида, ин ҳолатро рӯйпӯш карда, аз ҷониби тарафҳо тибқи талаботи моддаи 58-и КМГ ҶТ пешниҳод карда шудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаро нисбати манзили истиқоматии номуайян талаб накарда, аз ваколатҳои хизматиаш сӯйистифода бурда ва аз ҳамин ваколатҳо бараъло баромада, худсарона ба манзили дар қарор номуайян номи кӯча ва рақам гузошта, ҳалномаи ғайриқонунии дар боло ёдрасшударо қабул кардааст. Дар натиҷа ба хазинаи давлат 141 000 рубл маблағҳои пулӣ аз хусусигардонии фонди давлатии манзил ворид нагардида, манфиатҳои давлат халалдор карда шуда, ин ҳолат ҳангоми санҷиши кор аз тарафи мақомоти тафтиши пешакӣ муқаррар карда шуда, таҳқиқҳои гузаронидашуда ва ҳолатҳои исбот шудани напардохтани маблағ дар қарори рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ аз санаи 18.01.2020 пурра инъикос карда шудааст. Вале ҳарчанд ин ҳолатҳои қонуншиканиҳои судя ва дигарон пурра исбот шуда бошад ҳам, маводҳои санҷишӣ аз сабаби надоштани ваколати оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати судяҳои ноҳияи Ҷ. Расулов Муҳаммадзода Ҳ. ва Қурбонзода Х. ва шахсони мансабдор аз тарафи муфаттиш аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст. Ман фаҳмидам, ки нисбати судяҳо танҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекардааст.

Муайян гардидааст, ки мутобиқи пайнавишти ҷаласаи шӯрои иҷроияи ПГОО Пролетарск оид ба азонихудкунии (хусусигардонии) манзил аз 20.12.1994, таҳти №54 муайян карда шудааст, ки манзилгоҳи зисти ба соҳибмулкии шаҳрвандон хусусигардонидашуда бо нархи аз ҷониби комиссия муқарраргардида фурӯхта шуда, манзили зисти Салуквадзе В. дар асоси қарор аз рӯи 50% арзиши ҳуҷра муқаррар карда нашуда, охирон умуман арзиши ҳуҷраро ба андозаи 50% пардохт накардааст. Аз рӯи тартиб ва қоидаҳои амалкунанда, дар сурати аз ҷониби Салуквадзе В. пардохт карда шудани арзиши манзили истиқоматӣ дар ҳаҷми 50% бояд шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ байни намояндаи давлат ва шаҳрванд, касе, ки ба ӯ манзил хусусӣ гардонида мешавад, баставу ба имзо расонида мешуд. Танҳо ба номи Салуквадзе В. мавҷуд будани қарори раиси ноҳия оид ба хусусӣ гардонидани хонаи истиқоматӣ асос барои аз ҷониби охирон ба даст овардани ҳуқуқ ба моликият намегардад, зеро танҳо ҳангоми аз ҷониби харидор пурра пардохт кардани арзиши муқарраргашта ҳуқуқи моликӣ нисбат ба хонаи истиқоматӣ аз фурӯшанда ба харидор мегузарад.

Зимнан, баъди қабул шудани қарори раиси ноҳия оид ба хусусигардонии манзил аз ҷониби Салуквадзе В. уҳдадории харидор барои харидорӣ кардани ҳуҷраи баҳсӣ ва пардохт кардани 50% арзиши онро иҷро накардааст, яъне маблағи муқаррарнамудаи манзили истиқоматиро пардохт накардааст, ки ин ҳолат боиси расмӣ нагаштани шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ ва ба номи Салуквадзе В. дар мақомоти бақайдгиранда ба қайд гирифта нашудани ҳуқуқи моликии Салуквадзе В. Гаштааст. Вале судя Муҳаммадиев Ҳ. ин ҳолатҳоро дидаю дониста рӯйпӯш карда, ҳолати мазкурро дар ҳалномааш умуман нишон надодааст. Яъне номбурда дидаю дониста ҳалномаи ғайриқонунӣ қабул кардааст.

Ҳуқуқи моликии харидор нисбат ба амволи ғайриманқул баъди пурра пардохт кардани арзиши он ба миён омада, бо чунин асосҳо Салуквадзе В. ба ҳуҷраи истиқоматӣ ҳуқуқи моликиро ба даст наоварда вафот кардааст. Ин ҳолат низ аз тарафи судя қасдан пинҳон карда шудааст.

