Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии ҶТ, муҳтарам Юсуф Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Сулаймон Султонзода

Муҳтарам Пешвои миллат, ба Шумо чун ба умеди охиринам муроҷиат менамоям.

Ман падари як маҳбусе мебошам, ки беасос ва ғайриқонунӣ ба 28 соли зиндон маҳкум гардидааст.

Воқеа чунин рух додааст: Писари ман Ҳасанов Файзалӣ бо як зани рус Падукова Т. муддати чанд сол ҳамзистӣ дошт. Шоми 11-уми феврали соли 2017 тахминан соати 17:00-17:30 писарам ба хонаи Падукова Т. рафта, дар он ҷо чун ҳарвақта хӯроки шом хӯрда, хоб меравад. Дар ин вақт, тахминан соати 22:00 Падукова Т. бо ҳамроҳии модараш Белетская Л. нӯшидани машруботи спиртиро давом медиҳанд. Бояд гуфт, ки вақтҳои охир Падукова Т. бо модараш Белетская Л. мунтазам машруботи спиртӣ истеъмол карда, бо якдигар ҷангу ҷанҷол мекардаанд, ки инро ҳамсояҳояшон низ тасдиқ менамоянд. Дар ин рӯз низ баъди истеъмоли машруботи спиртӣ модару духтар бо якдигар ҷанҷол бардоштаанд. Писари ман тахминан соати 03:15 дақиқаи нимашабӣ бедор шуда, мехоҳад ҳоҷатхона равад. Ҳамин вақт дар хонаи дуюм ҷасадҳои ба хун оғӯштаи Падукова Т. ва модарашро мебинад. Азбаски писари ман ҳеҷ гоҳ чунин ҳолатро надида буд, метарсад ва фикр мекунад, ки агар ба мақомоти милиса хабар диҳад, гумонбари асосӣ дар куштор худаш мегардад. Аз ин хотир, дар тарсу ҳарос афтода, қарор медиҳад, ки ҷои ҳодисаро тарк кунад. Писарам пеш аз тарк кардани хона телефони Белетская Л., тамғаи «Самсунг»-ро, ки худаш ба ӯ туҳфа карда будааст, мегирад ва 2 симкорташро дар ҷои ҳодиса мепартояд.

Аз миён як моҳ мегузарад. Моҳи марти соли 2017 ҷасади Падукова Т. ва модарашро кормандони милиса аз хона пайдо мекунанд. Гумонбарони аввал дар марги ин ду зан Макаров О., домоди Белетская Л., Гулов Ё., — як таксист, ки бо Белетская Л. ҳамзистӣ доштааст ва Нуриддини Муродалӣ, шавҳари набераи Белетская Л. — Макарова А. мегарданд. Кормандони милиса Гулов Ё.-ро таҳти азобу шиканҷа қарор дода, аз ҷумла, ба олоти мардиаш қувваи барқ мемонанд ва ӯ ба азобу шиканҷа тоқат накарда, куштори Белетская Л. ва духтарашро ба гардан мегирад. Барои Нуриддини Муродалӣ бошад, ҳангоми дар ШКВД-1-и ноҳияи Сино қарор доштанаш, ду маротиба ёрии тиббӣ расонида мешавад. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Нуриддини Муродалӣ низ зери азобу шиканҷа қарор гирифта будааст.

Баъди се рӯз писари ман дастгир мешавад. Ӯ низ аз тарафи кормандони милиса ба азобу шиканҷа дучор мешавад. Писарамро чунон латукӯб мекунанд, ки пардаи гӯшаш мекафад. Ба бадани Файзалӣ қувваи барқ мемонанд, ӯро луч карда, таҳдид мекунанд, ки агар нишондоди худиқрорӣ надиҳад, таҷовузаш мекунанд. Писарам барои номуси худро нигоҳ доштан маҷбур мешавад гуноҳи накардаро ба гардан гирад.

Пас аз он, ки писари ман нишондоди худиқрорӣ медиҳад, гумонбарон Гулов Ё., Макров О., Нуриддинов М. ҷавоб дода мешаванд.

Баъд аз ин тамоми далелҳо нисбати Ҳасанов Файзалӣ равона карда мешаванд ва тафтишоти пешакӣ ва мурофиаҳои судӣ яктарафа ва ноадолатона сурат мегиранд.

Ман дар мактуби худ наметавонам тамоми камбудиҳои тафтишоти пешакӣ ва мурофиаҳои судиро нисбати писарам бинависам, аммо бояд баъзе хатоҳои ҷиддиро ошкор намоям.