Гузашта аз он, дар асоси қарори раиси ноҳияи Ҷ. Расулов аз санаи 01.12.1997, таҳти №250 аз тавозуни КБК (ГОК) ба тавозуни МСХМР-и ноҳияи Ҷ. Расулов зиёд аз 20 адад хона гузаронида шудааст, ки ин ҳолатро санади қабул ва супоридани фонди объектҳои манзили коммуналии ҷамъияти саҳомии Пролетарск ГОК ва муассисаи манзилии коммуналии ноҳияи Ҷ. Расулов тасдиқ мекунад. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки баъди кӯчида рафтани Салуквадзе В. танҳо дар соли 1997 ин манзил аз тавозуни КБК (ГОК) ба тавозуни МСХМР-и ноҳияи Ҷ. Расулов гузаштааст.

Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки гарчанде қарори раиси ноҳияи Ҷ. Расулов дар бораи ба Салуквадзе В. хусусигардонии манзил қабул шуда бошад ҳам, бинобар аз ҷониби Салуквадзе В. иҷро нагаштани шартҳои хариди ҳуҷраи баҳсӣ хусусӣ нашуда боқӣ мондааст. Дар чунин ҳолат ҳуҷраи баҳсӣ то ҳол моликияти давлатӣ ба шумор рафта, ба ин асос молики ҳуҷраи баҳсӣ дар КДФ БММҒ-и ноҳияи Ҷ. Расулов мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ. Расулов нишон дода шудааст. Дар ягон ҷо ҳатто дар бойгониҳо мавҷуд набудани расид оид ба пардохт аз тарафи Салуквадзе В. пурра тасдиқ мекунад, ки номбурда ягон хел манзилро хусусӣ нагардонидааст ва онро соҳибӣ накардаву ҳатто истифода набурдааст.

Гузашта аз он, Салуквадзе В. дар соли 1999 вафот кардааст. Санаи 1-уми апрели соли 2017 писари Салуквадзе Виктор – Салуквадзе Константин Викторович, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон амвол надорад, ба номи Ҷӯрабоев Алимбой ваколатнома таҳти Феҳрасти №1-1883 ирсол кардааст, ки аз номи ӯ тамоми ҳуқуқҳоро охирон ба амал барорад. Лекин дар ваколатнома қайд нашудааст, ки Ҷӯрабоев А. ин ваколатҳоро нисбат ба манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, кӯчаи Гагарин 24/3 амалӣ намояд, гарчанде Салуквадзе Виктор ба ин хона ягон алоқа надорад. Ҳарчанд Салуквадзе Константин вориси Салуквадзе Виктор бошад ҳам, ӯ ҳуқуқҳои ворисии худро ба расмият надароварда, ба Ҷӯрабоев А. ваколатномаи ба ин манзили истиқоматӣ эътибор надоштаро ирсол кардааст. Бо вуҷуди эътибори ҳуқуқӣ надоштани ваколатнома судя Муҳаммадзода Ҳ. ба он аз назари қонун баҳо надода, онро ҳамчун ваколатномаи эътибордошта қабул кардааст. Ҳол он ки, танҳо баъди қабули мерос аз тарафи писараш Салуквадзе К. ба Ҷӯрабоев А. ваколатнома ирсол мекард. Як чизро махсус бояд қайд кард, ки Салуквадзе Константин ягон манзилро ҳамчун мерос қабул карда наметавонист, зеро ба номи худаш ва ба номи падараш дар ноҳияи Ҷ. Расулов ягон моликият вуҷуд надорад.

Ҷӯрабоев А. бошад, ин ваколатномаи беэътиборро истифода бурда, аз номи Салуквадзе Константин, ки ба манзили истиқоматӣ умуман алоқа надорад, аввал ба суд нисбати ман – Қаюмова Азиза бо даъво оид ба бартараф намудани монеагӣ муроҷиат карда, даъво қонеъ карда шудааст. Ин даъво аз тарафи судяи дигар Қурбонзода Х. баррасӣ гардида, ин судя низ умуман шахсияти Ҷӯрабоев А. ва мазмуни ваколатномаро муайян накарда, Ҷӯрабоев А.-ро ҳамчун намояндаи Салуквадзе Константин эътироф карда, нисбат ба манзили истиқоматӣ, ки ҳоло ба номи падари ӯ – Салуквадзе В. хусусӣ гардонида нашудааст, парвандаро ғайриқонунӣ баррасӣ кардааст.

Дар асоси ҳамин ваколтаномаи эътибор надошта аз ҷониби Ҷӯрабоев А. даъвои дигар нисбати МИҲД-и ноҳияи Ҷ. Расулов оид ба муқаррар намудани ҳуқуқи соҳибӣ ва истифодаи манзили истиқоматиро пешниҳод карда, он низ аз тарафи судя Муҳаммадзода Ҳ. қонеъ карда шудааст. Судя Муҳаммадзода Ҳ. боз нисбат ба шахсияти даъвогар ва намояндаи ӯ беаҳамиятӣ ва хунукназарӣ зоҳир карда, муайян накардааст, ки ваколатнома ба кӣ ва барои ба амал баровардани кадом амалҳо дода шудааст. Зеро дар ваколатнома ба амал баровардани ваколатҳо нисбати манзили истиқоматии мушаххас, яъне манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, кӯчаи Гагарин 24/3 умуман пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, Ҷӯрабоев А. ҳақ надошт, ки дар асоси ҳамин ваколатнома ба суд нисбат ба манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, кӯчаи Гагарин 24/3 муроҷиат кунад ва судя уҳдадор буд, ки бинобар мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда даъворо рад намояд.

Инчунин, дар ваколатнома Салуквадзе Константин ба Ҷӯрабоев А. ваколат додааст, ки тамоми амалҳоро нисбати амволи худи ӯ ба амал барорад. Дар ваколатнома умуман дар бораи ба даст овардани амволи падараш Салуквадзе В. сухан намеравад. Модоме дар ин ваколатнома дар бораи амволи Салуквадзе В. сухан намеравад, он нисбати манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, кӯчаи Гагарин 24/3 беэътибор аст. Дар ҳар ду ҳолати қабул шудани ҳалномаҳо низ аризаи даъвогӣ аз ҷониби шахсе имзо карда шудааст, ки ба он ҳуқуқи имзо кардан надошт, вале ин ҳолатро тамоми судҳои зинаҳои болоӣ низ умуман ба эътибор нагирифтанд.

Илова бар ин, Ҷӯрабоев А. дар асоси ваколатномаи мазкур, ки аз назари ҳуқуқӣ ба манзили истиқоматӣ эътибор надорад, кормандони КДФ БММҒ-и ноҳияи Ҷ. Расуловро ба гумроҳӣ бурда, ба онҳо ваколатномаи эътибор надоштаро нишон дода, бо воситаи ин ваколатнома ба манзили истиқоматӣ шиносномаи техникӣ тартиб дода, хандаовараш дар он аст, ки дар шиносномаи техникии тартибдодашуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ. Расуловро ҳамчун соҳибмулк номнавис кардааст. Модоме агар Салуквадзе В. умуман дар ин хона истиқомат накардааст ва онро соҳибӣ накардааст, суд мебоист даъвои Ҷӯрабоев А.-ро рад мекард.

Масъулини КДФ БММҒ-и ноҳияи Ҷ. Расулов бошанд, ҳангоми тартиб додани шиносномаи техникӣ ба манзили истиқоматии мазкур наомада, сохтмонҳои дар манзил анҷомдодашударо насанҷида, хулоса додаанд, ки бинои истиқоматии иловагӣ ба масоҳати 60 м.м.таҳти литери «а» гӯё аз тарафи Салуквадзе В. худсарона бунёд шудааст. Дар асл ин бинои иловагӣ дар соли 2008 баъди 12 соли кӯчида рафтани Салуквадзе В. аз тарафи ман бунёд шудааст, ки ин ҳолат бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ мегардад. Салуквадзе В. дар соли 1996 аз ноҳияи Ҷ. Расулов ба Федератсияи Русия кӯчида рафта, баъди кӯчида рафтани ӯ танҳо дар соли 1997 манзили истиқоматӣ аз тавозуни корхонаи ГОК ба тавозуни МСХМР-и ноҳияи Ҷ. Расулов гузаронида шудааст. Яъне ин ҳолат бори дигар исбот мекунад, ки Салуквадзе В. умуман ин хонаро соҳибӣ ҳам накардааст ва истифода ҳам набурдааст. Ин манзили истиқоматӣ то ҳол манзили истиқоматии давлатӣ буда, бо қабули ҳалномаҳои судӣ манфиатҳои давлат халалдор карда шудааст. Аз тарафи Салуквадзе В. умуман маблағи пулӣ барои манзили хусусигардонидашуда пардохт карда нашудааст.

Бо вуҷуди ҷой доштани сохтакории ҳуҷҷатҳо бо ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷ. Расулов аз санаи 12.07.2019 ҳолати соҳибӣ ва истифодабарии Салуквадзе В. ба манзили истиқоматӣ муқаррар карда шуда, аз тарафи судя дидаю дониста ҳалномаи ғайриқонунӣ қабул карда шудааст.

Санаи 3-юми апрели соли 2017 Салуквадзе Константин – писари Салуквадзе Виктор ба Ҷӯрабоев Алимбой ваколатномаи навбатӣ оид ба қабули мерос бо ҳуқуқи бегона кардани амвол, ки дар Идораи нотариалии шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Федератсияи Русия таҳти Феҳрасти №1-1525 ба қайд гирифта шудааст, ирсол менамояд.

Дар ваколатномаи ирсолшуда ба Ҷӯрабоев Алимбой ваколат дода шудааст, ки ӯ аз номи ваколатдиҳанда Салуквадзе К. амал карда, мероси манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Х. Якубов (пештара 8-уми март) бинои 24, ҳуҷраи 3-ро аз номи Салуквадзе К. қабул намояд ва онро бегона кунад.