1. Дар фикри айбдоркунӣ гуфта шудааст, ки писари ман ду телефони мобилии мутааллиқ ба Падукова Т. ва модарашро гирифта, 4-то симкортҳои онҳоро бароварда, дар ҷои ҳодиса партофтааст. Як телефонро дар роҳ партофта, дуюмашро ба падараш додааст. Аммо дар мурофиаи судӣ шоҳидон — кормандони милиса гуфтанд, гӯё ду телефон ва 4-то симкортро, ки ба Падукова Т. ва модараш тааллуқ доштаанд, аз дасти ман гирифта бошанд. Ҳол он ки, аз дасти ман ягон телефон ва симкорт гирифта нашудааст. Пас, кӣ дурӯғ мегӯяд, муфаттиш ё кормандони милиса?!

2. Дар фикри айбдоркунӣ гуфта шудааст, ки гӯё писари ман ба ғазаб омада, бо корди хоҷагии дар зери подставкаи телевизори хуҷраи хоб буда ба қисмати пеши бадан, шикам ва кундаи синаи Падукова Т. якчанд маротиба задааст, ки охирин бо садои баланд дод зада, аз ҳуҷраи хоб ба хонаи дигар гузашта, ба курсӣ нишастааст. Модараш Белетская Л. садои ӯро шунида, бо чизе аз қафо ба тахтапушти писари ман задааст, ки аз ин зарба писарам ба замин афтидааст. Гӯё Файзалӣ аз ҷой хеста, бо ҳамон корд Белетская Л.-ро низ якчанд маротиба задааст, ки охирин ба замин афтидааст. Пас аз ин, боз чанд маротибаи дигар ба пушти охирон бо корд задааст, ки нӯги корд қат шудааст. Дар маҷмуъ, гӯё аз ҷониби писари ман Ҳасанов Файзалӣ ба Падукова Т. 26 корд ва ба Белетская Л. 28 корд зада шудааст. Бо ин иттиҳоми ноҷавонмардона муфаттишон аз писари ман як ҷаллоди гузаро сохтаанд. Аммо ман писарамро хуб мешиносам, ӯ ҳатто мурғро кушта наметавонад. Ман ба ин сад дар сад бовар дорам. Аз ин рӯ, то ҷон дар бадан дорам, барои бегуноҳии писарам талош хоҳам кард.

3. Судяи Суди шаҳри Душанбе дар ҳукми судӣ овардааст, ки тибқи хулосаи физико-техникӣ таҳти №46 аз 02.05.2017 нуқсонҳои дар бадани Падукова Т. ва Белетская Л. дарёфтгардида ҷароҳатҳои халандаву буранда буда, аз таъсири ҷисмҳои халандаву бурандаи ба корд монанд, ки паҳмии теғаш то ҷои ғӯттазадааш на зиёда аз 25 мм ва ғафсии теғаш 1,5 мм-ро ташкил медиҳанд, ба амал омадаанд. Ҷароҳатҳои дар либосҳо ва бадани маҳрумон Падукова Т. ва Белетская Л. мавҷудбуда аз таъсири теғи объектҳои №1 ва №2 ба экспертиза пешниҳодгардида имконпазир мебошад. Ин далолат аз он медиҳад, ки дар куштор ду корд истифода шудааст.

4. Дар варақи дигари ҳукми суд дарҷ шудааст, ки нишондоди шоҳидон дар маҷлиси судӣ пурсида шуда, далелҳои ба даст оварда мавриди баҳодиҳӣ қарор дода шудаанд. «Судшаванда ба корди ошхонагии паҳмии теғаш на зиёда аз 25 мм ва ғафсии тегаш 1,5 мм ба бадани Падукова Т. 28 адад ва Белетская Л. 26 маротиба зарба задааст, ки номбурдагон аз зарбаҳои бо корд расонидаи судшаванда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд». Дар ин ҳолат судя ҳаракат кардааст нишон диҳад, ки дар куштор гӯё як адад корд истифода шуда бошад.

5. Мувофики ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №52 дар қисми хулосавӣ чунин навишта шудааст. “Ин ҷароҳатҳо аз таъсири олоти халандаву бурандаи ба корд монанд, ки теғаш аз як тараф тез карда шудааст ва то қисмати даромад 50 мм, бо назардошти дарозии теғи корд на камтар аз 65 мм ва паҳмии теғи он 2 мм-ро ташкил медиҳад, дар муддати кӯтоҳ пеш аз фарорасии марг ба вуҷуд омадаанд».

6. Мувофиқи ташхиси судӣ-тиббии №53, ин ҷароҳатҳо аз таъсири олоти халандаю бурандаи ба корд монанди теғаш аз як тараф тез карда шудаи то қисмати даромад на зиёда аз 50 мм дошта ва бо назардошти чуқурии захм дарозии теғи корд на камтар аз 65 мм ва паҳмии теғи он тахминан 2 мм-ро ташкил медиҳад.