Ҷӯрабоев А. бошад, дар асоси ин ваколатнома манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Гагарин, бинои 24, ҳуҷраи 3-ро ба ин ваколат надошта қабул карда, ба ҳамин манзил Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун аз 29.11.2019 сол таҳти Феҳрасти 6М-59-ро гирифтааст.

Нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷ. Расулов ва ҳам кормандони КДФ БММҒ-и ноҳияи Ҷ. Расулов аз мансаби худ бараъло сӯйистифода намуда, аз ҳадди ваколатҳои худ баромада, ваколатномаро ба таври дахлдор ҳамчун корманди мақомоти бақайдгиранда ва ҳамчун нотариуси давлатӣ насанҷида, дидаю дониста гарчанде аз тарафи Салуквадзе К. ба Ҷӯрабоев А. оид ба қабули мероси манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Х. Якубов (собиқ кӯчаи 8-уми март), бинои 24, ҳуҷраи 3 ваколат дода шуда бошад ҳам, ба хунукназарӣ роҳ дода, ба Ҷӯрабоев А. ба манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Гагарин, бинои 24, ҳуҷраи 3, якуми маълумотнома ва дигаре Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун додааст.

Илова бар ин, ҳам нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷ. Расулов Қаюмов Манучеҳр ва ҳам корманди КДФ БММҒ-и ноҳияи Ҷ. Расулов Пиримқулов Фаррух дар асоси ҳамин ваколатнома, ки ба номи Ҷӯрабоев А. ба манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Х. Якубов (собиқ кӯчаи 8-уми март), бинои 24, ҳуҷраи 3 дода шудааст, ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои баста шудани шартномаи хариду фурӯши манзил омода карда, минбаъд ин шартнома аз тарафи нотариуси давлатӣ аз санаи 03.12.2019, таҳти феҳрасти 3ш-315 тасдиқ гардидааст. Дар ин ҳолат низ ҳам нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷ. Расулов ва ҳам корманди КДФ БММҒ-и ноҳияи Ҷ. Расулов бо сӯйистифода аз мансаб вазифаҳои худро ба таври дахлдор иҷро накарда, аз ҳадди ваколатҳои хизматии худ бараъло баромада, ваколатномаи Ҷӯрабоев А.-ро ба таври дахлдор насанҷида, боз ҳуҷҷатҳои қалбакиро барои баста шудани аҳди хариду фурӯши хона омода карда, минбаъд аҳди хариду фурӯшро тасдиқ кардааст, ки дар натиҷа ба ҳуқуқу манфиатҳои ман зарари ҷиддӣ расонида шудааст.

Гарчанде Ҷӯрабоев А. барои гирифтани Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ва барои бастани шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов, ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Гагарин, бинои 24, ҳуҷраи 3 ваколат надошта бошад ҳам, ба ҳамин манзил бидуни ҷой доштани намояндагӣ аҳдҳои нотариалӣ баста шудаанд.

Дар натиҷа аз тарафи шахсони мансабдори хизмати давлатӣ – корманди шуъбаи бақайдгирии КДФ БММҒ-и ноҳияи Ҷ. Расулов Примқулов Фаррух талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва Дастурамали тартиби ба қайд гирифтани амволи ғайриманқул ва аз тарафи нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷ. Расулов Қаюмов Манучеҳр талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиётҳои нотариалӣ ба таври дағал вайрон карда шудааст.

Тибқи талаботи қонунҳои дар боло ишорашуда ин шахсон барои гузаронидани амалиётҳое, ки хилофи талаботи қонун мебошад, ҷавобгар мебошанд.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки шикояти ман барои гузаронидани тафтиш нисбати судяҳои Суди ноҳияи Ҷ. Расулов Муҳаммадзода Ҳ. ва собиқ судяи Суди ноҳияи Ҷ. Расулов Қурбонзода Х., корманди шуъбаи бақайдгирии КДФ БММҒ-и ноҳияи Ҷ. Расулов Примқулов Фаррух ва собиқ нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷ. Расулов Қаюмов Манучеҳр, ки айни ҳол нотариуси давлатии шаҳри Истиқлол мебошад, инчунин Ҷӯрабоев А., Ҷӯрабоев Ш. ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуда, рафти санҷиши ҳамин аризаро таҳти назорати худ қарор диҳед. Боварии комил дорам, ки ба ман барин зани танҳо кӯмаки худро мерасонед ва барои ошкор кардани қонунвайронкуниҳои шахсони зикршуда мусоидат менамоед.

Бо эҳтиром,

Қаюмова Азиза Абдураҳимовна, сокини ноҳияи Ҷ. Расулов, шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Гагарин, бинои 24/3

Добавить комментарий