Чи хеле, ки ман дар боло нишон додам, хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №52 ва №53 айнан аз як ҷумла иборатанд, ки хулосаи мазкур на дар фикри айбдоркунӣ нишон дода шудаасту на дар ҳукми суд.

Ногуфта намонад, ки баъди содир шудани куштор мерос ба ҳисоби миёна ду миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Аз назар дур нест, ки ҳамин ҳолати кор ба ҳукми Суди шаҳри Душанбе аз 11-уми августи соли 2017 таъсири ҷиддӣ расонида бошад.

Инчунин, бояд қайд кард, ки агар ба одами солим якчанд маротиба бо корд бо ғазаб ба шикамаш занӣ, чи тавр вай метавонад овози баланд барорад ва аз як хона ба хонаи дигар равад?! Ба фикри ман, агар дар ҳақиқат писари ман Падукова Т.-ро якчанд корд бо ғазаб ба шикамаш мезад, он гоҳ Падукова Т. на танхо ба хонаи дигар рафта наметавонист, балки бо садои баланд дод гуфта ҳам наметавонист.

Бояд гуфт, ки писари ман аз куштори Падукова Т. ва Белетская Л. ягон фоида ба даст наовардааст. Баръакс, аз куштори Падукова Т. ва Белетская Л. домоди Белетская Л. — Макаров О., ки соли 2004 аз рӯи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд ва баъди 12 соли зиндон, 3-юми сентябри соли 2016 ба озодӣ баромада буд, инчунин, набераи Белетская Л. — Макарова А., ки духтари Макаров О. мебошад, манфиат ба даст оварданд. Бояд қайд кард, ки пас аз 6 рӯзи ба озодӣ баромадани Макаров О. ҳамсари ӯ Макарова Л. бо сабабҳои номаълум вафот мекунад. Пас аз ин ҳодиса, дар хонаи Белетская Л., яке аз шиносҳои ӯ, ки дар хонааш меҳмон буд, бо сабабҳои номаълум мефавтад. Инак, Белетская Л. ва духтараш Падукова Т. кушта шуданд. Магар ин ҳодисаҳо тасодуфиянд, ки дар муддати 4 моҳ аз хонаи Белетская Л. пай дар пай 4 ҷасад бароварда шудааст?! Белетская Л. соҳиби як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе, ду манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва як манзили истиқоматӣ дар Қирғизистон буд, ки баъди марги вай ин манзилҳо ба меросхӯрон монданд. Белетская Л. соҳиби ду духтар — Падукова Т. ва Макарова Л. буд. Падукова Т. шавҳар ва фарзанд надошт. Макарова Л. бошад, шавҳар дошту як фарзанд. Макарова Л. вафот кард, Падукова Т. ва Белетская Л. кушта шуданд, ҳамин тавр, меросхӯрони ягона Макаров О. ва духтараш Макарова А. боқӣ монданд. Ин маънои онро дорад, ки маҳз Макаров О. ва духтараш Макарова А. аз куштори Падукова Т. ва Белетская Л. фоида ба даст меоранд. Тасдиқи ин гуфтаҳо он аст, ки Белетская Л. вақтҳои охир бо домодаш Макаров О. ва наберааш Макарова А. ҷангу ҷанҷол карда, онҳоро аз хонаи худ меронад. Баъди баромадани ҳукми писари ман, Макаров О. духтараш Макарова А.-ро аз шавҳараш ҷудо карда, ӯро ҳамроҳаш ба шаҳри Хуҷанд бурд. Шавҳари Макарова А. — Нуриддини Муродалӣ ду маротиба ба шаҳри Хуҷанд рафта, бо Макаров О. вохӯрӣ намудааст ва аз ӯ хохиш кардааст, ки занаш — Макарова А.-ро ба ӯ нишон диҳад. Макаров О. бошад, Нуриддини Муродалиро дашному таҳқир карда, пеш кардааст. Ин ҷо суол ба мақомоти тафтишотӣ аст, ки сабаби ба чунин амал даста задани Макаров О. тафтишу таҳлил шавад. Чаро ин падар духтарашро маҳз пас аз баромадани ҳукми судии писари ман, ки «гунаҳкор» дониста шуд, аз шавҳар ҷудо кардааст? Мани мӯйсафед, ки маълумоти ҳуқуқшиносӣ надорам, дарк кардам, ин ҷо «таги коса нимкоса аст», аммо чаро амали ин падар шубҳаи мақомотро ба вуҷуд намеорад?

Муҳтарам Президент, муҳтарам Прокурори генералӣ, аз Шумо хоҳиш менамоям, дастур диҳед, то ин тарафи масъала мавриди тафтиши ҷиддӣ қарор дода шавад. Шояд ба ҷони ин духтари нодон хатар таҳдид мекунад. Хоҳишмандам, маро дарк кунед, зеро Шумои азиз ҳам падар ҳастед ва ба фарзандон эътимод доред, дар ҳама ҳолат ба бегуноҳии эшон бовар доред.

8-уми январи соли равон табиб Баҳромов Ф. И. дар маҳбас гӯши писарамро ташхис кард ва маълум гашт, ки пардаи гӯши ӯ кафидааст. Дар натиҷа диагнози мезотимпанити доимии маддавии тарафи чап гузошта шуд ва минбаъд аз тарафи духтур тимпанопластикаи пардаи гӯши рост, яъне ҷарроҳӣ тавсия карда шудааст. Ман бо адвокат чандин маротиба дархост намудем, ки гӯши писарам аз ташхиси тиббӣ-судӣ гузаронида шавад, то ин азобу шиканҷа шудани ӯ тасдиқи худро ёбад, аммо тафтишоти пешакӣ ва суд дархостҳои моро рад карда, аз гузаронидани чунин ташхиси мустақил даст кашиданд. Бовар дорам, бо тасдиқи азобу шиканҷа нисбати писари ман мувофиқи қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ тамоми нишондодҳои худиқрорӣ ғайри қобили қабул эътироф карда мешаванд ва ҳамаи далелҳои бофтаи тафтишоти пешакӣ ботил ва ғайриқонунӣ дониста мешаванд.

Дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ва дар мурофиаҳои судӣ мо бо адвокатҳо дархост кардем, ки шоҳидон Қабирова Л., Олимов И., Ибодова Ш., Муродова Н., Авғонов М., Буронов Б. ва дигарон даъват карда, пурсида шаванд, зеро нишондоди онҳо метавонист ба баъзе масъалаҳои баҳснок равшанӣ андозад. Мутаассифона, чун нишондоди шоҳидони мазкур метавонист тамоми «заҳматҳои» тафтишоти пешакиро барбод диҳад, онҳо аз даъват ва пурсиши шоҳидон даст кашида, ба дархостҳои мо аҳамият надоданд.

Дар фикри айбдоркунӣ омадааст, ки гӯё писари ман пас аз куштани Падукова Т. ва Белетская Л. қасди тасарруфи молу мулк карда, ба дуздӣ даст задааст. Ин дар ҳолест, ки писари ман зиёда аз 10 сол бо ин оила рафтуомад дошта, онҳоро хуб мешинохт ва медонист, ки Белетская Л. ягон молу ашёи арзишнок ва маблағи пулӣ надорад. Макарова А. низ дар нишондоди худ гуфтааст, ки Белетская Л. ва Падукова Т. дар ягон ҷой кор накарда, пулу мол, маблағи зиёди пасандоз ва молу ашёи қимматнок надоштанд. Агар ҳадафи писари ман тасарруф кардани молу амволи ғайр мебуд, пас чаро ба ҷуз ду адад телефони мобилӣ, ки худи ӯ ба мақтулон харида туҳфа карда буд, дигар ягон молу ашё, маблағ ва ҷавоҳирот рабуда нашудааст? Намедонам, чаро ба писари ман аз рӯи моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон намуда, иловатан боз се сол аз озодӣ маҳрум карданд?!

Метавонам боз дигар далелҳоро дар мавриди роҳ додан ба хатоӣ аз тарафи тафтишоти пешакӣ ва мақомоти судӣ пешниҳод намоям, вале фикр мекунам, агар ҳамин камбудию хатоҳои тафтишоти пешакӣ ислоҳ шаванд, дар парвандаи писари ман тағйироти ҷиддӣ ворид хоҳад шуд. Бовар дорам, ки ин ҷинояти одамкуширо писари ман содир накардааст ва ҳамаи далелҳои мазкур гувоҳи он мебошанд. Бо хатои мақомоти тафтишотӣ ҳаёти як ҷавони бегуноҳ сӯхт.

Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, ман 73 сол дорам. Дар ин синну сол ба ҷойи насиҳату тарбияи наберагон беш аз як сол аст, ки пушти дари мақомоти судиро охӯрча кардаам, вале касе ба додам намерасад. Касе маро фаҳмидан ва хатои тафтишоти пешакӣ ва судиро ислоҳ кардан намехоҳад. Умеди охиринам Шумоед, муҳтарам Президент.

Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати писари ман як маротиба аз сари нав дида баромада шавад ва далелҳои номбаркардашуда ҳаматарафа санҷида баромада шаванд. Бовар дорам, ки писари ман Саидов Файзалӣ Падукова Т. ва Белетская Л.-ро накуштааст. Пас чаро бояд 28 соли ҳаёти худро пушти панҷараи маҳбас гузаронад?!

Бо эҳтиром, 

Ҳасанов Саид, падари маҳбус Ҳасанов Файзалӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here